

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ ҶОПОНИИ ЛОИҲАКАШИИ ПУЛҲО (Splice-LAB Inc.)
6-уми сентябри соли 2025 мулоқоти раёсати донишкада бо роҳбари ширкати ҷопонии лоиҳакашии пулҳо (Splice-LAB Inc.) Эйсукэ Катаяма ва коршинос Такато Камимура баргузор гардид.
Мулоқот дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтарсозии иқтидори кишвар оид ба нигоҳдорӣ ва идоракунии пулҳо», бо кӯмаки техникии намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, зимни он масъалаҳои марбут ба омодасозии муҳандисони ватанӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхис ва таъмир, инчунин таъмини сатҳи баланди сифат ва амнияти корҳои сохтмонӣ дар иншооти гузаргоҳӣ ва пулҳо баррасӣ гардид.
Зимни мулоқот нахуст ташрифи меҳмонон ба донишкада истиқбол гардида, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маълумот дода шуд. Ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои гуногуни илмию таҳқиқотӣ ба мувофиқа омада, барои густариш додани равобитҳо масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷом, ҷонибҳо барои мулоқоти пурмазмун изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, зикр гардид, ки дар доираи созишномаи ҳамкорӣ ояндаи наздик баргузории дарсҳои кушод, иштирок дар маҳфилҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳо тақвият хоҳанд ёфт.