• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ИСТИҚЛОЛИЯТ – НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ | Паёми табрикии директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Саъдуллозода ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 ИСТИҚЛОЛИЯТ – НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ | Паёми табрикии директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Саъдуллозода ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ – НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ | Паёми табрикии директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Саъдуллозода ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодони гиромӣ, донишҷӯёни азиз!
Бо камоли ифтихор ва самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод намуда, ба Шумо пеш аз ҳама саломатӣ, дар роҳи масъулияти бузург - таълиму тарбияи насли ояндасоз ва омӯзиши илмҳои муосир барору комёбиҳо таманно менамоям.
Истиқлол шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Маҳз ба шарофати соҳибдавлатии тоҷикон имрӯз кишвари мо бо 195 давлатҳои хориҷӣ робитаи дипломатӣ дошта, сол аз сол кишвари моро чун миллати қадима, тамаддунофар ва аз лиҳози зебогӣ беҳтарин мешиносанд.
Ҳамаи мо хуб медонем, ки аввали солҳои навадум вақте кишвари мо нав ба остонаи давлати комилҳуқуқ қадам мемонд, бӯҳрони амиқи сиёсӣ мамлакати моро фарогир шуд. Маҳз хиради воло, дониши баланд, ҷасорату мардонагӣ ва муҳимтар аз ҳама дили чун оина софи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки мо мушкилиҳоро паси сар намуда, имрӯз ба як кишвари рӯ ба тараққӣ расем. Имрӯз бо гузашти 34 сол аз соҳибистиқлолии мамлакат мардуми соҳибназари кишвар иқрор мешаванд, ки муҳаббату самимияти роҳбари давлат нисбат ба халқу миллати худ беандоза аст. Зеро тӯли ин солҳо мамлакати аз лиҳози маънавию иқтисодӣ харобгаштаи мо ба кишвари ободу озод ва рӯ ба рушд ниҳода табдил ёфта истодааст.
Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари маҳбуби кишвар соҳаи маориф марҳила ба марҳила дар мамлакат рушд меёбад ва ба комёбиҳои нав ба нав ноил мегардад. Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ муассисаҳои таълимии нав бунёд ёфта, бо навтарин таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд. Ҳоло дар соҳа марҳалаи навину файзборе ифтитоҳ ёфтааст, ки пеш аз ҳама, бо татбиқи комёбиҳои илм ва инноватсия, технологияи муосир ва барномарезиҳои муваффақона иртибот дорад. Таълимгоҳҳо бо китобҳои дарсии насли нав, дастурҳои методӣ ва воситаҳои дигари мададрасон таъминанд. Аз ин ҷост, ки наврасону ҷавонони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ ва дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” фаъолона ширкат меварзанд ва ба комёбиҳо шарафёб мешаванд. Устодони мо дар татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) ҷидду ҷаҳди пурсамар доранд.
Мо ифтихорманд аз онем, ки дар диёри арҷмандамон обрӯю эътибор ва мақоми омӯзгорон мунтазам боло меравад. Дар суханронии худ Сарвари кишвар ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба қадру манзалат ва мартабаи омӯзгор таваҷҷуҳ намуда, иброз доштанд: “Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст”. Ҳоло санади муҳим – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”, ки бо ташаббусу ибтикори Пешвои миллат таҳияву омода шудааст, дар арафаи тасдиқ қарор дорад ва албатта, ин қонун боз як давраи навро дар ҳаёти аҳли маорифи мамлакат оғоз хоҳад кард ва дар тақвияти эътибору фаъолияти чеҳраи меҳварии соҳа – омӯзгор нақши бориз хоҳад гузошт.
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳамоварии кадрҳои сохибтахассуси соҳа, махсусан дар самти татбиқи чор ҳадафи стратегӣ корҳои неку шоиста анҷом дода мешавад. Ҳамасола донишҷӯён бо истифода аз лабораторияҳои муҷаҳҳаз аз устодони донишманду сахтгир саводи илм меомӯзанд. Дар кафедраҳои сайёр дониши азхудкардаашонро такмил медиҳанд. Дар ярмаркаи “Интихоби арзанда” соҳиби ҷои кор мешаванд. Чунин имконоту шароит маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ рӯйи даст омадааст.
Ин ҳама дастовардҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ ва сиёсати дурбинонаи роҳбарияти давлат мебошанд, ки дар саргаҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Имрӯз мо ифтихор дорем, ки дар давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд зиндагӣ мекунем. Маҳз истиқлолият буд, ки ба мо имкон дод худро бишносем, роҳи худро равшан кунем ва ба сӯи оянда бо эътимод равем. Акнун масъулияти насли имрӯз аст, ки ин дастовардҳоро ҳифз намуда, онҳоро барои фардои беҳтар тақвият бахшад.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки нигоҳ доштани истиқлолият ва рушди минбаъдаи он масъулияти на танҳо ҳукумат, балки ҳар шаҳрванди мамлакат аст. Истиқлолият рамзи озодӣ, ваҳдат, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар фарди тоҷик бояд ин неъмати бебаҳоро бо ифтихор қадр намуда, дар ободии Ватан ва пойдории истиқлолият саҳм гузорад.
Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати мост. Онро бояд ҳамчун сарвати гаронбаҳотарин ҳифз кунем, пос дорем ва ба наслҳои оянда бо сари баланд ба мерос гузорем.
Бори дигар ҷашни Истиқлол муборак!


: 128

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.11.2025
ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮЁН—ТАҚОЗОИ ЗАМОН
ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮЁН—ТАҚОЗОИ ЗАМОН
  • 08.11.2025
МЕРОСИ НИЁГОН ВА ТАҚОЗОИ ҚАРНИ XXI
МЕРОСИ НИЁГОН ВА ТАҚОЗОИ ҚАРНИ XXI

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены