

МАСОИЛИ ИНСОНИ КОМИЛ ВА ҶАҲОНБИНӢ ДАР ФАЛСАФАИ МАВЛОНО
Ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки бо омӯзиши зиндагиву асарҳои ниёгон ба монанди фалсафаи Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ ҷавонон метавонанд, назари худро оид ба ватандӯстӣ, содиқатмандӣ, адолатпазирӣ, ҳақиқатҷӯӣ тақвият бахшида, ҷаҳонбинии худро васеъ намояд. Имрӯз бо талошҳои ватанпарастонаву худшиносии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли фарҳанги миллии тоҷикон муаррифӣ гардида, ба туфайли он ҷавонон низ барои боз ҳам бештар гирифтани маълумотҳои саҳеҳ имкониятҳои фарохро пайдо мекунанд.
Осори ниёгони хирадманду шуҳратманд Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ низ аз он холӣ нест. Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 2007 ум бо қарори Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид–ЮНЕСКО дар саросари олам ҳамчун соли бузургдошти Мавлоно Балхӣ –Румӣ бо шаҳомати хоса таҷлил гардид. Таҷлили ин санаи таърихӣ барои тоҷикистониён боиси ифтихор ва сарфарозӣ буда, ҷавононро боз ҳам водир месозад, ки аз маънавиёту ҷаҳонбинии ин шахси нобиға бештар ошноӣ пайдо намоянд. Зеро имрӯз ҳатто ҷаҳониён хоҳиши онро доранд, ки бо омӯзиши ҳаёту фалсафаи Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ роҳи дурусти зиндагӣ пайдо намуда, ҷаҳонбинии солимро ташаккул диҳанд.
Яке аз сабабҳои асосии ба эҷодиёти ин мутафаккир рӯ овардани мардуми зиёде дар кишварҳои гуногуни ҷаҳони имрӯз ба он алоқаманд аст, ки ӯ аксарияти масъалаҳои ба инсон вобаста ва ҳаётан муҳимро воқеъбинона ва бо рӯҳи саршори башардӯстӣ тафсир кардааст. Ин воқеъбинӣ ва маниши инсонгароӣ дар қолаби ирҷонӣ инъикос ёфта бошад ҳам, на танҳо бо ҷаҳонбинии аҳли тасаввуф ва тафаккури шахсии ин марди донишманд, балки бо тарзи ҳаёт ва шароити таърихию иҷтимоие, ки мутафаккир дар он тарбия ёфтааст ва умуман бо таҷрибаи ҳаётии инсон ва амалияи ӯ сахт алоқамандӣ дорад. Ин аст, ки андешаҳои зиёди ирфонии Мавлоно дар бораи инсон, асолат ва сирату ҷаҳони маънавии ӯ то кунун ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва аксарияти он дархури ниёзмандӣ ва эҳтиёҷоти фикрию ахлоқии ҷаҳони муосир аст [4, с.78]. Бешубҳа, агар ба осори ин хирадманди наҷиб назар афканем, он саршори самимият, яъне аз самимияти ботинии инсон, ки бо равандҳои фикрии худи инсон иборат мебошад. Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ бо қалами худ даъват менамояд, ки инсон қалби худро пеш аз ҳама аз бухсу кина, адоват, ғайбат, бадбинӣ ва дигар хислатҳое, ки ифодаи манфиро дорад тоза намояд. Пас, ҳар насли ҷавоне, ки ба ҳаёт ва фалсафаи ӯ ворид мегардад метавонад, афзалиятҳои ҷаҳонбинии худро куллан тайғир дода, аз олами ботинии худ бохабар ва аз ҳолати маънавиёти хеш аз наздик шиносоӣ пайдо намояд. Роҷеъ ба масъалаи инсон Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ баён кардааст, ки инсон падидаи танҳо ҷисмонӣ набуда, қабл аз ҳама маънавӣ ва сиратист. Шахсияти худи Мавлоно баёнгари равшани ин андеша мебошад.
Ҳарчанд ба сурат аз заминӣ,
Пас риштаи гавҳари яқинӣ,
Бар махзани нури Ҳақ аминӣ,
Охир ту ба асли асли хеш о!
Аз дидгоҳи Мавлоно тариқати воқеии инсон шоҳроҳи такмили маънавии ӯст, ки дар масири он инсон бояд худро аз хислатҳои номатлуб, ғаризаҳои моддӣ, ихтилофу зиддиятҳои гуногуни зиндагӣ озод созад ва ҳадафмандонаву пайгирона пеш равад. Зеро инсони комил, ки натиҷаи олитарини камолот мебошад, бояд дар атрофи худ танҳо хислатҳои воло ва муқаддасро мушоҳида намояд. Зиёда аз он, ӯ василаи такмили иҷтимоъ ва сафобахши он бо таҷлилии нури илоҳӣ мебошад. Ҳамчунин, ба андешаи Мавлоно, инсони комил на танҳо ваҳдати худ, балки ягонагии ҷаҳонро, ки он низ саршор аз ишқи илоҳист, ҳифз ва таъмин менамояд [4, с.81].
Бо баробари баррасии масъалаи инсони комил Мавлоно ҳар як хонандаро ғайримустақим даъват менамояд, ки сари амалҳои худ ҷиддӣ андешаронӣ кунад. Зеро амали инсон пеш аз ҳама аз нияте, ки ӯ дар қалби худ дорад, иҷро мегардад. Маҳз ба афзалиятҳои ҷаҳонибинии инсон ва пеш аз ҳама ҷавонон таъсир расонидани фалсафаи Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ дар он ифода меёбад, ки бо як равиши равшанфикрӣ ва бедор кардани асли инсон ва воридгаштан ба ботини пок ақоидҳо баён гаштаанд. Маврид ба зикр аст, ки хусусияти муҳими ҷаҳонбинӣ аз он иборат аст, ки он сатҳи олии худидоракунии инсони ҷамъиятӣ буда тамоми фаъолияти маънавию амалии ӯро фаро мегирад. Пас инсони комилро маҳз ба туфайли амалҳои саҳеҳи ӯ муайян кардан мумкин аст. Ин нуктаи муҳимро дар масъалаи инсон ва фалсафаи Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ кушоду равшан дидан мумкин аст, ки хоҳ нохоҳ ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳар як хонандаи асарҳои донишманд таъсири беандозаи худро мерасонад.
Сиришти инсон аз диди Мавлоно хеле мураккаб ва пур аз тазодҳост. Ин ба он алоқамандӣ дорад, ки инсон ҳамзамон ҳам соҳиби мабдаъи моддӣ – тан аст ва ҳам мабдаъи маънавӣ – рӯҳ. Танро ӯ мабдаъи заминӣ ва рӯҳро мабдаъи осмонӣ медонад ва роҳи интихоби дурустро дар муборизаи байниҳамдигарии онҳо ҳамчун маънии асосии зиндагии инсон дар “Маснавӣ” чунин қаламдод мекунад [4, с.86]:
Чун кушода сӯи боло болҳо,
Дар зада тан дар замин чанголҳо.
Ҷомеаи муосири тоҷикистониро аксарият ҷавонони бонангу номус ва донишманд ташкил медиҳанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо ба арзишҳои маънавӣ ва донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ рӯй меоранд ва аз фалсафаву тарзи дарки ҳастии ингуна ашхосони хирадманд бохабар мешаванд. Ба хотири тақвият бахшидани илмомӯзии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ инчунин арҷ гузоштани ба асли хеш сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди фарҳангу маданият ва шинохти шахсиятҳои бузург ба монанди Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ басо муҳим ва дарси ибрат аст.
РӮЙИХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:
1. Одилов Н. Ҷаҳонбинии Ҷалолуддини Румӣ. – Душанбе, 1964.
2. Олимов К. Баррасиҳо дар тасаввуф. – Душанбе, 1998.
3. Олимов К. Мировоззрение Санои. – Душанбе, 1973.
4. Эмомалӣ Раҳмон. Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ. – Душанбе: “Бухоро”, 2012.
5. Раҳмон Э. Мероси Ҷалолуддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир. – Пайванд. Номаи анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон. №13. – Душанбе, 2007.
6. Раҳмонов Э. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. – Душанбе, 2006.
7. Румӣ Ҷалолуддин. Куллиёти ғазалиёт. – Ҷилди 1 8. – Теҳрон, 1336 1245ҳ.
Муҳайё Ҳотамова,
устоди ДПДТТХ