• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    АМАЛИЯ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО БИНОИ БИСЁРТАИНОТАИ “ҚАЛЪАИ ХУҶАНД”
 АМАЛИЯ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО БИНОИ БИСЁРТАИНОТАИ “ҚАЛЪАИ ХУҶАНД”
АМАЛИЯ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО БИНОИ БИСЁРТАИНОТАИ “ҚАЛЪАИ ХУҶАНД”

Дарси амалии устоди кафедраи меъмории факултети сохтмон ва нақлиёти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Фирӯз Шарипов бо донишҷӯёни соли 4-уми ихтисоси меъморӣ дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор шуд.
Дар ҷараёни машғулият донишҷӯён бо бинои бисертаъинотаи шакли бионика ва иншооти дигар “Қалъаи Хучанд”, ки бо конструксияҳои миллӣ бунёд шудаанд, аз назди шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки биотехнология як услуби меъморӣ аст, ки бар асоси татбиқи принсипҳои бионӣ — илми амалии татбиқи принсипҳои ташкил, хосиятҳо, вазифаҳо ва сохторҳои табиати зинда ба дастгоҳҳо ва системаҳои техникӣ асос ёфтааст. Биотехнология дар илми меъморӣ, ҳамчун яке аз тамоюлҳо дар модернизми меъмории муосир истифода мешавад, ки диққати сайёҳон ба он бештар ҷалб мегардад.
Донишҷӯён ҳамчунин аз нозукиҳои сохтмони иншооти “Қалъаи Хуҷанд” бо шарҳи мутахассисони соҳа ва устоди донишкада Фирӯз Шарипов маълумот ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» 11-уми апрели соли 2024 қабл бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.
Қалъаи Хуҷанд ба ҳайси истеҳкоми боэътимод, ки таърихи сеҳазорсола дорад, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эҳё ва барқарор карда шудааст.
Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бунёди бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудаанд.
Дар қисмати ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, кундалнигорӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, армуғонҳо ва созҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 9

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 24.10.2025
АМАЛИЯ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО БИНОИ БИСЁРТАИНОТАИ “ҚАЛЪАИ ХУҶАНД”
АМАЛИЯ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО БИНОИ БИСЁРТАИНОТАИ “ҚАЛЪАИ ХУҶАНД”
  • 23.10.2025
ТАКМИЛ: ЗАН-РОҲБАР, ИМИҶИ ЗАН-РОҲБАР
ТАКМИЛ: ЗАН-РОҲБАР, ИМИҶИ ЗАН-РОҲБАР

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены