ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШ
Терроризм ва эктремизм аз омилҳои хатарафзоест, ки чун падидаи номатлуб ҷомеаро ба таҳлука овардаву дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон мушоҳида карда мешавад. Ин падида хатари бузурги иҷтимоиро ба миён овардааст ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақа воқеан таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд. Роҳбарони ташкилотҳои террористӣ маҳз сатҳи диндории мардум, ҷаҳонбинии пасти сиёсии онҳоро ҳамчун замина истифода бурда, ғояҳои ифротиро ба мафкураи мардум ворид месозанд. Кӯшиш мекунанд, ки онҳоро идора намоянд ва манфиатҳои худро ба воситаи мардуми гумроҳ амалӣ созанд. Дар ин ҷода, бештар ба дастгирии муллоҳои худкома, ашхосе, ки дар таълимгоҳҳои давлатҳои исломӣ ғайрирасмӣ ва дар назди руҳониёни эътирофнашуда таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтаанд, такя мекунанд.
Сабабҳои ҷангҳои ҷаҳонӣ, ки боиси марги миллионҳо инсон гардидааст, ба ифрот роҳ додан дар фаҳмишҳои мухталифи сиёсӣ, диниву мазҳабӣ, мубоҳиси иҷтимоӣ ва мисоли ин омили ин рухдодҳои таърихӣ гардидаву зимнан ба қатлу куштори инсонҳои зиёде боис гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар суханрониҳои хеш таъкид месозанд, ки «Терроризм ва экстремизм–ватан, забон, миллат, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле мебошад, ки ба муқобили он тамоми сохторҳои давлатӣ, маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бояд якҷоя мубориза баранд».
Дар раванди авзои сиёсии сайёра ва минтақа, кӯшишҳои аз нав тақсимкунии ҷаҳон, ҷаҳонишавӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои тамаддунӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба кибер-терроризм торафт шиддат гирифта истодаанд.
Дар гӯшаҳои гуногуни олам фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузоришаванда ба мушоҳида мерасад, ки аҳли башарро ором намегузорад.
Инчунин, муборизаи геополитики кишварҳои абарқудрат моро водор менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, манфиатҳои милливу давлатиамонро ҳифз намоем.
Дар ҳамаи давраҳо душманони давлати тоҷикон эътиқодмандии динии миллати тоҷикро ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода карда, ба таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва устувории давлати тоҷикон тахриб ворид намуданд.
Яке аз сабабҳои асосии шомил гардидани ҷавонони гумроҳ ба сафи созмону ташкилотҳои байналхалқии террористӣ – экстремистӣ маҳз дар сатҳи паст қарор доштани маърифату маълумоти динӣ, фарҳангӣ, дунявӣ ва сиёсӣ, суст ба роҳ монда шудани тарбияи онҳо аз ҷониби волидайн, фаъолияти тарғиботиву ташвиқотии идеологӣ ва таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон дар кӯчаҳо, маҳалҳо, ҷамоатҳо ва шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби масъулони мақомотҳои босалоҳият, фаъолони ҷомеа, зиёиён, намояндагони расмии дин ва руҳониёни баруманд мебошад.
Омили дигари ифротишавии ҷавонони тоҷик, таҳсили ғайрирасмии онҳо дар муассисаҳои динии давлатҳои исломӣ мебошад, ки дар раванди пешгирии он саъю кӯшиши масъулини сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ назаррас нест. Ҷавонони мо дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла мамолики араб дар муассисаҳои таълимии динӣ солҳои тӯлонӣ таҳсил намуда, пурра фарогири мазҳаби динӣ, фарҳанг, урфу одат ва ҳатто забони онҳо мегарданд ва баъди баргаштан ба Ватан тибқи супоришҳои хоҷагони хориҷии худ ба ташвиқу тарғиб ва паҳн намудани мазҳаб ва фарҳанги ба миллати тоҷик бегона машғул мешаванд. Дар маҷмӯъ, терроризм ва экстремизм барҳамзанандаи амну осоиш буда, ҷомеаро ба гумроҳиву давлатро ба фано мебарад.
Аз ин рӯ, муттаҳидшавӣ дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақозо мекунад, то кӯшиши ҳарчи бештари ҷомеа, баҳри таъмини амнияти миллӣ равона карда шавад.
Гулрухсор Умарова,
устоди ДПДТТХ