РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ҳар як давлат барои танзими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба санади олии ҳуқуқӣ ниёз дорад, ки он Конститутсия ном дорад. Барои миллати тоҷик, ки баъди солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу суботро интихоб кард, қабули Конститутсия яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ гардид. 6 ноябри соли 1994 — рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рамзи эҳёи давлатдории миллӣ сабт шудааст.
Конститутсия на танҳо қонуни асосии давлат, балки кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, асоси сохтори давлатдорӣ ва меъёри фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Маҳз Конститутсия роҳу равиши рушди минбаъдаи ҷомеаро муайян месозад ва пояи устувори низоми демократӣ ба шумор меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия ҳуқуқи соҳибихтиёрии халқро ба таври возеҳ муқаррар мекунад. Моддаи 6-и он таъкид менамояд, ки “Халқ соҳиби соҳибихтиёрии давлатӣ ва ягона манбаи ҳокимият дар ҷумҳурӣ мебошад”. Ин принсипи асосии демократия ва давлати мардумсолор аст.
Пас аз қабули Конститутсия, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди сиёсиву иқтисодӣ ворид шуд. Дар асоси он институтҳои муҳими давлатдорӣ, аз ҷумла Президент, Маҷлиси Олӣ ва ҳокимияти судӣ таъсис ёфтанд.
Конститутсия заминаи устувори барқарор гардидани ваҳдати миллӣ, амнияти давлатӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ гардид. Ба шарофати он, дар кишвар низоми бисёрҳизбӣ, озодии сухан, эътилофҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти озоди ВАО рушд ёфтанд.
Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он овард, ки Конститутсия ҳамчун “китоби муқаддаси давлатдорӣ” барои ҳар шаҳрванди мамлакат аҳамияти хос пайдо кард.
Дар солҳои минбаъда барои мувофиқ намудани сохтори давлатдорӣ бо талаботи замон якчанд тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ворид гардиданд. Ин ислоҳот ба таҳкими пояҳои демократия, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа мусоидат намуданд.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин на танҳо ҷашни ҳуқуқӣ, балки рӯзи эҳёи давлатдории миллӣ, рамзи ваҳдат, адолат ва озодӣ мебошад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба ин санади муқаддас эҳтиром дошта бошад ва дар амал татбиқ намудани меъёрҳои он саҳмгузор бошад. 
Конститутсия роҳнамои насли имрӯзу фардои Тоҷикистон аст — барои ободии Ватан, таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори давлати соҳибистиқлол.
Мунзифа Раҳимова, устоди ДПДТТХ