БАХТНОМАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ - КОНСТИТУТСИЯ
Дар ҳар баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: “Конститутсия
санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи муносибатҳои
муҳими ҷомеа мебошад. Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯйи ормону
орзуи халқи Тоҷикистон аст”. Конститутсияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон — қонуни асосии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи 6 – уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумӣ қабул
карда шудааст. Ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ дар худ муҳимтарин
принсипҳои демократии эътирофшудаи ҷомеаи башариро таҷассум менамояд. Имрӯз дар
шароити муосир ҳар яки мо бояд фаъолияти худро бобати риоя ва иҷрои меъёрҳои он
равона созем, зеро ин амал нишондиҳандаи сатҳи баланди шуур ва фарҳанги ҳуқуқӣ,
ҳамчунин масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии давлат
маҳсуб ёфта, қувваи олии юридикӣ дорад ва асосҳои сохти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва
иқтисодиву иҷтимоии давлатро муқаррар мекунад. Ҳамчунин, Конститутсия
принсипҳои ташкилёбии фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳуқуқу
вазифаҳои шаҳрвандон, системаи интихобиро ба тариқи қонун мустаҳкам намуда,
барои қонунгузории ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштааст.
Имрӯз ба мо маълум гашт, ки бо гузашти чандин сол аз
қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамин санади олӣ асосҳои ҳуқуқии
рушди муносибатҳои ҷамъиятиро фароҳам оварда, дахлнопазирӣ ва муттаҳидии
кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷиро муайян месозад.
Қобили зикр аст, ки ҷой додани принсипҳои демократӣ, арзишҳои умумибашарӣ, аз
ҷумла арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарчашмаи
ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани халқ, гуногунандешӣ, таҷзияи ҳокимият
ба шохаҳо, эътирофи гуногуншаклии моликият ва дигар меъёрҳои ҷавобгӯ ба низоми
ҳуқуқии ҷаҳони муосир дар Конститутсия таҷассум гардидааст ва он аз тарафи
олимони соҳа ба сифати яке аз конститутсияҳои демократиасос шинохта шудааст.
Бояд таъкид кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
комилан ба манфиатҳои халқи тоҷик ҷавобгӯ буда, барои муаррифии шоистаи миллати
мо дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.
Дар моддаи 9-и Конститутсия дақиқ омадааст: «Ҳокимияти
давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим
мешавад». Ин модда нишондиҳандаи амалкунӣ ва мустақилияти се шохаи ҳокимият дар
Тоҷикистон аст, ки мисли дигар давлатҳои мутараққӣ таҷрибаи демократиро арҷ
мегузорад. Ин таҷзия ва муътадилият дар миёни шохаҳои ҳокимият сабабгарии
иштирок ва масъулияти дурусти ҳар як фарди ватандӯст, меҳанпараст ва худогоҳи
миллати муътабару соҳибфарҳанги мост.
Ҳамин тариқ, бояд ёдовар шуд, ки Конститутсия сарчашмаи
ҳама муносибатҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, риояи он аз тарафи ҳамаи
шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ арзёбӣ мегардад.
Хиромон Қодирова