Таманниёти директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Содиқзода Хурсанд Сафар ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодон, донишҷӯён ва кормандони гиромӣ!
Бо ифтихор ва эҳтироми хос Шуморо бо фарорасии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сидқан табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, иқболи нек ва барору комгориҳоро дар ҳама ҷодаҳои ҳаёту зиндагонӣ орзу менамоям!
Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз, поягузори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи демократӣ ва асоси волоияти қонун, дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон нақши бузург дорад.
Ин рӯз на танҳо рамзи қонуният ва озодӣ, балки нишони масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар дар назди Ватан ва мардум мебошад.
Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчаму Конститутсияи худ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҳамеша обод, озод ва поянда бошад!