НАҚШИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз мо шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Расидан ба ваҳдат, таъсиси мақомоти давлатӣ ва эҳёи қонунии вазифаҳои идораи он, муайян намудани роҳи таърихии давлат барои ояндаи наздику дур, муаррифии кишвар ба ҷомеаи чаҳонӣ, ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ дар арсаи байнамилалӣ аз масъалаҳои мубраму аввалиндараҷае буданд, ки бояд дар муҳлати кӯтоҳтарин ҳалли худро меёфтанд. Имрӯз, мо агар ба он солҳои сипаришуда назар намоем, бешак иқрор хоҳем шуд, ки як имтиҳони таърихии давлати мо буд, ки зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он на танҳо бо сарбаландӣ гузаштаем, балки корҳои муайяни давлатсозию давлатдориро барои наслҳои оянда таъмин намудаанд.
Махсусан хизматҳои бесобиқаи Президенти кишвар дар рушди босуботи кишвар бениҳоят калон буда, то ба имрӯз аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор як қатор қонунҳо ба хотири пешрафти мардум қабул гардидааст. Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон аз чунин шахсиятҳои таърихи башарият аст, ки маҳз бо азму иродаи қавӣ, матонат, ҷасорат, устуворӣ, хидмати хастанопазир ба миллати хеш дар арсаи сиёсати бузург то ба шахсияте расидааст, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва тинҷию рифоҳи беш аз се даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ӯ сахт марбут аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он шуд, ки миллати тоҷик дорои Пешвое мебошад, ки на танҳо дар муттаҳид намудани миллати худ, балки барои таъмини амнияти минтақа низ нақши калидӣ бозиданд. Дар воқеъ, фарзанди фарзонаи миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувваи худро дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ ва боз намудани роҳ ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз сафарбар намуда, сатҳи баланди эътироф ва эҳтироми милливу ҷаҳониро сазовор гардидаанд.
Дар раванди фаъолияти сарвариашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду амалишавии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тадбирҳои боварибахшу ташаббусҳои ҷаҳониеро анҷом доданд, ки дар иртибот ба онҳо эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфт. Ин буд, ки мардуми шарафманди тоҷик бо сарбаландӣ ба Сарвари хеш унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро сазовор донистанд. Ин аст, ки мактаби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шаҳрвандони кишвар ва тамоми тоҷикони ҷаҳон мактабест, ки дар сарҷамъ намудани миллат, муаррифии Тоҷикистониён ва инкишофи кишвари азизамонро фаро мегирад.
Пешвои муаззами миллат аз нахустин рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидан аввалин суханонеро, ки ба забон оварданд, ки маҳз баҳри сулҳу оромӣ, баргардонидани гурезаҳо ва тинҷию осудагии мардум гуфта шуда буданд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам». Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медоданд, ки сарварии давлату миллатро шахсе ба зимма гирифтааст, ки воқеан ҳам ғамхори ин миллати азиятдида аст ва бо саъю талошҳои ӯ ба зудӣ ин ҳама ҷангу хунрезӣ хотима хоҳанд ёфт. Мардуми Тоҷикистон аз ин суханони пур аз меҳру муҳаббат нисбат ба ин хоку сарзамин ва мардуми шарифи он амиқан бовар ҳосил карданд, ки ӯ ба миллату давлати худ содиқу ғамхор асту баҳри сулҳу оштӣ овардан ба мардуми худ талош менамояд.
Маҳз ба хотири расидан ба зиндагии шоиста ва устувории иқтисодиёту пойдории системаи сиёсии давлат чаҳор ҳадафи муҳими стратегӣ қабул шудааст, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии кишварро дар бар гирифтаанд. Маҳз аз ин сабаб буд, ки имрӯз ба чор самти олам роҳҳои заминию ҳавоии байналмилалӣ боз шудаанд.
Барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бошад, чанд қадам мондааст, то ҷумҳурии азизи мо ба кишвари муҳими содиркунандаи он табдил ёбад. Маҷмуан кишвари мо дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию байналмилалӣ ва кулли соҳаҳои зиндагии мардум ба пешрафту тараққиёт расидааст, ки ин ҳама аз фазилати меҳнатқаринию суботкориҳои Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳанд.
Мо бояд дарк кунем, ки Ҳукумати кишвар ғамхори халқ буда, Пешвои миллат нигаҳбон ва кафили сулҳ аст. Зеро ҳар иқдоме, ки аз ҷониби давлат амалӣ мешавад, танҳо ба хотири некӯаҳволии мардум, ба хотири сулҳу субот аст. Аз ин рӯ мо низ дар ҷавоби ҳамин ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайрави давлату миллат бошем.
М. Турсунова,
устоди ДПДТТХ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд