Дар таърихи навини халқи тоҷик рӯйдодҳои сарнавиштсозе ба вуқуъ пайвастанд, ки онҳо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати соҳибихтиёрро дар бар мегиранд. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои ин марҳалаи таърихӣ таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ ва кафили амнияту суботи ҷомеа хизмат мекунад.
Зарурати таъсиси Артиши миллӣ дар шароите ба миён омад, ки ҳифзи истиқлолият, якпорчагии кишвар ва таъмини амнияти шаҳрвандон вазифаи аввалиндараҷаи давлат гардид. Бо иқдом ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити басо мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ таъсис ёфт.
Маҳз Артиши миллӣ таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нақши ҳалкунанда бозида, сулҳу оромиро дар кишвар барқарор намуд ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид. Дар он солҳо сарбозону афсарони шуҷоъи Артиши миллӣ дар сафи пеши набардҳои сангин қарор дошта, бо ҷонфидоии худ амнияти давлатро ҳифз карданд.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои муҳими давлатӣ буда, фаъолияти худро ба ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, муҳофизати марзу буми кишвар ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандон равона намудааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ Артиши миллӣ барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон ҳамеша омода буд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идомадиҳандаи анъанаҳои қаҳрамононаи аҷдодони мо ба шумор меравад. Корнамоиҳои фарзандони далери миллат дар мубориза бар зидди душманон, аз ҷумла дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, саҳифаҳои дурахшони таъриханд. Қаҳрамонию ҷасорати чунин фарзандони миллат, чун Неъмат Қаробоев, Аҳмад Турдиев, Ҳодӣ Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев, Тӯйчӣ Эрйигитов ва ҳазорон нафари дигар, намунаи равшани садоқат ба Ватан мебошанд.
Саҳми сарбозони тоҷик дар ҷанги Афғонистон низ қобили зикр аст. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор нафар сарбозони интернатсионалист иштирок намуда, садҳо нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳазорон нафари дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба Ватан баргаштанд. Ин фидокориҳо далели равшани ҷасорат ва ҳисси баланди ватандӯстии фарзандони тоҷик мебошад.
Имрӯз ин ҳама корнамоиҳои таърихӣ барои ҷавонон мактаби ибрати мардонагӣ, шуҷоат ва садоқат ба Ватан ба ҳисоб мераванд. Ҷавонони соҳибномус ва худогоҳ бояд дарк намоянд, ки ҳифзи марзу буми кишвар қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст.
Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ ба мо собит сохт, ки бе Артиши пуриқтидор ва муосир таъмин намудани сулҳу субот ғайриимкон аст. Артиши миллӣ кафили амнияти давлат, оромии ҷомеа ва зиндагии осоиштаи модарону кӯдакон мебошад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавонмард мояи ифтихор аст. Пӯшидани либоси ҳарбӣ масъулияти бузург — ҳифзи тақдири миллат ва ҳар ваҷаб хоки Ватанро бар дӯш мегузорад. Итминон дорем, ки сафи Артиши миллӣ минбаъд низ аз ҳисоби ҷавонони босавод, ватандӯст ва шуҷоъ пурра гардида, онҳо анъанаҳои неки аҷдодони далерро идома дода, осоиштагии Модар-Ватанро ҳифз хоҳанд кард.