• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ҲАР ЯК ШАҲРВАНД ДАР ТАҲКИМИ АМНУ СУБОТ, ЭҲТИРОМИ ҚОНУН ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ САҲМГУЗОР БОШАД
 ҲАР ЯК ШАҲРВАНД ДАР ТАҲКИМИ АМНУ СУБОТ, ЭҲТИРОМИ ҚОНУН ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ САҲМГУЗОР БОШАД
ҲАР ЯК ШАҲРВАНД ДАР ТАҲКИМИ АМНУ СУБОТ, ЭҲТИРОМИ ҚОНУН ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ САҲМГУЗОР БОШАД

Ватан ганҷи бебаҳост. Ҳифзи он, арҷ гузоштан ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Ватандӯстӣ эҳсоси муқаддас аст ки инсонро ба хоки аҷдодӣ, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ мепайвандад. Барои ҳар сокини Тоҷикистон дӯст доштани Ватан танҳо сухан нест, балки масъулияти бузург мебошад. Ватан сарчашмаи ифтихор, нангу номус ва ҳастии мо мебошад. Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки ба осонӣ ба даст наомадааст. Ба шарофати истиқлол, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи давлатдории мо гардиданд. Ҳифзи истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар ба шумор меравад, зеро бе истиқлолият рушду тараққиёт ва оромиву субот имконнопазир аст.
Ватандӯстӣ аз оила ва мактаб оғоз меёбад. Бале, кӯдак муҳаббат ба ватанро на аз китобҳо, балки аз рафтори волидон, эҳтироми онҳо ба калонсолон ва садоқати онҳо ба меҳнат дар ободониву пешрафти кишвар эҳсос намуда, меомӯзанд. Кӯдак ҳангоми иҷрои корҳои хона ва нигоҳубини наздикон, ҳайвонҳои хонагӣ ва дарахтони ҳавлиашон аввалин қадамҳои онҳо дар роҳи хизмат ба ҷомеа ва давлат оғоз меёбад. Дуюм қадам, ватанпарасти аз муассиса буда, ин давоми тарбияи оилавӣ ба шумор меравад. Омӯзиши амиқи таърих, забон ва адабиёти миллӣ, ки заминаи худшиносиро мегузорад, ба роҳ монда шудааст. Муассиса ҳамчун маркази илму адаб вазифадор аст, ки ватанпарастиро на танҳо ҳамчун назария, балки ҳамчун тарзи ҳаёт ва масъулияти шаҳрвандӣ ба насли ҷавонон омӯзонад.
Вақте ки ҷавонон бо таърихи миллат, қаҳрамонони ватан ва арзишҳои миллӣ ошно мешавад, дар қалби онҳо меҳри Ватан ҷой мегирад. Ҷавонон бояд донанд, ки хизмат ба Ватан танҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нест. Ҷавонон боянд донанд, ки таҳсил кардан, дониш андӯхтан, меҳнати ҳалол ва саҳм гузоштан дар ободии кишвар низ шакли олии ватандӯстӣ мебошад.
Ҳифзи истиқлолият пеш аз ҳама ҳифзи ваҳдат, сулҳ ва суботи ҷомеа мебошад. Таҷрибаи таърих нишон додааст, ки парокандагӣ ва ихтилоф миллатро заиф месозад. Аз ин рӯ, эҳтироми қонун, итоат ба меъёрҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ заминаи устувории давлат ба ҳисоб меравад.
Имрӯз ҷавонон бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия ёбанд. Зеро ояндаи кишвар дар дасти онҳост. Агар ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар қалби худ меҳри Ватанро нигоҳ дорад ва барои ободиву пешрафти он саҳм гузорад, истиқлолияти давлатӣ ҷовидона ва пойдор хоҳад монд.
Амнияти кишвар яке аз пояҳои асосии пойдории давлат ба ҳисоб меравад. Ҳар давлате, ки амният ва субот дорад, метавонад дар роҳи рушду тараққиёт қадамҳои устувор гузорад. Барои Тоҷикистон низ масъалаи амният аҳамияти ҳаётан муҳим дорад, зеро сулҳу оромӣ заминаи зиндагии осоиштаи мардум мебошад.
Дар таъмини амнияти миллӣ нақши Артиши миллӣ бисёр бузург аст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият таъсис ёфта, ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфтанд. Артиши миллӣ на танҳо марзу буми кишварро ҳифз мекунад, балки рамзи қудрат, ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби шуҷоат, мардонагӣ ва ватандӯстист. Ин марҳила дар ҳаёти ҷавонон арзишҳои муҳимро бедор мекунад. Дар артиш ҷавонон на танҳо санъати ҷангиро меомӯзанд, балки дорои иродаи қавӣ, интизом ва масъулиятшиносиро меомӯзанд. Сарбозон бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ Ватанро ҳимоя мекунанд. Онҳо дар шароити гуногун барои ҳифзи оромии ҷомеа ва амнияти шаҳрвандон шабонарӯзӣ хизмат менамоянд.
Амнияти кишвар танҳо вазифаи низомиён нест. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар таҳкими субот, эҳтироми қонун ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳмгузор бошад. Иттиҳоду ваҳдат, худогоҳии миллӣ ва масъулиятшиносӣ омилҳои муҳими амнияти пойдор мебошанд.
Имрӯз, дар шароити ҷаҳони муосир, таҳдидҳои гуногун — аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккил — метавонанд ба амнияти давлатҳо таъсир расонанд. Аз ин рӯ, таҳкими қобилияти мудофиавӣ, омодагии баланди ҳарбӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аҳамияти махсус дорад.
Хулоса, Ватан ба ҷавонони худ такя дорад. Ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст. Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат ва кафили амнияти кишвар аст. Хизмат дар артиш рамзи садоқат ба хоки ватан ва омодагӣ барои ҳифзи сулҳу амнияти ҷомеа ба шумор меравад. То замоне ки сарбозони шуҷоъ дар ҳифзи модар - Ватан хизмат мекунанд сулҳу субот пойдор хоҳад монд.
Дилноза Бобоева,
устоди ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


: 6

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 21.02.2026
БОЗДИДИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТИИ АССОТСИЯИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АЗ ДОНИШКАДА
БОЗДИДИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТИИ АССОТСИЯИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АЗ ДОНИШКАДА
  • 21.02.2026
ҲАМОИШ: АРТИШИ МИЛЛӢ-МАКТАБИ ҶАСОРАТ, МАРДОНАГӢ ВА ШУҶОАТУ САДОҚАТ
ҲАМОИШ: АРТИШИ МИЛЛӢ-МАКТАБИ ҶАСОРАТ, МАРДОНАГӢ ВА ШУҶОАТУ САДОҚАТ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены