ОЗМУНИ «МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН - 2026» ГУЗАРОНИДА ШУД
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкории ҷавон” даври якуми озмун байни донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) баргузор гардид.
Озмуни мазкур аз санаи 17 то 20-уми феврали соли 2026 баргузор шуда, дар он иштирокчиён бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳаҳои инноватсионии худ иштирок намуда, онро муаррифӣ намуданд.
Дар ҷараёни озмун корҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён аз ҷониби ҳайати ҳакамон мавриди баррасӣ қарор гирифта, беҳтарин корҳои илмӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ муайян карда шуданд.
Таъкид шуд, ки мақсади баргузории озмуни мазкур дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму техника, технология, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, баланд бардоштани шавқу ҳавасмандии ҷавонон ба корҳои таҳқиқотӣ ва тақвияти рӯҳияи ихтироъкории донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD)-и донишкада мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО