• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ҲАМОИШ: АРТИШИ МИЛЛӢ-МАКТАБИ ҶАСОРАТ, МАРДОНАГӢ ВА ШУҶОАТУ САДОҚАТ
 ҲАМОИШ: АРТИШИ МИЛЛӢ-МАКТАБИ ҶАСОРАТ, МАРДОНАГӢ ВА ШУҶОАТУ САДОҚАТ
ҲАМОИШ: АРТИШИ МИЛЛӢ-МАКТАБИ ҶАСОРАТ, МАРДОНАГӢ ВА ШУҶОАТУ САДОҚАТ

Дар донишкада бо иштироки устодон ва донишҷӯён бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ ҳамоиши идона баргузор шуд.
Мазбут Холиқзода, муовини директор оид ба таълим номаи табрикоти роҳбарияти донишкадаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла зикр шудааст: 33 сол муқаддам бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми феврал дар қаламрави кишвар Рўзи Артиши миллӣ эълом гардид ва аз соли 1993 миллати тоҷик афсарону аскарон, сарбозону собиқадорон ва умуман, кулли ҳомиёни ватанро бо ин санаи муборак қадрдонӣ мекунад. Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Таъкид шуд, ки Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ – рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷангдида ва корозмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Ва ин албатта амали воқеист. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд.
Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба Давлату миллати хеш содиқ буданро фаромӯш насозанд. Хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Барномаи фарҳангии ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Шуъбаи иттиллоот ва кор бо ВАО


: 7

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 21.02.2026
БОЗДИДИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТИИ АССОТСИЯИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АЗ ДОНИШКАДА
БОЗДИДИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТИИ АССОТСИЯИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АЗ ДОНИШКАДА
  • 21.02.2026
ҲАМОИШ: АРТИШИ МИЛЛӢ-МАКТАБИ ҶАСОРАТ, МАРДОНАГӢ ВА ШУҶОАТУ САДОҚАТ
ҲАМОИШ: АРТИШИ МИЛЛӢ-МАКТАБИ ҶАСОРАТ, МАРДОНАГӢ ВА ШУҶОАТУ САДОҚАТ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены