Дар шароити ҷаҳони пуртазод ва босуръат тағйирёбанда масъалаи таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аҳамияти хоса касб намудааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки аз 21 боб иборат аст, бозгӯи таваҷҷуҳи ҷиддии давлат ба ин самти муҳими сиёсати ҷамъиятӣ мебошад.
Дар моддаи дуюми қонуни мазкур таъкид мегардад, ки он бо мақсади ташаккули айнияти шаҳрвандӣ, рушди сифатҳои баланди ахлоқӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ, тафаккур ва эҳсоси ватандӯстӣ қабул шудааст. Ин меъёр на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки барномаи идеявию тарбиявӣ барои имрӯз ва ояндаи кишвар ба шумор меравад.
Тарбияи ватандӯстӣ раванди якрӯза нест. Он аз оила оғоз ёфта, тавассути муассисаҳои таълимӣ, муҳити иҷтимоӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ такомул меёбад. Ҳадафи асосӣ парвариши шахсияти худогоҳ, масъулиятшинос ва содиқ ба Ватан мебошад. Зеро давлат танҳо бо вуҷуди шаҳрвандони фаъолу бофарҳанг устувор мемонад. Агар эҳсоси тааллуқ ба давлат ва масъулият нисбат ба тақдири он суст гардад, замина барои бетафовутӣ ва ноустуворӣ
пайдо мешавад.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият масъалаи ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи маърифат, ҷалби ҷавонон ба илму эҷод ва тарғиби арзишҳои миллӣ нишон медиҳад, ки давлат ояндаи худро маҳз дар насли ҷавон мебинад. Парвариши ҷавонони дорои ҷаҳонбинии солим, тафаккури интиқодӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ кафили амнияти дарозмуддати кишвар мебошад.
Имрӯз ҷаҳони муосир бо зуҳуроти хатарнок, аз ҷумла ифротгароӣ, таассуб, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ рӯ ба рӯст. Дар чунин шароит ҷавонон метавонанд гурӯҳи осебпазир бошанд, агар сатҳи маърифати сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо кофӣ набошад. Аз ин рӯ, танзими ҳуқуқии масъалаи тарбияи ватандӯстӣ ва татбиқи самараноки он амри саривақтӣ ва зарурӣ аст.
Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ пеш аз ҳама бавоситаи баланд бардоштани саводнокии сиёсӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи иҷтимоӣ амалӣ мегардад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳимояи марзу буми кишвар ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ нишонаи садоқат ба давлат мебошад. Ватандӯстӣ танҳо шиор нест; он дар амал, дар меҳнати содиқона, дар эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ зоҳир мегардад. Миллате, ки ба таърихи худ арҷ мегузорад ва аз сабақҳои гузашта хулоса мебарорад, метавонад ояндаи устуворро бунёд намояд.
Ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ аз мафҳумҳоеанд, ки пояи давлатдориро ташкил медиҳанд. Давлат бе миллат вуҷуд дошта наметавонад ва миллате, ки худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои худро аз даст медиҳад, устувории давлатдории худро низ зери хатар мегузорад. Таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки маҳз иттиҳод ва худогоҳӣ имкон доданд, ки ваҳдати миллӣ пойдор гардад ва сулҳу субот барқарор шавад.
Аз ин лиҳоз, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» на танҳо санади меъёрӣ, балки заминаи муҳими таҳкими сиёсати маънавӣ ва иҷтимоии давлат мебошад. Он барои ташаккули ҷомеаи муттаҳид, бофарҳанг ва масъулиятшинос мусоидат мекунад. Ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон, бояд дарк намояд, ки ҳифзи сулҳу ваҳдат ва таҳкими истиқлолият вазифаи умумимиллӣ аст.
Худшиносии миллӣ падидаи оддӣ ё танҳо эҳсосӣ нест, балки як низоми мураккаби арзишҳо, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти иҷтимоист. Он дар худ на танҳо муҳаббат ба Ватан, балки дарки амиқи таърих, фарҳанг, забон ва рисолати шаҳрвандиро таҷассум мекунад. Миллате, ки пояҳои худшиносии онро маърифат ва шуури интиқодӣ ташкил медиҳанд, қодир аст дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир устувор боқӣ монад.
Пешрафти ҳар як давлат аз сармояи моддӣ бештар ба сармояи маънавии ҷомеа такя мекунад. Агар эътимод миёни шаҳрвандон, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои муштарак вуҷуд дошта бошад, ҷомеа метавонад мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро бо роҳи ҳамкорӣ ҳал намояд. Баръакс, агар парокандагӣ, бетафовутӣ ва ихтилоф афзоиш ёбанд, замина барои сустшавии
пояҳои давлатдорӣ фароҳам мегардад.
Таҷрибаи таърихии тоҷикон нишон медиҳад, ки дар марҳилаҳои гуногун миллат бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Тағйирёбии низомҳои сиёсӣ, муборизаҳои дохилӣ ва фишорҳои беруна борҳо озмоиши ҷиддӣ барои ҳастии миллӣ буданд. Бо вуҷуди ин, фарҳанги ғанӣ, эҳтиром ба илму адаб ва иродаи устувор имкон доданд, ки тоҷикон ҳувияти худро ҳифз кунанд.
Истиқлолияти давлатӣ на натиҷаи тасодуф, балки маҳсули талошҳои тӯлонӣ ва сабақгириҳои таърихист.
Сулҳ ва ваҳдат арзишҳое мебошанд, ки танҳо дар сухан боқӣ намемонанд; онҳо амал, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги муколамаро талаб мекунанд. Агар ҷомеа ба гуногунандешӣ бо эҳтиром муносибат намояд, сатҳи низоъ коҳиш меёбад. Ваҳдат маънои яксонандеширо надорад, балки қобилияти ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ дар доираи манфиатҳои умумиро дар бар мегирад. Маҳз чунин фаҳмиш метавонад ҷомеаро аз такрори ихтилофҳои гузашта эмин нигоҳ дорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳдидҳо шакли нав касб кардаанд. Таблиғоти ифротгароӣ, паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва таъсири равонии шабакаҳои иттилоотӣ метавонанд бахусус ба ҷавонон таъсир расонанд. Агар сатҳи саводи сиёсӣ ва маърифати шаҳрвандӣ паст бошад, эҳтимоли гирифторшавӣ ба чунин равандҳо меафзояд. Аз ин рӯ, сиёсати пешгирикунанда бояд ба таҳкими низоми маориф, рушди тафаккури мустақил ва фароҳам овардани имкониятҳои иҷтимоӣ равона гардад. Омили муҳими дигар рушди иқтисодӣ мебошад. Нобаробарӣ, бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ метавонанд заминаи ноустуворӣ гарданд. Давлате, ки барои шаҳрвандонаш шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам меорад, заминаи устувори суботро муҳайё месозад. Аммо танҳо сиёсати давлатӣ кофӣ нест иштироки фаъоли ҷомеа, ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ низ нақши ҳалкунанда доранд. Таърих ҳамчун ойинаи ҷамъиятӣ бояд бо рӯйи боз омӯхта шавад. На танҳо саҳифаҳои ифтихорӣ, балки давраҳои мушкил низ бояд таҳлил гарданд.
Ҷомеае, ки аз хатогиҳои гузашта сабақ мегирад, имкони такрори онҳоро кам мекунад. Худшиносии таърихӣ ба ташаккули тафаккури воқеъбинона мусоидат менамояд ва эҳсоси масъулиятро тақвият медиҳад.
Истиқлолият танҳо рамзи сиёсӣ нест; он масъулияти доимӣ аст. Ҳифзи он аз ҳар шаҳрванди бо огоҳ талаб мекунад, ки дар доираи қонун амал намояд, фарҳанги муоширатро риоя кунад ва манфиатҳои умумиро болотар аз манфиатҳои шахсӣ гузорад. Танҳо дар чунин шароит метавон ҷомеаи устувор ва пешрафтаро бунёд кард.
Ояндаи давлат аз сатҳи худогоҳӣ, ҳамбастагӣ ва рушди фикрии ҷомеа вобаста мебошад. Агар арзишҳои миллӣ бо дониш, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ пайваст гарданд, ҷомеа метавонад ба марҳилаҳои нави рушд қадам гузорад. Ваҳдати воқеӣ на дар шиорҳо, балки дар амал, дар фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва дар талоши муштарак барои ободии Ватан зоҳир мегардад.
Хулоса, худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба давлат пояҳои асосии рушди устувори ҷомеа мебошанд. Танҳо дар шароити ҳамбастагӣ, эҳтиром ба қонун ва иштироки фаъоли шаҳрвандон метавон давлати неруманд ва ҷомеаи пешрафтаро бунёд кард.
Мадина Шарипова,
устоди ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд