Рӯзи 8-уми март дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад ва ин ид аз ҳама идҳои сол ҳамагӣ ва самимӣ аст. Ин рӯз на танҳо рамзи эҳтиром ба занон, балки ифодаи муҳаббати беандоза ба модар – офарандаи ҳаёт, чароғи хонадон, тарбиятгари наслҳо ва пойдевори ваҳдати миллӣ мебошад. Дар ҳар хонаводаи тоҷик ин рӯз бо гармии оилавӣ, гулҳои тару тоза, суханони самимӣ ва дастархони идона пурмазмун мегузарад. Ҳамзамон, иди мазкур бо оғози фасли баҳор рост меояд ва ҳамроҳ бо шукуфоии табиат ҳисси навсозӣ, умед ва шодӣ меорад.
Таърихи Рӯзи 8-уми март ба охири асри XIX ва аввали асри XX бармегардад, вақте занон барои ҳуқуқҳои баробар ва беҳтар кардани шароити зиндагӣ мубориза мебурданд. Соли 1910 дар Конфронси байналмилалии занон дар Копенгаген пешниҳод шуд, ки рӯзи махсусе барои занон таъсис дода шавад. Аз соли 1914 ин сана дар бисёр кишварҳо устувор гардид ва соли 1977 Созмони Милали Муттаҳид онро расман Рӯзи байналмилалии занон эълон кард.
Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми март ҳамчун иди расмӣ ва рӯзи ғайрикорӣ таҷлил мешуд ва рамзи озодии занон буд. Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон (1991) ин анъана нигоҳ дошта шуд, вале маънои он бештар миллӣ ва оилавӣ гардид. Аз соли 2009 расман Рӯзи Модарон ном гирифт, ки ин тағйирот бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин номгузорӣ аз арзишҳои бостонии тоҷикӣ бармеояд, зеро дар фарҳанги мо модар ҳамеша дар маркази оила ва ҷомеа қарор дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки модар – вуҷуди муқаддас аст, зиндагӣ аз ӯ ибтидо мегирад ва зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии ҳаётро меафзояд. Дар суханрониҳои худ ба муносибати ин ид Президенти мамлакат нақши модарро дар тарбияи фарзандони солеҳ, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва ободии Ватан баланд арзёбӣ кардаанд. Таҷлили 8 март ҳамчун Рӯзи Модар маҳз дар даврони истиқлол бо мазмуни азалӣ ва асолати миллӣ эҳё гардид.
Симои модар дар кишвари мо, на танҳо дар доираи оила, балки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нақши ҳалкунанда дорад. Имрӯз занони тоҷик дар маориф, тиб, фарҳанг, иқтисод, сиёсат ва ҳатто дар сохторҳои қудратӣ фаъолона иштирок мекунанд. Бо ташаббусҳои Пешвои миллат мақоми зан дар ҷомеа таҳким ёфта, ҳуқуқҳои онҳо яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ эълон шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ занон ва модарон дар бунёди оилаҳои солим, тарбияи насли ояндасоз ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Модар – ин пойдевори маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа аст. То даме ки модарон дар сари гоҳвораи фарзандони тоҷик ҳастанд, миллат озод, кишвар обод ва давлат пойдор боқӣ мемонад. Ин суханони Пешвои миллат ҳамеша дар дили мардуми тоҷик ҷой дорад.
Дар солҳои охир, Ҳукумати мамлакат барои дастгирии занон ва модарон қадамҳои муҳим гузошт, ки он барномаҳои иҷтимоӣ, таълим ва касбомӯзӣ, ҳифзи ҳуқуқҳо ва пешгирии зӯроварӣ дар оиларо дар бар мегирад. Ин иқдомҳо нақши модарро дар рушди устувори ҷомеа боз ҳам мустаҳкамтар мегардонанд.
Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистони 8-уми март бо анъанаҳои гарму самимӣ таҷлил мешавад. Дар оила фарзандон модаронро бо гулҳои баҳорӣ, туҳфаҳои зебо ва суханони самимӣ табрик мекунанд. Дастархони идона бо таомҳои миллӣ, шириниҳо ва меваҳои гуногун ороста мешавад. Аъзои оила атрофи модар ҷамъ мешаванд ва хотираҳои зебо нақл мекунанд. Дар ҷомеа аз он ҷумла, дар мактабҳо, донишгоҳҳо, корхонаҳо ва дигар муассисаҳо консертҳо, намоишҳои ҳунарӣ, озмунҳои гуногун ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд. Дар телевизион ва радио консертҳои идона ва барномаҳои махсус намоиш дода шуда, аз тарафи мақомотҳои маҳаллӣ низ чорабиниҳои идона ташкил карда мешаванд.
Рӯзи модарон, ҳамзамон рамзи баҳор аст, ки шукуфоии гулҳо ва ҳисси тароват дар ҳама ҷо ҳукмфармост. Дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои Ҷумҳуриамон анъанаҳои маҳаллӣ боз ҳам гармтар ва рангорангтар мегузаранд, ки бештар бо сурудҳои миллӣ, рақсҳо ва гулҳои зиёд ин рӯзро пешвоз мегиранд.
Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи Модарон – ин на фақат як санаи тақвимӣ, балки рамзи муҳаббати абадӣ, эҳтироми беандоза ва миннатдории ҳар як шахс ба зан-модараст, ки ҳаётро офарида, хонадонро гарм нигоҳ медорад ва миллатро ба ояндаи дурахшон ҳидоят мекунад.
Гузашта аз ин, Рӯзи Модарон – ин идест аст, ки дилҳои ҳамаи моро гарм мекунад ва хотиррасон мекунад, ки зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад, муҳаббат аз ӯ оғоз меёбад ва ояндаи миллат аз тарбияи ӯ вобаста аст. Модар – қаҳрамони ҳаррӯзаи мо мебошад, зеро ӯ бо меҳру садоқат, фидокорӣ ва хирад зиндагии ҳар хонаводаро равшан мекунад.
Модарон ва бонувони азиз! Бигзор ин баҳори зебо бароятон пур аз шодӣ, саломатӣ, муҳаббат ва муродҳо бошад! Шумо – чароғи хонадон, ифтихори миллат ва сарчашмаи ҳаёти мо ҳастед!
Рӯзи Модарон муборак бод!