МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ИДОРАКУНӢ, НАЗОРАТ ВА БЕҲСОЗИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ
“Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода,
усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем”.
Татбиқи ҳадафҳои миллии рушд дар асоси сенарияи индустриалию инноватсионӣ ва гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ тақозо менамояд, ки низоми миллии омодакунии кадрҳо мутахассисони рақобатпазирро омода намуда, низоми таҳсилот бо бозори меҳнат ҳамоҳанг бошад. Вобаста ба ин, шарти асосии омода кардани мутахассисони баландихтисос ин ташкили таълими босифат ва муносибати ҷиддиву масъулиятшиносонаи иштирокчиёни раванди таълим ба салоҳиятҳои худ мебошад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар меҳвари ҳама тағйиротҳо, пешравиҳо ва дастовардҳои инқилобӣ инсони соҳибкасб, донишманд, кордон ва дорои таҷрибаю ҷаҳонбинии васеъ ва дорои салоҳиятҳои зарурӣ қарор дорад. Яъне, асоси пешрафт ва рушди устувор нерӯи инсонии босифат ва пешрафта мебошад. Ҳамин аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди нерӯи инсонӣ аз ҷумлаи шаш вазифаи афзалиятноки муайяншуда эълон шудааст. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар ин самт масъулиятшинос буда, бо истифода аз усулҳои муосири таълим кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазирро омода намоянд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар низоми таҳсилоти олии касбии кишвар тағйиротҳои назаррас ба вуқуъ пайваста, айни замон дар кишвар шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омодакунии кадрҳо машғул мебошанд. Дар ин муассисаҳо ҷиҳати таъминоти моддӣ, инфрасохторӣ, таълимию методӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд. Дар умум айни замон муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо инфрасохтори зарурӣ ва заминаи моддию техникии пешрафта муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар ин замина аҳли илм ва маорифи кишвар, махсусан муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати таълим, таъминоти моддию техникӣ, корҳои таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ, аз он ҷумла рақамикунонии раванди таҳсилот аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Бо такя ба мубрамияти гуфтаҳои боло, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебояд ба як қатор масъалаҳои муҳимму ҳалталаб таваҷҷуҳ зоҳир шавад.
Мусаллам аст, ки дар таҷриба барои баланд бардоштани сифати таҳсилот аз унсур ва абзорҳои гуногун истифода мекунанд. Зимнан ба роҳ мондани дарсҳо ва самаранокии онҳо ба истифодаи манбаҳои босифати иттилоот ва маҳорати баланди омӯзгор вобастагӣ дорад. Дар баробари ин истифодаи воситаҳои техникии таълим ба сатҳи азхудкунӣ ва қобилияти ақлониву эҷодии донишҷӯ низ таъсири мусбӣ мерасонанд.
Новобаста аз он, ки солҳои охир ба масъалаи истифодаи васеи технологияҳои ииттилотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир карда мешавад, меъёри асосии сифати таҳсилот ин сатҳи донишҳои азхудкардаи донишҷӯ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, воситаҳои техникии таълим танҳо барои таҳсилоти босифат шароит муҳайё карда, зимнан сифати таҳсилот ба сатҳи касбият, дониш, маҳорату малака ва усулҳои истифодамекардаи омӯзгор вобаста мебошад. Дар ин замина ҳар як иштирокчии раванди таҳсилот, махсусан омӯзгор – ҳамчун шахси меҳварӣ бояд ба раванди таҳсилот муносибати ҷиддӣ дошта бошад.
Яке аз унсурҳои таъмини сифат ин сатҳи бо маводҳои таълимию методӣ таъмин будани раванди таълим мебошад. Вобаста ба ин, ҳар як омӯзгор бояд дар заминаи риояи санадҳои меърию ҳуқуқии соҳа маводҳои таълимию методии заруриро омода карда, сипас ба аудиторияи таълимӣ ворид шавад. Муносибати ҷиддӣ ва масъулиятшиносона ба раванди таълим ин эҳтиром ба сиёсати давлатӣ, насли ҷавони миллат ва ҷомеа дар маҷмуъ мебошад. Бояд дар назар дошта бошем, ки натиҷаи фаъолият аз эҳсоси масъулият вобаста буда, саҳмгузорӣ дар омода кардани кадрҳои баландихтисосу рақобатпазир ин қарзи инсониву виҷдонии мо дар таъмини рушди устувори кишвар, татбиқи ҳадафҳои милли рушд ва таъмини истиқлолияту озодӣ мебошад.
Рақамикунонии раванди таҳсилот дорои афзалиятҳои зиёд мебошад. Бемории фарогири COVID-19 нишон дод, ки бо истифода аз технологияҳои рақами ҳалли мушкилоти соҳа ва таъмини сифат имконпазир аст. Ғайр аз ин истифодаи технологияҳои рақамӣ имконият дод, ки дар баробари пешниҳоди маводи назариявӣ, ҳамчунин имконияти намоиши маводи видеоӣ ва аудиоӣ низ фароҳам гардад. Чунин шакли истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим на танҳо сифати таълимро боло мебарад, балки ба завқи донишҷӯ ва таҳкими рағбати ӯ таъсири мусбат мерасонад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе ҳолатҳо зимни истифодаи нодурусти воситаҳои техникии таълим самаранокии онҳо паст гардида, ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонад. Барои мисол, баъзе аз омӯзгорон бо истифода аз барномаҳои компютерӣ рӯнамо (презентатсия) омода карда, зимни дарс онро дар тахтаи электронӣ намоиш дода, матни дар он бударо ба донишҷӯ қироат мекунанд. Бояд иброз дошт, ки танҳо нишон додани рӯнамо худ ба худ сифати таҳсил ва сатҳи донишазхудкунии донишҷӯёнро боло намебарад. Ба андешаи мо бояд амалия ва тартиби истифодаи воситаҳои техникӣ дар раванди таълим куллан тағйир дода шавад.
Мо бояд дарк намоем, ки иваз кардани лексияҳои матнӣ, ё ба ибораи дигар қоғазҳои зардшуда ба рунамоҳои электронӣ бидуни иваз кардани методика ё ин ки дидактикаи таълим бенатиҷа аст. Фалсафаи рақамикунонии раванди таълим, чӣ тавре ки таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, бояд ба табдили қоғаз ба маводи электронӣ ва бартарият пайдо кардани фарҳанги техникӣ анҷом наёбад. Дар ин раванд бояд шахсияти омӯзгор, сифатҳои шахсиву инсонӣ, донишу малака, ҷаҳонбинӣ ва усули хондани лексия бояд дар мақоми аввал қарор гиранд. Ба андешаи мо, воситаҳои техникӣ бояд ба сифати кумакрасони омӯзгор баромад кунанд, на ҳамчун воситаи канораҷӯӣ аз иҷрои босифати масъулияти бошарафи омӯзгорӣ бошанд.
Масъалаи дигари муҳим ин риояи одоби академӣ ва иҷрои босифати корҳои мустақилонаи донишҷӯён мебошад. Дар ин самт, бояд ба мазмун, мутобиқат ва сифати корҳои мустақилонаи донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Мутаносибан мудирони кафедраҳо ва роҳбарону мушовирони академиро зарур аст, ки ба мутобиқати мавзуъҳо ба талаботи замон, ба самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар аҳамияти ҷиддӣ дода, меъёри сифат ва асолати матн бояд ҳамчун арзишҳои муқаддаси раванди омодакунии кардрҳо шинохта шаванд.
Имрӯзҳо истифодаи технологияҳои рақамӣ дар натиҷагирии раванди таълим низ васеъ истифода карда мешавад. Қабули имтиҳонҳо бо истифода аз технологияҳои рақамӣ мавзуи баҳснок буда, тарафдорон ва мухолифони зиёд дорад. Дар ин самт низ бояд истифодаи технологияҳои рақамӣ вобаста ба моҳияти фан ва имконияти арзёбии донишу малакаҳои азхудкардаи донишҷӯ истифода карда шавад. Истифодаи умумикардашудаи технологияҳои рақамӣ дар натиҷагирии раванди таълим метавонад ба сифати таълим таъсири манфӣ расонад. Зимнан бояд дар асоси таҷрибаи чандсола таҳлил ва арзёбии амиқ сурат гирифта, махсусият ва мавқеияти истифодаи онҳо асоснок карда шавад.
Бо такя ба гуфтаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро таъкид месозем, ки дар воқеъ ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, барномаҳои соҳавӣ ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии кишвар аз низоми дурусти таҳсил ва таҳким бахшидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ вобастагии калон дорад. Зеро, ба таъкиди Пешвои миллат сукути низоми омӯзиш - сукути миллат аст.
Бо ин мақсад, масъулини шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронии Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд минбаъд низ баҳри баланд бардоштани самаранокии раванди таълим ва сифатии он талош варзида, ҷиҳати такмили ихтисос ва тақвияти маҳорату малакаи касбии омӯзгорон семинару машварат ва чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ менамояд. Бо назардошти он, ки дар шароити муосир кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва истифодаи самараноку натиҷабахши техникаву технологияҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй шарти асосии рушди инноватсионӣ ба ҳисоб меравад, мо омӯзгорон бояд дар ин самт фаъол ва масъулиятшинос бошем.
Ҳамин тавр, дар марҳилаи муосир, ки бо тавсеаи ҷуғрофиёи ноамниҳо ва низоъҳо тавсиф карда мешавад, мо бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон, тарғиби афзалияту бартариятҳои дониш ва касбомӯзӣ, хондани китоб, худшиносу худогоҳ будани онҳо ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бамаврид таъкид сохтаанд, ки дар ҷаҳони муосир бе дастрасӣ ба илму инноватсияи муосир, техникаву технологияҳои пешрафта ва ташаккули ҷаҳонбинии илмиву техникӣ таъмин кардани пешрафти кишвар умуман имкон надорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ, ки натиҷабахшии он ба сифати таҳсилот ва омодакунии кадрҳои соҳибтахассусу рақобатпазир вобастагӣ дорад, масъулиятшинос бошем.
Мирзоева М.У.,
Мудири шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронии ДПДТТХ
(Мавод аз нашрияи "Меҳвари дониш" №6(177) аз 23 октябри соли 2024)