Воқеаи нангине, ки чан рӯз қабл дар кишвари мо рух дод, бори дигар моро ҳушдор менамояд, ки нисбати тақдири давлату миллати худ бетараф набошем. Онҳое, ки имрӯз дар пардаи ислом худро пинҳон мекунанду бо номи ислом ба корҳои ношоиста ва кирдорҳои номатлуб даст мезананд, кӯшиш мекунанд, ки обрӯ ва нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ тамоми воситаҳоро истифода намоянд. Рафтори ноҷавонмардонаи ашхоси шомил ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки чор нафар сайёҳони хориҷиро ба қатл расониданд,  ба иззату шаъни инсони комилу солимфикр созгор нест.  Онҳое даст ба чунин куштори ваҳшиёна заданд, ки  ҳадду андозаи инсонигариро намедонанд,  лоиқи номи инсонӣ нестанд.

     Мо, устодон, ки солҳои сол барои маърифатнокии ҷомеа саъй меварзем чунин рафтори ношоиста ва ваҳшиёнаи афроди ҷиноятпешаро ҳамаҷиҳата маҳкум мекунем. Бахусус, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои наҷибу созанда, бунёдкорона ва хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хоса пайдо намудааст, бо боварии комил зикр менамоем, ки мардуми шарифи кишвар дар атрофи ин сиёсати созанда боз ҳам муттаҳидтар гардида, ба хотири ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо ин гуна хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат  сарҷамъона муборизаи беамон мебарем.

  Ғайрат Раҷабов, номзади илмҳои физика ва математика,

Хайриисо Темирова, номзади илмҳои педагогӣ,

Абдушукур  Назаров, доктори илмҳои иқтисод,

Охунбобо Сайфиддинов, номзади илмҳои техникӣ

Осимов Зайниддин Осимович, номзади илмҳои техникӣ

     

 

 

Солҳои охир дар дунё ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором карда ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Мо кунун қатлу куштор, амалҳои ваҳшиёнарон тавассути телевизон аз гӯшаву канори олам медидем ва бовар намекардем, ки насли одамӣ ба чунин кирдорҳои ваҳшиёна қодир аст. Ангезаи ин ҳаводис имрӯз дар Тоҷикистон низ падидор шуда, бо даъвати ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ ва ДИИШ чанде аз ҷавонони гумроҳ ва манқурти мо даст ба амале заданд, ки миллат дар таърихи худ ёд надорад. Ин ҳодиса давоми мантиқии ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 буда, наҳзатиён дидаву дониста, ба хотири халал ворид намудан ба сулҳу суботи кишвар ба чунин кирдори ваҳшиёна даст заданд. Ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини кишварро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ бетараф набошад.

Ҷавонони моро мебояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории дӯстиву тифоқӣ, ваҳдату ҳамдилӣ саъй варзанд.

Бойпоччо Фатҳиддинов, номзади илмҳои техникӣ,

Акрамов Абдуқодир, номзади илмҳои техникӣ,

Алиев Шамшод, номзади илмҳои техникӣ,

Холиқов Мазбут, унвонҷӯй

 

 

Ҳаёти осудаву пешрафту шукуфоии мамлакат аз шаҳрвандони босаводу дурандеши он вобастагии калон дорад. Дар солҳои охир маърифати сиёсии мардум, ифтихору ҳуввияти ҷавонон хеле боло рафта, ҳар кадоме бо амри дилу виҷдон барои ободии кишвар саҳмгузор мешаванд. Аммо миёни ҷавонони худогоҳу заковатпеша ҳастанд нафароне, ки пойбанди фиребу макру ҳияли дигарон гардид, даст ба амалҳои нобахшиданӣ мезананд.

Ҳодисаи нанговаре, ки рӯзи 29 июл дар минтақаи Себистони ноҳияи Данщара ба вуқӯъ пайваст, дили бандаро абгор кард. Амале, ки чор хоин бо шаш ёвари худ кардаанд, ҳайвони ваҳшӣ ҳам ба ин дараҷа намекунад. Қисме аз онҳо ҳаёти худро бохтанд, боқимондагон дар торикистон мемонанд. Ин нотавонбинон ҳам падару модар ва наздикону пайвандон доштанд, наход онҳо рафтори фарзандонашонро  мушоҳида накарданд? Имрӯз сари ҳамаи онҳо назди мардум хам ва забонашон кӯтоҳ шуда монд. Дар амали ҳар кадоми онҳо бемасъулиятӣ ва бетарафиро мебинам

 Рафтори ин нотавонбинонро сахт маҳкум намуда, пайравони онҳоро ёдрас мешавам, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд, ҳаёти дилхоҳро соҳиб намешаванд.

Аз мардуми соҳибназари вилоят даъват ба амал меоварем, ки ин ҳодисаи мудҳишро барои фарзандону пайвандон ҳамчун сабақи зиндагӣ матраҳ намоянд, то онҳо хатогии ҳамсолони худро, ки бо амри хоҷагони ДИИШ дар ҳамкорӣ бо ҲНИ кардаанд, дигар такрор насозанд.

Хуршед Худойбердиев, Хуршед Мақсудов, Одилхӯҷа Солиев, устодони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои итттилоотӣ, номзадони илмҳои физика ва математика

 

Аз фоҷеае, ки дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара ба амал пайваст огоҳӣ ёфта, хеле нороҳат шудам. Дилам ба насли одамӣ сӯхт. То куҷо ҳайвонсирату бадгуҳар шудаем, ки барои канда шудани риштаи ҷони нафари бегуноҳ даст дорем. Дилам ба наздикону пайвандони сайёҳон сӯхт. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш онҳо дар саҳифаи инстаграммаи худ аз меҳмоннавозӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон васф карданд. Дар ҳар куҷое буданд, тоҷикон онҳоро гарм пешвоз мегирифтанд. Магар ин аз рӯи адолат аст, вақте миллионҳо сокинони кишвар аз рушди сайёҳӣ болидагӣ изҳор намоянду ҳар хонадон ҳатто беҳтарин анвои хӯрданиашро барои меҳмонон, хоссатан сайёҳон пешкаш созанду бо айби чанд тан аз ҷавонони ноогоҳ  бо тавсияи терористони наҳзативу исломпарастони зоҳирӣ ин ҳама хислатҳои наҷиби тоҷикона фаромӯш шавад? Магар мардуми ношукр фоҷеаҳои солҳои душвори ҷанги бемаънии шаҳрвандиро аз хотир фаромӯш сохтаанд, ки боз ба чунин амалҳои ноҷавонмардона даст мезананд.

Нохалафон зимни куштори шахсони бегуноҳ магар наандешиданд, ки фарҷоми ин кирдори ношоистаашон вой аст? Баробари ба нафрати халқ гирифтор шудан ин рафтори онҳо ба обрӯи сиёсии кишвари азиз лакнат зад.

Андешаи дигар маро ором намегузорад. Баъзе аз ин нафарон бо вуҷуди синну соли ҷавонӣ аллакай мактабҳои террористии хориҷиро гузашта, дар зеҳну тафаккури худ ончунон нафрат ба халқ ва мардуми осоишта ҳосил кардаанд, ки оқибаташ вой аст.

Таърих собитгари он аст, ки тоҷикон дарозои  арзи ҳастии худ боре ба сари ягон миллат сар набардоштаанд, балки бо нерӯи ақлу заковат, меҳнату бунёдкоронаи хеш дар тамаддуни башарӣ нақши мондагор доранд. Мо пас аз ҳазор сол бо хунбаҳои садҳо ҷавонон соҳиби як мулки ободу озод гардида, таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол кишварамонро ба сӯи ободиву пешравӣ бурда истодаем. Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳои хеш қайд мекунанд, ки чунин миллати соҳибхирад, заковатманд, сабуру таҳаммулпеша дар ягон олам нест. Маҳз аз як гиребон сар баровардан, якҷоя меҳнати софдилона намудан моро дар ҳама ҷодаҳо пешрав намуда истодаааст. Пешвои мо онқадар дили бузург доранд, ки бовуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта дар Тоҷикистон ғами оламиёнро хӯрда, дар ҳалли мушкилиҳои глобалӣ аз қабили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ташаббускорӣ нишон медиҳанд.

Вале чанд тан ноҷавонмард бо амали тахрибкоронаи худ хостанд ба ҳамаи ин амалҳои нек хатти батлон зананд. Ҷомеаи ҷаҳон, халқ медонад, ки террорист Ватан, миллат ва дил надорад. Барои вай иҷрои супориши хоҷагони хориҷиаш муҳим асту бас.

Хайринисо Темирова,

номзади илмҳои педагогӣ,

устоди кафедраи ҷомеашиносӣ ва забони давлатӣ

 

 

 

  

Хабари дар ҷамоати Себистони шаҳри Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ анҷом ёфтани амали террористӣ аз ҷониби пайравони ДОИШ боиси нигарони аҳли олам гардид. Ҳатто Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барин давлати абарқудрат расман баён дошт, ки дар самти таҳқиқи ин ҷинояти мудҳиш бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд ва кирдори нангини анҷомдиҳандагони амали мазкурро ба кулли мардуми тоҷик вобаста намедонад. Ин маънои онро дорад, ки дар Амрико низ таъкидҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси Ватан, модар, дину имон, меҳру муҳаббат ва ихлосу садоқат надоштани террористону ифротгароён тасдиқ менамоянд. Яъне наметавонад дасисаву фитнаи нокасон номи давлату миллатамонро дар ақсои олам паст кунад.

Вобаста ба ин масъала падидаи номатлубе моро сахт ба андеша водор намуд, ки мавқеи бетарафиро ишғол кардани Ҷумҳурии исломии Эрон нисбати амали террористии болозикр аст. Мо бо мардуми ин кишвар на танҳо ҳамзабон, балки ҳамхун низ ҳастем. Решаҳои ягонаи миллӣ, таърихиву фарҳангии муштарак дорем. Бузургони миллати тоҷик бузургони форсҳо ҳам ҳастанд. Адабиёти ҳар ду кишвар низ муштарак аст ва дар саргаҳи он Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ меистад. Бо назардошти ин, эрониҳо бояд беш аз дигарон ғусса мехӯрданду мутаассир мешуданд. Вале мутаассифона, мо баръакси онро мушоҳида намудем.

Хирадманде панд медиҳад, ки ё зангии Занг бош, ё румии Рум! Дар ҷаҳон аз мавқеи бетарафиро ишғол кардан дида кори бадтаре нест. Нисбати чунин кирдорҳои нангин бетараф будан маънои ҷонибдорӣ аз онҳоро дорад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳои дӯстонаро бо Эрон ба роҳ монд, ки ҳама соҳаҳоро фаро мегирифтанд. Маҳз дар доираи ҳамин дӯстию рафоқат ду лоиҳаи калони сармоягузорӣ – нақби «Истиқлол» ва НБО «Сангтӯда -1» сохта, ба истифода дода шуданд. Сафарҳои расмии сарони ҳар ду кишвар ва даҳҳо ҳайатҳои бонуфуз ба давлатҳои якдигар, баргузор намудани чорабиниҳои гуногун ва ҳамкории босамар дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ барои ҳар ду кишвар судманд буд. Мутаассифона, бо иваз шудани роҳбарияти Эрон дӯсти дирӯзаи мо ба паноҳдиҳандаи бадхоҳону душманонамон табдил ёфт ва имрӯз парвое надорад, ки пайравони ДИИШ ба Тоҷикистон низ роҳ ёфтаанд.

Ҳанӯз зиёда аз 1000 сол пеш шайхурраис Ибни Сино таъкид дошта буд:

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст,

Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт!

Ватани азизи мо имрӯз аъзои комилҳуқуқи  СММ аст ва бо зиёда аз 140 давлати дунё муносибати дипломатӣ дорад. Дӯстони ҳақиқиву ҷониамон дар тамоми қитъаҳо ҳастанд ва ҳаргиз моро дар рӯзи сахтӣ танҳо намегузоранд! Аммо дар сари масъалаи дӯстӣ бо «Дӯстон»-и душманнасақ бояд сахт андеша намоем.

 

Турсун Холматов, муовини директор оид ба илми ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

     

Барои халқи Тоҷикистони азиз, ки дар фазои сулҳу оромӣ рӯзгори босаодат ба сар мебаранд, амали ношукргузорона, ки аз ҷониби тан аз ҷинояткорон ҳадафмандона ба амал омадааст, хеле шармовар ҳам аст. Ҳадаф ҳам маълум аст: кишвари азизи мо бо ташаббус ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдаҳти миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ин соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас сазовор гардид. Мо медонем, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар ба хотири рушди сайёҳӣ чи корҳои бузурге амалӣ шуда истодаанд. Имрӯз  кишвари мо ба як минтақаи азими сайёҳӣ мубаддал гардида, ҳамарӯза ҳазорон- ҳазор сайёҳон ба хотири сайру сайҳат, дидани мавзеҳои таърихӣ ташриф мефармоянд.

Вале рушди кишвари азизро баъзе нохалафон таҳаммул карда наметавонанд. Аз ин рӯ, бо амалҳои ифроткоронаи худ мехоҳанд обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар байни дигар кишварҳо паст зананд.

Дар Қуръони азиммуушаън омадааст, ки рехтани хуни ноҳақ ҳаром аст. Пас чаро ифротиён дидаву дониста, ба хотири манфиатҳои беруна, пойбанди хурофот гардида, ба ин амал даст заданд? Ҳар амали бадро подоше ҳаст. Магар ин нафарон намедонанд, ки ин амали ноҷавонмардонаашон нафрати халқро нисбаташон меафзояд, дуои бади халқ мегирад. Маълум, ки барои ин ифротиён манфиати моддӣ аз манфиати халқу Ватан болотар меистад. Пас инҳо ватанфурӯшонанд, ки ба чанд фулусе оромию осоиши Тоҷикистони азизро иваз намудаанд.

Имрӯз мардум саркардагони ҷанги бемаънии таҳмилии солҳои навадуми қарни гузаштаро бо нафрату надомат ба хотир меоранд ва албатта, ин ҷавонони гумроҳи фурӯхташуда, ки ба номи саркардаи худ Ал- Бағдодӣ қасам ёд кардаанд, ба нафрати сахти халқ гирифтор мешаванд.

Ҳамон тавре, ки ишора рафт, масъулияти ин амали нангинро давлати исломӣ бар дӯш гирифта, онҳо ҳадафи ин амали террористиро аз байн бурдани «кофирон» арзёбӣ намудаанд. Ва бо ин кирдори нангин ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор доданианд, ки мақсади бунёди давлати исломиро доранд. Аммо, давлати бунёдменамудаи онҳо чӣ давлате хоҳад буд, ки аслаш қатлу куштор, тарсу ваҳм, нафрат ба дигар дину фарҳанг аст?

Ҳодисаи мазкур моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати ҳар гуна ҷинояткорон бетараф набошем, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Охунбобо Сайфиддинов,

номзади илмҳои техникӣ, дотсент,

устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика,

собиқадори меҳнат

 

 

                         

 

Вақте ки хабари нохуш оид ба амали террористӣ нисбати сайёҳони хориҷӣ дар васоити ахбори омма расонаӣ шуд, беихтиёр ин абёти шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба хотир омад:

Лаънати ду ҷаҳон ба он кас бод,

Ки зи дунҳимматию беорӣ

Хӯрда шири сафеди модарро,

Даст ёзад ба ҳар сияҳкорӣ.

Ва бо қатъияти тамом гуфтем: Лаънати ду ҷаҳон ба чунин нокасоне бод, ки мехоҳанд бо амалҳои нангин номи Тоҷикистони соҳибистиқлолро доғдор кунанд. Махсусан дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар шаҳри Данғара – зодгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудани амали мазкур шаҳодат аз он медиҳад, ки душманони миллати тоҷик хоссатан дастандаркорони ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва давлати исломии ироқу Шом барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ягон амали ғайриинсонӣ даст намекашанд ва ҳар як лаҳзаи мувофиқро истифода мебаранд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Мақсад аз ин иқдоми ватандӯстона ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии Ватани маҳбуб, рушди ин соҳа, ҷалби сармоя ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор буд. Ва тибқи маълумотҳо дар давоми нимсолаи аввали соли равон шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон ташрифоварда аз шумораи умумии соли 2017 зиёд аст. Бо ибораи дигар, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ба манфиати тамоми сокинони кишварамон аст.

Имрӯз дар дунё давлатҳое кам нестанд, ки аз рушди соҳаи сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ даромади калон ба даст меоранд. Новобаста ба ин амали террористӣ соҳаи туризм дар Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад ва душманону бадхоҳони миллату давлат дар ин самт наметавонанд монеае эҷод кунанд. Зеро дар партави сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳли сайёра Ватани моро чун давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона шинохтаанду эътироф кардаанд.

Хулоса, ҳар касе, к ибо душмании халқ равон аст, ба зудӣ сари худро мисли гирдоб мехӯрад. Халқи сарбаланду соҳибтамаддун дар атрофи Пешвои муаззами худ муттаҳид шуда, намегузорад ҳаёти хуррамаш доғдор шавад.

Бо истифода аз фурсат ба шахсиятҳои нопок ғоибона муроҷиат намуда мегӯям: Шумо ҳайвоне ҳастед, ки дар сурати одам ҷилва менамоед, зане ҳастед, ки либоси мардона ба бар кардаед. Дониста монед, ки шуморо халқу Худо намебахшанд ва дар ҳар ду ҷаҳон рӯсиёҳ хоҳед буд.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ҳаёти осудаву пешрафту шукуфоии мамлакат аз шаҳрвандони босаводу дурандеши он вобастагии калон дорад. Дар солҳои охир маърифати сиёсии мардум, ифтихору ҳуввияти ҷавонон хеле боло рафта, ҳар кадоме бо амри дилу виҷдон барои ободии кишвар саҳмгузор мешаванд. Аммо миёни ҷавонони худогоҳу заковатпеша ҳастанд нафароне, ки пойбанди фиребу макру ҳияли дигарон гардид, даст ба амалҳои нобахшиданӣ мезананд.

Ҳодисаи нанговаре, ки рӯзи 29 июл дар минтақаи Себистони ноҳияи Данщара ба вуқӯъ пайваст, дили бандаро абгор кард. Амале, ки чор хоин бо шаш ёвари худ кардаанд, ҳайвони ваҳшӣ ҳам ба ин дараҷа намекунад. Қисме аз онҳо ҳаёти худро бохтанд, боқимондагон дар торикистон мемонанд. Ин нотавонбинон ҳам падару модар ва наздикону пайвандон доштанд, наход онҳо рафтори фарзандонашонро  мушоҳида накарданд? Имрӯз сари ҳамаи онҳо назди мардум хам ва забонашон кӯтоҳ шуда монд. Дар амали ҳар кадоми онҳо бемасъулиятӣ ва бетарафиро мебинам.

     Рафтори ин нотавонбинонро сахт маҳкум намуда, пайравони онҳоро ёдрас мешавам, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд, ҳаёти дилхоҳро соҳиб намешаванд.

         Аз мардуми соҳибназари вилоят даъват ба амал меоварем, ки ин ҳодисаи мудҳишро барои фарзандону пайвандон ҳамчун сабақи зиндагӣ матраҳ намоянд, то онҳо хатогии ҳамсолони худро, ки бо амри хоҷагони ДИИШ дар ҳамкорӣ бо ҲНИ кардаанд, дигар такрор насозанд.

Хуршед Худойбердиев, Хуршед Мақсудов, Одилхӯҷа Солиев, устодони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои итттилоотӣ, номзадони илмҳои физика ва математика

Тоҷикистон дар шоҳроҳи ободкориву созандагӣ  қадамҳои устувор мегузорад. Фазои софу беғубор, мардумони зиндадилу зарофатгӯ, меҳмоннавозу  ободкор бо меҳнати ҳалолу рафтори намунавӣ дили ҳазорон – ҳазор сайёҳро ба Тоҷикистони офтобрӯя гарм месозанд. Махсусан эълон шудани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ба рушди туризм, эҳёу рушди ҳунарҳои мардумӣ таккони тозае бахшид. Дар ҳар куҷое бошем, сухан аз меҳру муҳаббат ва раиятпарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравад.

Аммо ин фазои софу кабудро ҳар замон абрҳои хира мепӯшонад ва торику зулмат дили сокинонро ҳазён медиҳад. Ҳодисаи рӯзи 29 июл дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара рухдода бори дигар исбот намуд, ки душманони миллати мо ҳаргиз пешравии Тоҷикистонро намехоҳанд. Ин сияҳдилон, ки намояндагии давлати ироқу шомро муаррифӣ намуданд, чун диданд, ки Тоҷикистон дар роҳи рушди сайёҳӣ ба пешравиҳо ноил гашта истодаанд, мавқегирона ба ҷони 7 сайёҳи хориҷӣ амали терорристиро анҷом доданд. Дар натиҷа, ду нафар шаҳрванди Амрико, як нафари шаҳрвандони шоҳигарии Нидерландия ва кишвари Шветсария дар ҷои ҳодиса фавтиданд. Ду нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор дошта, танҳо як нафар ҷон ба саломат бурдааст. Тавре аз наворҳои видеоӣ бармеояд, ин сиёҳбахтон, ки аксаран насли ҷавони зери 20 –солаанд, бо як бераҳмии махсус аввал онҳоро пахш намуда, чун диданд, ки аз онҳо осори зинда мондан аст, дубора ба болояшон мошинаи ДЕУ Леганзеро ба ҳаракат дароварданд. Ба ин корашон қаноатманд нашуда, бо корд ба сайёҳон ҳуҷум намуданд. Аз ин ҳодиса чунин хулоса баровардан мумкин, ки онҳо бо баҳонаи нафрату надомат ба шаҳрвандони ғайримусулмон мехостанд ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди кишвари Тоҷикистон бархезонанд. Ҳодиса замоне баргузор шуд, ки чанд рӯз пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки нисбати сайёҳон муомилаи дуруст намуда, барояшон дар бароварда кардани ҳоҷатҳояшон кӯмак намоянд. Президент ҳатто қайд карданд, ки касоне, ки ба сайёҳон муносибати дағалона мекунанд, онҳо душмани миллат ҳастанд, зеро маҳз хориҷиён ба имрӯзи Тоҷикистон баҳои воқеӣ медиҳанд. Маҳз ба хотири паст задании шаъну эътибор ва пирӯзиҳои  давлат ва Ҳукумат хоҷагон хостанд ин амали нангинро ба сомон расонанд. Тавре аз баёнияи боздоштшудагон бармеояд, онҳо қаблан аъзои ҲНИ буда,  ин нақшаро қаблан тарҳрезӣ намуда, дар мактабҳои касбии киллерии шаҳри Қуми Ҷумҳурии исломии Эрон машқу тамрин намудаанд.

Ҳосили ин амали террориистиро имрӯз дар расонаҳои хабарии олам ҳар рӯзноманигор аз нигоҳи худ баҳо медиҳад. Лекин худи сайёҳони хориҷие, ки имрӯз дар Тоҷикистонанд иқрор мешаванд, ки ин кор бозии дасти душманони миллатанд. Ва онҳо борҳо таъкид медоранд, ки чунин миллати хушсухан, инсондӯст ва меҳмоннавозро дар олам кам дидаанд. Тоҷикистон агарчи кӯҳсор аст, ба он тамоми оламиёнро ғунҷонида метавонанд.

Зиҳӣ бахту зиҳӣ даврони тоҷик,

Ба кайҳон мерасад айвони тоҷик,

Агарчи ҳалқаи кӯҳҳош танг аст,

Ҷаҳон ғунҷад ба даври хони тоҷик.

Дилафрӯз Раббизода, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

  Ҳар як халқу миллат сулҳу субот дӯстиву рафоқат ваҳдату ягонагиро орзу дорад, зеро фақат дӯстиву рафоқат ваҳдату ягонагӣ инсонро хушбахт менамояд. Аммо афроде ҳастанд, ки мехоҳанд ин орзуи тамоми аҳли башарро барҳам диҳанд.

 Чун аз расонаҳои ватаниву хориҷӣ огаҳӣ пайдо намудем, санаи 29. 07 соли равон дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара як гурӯҳи бадхоҳон сайёҳони хориҷиро бо нақлиёт пахш намуда, гӯё ба садама дучор шуда бошанд ва бо ҳамин амалиёти нопок риштаи умри чанд нафарро барканданд. Аз рӯйи маълумотҳо  чор нафар сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расида, чанд тани онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд. Албатта, ин кирдори онҳо беҷавоб нахоҳад монд. Зеро ҳар амал подоши худро дорад. Набояд ин ҳикмати ҳаётиро фаромӯш кард:

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст, чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

        Аз ҳисоби ин ҷинояткорон як нафар аз тарафи мақомоти қудратӣ дастгир, чанд нафари дигар  нобуд шуда, якчанд нафар дар ҷустуҷӯяенд.

     Мо, ҷавонони ДПДТТ аз ин амали ноҷавонмардона сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони ин шахсон ҳамдардии бепоён изҳор менамоем. Зеро воқеан ҳам, ин кирдор боиси ангезаи нафрати ҳамдиёрон гардида, мардумро ба ҳамдилию сарҷамъӣ водор менамояд.

Ҷамшед Масаидов, сарвари бахши кор бо ҷавонони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Хиромон Пӯлодзода, донишҷӯи курси 3,

Ғуфрон Рустамов, донишҷӯи курси 2,

Манучеҳр Шарипов,  донишҷӯи курси 3,

Аёмиддин Саидов, донишҷӯи курси 3

Ҳамдиёрони азиз! 

Таърих собитгари он аст, ки тоҷикон дар дарозои  арзи ҳастии худ боре ба сари ягон миллат сар набардоштааст, балки бо нерӯи ақлу зковат , меҳнату бунёдкоронаи хеш дар тамаддуни башарӣ нақши мондагор дорад. Мо пас аз ҳазор сол бо хунбаҳои садҳо ҷавонон соҳиби як мулки ободу озод гардида, таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол кишварамонро ба сӯи ободиву пешравӣ бурда истодаем. Сарвари давлат борҳо дар баромадҳои хеш қайд мекунанд, ки чунин миллати соҳибхирад, заковатманд, сабуру таҳаммулпеша дар ягон ҷои олам нест. Маҳз аз як гиребон сар баровардан, якҷоя меҳнати софдилона намудан моро дар ҳама ҷодаҳо пешрав намуда истодаааст. Пешвои мо онқадар дили бузург доранд, ки бовуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта дар Тоҷикистон ғами оламиёнро хӯрда, дар ҳалли мушкилиҳои глобалӣ аз қабили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ташаббускорӣ нишон медиҳанд.

Аммо новобаста ба ин, чун қарнҳои пешин аҳримансифатоне чун заҳҳоки морхӯр дар ҷамъият пайдо мешаванд, ки оромии ҷомеаро халалдор месозанд. Ин бор «нақшаҳо»-и душманон фаротар аз ҳудуди Тоҷикистон гардид. Онҳо даст ба амале заданд, ки ҳатто ҳайвон ба наслҳои худ намекунад. Куштори чор сайёҳ, дар соле, ки Тоҷикистон онро соли рушди сайёҳӣ эълон кардааст, бори дигар аз нодидагирии пешравиҳои Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Бо ин амали хеш онҳо мехостанд, ки оламиён ба кишвари мо нафрат намоянд. Аммо аз ҳодиса ду рӯз гузашта, ҳоло аксаран Тоҷикистонро дар ин самт гунаҳкор не, балки душманони онро маҳкум мекунанд. Мо медонем, ки пушти ин ҳодисаи нангин ДИИШ  дар ҳамкорӣ бо ҲНИ меистад.

Онҳо дигар чораи мубориза наёфтанд. Гуноҳи ин чор нафар сайёҳи бегуноҳ ба гардани онҳост. Ин ҳодиса моро дар атрофии давлат ва Ҳукумат қавитар намуд.   

Мо, устодони донишкада ин амали нангинро маҳкум менамоем ва гуфтанием. Шикаст бод, пойи душманони миллат.

Абдушукур Назаров, доктори илмҳои иқтисод, профессор, Азизулло Авезов, доктори илмҳои иқтисод, профессор, устодони кафедраи иқтисодиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд