Ҷаҳони имрӯзаро ифротгаройиву тундравӣ фаро гирифта истодааст. Мутаассифона, ангезаи ин падидаи номатлубро ба мардуми мусалмон нисбат медиҳанд, ки комилан хато аст. Аммо ба ном «исломгароён» дар қабои дини мубини ислом дар гӯшаю канори олам ба акту террор даст мезананд. Ин амали онҳо миёни мардум тарсу ваҳмро ҷо намудааст.

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори дунё лаҳзае нест, ки мо аз тарконида шудани мошине ё ҳамлаи ҷангиёни бо номи муҳофизи ислом хабардор нашавем. Дар ҷаҳон муборизаи гурӯҳҳои ҷудоихоҳ назири мухолифони давлатҳои Афғонистон (ал Қоида, Толибон) Сурия (мухолифони тундраваш), ҳукумати Туркия (курдҳо) табдилшуда ба ҳаракатҳои тундгароӣ, ки дар пай террор ва даҳшатафканиҳоро ба дунбол доштаанд. Як гурӯҳи ҷангҷӯи ба ном «исломӣ» дар Сурия бо номи Ироқу Шом таи чанд соли охир бо мақсади бунёди хилофат ва ташкили ҷаҳони ислом  ҷони ҳазорон ҳазоронро рабуданд.

Рӯз ба рӯз шеваи муборизаи ин гурӯҳҳо дар ҷаҳон тағйир ёфта, боз мардум шаҳди ин даҳшатафканиҳоро мечашанд. Гузашта аз ин шумораи зиёди ҷавонон, ки гумроҳона ба ин ҳаракат шомил мешаванд, рӯз аз рӯз зиёд мегарданд, ки миёни онҳо тоҷикон низ кам нестанд.  Ин нафаронро бо баҳонаи нишон додани  садоқати худ ба дини мубини ислом ва гирифтани дастмузди беш ба ин ҳаракатҳо шомил месозанд, ки комилан ин амали онҳо ғалат аст.

Бузургтарин олимон ва донишмандони улуми ислом борҳо таъкид доштаанд, ки даҳшатафканию террори шахсиятҳо ва мардуми оддӣ ҳеҷ рабте ба исломи воқеӣ надорад.

Бино ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ мусалмонон дар Испания, Марокко, Лубнон, Миср, Фаронса бо тарафдорони дигар адён паҳлӯ ба паҳлӯ тақрибан 800 сол бидуни ҳеҷ муноқишае зиндагӣ намудаанд. Ин нишонаи эътиқод ва самимияти ростини мусалмонон мебошад. Дар ҳеҷ як сарчашма зикр нашуда, ки муътақидони ислом бояд даст ба куштор ва ноамниҳои ҷомеа зананд. Гуфта мешавад, ки бояд марди мусалмон ҳамеша дасту дилаш поку дар хидмати бародари мусалмонаш бошад. Вақте як нафари тундгаро бо дурӯғ фардеро мефиребад, ба сӯи торикӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолат мебарад, пас ҳеҷ гоҳ ҳамсӯҳбати ӯ ва атрофиёнаш ҷомеаи солимро бунёд карда наметавонанд.

Дар яке аз шумораҳои нашрияи «Чархи гардун» дар бораи терроризм ва экстеремизм маводе нашр гардида буд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «…бо таваҷҷӯҳ ба ҷараёнҳои тунгароӣ шоҳ Абуллоҳи 2 Бини Ал Ҳусейн соли 2004 пешниҳод карда буд, ки идеяи мусалмон-террорист ё мусалмонон паҳнкунандаи террор бояд дар ҷамъият роҳ наёбад. Дар ин маврид Абдуллоҳи 2 таъкид доштааст, ки ҳар гуна куштори дастаҷамъона ё барқасдона бо номи ҳимоят аз ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Вай ин ин гуна рафторро маҳкум карда, гуфтааст, ки ислом ниёз ба ҳимояти мардуми террорист надорад. Раҳбарони давлатҳои Эрон, Афғонистон, Покистон низ ба шиддат аз нафарони тундгаро ва даҳшатафкан интиқод намудаанд».

 Маҳмуди Аҳмадинажод, собиқ раиси Ҷумҳурии Исломи Эрон аз ҷумла дар як хитобааш ба Шӯрои амнияти СММ гуфта буд, ки мусалмонон набояд бо ин гуна ҳимоят аз ислом (террор) номи мусалмон ва ҷомеаи мусалмониро доғдор намоянд. Албатта, дар ҷомеае, ки он ҷо фарҳанги мардуми мусалмон дар сатҳи лозим нест, талоши гурӯҳҳои ифротӣ барои расидан ба мақсадашон зиёд мешавад.»  Вале ба ҳар сурат набояд чунин пиндошт мубориза бо ин гурӯҳҳо танҳо хоси мақомоти қудратӣ ва мансабдорони давлатист. Хатари тундгароӣ бозгӯйи он аст, ки ҳеҷ сарҳад ва пулиси сахтгири ҷаҳон наметавонад, дар баробари он ба танҳои истодагарӣ намояд. Имрӯз тасавуроти маҳдуди ҷавонон дар бораи тунгаройӣ ва наворҳои  сомонаҳои интернетӣ мафкураи ин қишри ҷомеаро тамоман дигар кардааст. Имрӯз тавоноӣ дар доштани яроқу аслиҳа нест, балки бузургтарин нерӯ ва қувва ин пур кардани фазои холии иттилоотӣ мебошад. Маҳз чунин шева ё бархӯд дар ҷомеа ба сар задании ҷангҳои ақидавӣ оварда мерасонад, ки гурӯҳҳои тунгароӣ ба осонӣ аз он ба манифати худашон истифода мебаранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш «Масъулият барои фардои миллат» таъкид медорад, ки «баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ба терроризм ва ифротгароӣ танҳо бо усули низомӣ пирӯз шудан имкон дорад. Ба чунин ақида розӣ шудан мумкин нест, зеро ҳалли низомии ин масъала ҳанӯз нокифоя мебошад. Он тамоми омилҳоеро, ки чун қоида боиси пайдоиши терроризм ва ифродгаройӣ мегарданд, пурра нест карда наметавонад».

 Собиқ президенти Русия Д.Медведев (ҳоло сарвазир) дар ҳамоише аз донишмандони Чеченистон даъват кард, ки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз амалҳои даҳшатафканӣ пешгирӣ намоянд. Президенти он вақтаи Русия Д. Медведев ба мақомот тавсия дод, ки барои фаҳмонидани хатарҳои тундгароӣ ва даҳшатафканӣ дар мактабу донишкада ва муссисоти дигар бо ширкати уламои шинохта семинарҳо баргузор намоянд. Ин пешниҳоди Д. Медведев дар кадом сатҳ амалӣ гашт, ба мо рӯшан нест. Аммо аз чунин як бархӯрд бармеояд, ки мубориза бо тундгароӣ проблемаи тамоми кишварҳои минтақа мебошад. Имрӯз дар Осиёи марказӣ ҳарчанд, ки мубориза бо гурӯҳҳои тунгаро амсоли ҲИУ ва Ҳизбу таҳрир зиёд шуда, аммо амалҳои пинҳонкоронаи онҳо низ кам нагардидааст. Ҳаракатҳои тунгароӣ мазкур дар тамоми Осиёи марказӣ таъсири бевосита дошта, бо амалҳои тахрибкоронаашон мардумро ба ваҳшат меафкананд. Дар ҷомеаи ҷаҳон роҳҳо ё василаи мубориза бар зидди тунгароӣ ва ифродгароиро меҷӯянд. Ҳар кишваре дар ин мубориза консепсияи хоси худро дорад.

Дар тамоми ҷаҳон имрӯз ҳаракатҳое ба монанди «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра амал мекунанд, ки бо шаклу шеваи хоси муқовимату мубориза давлатҳои худро ором намегузоранд. Ин ҳаракатҳо ҳамагӣ як даъво ҳимоя аз манифатҳои ислом дошта, аммо то ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки чаро муламонон аз дасти нафарони тунгарои ин гурӯҳҳо ҳалок мешаванд. Агар ҷомеа бар зидди тунгароӣ дар ҷамъият коре карда натавонад, пас амнияту осоиштагии башарият барқарор гаштанаш мушкил аст.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст дас кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Ба ақидаи Орифҷон Байзоев, ноиби раиси шӯрои уламои дини вилоят дини мубини ислом ба ҳодисаҳои Шарқи наздик  ягон дахл надорад. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон”- и азимушшанъ омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш абадуддаҳр дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар. Инсонро гӯсфандвор сар гирифтан магар аз “мусулмони асил” будани мо шаҳодат медиҳад, албатта на.

Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест.

Муаттара Раҳматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Терроризм ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ба фаъолилти  ҳокимият ва бо роҳи зӯрӣ ғасби он мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гурўҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифратгароӣ сабзида расад. Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан лозм аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Тоҷикистон, ки ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қонеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешида шуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.

Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба назар мерасад. Дар замони мо, ки пур аз мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

Истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон гуфт: сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ; моддӣ; идеологӣ; хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ; пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав; ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ; коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ; хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ; поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ; дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ; фаъолияти динии намояндагони хориҷӣ ва ғайраҳо. Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад. Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуиҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.

Имрӯз дар қатори дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ барои ҷомеаи мо ҳизби наҳзати ислом мехоҳад бо роҳи зӯрӣ, ғасбу куштор ҷомеаро ба ҷониби худ кашад. Роҳбарони онҳо дар дили аврупо истода, бо маблағҳои зиёд мехоҳанд тарафдорони зиёде ёбанд. Онҳо асосан ба ҷавонон такя мекунанд ва маҳз иродаи суст ва дониши мукаммали сиёсиву динӣ надоштани ҷавонон боис шуда, ки аксаран гумроҳона ба ин ҳизб шомил шудаанд. Аммо баъди чанд фурсат аз амалкарди худ пушаймон мешавад. Ба Ватан баргаштани чанде аз аъзоёни ҲНИ ва гурӯҳи 24, ки давлат кафолати бехатарӣ ва озодии онҳоро додааст, ба нақшаҳои ҳизби наҳзати ислом зарбаи ҷонкоҳе задаст.

Акнун намедонем ин ҳизб ва гурӯҳҳои иртиҷогар чӣ нақшаҳо дар сар доранд, аммо ҳамин яқин, ки онҳо сарафканда хоҳанд шуд.

Рустам Ғуфронов, донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

Имзо гардидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризо­ияти миллӣ дар Тоҷикистон» дорои аҳамияги байналхалқӣ буда, пеш аз ҳама барои таъмини соҳибистиқлолии ҷумҳуриямон, ваҳдати миллӣ ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани Тоҷикистони азиз мусоидат кард.

Он лаҳза қабл аз созишномаи сулҳ амалан ҳал намудани масъалаҳои ҳаёти муҳими иқтисодӣ - иҷтимоӣ, сиёсии ҷумҳурӣ меистод ва барои ҳарчи зудтар бартараф кардани сохтори фалаҷгаштаи идораҳои давлатӣ, пеш аз ҳама ҳарбӣ кӯшиш ба харҷ мерафт.

Яке аз омилҳое, ки пояи сулҳро ба мустаҳкамшавӣ наздик месохт, ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборие, ки садҳо ҳазар нафар худро ба шимоли Тоҷикистон ва хоки Афғонистан афканда буданд. Тибки оморҳои расмӣ соли 1993 теъдоди онҳо ба 800 ҳазор расида буд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон як силсилаи тадбирҳо андешида шуданд, ки онҳо барои таъмини сулҳу субот ва бозгаштани ҳамватанон мусоидат намуданд. Дар ин бобат қабули қонунҳо авф ва иловаҳо ба қонунҳои “Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи озодии виҷдон”  ва ғайраҳо шаҳодат медиҳанд.

Баъди имзо шудани Созишноми умумӣ  27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва заминаи сулҳ ва ваҳдат дар Тоҷикистон амалӣ гардид. Пас аз ин воқеаи таърихӣ дар мамлакат тадбирҳои ба сохтори ҳукуматӣ шомил кардани намояндагони мухолифин, ба ҷумҳурӣ баргардонидани қувваҳои мусаллаҳи онҳо, таъмини фаъолияти озоди ҳамаи азҳоб ва ҷараёнҳои сиёсӣ, ки фаъолияташон ба қонунҳои ҷумхурӣ мухолифат намекунанд, андешида шуданд. Ин тадбирҳо роҳи сулҳро пойдор намуд ва то ба ҳол ваҳдати милли-ро мустаҳкам карда истодаанд.

Бояд гуфт, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба мамлакат зарари моливу ҷониву маънавии бузург овард. Дар ин хусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин навиштааст: «Дар натиҷа садҳо биноҳои маъмурию истиқоматӣ, дабистону кӯдакистонҳо ва деҳаҳои бутун валангор шуданд. Ғоратгарӣ ва талаву тороҷ авҷ гирифт. Маҳсули меҳнати солҳо ҷамъовардаи мардум барбод рафт. Зарари моддии ба ҷумхурӣ расонидаи ҷанг бештар аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил медод...»

Сулҳ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле гарон ва бо роҳи мушкилу тӯлонӣ ба даст омад. «Ваҳдати миллӣ - қайд менамояд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон - бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсй, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва даҳлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, эҳтиром ва якпорча созад".

Дар чунин шароити тақдирсоз баҳри ҳарчи зудтар аз нав барқарор намудани ҳаёти иқтисодию - иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нигоҳ доштани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ, ходимони намоёни давлатӣ, илму маданият ва собиқадорони ҷангу меҳнат бо ташаббуси наҷиб оид ба ташкили  “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” баромад намуданд.

Рӯзи 18 июли соли 1997 қариб 600 вакилон аз тамоми ҷумҳурӣ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъ омада “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон”-ро таъсис доданд. Вакилон якдилона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро Раиси “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” интихоб карданд. Дар оинномаи ин ҳаракат чунин қайд шудааст: “Ҳадафи асосии ҳаракат муттаҳид сохтани саъю кушишҳои табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва неруҳои Тоҷикистон дар мавриди барқарор намудани сулҳу суботи доимӣ, боварии тарафайну ризоияти шаҳривандӣ, аз буҳрон раҳо додани ҷомеа, таҳкими яклорчагии давлат ва интегратсия ба Иттиҳода Давлатҳои Мустақил, устуворӣ ва вусъат бахшидани демократия, комёб шудан ба риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мебошад.”

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ овози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.

Ин сулҳ, боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд ба зиндагӣ ва ба ояндаи гулгулшукуфоии Ватан гарм намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳрфарони миллати тоҷик ва иродаи некм ҳарду ҷониб буд.

Далели гуфтаи боло чандин давлат аллакай бо истифода аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба сулҳи деринтизорашон расиданд. Дар дарсҳои макотиби оливу миёнаашон аз сулҳи тоҷикон бо хубӣ ва ҳамчун соатҳои ибратбахши зиндагияшон ёдовар мешаванд.

Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас-ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Дар муддати 21-сол Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаӣ мустаҳкам давонд ва боровар гар­дид. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Ба хулосае омадем, ки Ваҳдат зеботарин ва бузургтарин баҳори зиндагии мо ҳаст. Бигзор Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ободӣ, озодӣ, оромӣ ва зиндагии шоистаи  мардуми Тоҷикистон мебошад. Таманно мекунем, ки ин ваҳдати миллии мо зиндаву ҷовидон бошад!

Муҳаррама Темурова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Бо шунидани он, ки ду се чаласавод худро «озодандеш» унвон додаву номи худро ба қатори зиёиёни миллат худ ба худ ворид намудаанд, бори дигар нафратам ба ин гумроҳҳон зиёд гардид. Агар  таърихи зиндагии ин “озодандешон”-ро назар афканем, заррае ҳаёти онҳоро бе омезиш ба ҳаёти хоҷагонашон тасаввур кардан ғайри имкон мебошад. Инҳо воситаи тарғибу ташвиқи ҳадафҳои нопок ва халалдоркунандаи вазъи кишварҳои дӯст аз ҷониби хоҷагонашон истифода бурда мешавад. Ин гумроҳон мехоҳанд анҷуман таъсис дода, маблағҳои муфти хоҷагонашонро соҳиб шаванд ва рӯзгорашонро аз ин ҳисоб пеш баранд. Ин нохалафон маблағҳои муфтро ба даст оварда, бар зидди давлату миллати хеш мехоҳанд суханҳои ноҷову фитнаангез гӯянд. Ватанеро, ки ҳамчун модар дар оғӯшаш ба камол расиданд ба ӯ хиёнатро раво мебинанд. Инҳо бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буда, номашон низ ба хоҷагонашон тааллуқ дорад. Инҳо ҳамчун робот ва ё беморони рӯҳӣ дар машварату мулоқотҳои хоҷагонашон ширкат намуда, мунтазам ҳимоят аз хоҷагонашон мекунанд. Агар ба асли воқеа ва муносибати хоҷагони хориҷӣ бо ин “озодандешон” назар афканем маълум мегардад, ки хоҷагонашон барои ин нохалафон мошинҳои партовпартоӣ яъне корношоямро ҷудо карда, онҳоро бо минбарҳои махсус таъмин намуда ва анҷуманашонро “озодандешон” унвон додаанд.

Дар ҳар куҷое, ки зарурати иштироки ин “озодандешон” пайдо шавад, дарҳол хоҷагонашон онҳоро бо минбарҳояшон таъмин мекунанд, то онҳо тавонанд суханони пучу бемаъниашонро нисбати кишвари худ баён кунанд. Яъне,  ин “озодандешон” дар кишвари хоҷагонашон макони муқаррарии зиндагӣ надоранд. Балки рӯзашон дар нақлиётҳои партовпартоӣ ва минбарҳои вайронаи хоҷагонашон мегузарад. Месазад, ки онҳоро озодандешони минбарҳои партовӣ унвон диҳем. Мо дарк мекунем ва медонем, ки ин разилони гумроҳ дар Тоҷикистон он қадар зиндагӣ накардаанд, ки дар бораи он ҳарф гӯянд. Аз хотир ҳуқуқи аз номи Тоҷикистон гап заданро надоранд.

Мо ҷавонон рафтори ин гуна гумроҳон хоинони ватанро шадидан маҳкум намуда, нафрати хешро нисбати анҷуманашон баён медорем. 

Рустам Ғуфронов, донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 




 

Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои миллии хешро, чун дигар давлатҳои мутамаддин, бо қатъият ҳимоя мекунад ва бар зидди он падидаҳое, ки ба манфиати милливу давлатӣ таҳдид мекунанд, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза мебарад ва дар ин самт мавқеи муносибро ишғол менамояд. Сарвари давлатамон аз минбарҳои баланди анҷуманҳои СММ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ доир ба афзоиш ёфтани терроризми байналхалқӣ, хавфи он барои амнияти давлатҳо, ба ҷинояти трансмиллӣ табдил ёфтани он ҳарф зада, ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи қатъӣ даъват мекунанд.

Мубориза алайҳи терроризми байналхалқӣ, экстремизму ифротгароии динӣ, интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор (наркотрафик), ҷинояткории муташаккил аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналхалқӣ дар ин самт саъю талош намуда, корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.

Имрўзҳо экстремизм дар қиёфаи мухталиф намоён мегардад. Шакли оддиву оммавии он экстремизми иҷтимоӣ мебошад, шакли хавфноки он – экстремизми сиёсист. Экстремизми динӣ бошад, ҳам ҷанбаи иҷтимоӣ ва ҳам ҷанбаи хавфноки сиёсӣ дорад. Инро воқеа ва ҳодисаҳои дар як қатор давлатҳои ҷаҳон рухдода собит мекунанд. Гурўҳҳои ифротгароӣ-экстремистӣ бо номҳои гуногун: «Ҳизб-ут-таҳрир», «ал-Қоида», «Акромия», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Ҳаракати толибон» ва ғайра андешаву амалҳои вайронкоронаи экстремистии хешро ба тамоми ҷаҳон паҳн мекунанд. Чанд соли охир дар мамлакатҳои мусулмоннишини Шарқи Наздик ташкилоти экстремистии ғайриқонунии ба ном Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) зуҳур намуда, ба хунрезиҳои зиёд, муҳоҷирати иҷбории аҳолии зиёд сабаб гардид. ДИИШ сараввал дар ибтидои солҳои 2000-ум ҳамчун гурўҳи созмони террористии «ал-Қоида» пайдо шуда, сипас ба сифати ташкилоти мустақил ба фаъолият пардохтааст. Фаъолияти ДИИШ собит мекунад, ки экстремизм то кадом андоза нооромӣ, марг, офату харобиро ба бор меоварад.

Экстремизм дар кадом шакле намоён нагардад, асоси онро андешаву тафаккури носолим ташкил медиҳад. Тафаккури носолим дар заминаи таъсири шахсиятпарастӣ, худбинӣ, бегонашавии иҷтимоӣ дар феълу атвори инсон ба вуҷуд меояд. Экстремизм, ифротгароӣ дар натиҷаи дарку эҳсос ва баҳодиҳии нодурусти воқеаву ҳодисаҳои ҷамъият ташаккул меёбад. Вайрон шудани тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ дар ҷамъият, риоя нагардидани қонун, қоида ва меъёрҳои ахлоқи иҷтимоӣ, авҷ гирифтани маҳалгароӣ, хешу таборчигӣ, шиносбозӣ, амалҳои коррупсионӣ ва амсоли онҳо боиси пайдо шудани ғояҳои вайронкор, заиф гаштани асосҳои ҳокимият мегардад ва оқибат ҳаракатҳои экстремистиро ба вуҷуд меорад.

Аз ин бармеояд, ки экстремизм дар кадом шакл зуҳур накунад, он маҳсули муҳити носолим ва муносибатҳои носолими иҷтимоӣ мебошад. Агар дар бораи ДИИШ сухан ронем, аз рўзи таъсисёбиаш он якчанд маротиба номашро иваз намуд. Сарвари он Абўбакри Бағдодӣ (номи аслиаш Саид Иброҳим Аввад Бадрӣ) худро «халифа» эълон намуда, ин ташкилотро «Давлати исломӣ» ном гузошт. Мақсади аслии ин ташкилот ҳимояи ислом набуда, мубориза алайҳи мақсадҳои поки дину этиқоди исломӣ мебошад. Дар натиҷаи мушоҳидаи фаъолияти ДИИШ ва дигар созмонҳои экстремистӣ тасаввуроти нодуруст дар бораи мафҳумҳои «ҷиҳод», «ҳиҷрат», «халифа» ва ғайра пайдо мешаванд.

Тарафдорони гурўҳҳои экстремистӣ, алахусус ДИИШ, андешаҳои бофтаи салафиро шиори худ намуда, ҳатто ба таври ошкоро нақшаи вайрон кардани шаҳри Макка ва мушаххасан Каъбаро тарҳрезӣ мекунанд. Зери ниқоби ҷиҳоди исломӣ ҳамарўза ҳазорҳо одамони бегуноҳро ба қатл мерасонанд. Ҳатто ба куштори кўдакон, занҳо ва пиронсолон даст мезананд. Аз расонаҳои хабарии Интернет ба таври намоишкорона қатл намудани асирон, оташ задану лагадкўб намудани сарҳои буридаи асиронро намоиш медиҳанд. Имрўз ягон давлат, ҳатто уламои олами ислом, ДИИШ-ро эътироф накардаанд. Дар асл ин ташкилот бо дини мубини ислом ягон алоқамандие надорад. Мақсади асосии ҷонибдорони гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро бо кадом роҳе набошад ҳокимиятро ғасб намудан, низоми кўҳнаи ба қаъри таърих фурўрафтаро эҳё намудан аст.

Мутаассифона, ДИИШ тарафдорони худро дар Тоҷикистон низ пайдо намуд. Чанд нафар шаҳрвандони гумроҳшудаи кишварамон ба сафи ҷангиёни ин давлати ба ном исломӣ пайваст шуда, дар амалиёти террористии Шарқи Наздик иштирок мекунанд.

Чӣ бояд кард, ки пеши роҳи ин қабил амалҳои номатлуб гирифта шавад? Терроризму экстремизм (ифротгароӣ) дин, миллат, ватан надорад. Дар замони муосир алайҳи терроризму экстремизм муборизаи маънавӣ, мафкуравӣ ва ғоявӣ ба роҳ монда шудааст. Барои дарки моҳияти муборизаи ғоявӣ мо бояд аз таълимоту ақида, фалсафаву ҳуқуқшиносӣ, фарҳангу ахлоқи исломӣ бархурдор бошем. Дар фаҳмонидани моҳияти онҳо бояд олимони ҷомеашинос (муаррихон, файласуфон, сотсиологҳо, сиёсатшиносон, фарҳангшиносон, диншиносон), рўзноманигорон - таҳлилгарони сиёсӣ пешсаф бошанд.

Роҳи муҳими мубориза алайҳи ақидаҳои бегона, ифротгароиву терроризм ин тарбия намудани ҷавонон дар рўҳияи парастиши арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Ба ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, маълумоти бештар доир ба афроди номвар, шахсиятҳои мондагори таъриху фарҳанг, ҳаёт ва фаъолияти олимону адибон, китобҳои эҷоднамудаи онҳо пешниҳод гардад. Бояд дар тафаккури насли наврас фаъолияти уламову удабо, аз ҷумла олимони мутасаввиф, ҳадиснигорону фақеҳон, ки дар рушди фарҳанги исломӣ нақши мунир гузоштаанд, ҷойгир карда шавад, то ки онҳо аз моҳияти аслии дини мубини ислом бархурдор бошанд ва кўр - кўрона аз ҳар гуна мазхабу гурўҳҳои ифротгаро пайгирӣ нанамоянд. Арзишҳои ахлоқӣ, таълимоти ирфониву фалсафӣ, донишҳо оид ба инсон ва камолоти ў, андешаҳо роҷеъ ба поксириштӣ, таҳаммулпазирӣ, меҳанпарастӣ, бунёдкорӣ, ки ҷавҳари таълимоти исломиро ташкил медиҳанд, имрўз дар ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, камолоти ахлоқиву маънавии ҷавонон бояд нақши муҳим бозанд.

Амиртемур Ваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Ба арсаи сиёсӣ омадани ҳизбе ба номи исломӣ тақозои замон буд ва ин ҳизб дар ҷомеа рисолати худро анҷом дод. Яъне, бо гузашти ба қавли худашон беш аз 40 сол дигар ҷомеа ниёз ба Ҳизби наҳзати исломӣ надорад. Аммо саркардагону масъулини онҳо ҳанӯз ҳам шиори «охирин уммеди ин умедворон зинда бод»-ро сармашқи кори худ қарор дода, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки ба онҳо барои идома додани фаъолият иҷозат диҳанд. Аммо ин нафарон намеандешанд, ки халқи заршинос вуҷуд доштани онҳоро намепазирад, зеро  аз исломгароии сохтаи наҳзатиён хаста шудаанд. Онҳо дарк карданд, ки воқеаҳои нангини солҳои навадум боз такрор мешавад, агар наҳзатиён фаъолияташонро идома диҳанд.

Худ дар мизони андеша баркашед. Ин ҳизб чӣ мехост? Қудрат ва тавоноӣ, дар фарҳанги маънавии мардум маҷбуран таҳмил кардани таассубу хурофотпарстӣ ва ахиран террору экстремизм. Магар ҳодисаҳои давлатҳои арабӣ, Афғону Покистон барои мо дарси ибрат нест. Пас ин мардуми ваҳдатшиор ҳадафмандона будани ин ҳизбро инкор намуд. Хубиаш он аст, ки мардум кӣ дӯсту ки душманро дар симои ҳамин ҳизб фаҳмида гирифт.

Воизону муаббирони наҳзатӣ дар оғози изҳороти худ гӯиё мардумро тарсониданӣ мешаванд, ки агар «ҳуқуқи наҳзатиён поймол шавад, хатари ҷанги бародаркуш сар мезанад», аммо ин «воломақом»-ҳо боре ҳам намеандешанд, ки дигар мардум сабукбор нестанд, дар мағз-мағзи устухонашон ҷароҳатҳои ҷанги бародаркушро эҳсос кардаанд. Ва идома ёфтани ин қувва баръакс хатари ҷанги шаҳрвандиро шиддатнок менамоянд. Онҳо даъво пеш меоранд, ки ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта кори дасти наҳзатиён нест, аммо воқеияти ҳол нишон дод, ки Кабирӣ бо ҷамъи ёронаш бо фармоиши хоҷагони беруниаш ва маблағҳои ҳангуфт мехостанд дар кишвар табадуллоти давлатӣ барпо кунанд, магар ин исботи гуфтаҳои болоӣ нест. Ягон қувва ва ирода наметавонад  ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандони кишварро нақз намояд. Намедонам аз кадом сарчашма гирифтаанд, ки мақомоти низомии кишвар ба оилаҳои роҳбарони ин ҳизб ҷабру ситам мекунанд. Ҷоҳилият дар зиндонҳои кишвар ҳукмфармо аст.  Ин ҳама дурӯғи маҳз буда, баръакс  аз ин нафарон хоҳиш карда шуд, ки ба ҳаёти солим баргарданд ва зиндагиро бо чашми ҳақбин нигоҳ кунанд. Замоне аъзои ин ҳизб будан ҳеҷ маънои душмани халқу давлат буданро надорад. Чунки тавре аз мушоҳидаҳо ва назарпурсиҳо бармеояд, аксари аъзои ҲНИ он нафароне ки худ намедонанд, ки шомили ин ҳизб ҳастанд.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Касе ки қонунҳои кишварро риоя мекунад, ӯ зиндагии осудаҳолона дорад. Ба рӯяш мактабу масҷидҳо кушодааст. Хонад, маърифатнок шавад. Онҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат интиқод карда, чунин болоназар будани Сарвари муаззами кишварро чашми дидан надоранд. Чашми ҳасуд кӯр аст. Магар роҳбари давлат сазовори чунин баҳо нест, дар ҳоле ки миллат ба ҳадди нестӣ мерасид, маҳз ӯ ҷон ба каф гирифт ва масулияти дирӯзу имрӯзи кишварро бар дӯш гирифт. Мулкро тинҷ кард, кинву кудуратро аз дили размандагон берун сохт ба гузашта салавот гуфт. Бо гузашти беш аз 27 сол танҳо барои ободӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум кӯшиш варзид. Халқи тоҷикро ба оламиён чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофар муаррифӣ кард. Халқ худ ӯро ҳомӣ ва пешвои худ интихоб кард. Ботини Сарвари давлат, ки пок аст ҳамвора кишварамон пеш меравад.

Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар  ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ва ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Мо фарзандони содиқи Ватанем ва ҳаргиз намегузорем, ки идеяи бегона мафкураи моро пойбанди ифротгароӣ гардонад. Зеро фардои ин миллат бо Сарвари оқилу донояш дурахшон аст.

 

Одилхӯҷа Солиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Дар замони пешрафти техникаву технология, ки кишвари мо сол то сол ба он ноил мегарданд, нафароне ҳам ҳастанд, ки тинҷию оромии мулк, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, саодати ҳамватанон ва садоқати онҳоро ба давлату Ҳукумат дидан намехоҳанд. Ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни  ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ), пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд.  Аз ҷумла,  собиқ раиси ТЭИ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш  бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд,  намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи  инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини дар хориҷа фирорибудаи Ҳукумати кунунӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад. Масалан онҳо дар ояндаи наздик мехоҳанд Иттиҳодияи опозитсионии наверо таъсис додани ҳастанд.

    Тавре ҳамагон медонем, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, низоъандозиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷонашонро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

     Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнус Бурҳонов (мулаққаб ба «Истаравшанӣ»), Шамсиддин Саидов, Абдуманнон Шералиев, Муҳаммадҷон Ғайратов (мулаққаб ба «Муҳаммад –таке», «Кабуд» ва «Абдураҳмон»), Умед Исоев, Шоиста Мамадшеховаю фарзандонаш  Бегзод ва Ҷавоҳир +риновҳо, ки зодагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонанд ва даҳҳо нафар миллату ватанфурӯшон, ки замоне аъзои фаъоли ин ташкилоти террористию экстремистӣ буданду баъзеашон ҳатто мазҳаби худро иваз намудаанд,  мехоҳанд, ки боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд.

        Ҳамагӣ чанд рӯз пеш дар як қатор васоити чопии ахбори оммаи Тоҷикистон мақолаи таҳлилии рӯзномаи бонуфузтарини Шарқи Миёна «Ал – Аҳром» бознашр шуд. «Ал – Аҳром» аз соли 1875 инҷониб дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба табъ мерасад. Чуноне аз ин мақола маълум мешавад, ТТЭ ҲНИ на танҳо бо ҳаракатҳои террористии «Толибон»-у «Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон», балки бо ташкилоту созмонҳои террористии дигар аз қабили Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), «Ҷабҳат ан – Нусра», «Ҷайш – ал – ҳур» ва «Ихвон – ал – муслимин» низ ҳамкории густурда дошта, дар сафарбар намудани садҳо нафар ҷавонони гумроҳ барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва иштирок дар набардҳои хунин ба Сурия, Ироқу Афғонистон ва дигар минтақаҳои ноором даст доштааст.  

    Барои чунин хизмати хирсона соҳиби маблағҳои калон ва даромади ҳангуфт шудани саркардагоне чун Муҳиддин Кабирӣ афсона нест. Аҳли ҷомеа чанде пеш аз асрори чор миллион доллар маблағи барои ташкили ҷиҳод ҷудонамудаи «бародарони эронӣ» ба ТТЭ ҲНИ бохабар шуданд, ки он мисоли ягона нест. Зикри ҳама амалҳои нопоку зиддиинсонии ин ташкилоти террористию экстремистӣ, хоинию ватанфурӯшии раиси ҳизб ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни он дар маҷмӯъ як китоб мешавад.

    Хулоса имрӯз дар симои Кабирию пайравонаш боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд.

    Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеоти сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

     Мо - аҳли ҷомеаҳои хонандагон ва омӯзгорони Гимназияи №13-и шаҳри бостонии Хуҷанд рафторҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону ҳаммаслаконашро сахт маҳкум намуда, чун     тамоми сокинони Ватанамон намегузорем, ки онҳо нақшаву ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд. Бо муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат даст ба дасти ҳамдигар дода, аз як гиребон сар бароварда, ба муқобили онҳо муборизаи беамон мебарем, истиқлолияту озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва диёри ҳамешабаҳорамонро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем. 

Соҳибназар Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 Зиндагии шоиста, ҳаёти осоишта ва хушбахтона орзую ормони деринаи инсоният мебошад. Ҳар як инсон аз он рӯзе, ки худро мешиносад, барои бахту саодат, роҳи рӯзгори пурфайзу пурнишот, расидан ба кӯйи мақсаду мурод, яъне хушу хуррам гузаронидани умри азизу ширин кӯшишу талош меварзад. Аммо на ба ҳар кас ин муяссар мегардад. Калиди бахт ба ҳама дастрас нест. На ҳар фард дар давоми умр роҳи хушбахтӣ, макони ормонии зебою гуворои шодкомиро ёфта метавонад. Ин роҳ душвору дуру дароз ва пуршебу фароз менамояд. Агар ба таърихи инсоният назар андозем, мебинем, ки дар тӯли асрҳо, садсолаҳо одамизодагон ба мушкилию нобарориҳо нокомию рӯзҳои сахт гирифтор шуда, чиқадар азобу машаққат гирифтор шуда, ба офату бадбахтиҳо дучор омадаанд ва мутаъсифона дар замони мо ҳам рӯзҳои  сахту сангин ба сари инсонҳо меоянд. Бештари мавридҳо ҳамдигарнофаҳмӣ, ҷудоихоҳӣ, худро аз дигарон боло гирифтан, манфиати хештанро пештару авлотар донистану манфиату хоҳиши дигаронро нодидан ва ё нодида гирифтан боиси кашокашу низоъҳо, кинаю ситеза ва ҷангу ҷанҷоли байни одамон, маҳалҳо ва киварҳои гуногун мегардад ва ба сари мардум харобию вайронаҳо,  маҳрумияту талафотҳои гарон меорад. Ҳолоки инсон, одамизод беҳтарин офаридаи Парвардигори меҳрубон аст. Оллоҳ Таоллоҳ дар Қурони карим фармудааст «Ҳамоно фарзандони одамро гиромӣ кардем». Модоме, ки чунин аст ҳамаи инсонҳо новобаста ба миллату нажод наздики Худованд азизу мукаррам мебошанд, онҳо барои Офаридгори худ баробаранд, ягон пасти ё баланди надоранд, ҳама яксон аз лутфу меҳрубониҳои ӯ бархурдоранд. Аз ин рӯ инсонҳоро зарур аст, ки аз амру фармони Худои бузург сар натобанд, худро ва ҳамҷинсони худро шиносанд, нисбат ба ҳамдигар мушфиқу меҳрубон бошанд, байни одамон меҳру муҳаббат, иззату ҳурмат,  дӯстию рафоқат ҳамеша пойдор бошад.

 Худованд дар сураи Нисо ба бандагонаш мефармояд: «Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики  ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ҳамниши наздик ва мусофир ва онки дасти шумо молики ӯ шуд накӯкорӣ кунед. Ҳамоно Худо касеро дӯст намедорад, ки мутакаббиру худситоянда бошад». Дӯстии байни одамон аз чунин рафтору амалҳои шоистаи инсонӣ, гуфтори нарму ширин, пиндори нек оғоз меёбад. Дустию дӯстдорӣ дар ҳар як оила, маҳалла, деҳа, шаҳру ноҳия, вилоятҳо, тамоми кишвар ва байни кишварҳо бояд барқарор истода бошад, токи одамон дар фазои меҳрубонӣ, иззату ҳурмат хушу хурсандона умр басар баранд ва худро саодатманду бахтиёр ҳис карда тавонанд. Мутафаккирону хирадмандон, адибони бузурги оламшумули халқи тоҷик бо санаду такя ба оятҳои китоби муқаддас ва ҳадисҳои ҳидоятбахши Пайғамбарамон (с) барои аҳли башар инсоният панду ҳикматҳои саршор аз насиҳат ва хиради равшангару ибрат мерос гузоштаанд, ки сарчашмаи хушбахтӣ, ҳаёти шоистаи одамон бидуни дӯстию рафоқат амри маҳол ва имконнопазир мебошад.

 Халқи хирадманду заҳматпешаи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо дӯстию ваҳдатро шиори зиндагии худ карда бо халқҳои дигар дӯстона ва хайрхоҳона муносибат карда, чун миллати соҳиби фарҳанг ва маърифати воло дар байни мардумони дигар ном бароварда аст. Дар давоми соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Презеденти маҳбуби мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯю нуфузи давлат ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо таври рӯзафзун боло меравад.Сиёсати дарҳои кушод, ки рукни асосии сиёсати берунии давлати мо мебошад, меваҳои ширини худро дода истодааст. Беш аз 130 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро барасмият шинохта, робитаҳои дуҷонибаи судманди сиёсии иқтисодӣ ва фарҳангиро бо кишварамон густариш медиҳанд.

Аммо қувваҳои аҳримансифате ба мисоли гурӯҳҳои тундрави Салафия, Ҷамоат – ут – таблиғ, Ансоруллоҳ, Ҳизбуллоҳ, ҲНИ дини мубини исломро ливои худ намуда, мекӯшанд то мардум гумроҳона ҳадафу мароми онҳоро дастгирӣ намоянд. Чунин нафарон ба хотири манфиатҳои худ омодаанд, ба ҷузъ модар, меҳан, ёру бародар ҳамчунин мазҳаби худро фурӯшанд. Саид Қиёмиддини Ғозӣ, яке аз раҳбарон ва саркардагони Ҳизби наҳзати ислом дар як мусоҳибаи худ иқрор шудааст, ки ҳар он амале, ки ӯву пайравонаш иҷро намудаанд, фармудаҳои Кабирӣ ва «дӯстон»-и Эронишон аст. Маҳз онҳо намехостанд оромиву сулҳ  дар кишвари мо бошад. Бо барангехтани ҷангу низоъ, ҳамдигарнофаҳмӣ мехостанд дубора ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар зуҳур кунад, аммо вақт ва халқ беҳтарин довар аст. Бубинед, ин ҳизб ва роҳбарони онҳо имрӯз дар ғарибӣ азият мекашанд.

Бояд ки онҳо барои пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ халал ворид накунанд, зеро зӯри беҳуда миёншикан аст.

Соҳибназар Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

Таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Рӯзҳое нест, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон амалҳои террористӣ ба вуқуъ напайвандад.  Бахусус, даҳсолаи пайдо шудани гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломӣ» хатари терроризмро шадидар месозад.

          Қатлу, ваҳшоният ва аз байн бурдани хонаҳои мардуми осоишта танҳо хоси ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ буда, зарбаи мудҳиш ба тахриху фарҳанг ва арзишҳои олии инсониву башарият аст. Мо бояд ин масъаларо ба ҷавонон вобаста ба фарҳанги сиёсӣ ва дарку фаҳмишашон бифаҳмонем, то онҳо худ ваҳшония, даҳшатнокии ҷараёнҳои тундгароёнро эътироф, накарда аз онҳо худро дур нигоҳ доранд. Масъалаи баланд бардоштани огоҳии сиёсии ҷавонон, худшиносиву ватандӯстии онҳо дар Паёми Президент, мҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ишора шуда, ҷавоноро бори дигар ба масъулиятшиносиву ватандӯстӣ даъват мекунад:

    «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Терроризм ва ифродгароӣ беш аз ҳама авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ бо проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.»

    Бо мушоҳидаи воқеаҳои дилхароши кишварҳои хориҷа, куштори кӯдакону занон, пиру ҷавонони бегуноҳ тавассути телевизон, хусусан, ба доми найранги исломиҳои исломшинос гирифтор шудани як идда ҷавонони мо ва бо номи «Далати исломӣ» ба хоку хун кашидани мусулмонони бегуноҳ кас водор мешавад, ки мӯҳри хомӯширо бишканад ва ба ҷавонони азиз роҳро аз чоҳ нишон диҳад.

      Ба ҷавонони азиз насиҳат мекунем қадри тинҷӣ ва оромии кишварро ва ваҳдати милиро, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, ғанимат дониста, тамоми кӯшишу ғайраташонро сарфи ободию шукуфонии ватани маҳбубамон кунанд ва оқилу ояндабин бошанд. Ба ҳарфи ҳар шахсу гурӯҳи ғаразнок гӯш надиҳанд ҳарфи падару модар, ки меҳрубону дӯсти холиси онҳоянд, гӯши ҷон супоранд. Бояд фаромӯш накунанд, ки иҷозати падару модар кор кардан нобахшиданист.

     Бисёрии ҷавонони мо азоби ноамонӣ, ҷанги хонумонсӯзи бародаркушӣ ва аз Ватан беватану хору зор шудани падару бобояшонро надидаан ва фақат баъзе лаҳзаҳояшро аз филмҳо тамошо кардаанд. Бинобарин, қадри тинҷӣ ва осудагиро, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат ба даст омадаасту қурбониҳои зиёдро додааст, намедонанд.

   Агар насли имрӯза ба даст гирифтани аслиҳаи ҷангиро омӯзад, оё байни хоҳару бародар, ёру дӯстон, хешу ақрабо меҳру муҳаббат мемонад?

     Ҳоло мо саволи меҳру муҳаббат ба Ватанро намедиҳем. Ба ин савол ҷавоб гирифтан вагарна осон мешавад? Ҳол он ки мегӯем, ки ояндаи дурахшони кишвар дар дасти ҷавонон мебошад. Агар имрӯз мо насли наврасро ба ин хислатҳои нек наомӯзонем, мо дар рӯи замин некиро намебинем. Беҳуда нагуфтаанд, ки одамони нек, ҷавонмардон хайрхоҳу ҳимматбаланд буда, дар рӯи замин ғайр аз ҷангҳои бародаркушӣ чизеро намегирем. «Ҷаҳонро гир на бо камону шамшер гуфтаанд, балки бо панду ҳикмат, бо ақлу заковат, бо илму дониши воло»

      Имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон аз ин нерӯ, ҷавонони ҳушёру огоҳ баъзан ба манфиат, гоҳе бар зарари миллатҳову давлатҳо истифода мебаранд. Бар зарари мардум истифода шудани ин нерӯи хасос танҳо ба шарофати ҷавонони «ноогоҳ» ва «бехабар» аст. Бояд афкори ҷавонон тавре тағийр дода шавад, ки онҳо дар ҷомеа қудрату нерӯ ва тавонмандиҳои худро бештар ҳис кунанд. Дар ин сурат онҳо худро бештар ҳис кунанд. Дар ин сурат онҳо худро аз «ҳамла»-и «ғофилгирона» эмин нигоҳ дошта метавонанд. Ҳимояи манфиатҳои ҷавонон тӯли чанд сол аст, ки пайгирона аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳадафмандона татбиқ карда мешавад.

      Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лайқатманди мо, дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд».

   Ин ташаббусҳо гувоҳи он аст, ки Ҳукумат нерӯи ободгар, фидокор ва ватандӯстонаи ҷавононро эътироф карда, барои нишон додани қобилият ва тавонмандиҳояшон омода сохтааст.

Соҳибназар Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Таърих гувоҳ аст, ки инсоният сароғози зиндагонии маънавии худро тавассути ба ҳам омадан ва муттаҳид шудан нусрат бахшида, бо дарки маҷмӯъ шудан ва иттиҳоди ростин роҳе ба фарҳанги иҷтимоӣ боз намуда, эҳсоси воқеиву дурусти будан кардааст. Ин замоне буда, ки нерӯи ҳамоиш дар зеҳни инсоният қудрати кашфи пирӯзӣ алайҳи ҳамагуна неруҳои ғайрро таҷаллӣ рехт ва дар зимни ҳамин мукошафат буд, ки одаме танҳо ба авлоду қабилаву қавму миллат расид ва мардум шуд. Фаротар аз ин роҳи расидан аз ниёз то ба истиғно, талаб то матлаб, хоҳиш то ормонро пайдо кард, ки саодати ҳамешагии ӯ сафари мубораку ҳумоюн аз ҳамин тариқ аст ва сорбониву раҳнамояндагии пири ин тариқат-ваҳдат.Тафаккури ваҳадгароёнаи инсоният баробари атиябахшии ақлонияти олӣ ва фатҳи ҷодае ба сӯи маҷмӯи кушоишҳо барояш камолоти маънавӣ ато кард ва суроғаи абадиятро  нишон дод. Пас, месазад, ки    ваҳдатро воҷаи рӯҳманд бишморем, зеро дар андешаи инсоният нахуст он маъние, ки бо шунидани воҷаи мазкур пайдо мегардад, ҳузури 2-3 нафар, як гурӯҳ ва ё як ҷомеаи муттаҳиду мутамаддин маҳсуб мешавад. Ин лаҳни аҳуроӣ  дар адаби форсӣ бо ибораи «ваҳдати вуҷуд» бештар корбаст шуда, чун як пора ҳусни рӯҳи шоир тавонистааст боиси инфиҷори зебое дар тафаккури орифона гардад. Ваҳдати вуҷуд  кӯчабоғи  сабзи имонест,ки мунтаҳояш ибтидои  зинае ба сӯи худ ва тариқи он меъроҷ ба сӯи ҳақиқат ва абадият аст. Аз ин ҷост, ки куллияи оромишу осоиши рӯзгори инсонро Мирзо Бедили Деҳлавӣ, бузургтарин шоири ваҳдатсарои тоҷик мубтанӣ бар ҳамин ваҳдат мешуморад ва мақоми ваҳдатро дар зиндагии инсон ба масобаи  об дар зиндагонии моҳӣ муқаррар месозад:

Ғарқи ваҳдат бош, агар осуда хоҳӣ зистан,

  Моҳиёнро ҳарчи бошад ғайри дарё оташ аст.

Шояд болотар ва шоистатар аз ин тафсире барои ваҳдат ва шарҳе дар ваҷҳи ниёзмандии инсон ба ин отифаи мубораку рӯҳманд пайдо натавон кард. Ин ҷойгоҳу мақоми шоёни ваҳдатро таърих дубора дар оинаи хеш дар марҳилаи навини рӯзгори тоҷикон мутаҷаллӣ сохт, то сабақҳои тозае бардорем ва боз ҳам дар ниёзмандии беандоза ба вуҷуди мубораки ваҳдат дар рӯзгори чӣ сиёсиву иҷтимоӣ ва чӣ фарҳангиву маънавӣ бошем.

Раванди муттасили таҳаввулот дар инфиҷори бебозгашти фурсат нишон дод, ки ваҳдат шаҳди огоҳиро аз фардои пуртаҷаллии Тоҷикистон  ба мардум чашонд , муҳоҷиронро имкони бозгашт ба Ватан  дод ва таронаи умедро дар фазои мазраи тоҷикон танинандоз гардонид. Дар канори ин метавон тазаккур дод, ки истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои ҳамрадиф бо ҷомеаи имрӯз буда, чун олитарин шакли эъҷози  иҷтимоӣ дубора дар хуни миллат ва тафаккури ориёиёнаи мо сидқу имону хубии ба гумшудан гароидаро эҳё карданд.Маҳз Истиклолият ва ваҳдати миллии точикон Тоҷикистонро,ки чун оинаи мусаффо зери хокистари ҷомондаи ҷанги дохиливатанӣ нопадид монда буд,бурун кашид ва ин оина имруз кудрате дорад,ки дунёро дар худ ғунҷоиш  дихаду инъикос гардонад. Албатта, ҳамаи ин  подоши абадиятро  таърих ба тоҷикон ройгон надода, балки он натиҷаи таҳаммул,тавфиқ ва талошҳои бамавриди ин қавми таърихӣ дар масири ҳастии башарият маҳсуб мегардад. Фитратан сулҳпарвар будан, ба хоки бегона чашми ҳирс накушудан, чун бузургтарин халқиятҳо нерӯи эҳёгарӣ доштан, арҷгузори нобиғагони миллати худ будан ва барои бақои хеш талоши одилона варзидан аз сифотест, ки тоҷикон дар имтидоди масири мавҷудияти  хеш онро дар ниҳодашон такмил бахшида,чун ваҷҳи аслии камолоти маънавӣ маърифат намуданд. Дар канори ин, таърих собит намуд,ки дар дарозои беш аз ҳазор сол ваҳдат рукни беназири ҳастии миллати тоҷик буд, ҳаст ва хоҳад монд. Зеро ин зуҳуроти фикрии инсоният барои тоҷикон чун нерӯи бегазанди давлатдорӣ ва дар мавридҳои шадиду носозгориҳо барои  ин мардум василаи расидан ба беҳтарин омили наҷоти миллат аз парокандагӣ ва меъёри дарки мақсадҳои олӣ эътироф гардидааст.

Иттифоқ, якдилию якдигарфаҳмӣ, садоқат ба сиёсати имрӯзаи Президенти кишвар, пазируфтани ақоиди бузургдошти тамаддуни ориёӣ, ҳамоҳангӣ бо садои имрӯз ва пайванд шудани афкори халқи тоҷик ба ҷаҳони муосир маҷмӯи маъниест дар таркиби Ваҳдат, ки  Истиқлолият сояпарвари он мебошад.

 

                                                              Фароғат МАҲМУДОВА,          

                                              устоди Донишкадаи Политехникии  Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон  ба номи   академик   М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд                     

 

 

 

 

Мо, ҷавонони фаъоли Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳама гуна маводҳои ғаразнок ва суханҳои бардурӯғи маддоҳон ва тарафдорони ҳизби ба ном террористиву экстремистии ҲНИТ-ро маҳкум намуда, қайд карданием, ки чунин шеваи таблиғотие, ки имрӯз «аъзоёни содиқ»-и ин ҳизб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд, аз рӯи оини ҷавонмардӣ нест. Зеро он асноде, ки онҳо дар нигоштаҳояшон меоранд, ягон заминаи воқеӣ надоранд. Баръакс, ин нафарони «фидоӣ» дар ҳар суханронии худ аз Худову расул ёдовар шуда, худ намедонанд, ки ягон рукни диниро ба  инобат намегиранд.

Инро навори 30 дақиқагии «Решаҳои ноён» ва иқрории гуноҳҳои  кардаи яке аз пешвоёни ҳизби наҳзати ислом  Саид Қиёмиддини Ғозӣ исбот намуд. Ӯ зикр медорад, ки ҷавонон ба умеди ояндаи зиндагии шоиста дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, побанди банди макру ҳияли таблиғгарони ҲНИ гардида, ҳаёти худ, волидон ва фарзандони худро сӯзонида истодаанд. Иддаи дигар ба хотири таълимоти илми исломӣ дар хориҷи кишвар аз ҷониби афроди маълуми ҲНИ таълимоти террористиву экстремистиро меомӯзанд, ки ин хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, хатар ба миллат аст.

 Худованд он касонеро дӯст медорад, ки худро дӯст дорад, пойбанди ҳама гуна иғвоҳо нашавад.

Дар ҳоли ҳозир ҲНИ душмани миллат ва аз ҳама асосаш душмани ҷавонон аст. Аъзоён ва пайравони ин ҳизби ошӯбгар мехоҳанд ҷавононро ба истлоҳ манқурт созанд.  

Мо медонем, ки имрӯз ҲНИ такя ба ҷавонон дорад ва дар гузашта низ ҷавононро гумроҳона ба ҳизбашон шомил намуда буданд. Ба ҷавонони хушёру зирак, ватандӯсту имони пок дошта муроҷиатан гуфтнием, ки ба қадри оромӣ ва шароити хуби таълиму тадрис расед. Зеро имрӯз барои тақвияти дониш, маҳорату малака, ҳунаромӯзиву рушди истеъдод дар Тоҷикистон ҳама шароит мавҷуд аст. Бигзор садоқати худро барои ободии диёр, барои модарону хоҳарони худ нишон диҳем. Зеро дӯст доштани  Ватан, обу хок, модар як ҷузъи имон аст.