Дар равади ҷаҳонишавӣ барои амнияти ҷомеаи муосир фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таҳдиди калон дорад. Ин раванд барои рушди давлатҳо ва фаъолияти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муаммоҳои зиёд ба вуҷуд меоварад. Инро дар мисоли давлатҳои Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Либия, ва ғайра дидан мумкин аст.

Бояд қайд кард, ки “Ҳизби таҳрир” дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҷонибдорони худро пайдо намуда, барои зиёд кардани тарафдоронаш кӯшиш карда истодааст. Тавре маълум аст, ҳадафи стратегӣ ва асосии “Ҳизби таҳрир” таъсиси хилофати исломӣ дар минтақаи Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ мебошад. Ин ҳадаф дар асарҳои тағриботии ҳаракати мазкур “Низоми исломӣ”, “Демократия- низоми куфр аст”, “Сиёсати исломӣ”, “Ҷомеаи исломӣ” ва ғайра равшан баён шудааст. Тибқи ақидаи диниву иртиҷоии  “Ҳизби таҳрир” масъалаи асосӣ барои мусулманони тамоми ҷаҳон таъсиси давлати исломӣ дар шакли хилофат, инчунин ҳокимияти ягонаи мусулманон таъйин кардани халифа мебошад. Ҷонибдорони ин равия ифротӣ душманони ашадии демократия ҳастанд. Онҳо бар зидди ҳама гуна ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад намуда, озодии виҷдон, озодии дин ва мавҷудияти давлати қонуниро инкор мекунанд. Тарафдорони ин ҳизб дар бисёр давлатҳои Шарқи Наздик, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва Лубнон мавҷуданд. Мақсади сиёсии ин ҳизб хусусияти яктарафа, тундравӣ ва террористӣ дошта, он тамоми имконияти созишу гуфтушунидро рад мекунад. Асоси ғоявии “Ҳизби таҳрир” панисломизм, яъне, таъсиси давлати бузурги исломӣ ва дар он зиндагӣ кардани тамоми мусулмонони олам мебошад. Аз ин рӯ, фаъолияти ин гурӯҳи ҷиноӣ аз татбиқ намудани ин таълимот иборат аст. Мувофиқи маълумот соли равон дар вилояти Суғд якчанд гурӯҳи экстремистии динӣ аз тарафи мақомоти дахлдор дастгир карда шудаанд. Чунончи, дар шаҳри Панҷакент гурӯҳе дастгир карда шуд, ки онҳо баҳри ташкили хилофат фаъолият менамудаанд. Онҳо як гурӯҳ ҷавононро барои ҷанг ба давлати Сурия равона намудаанд.

Бояд қайд кард, ки равияҳои тундрави динӣ дар ҳудуди шарҳрҳои Исфара, Истаравшан, Хуҷанд, Панҷакент ва ноҳияҳои Спитамен ба таври пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ фаъолият намуда, барои озодии шаҳрвандон ва амнияти давлат хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.

Фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ низ яке аз шохаҳои хизбҳои тундрави “Ҳизби таҳрир ва “Ҳизбуллоҳ” буда, имрӯз бо паҳни иттилои бардурӯғ дастандаркорони он мехоҳанд ҷомеаро ба тарафи худ моил созанд. Ин ҳизб низ мақсади ҷомеаи исломии фундаменталиро дар нақша дорад ва борҳо кӯшиши табаддулоти давлатиро низ кардааст, аммо тири нохалафон хок хӯрдааст. Имрӯз мо дида истодаем, ки тарафдорони ин ақидаи хурофотпарастӣ аз амали худ пушаймон гардида, майл ба ҷониби рӯзгори осоишта доранд.

Амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳаргуна таҷовузҳои зиддиҳқуқӣ ва зиддидавлатӣ таъмин менамояд.

Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат масъалаи рақами як бошад, зеро ҳифзи Ватан бақои ҳастии миллат мебошад. 

Акрам Мусоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Худои таъоло чун инсонро офарид, ӯро бо фикри солим ва ақлу фаросат ороста кард ва талаб бинмуд, ки байни ҳаққу ботил, неку бад ва хираду ҷаҳолатро ҷудо намояд, ба роҳи дуруст равад ва аз гумроҳӣ худдорӣ кунад.

Афсус, ки дар ҳаёт шахсиятҳо ё гуруҳҳое пайдо мешаванд, ки дидаву дониста роҳи хаторо пеш мегиранду гумроҳ мешаванд. Барои пулу сарват ё барои ба қудрат расидан ватан, миллат ва мазҳаби худро мефурӯшанд, ба мардуми худ, ҳатто ба падару модари худ хиёнат мекунанд. Дар ҳамаи давру замон чунин инсонҳо арзи вуҷуд доранд ва ба нафрати мардум рӯ ба рӯ мешаванд. Дар замони мо аз ҷумлаи инсонҳое, ки ғаризаи нопок доранду манфури халқу ватан шудаанд созмондиҳандагон ва пешвоёни ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ҳизби наҳзати исломӣ мебошанд, ки мазҳаби аҳли суннат вал ҷамоат, яъне мазҳаби ҳанафиро зери по карда ба мазҳаби шиа пайрав шуда бозичаи дасти хориҷиён шудаанд. Имрӯз раҳбарияти ҳизб, ки дар хориҷ гурезаанду дар ҷустуҷўи интерпол мебошанд, гоҳҳо бо тариқи интернет аз куҷое овоз баланд мекунанду худро ҳоми дину диёнат, мазҳабу арзишҳои миллӣ мегиранд, дар асл бошад, чунон ки собиқ узви ин ҳизб Муҳаммадиқболи Бохтарӣ дар мақолаи худ “Чаро роҳбарони Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд?” бо далелу ҳуҷҷатҳои раднопазир сароҳатан шиа будани роҳбарони ҳизби Наҳзати исломиро  аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, Зубайдуллои Розиқ, Илҳом Ёқубов ва дигаронро фош намудааст. Ҳадаф аз шиагароии онҳо ба фикри банда паноҳ бурдани онҳо ба сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки онҳо аҳли суннатро ҳеҷ вақт қабул надоранд, рӯйи рост носазо мегӯянд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон маблағгузори асосӣ мебошанд. Дар Тоҷикистон ташкил кардани Ҳизби наҳзати ислом аз аввал муғризона буд, мехостанд бо номи ислом низоми давлатдориро дигаргун кунанд, мазҳаби шиаро бо кадом роҳе набошад ба сари мардум таҳмил кунанд. Шукри Худо ақли солим ғалаба кард, онҳо натавонистанд, ки давлати демократиро аз байн баранд, аммо тавонистанд, ки баъзе аъзо ва хусусан роҳбарияти ин ҳизби хиёнаткорро ба шиагароӣ моил кунонида аз мазҳаби бобоӣ рӯ гардононд ва “Тақия”, ки дар мазҳаби шиа роиҷ мебошад, яъне “Дурӯғ гуфтан ҷоиз” ва мазҳаби худро пинҳон дошта, ман шиа не ман, ҳанафӣ гуфтанро онҳо пеша гирифтанд, имрӯз онҳо ҳанафӣ нестанд, аммо шиа буданашонро бо роҳи “Тақия” пинҳон медоранд, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро фиреб диҳанд. Афсўс, то имрӯз дар дохили Тоҷикистон шиашудаҳо низ вуҷуд доранд, бояд онҳо фикр кунанд, тавба кунанд ва ба мазаҳбӣ аҷдодӣ баргарданд, зеро мазҳабфурӯшӣ баробари ватанфурӯшӣ аст. Касе ки ватанашро мефурўшад, ӯ тайёр аст, ки дар ҳамаи ҳолат мазҳаб, номус қадру қиммат ва арзишҳои миллии худро фурўшад. Раванди рӯзгор исбот намуд, ки дар замони имрӯза барои Тоҷикистон аз ҳама хатарноктарин аз дин сӯи истифода кардан, мазҳабро тағйир додан, аз номи дин ҳизб ташкил карда, мардумро гумроҳ кардан аст. Дар хатми сухан бо итминони комил мегӯям, ки роҳи пешгирифтаи ин ватанфурӯшон, мазҳабфурӯшон хато ва оқибати он саргумӣ мебошад.

   Қатлу куштор ва хунрезиҳое, ки қариб ҳамарӯза аз ҷониби қувваҳои ифротгаро бо супориши ҳоҷагони хориҷии онҳо дар Покистон, Ироқ, Шом, Сурия, Яман содир карда мешавад ба ягон аҳкому ахлоқи исломӣ  мувофиқат намекунад.  Ин ҳама бедодгариҳоро   насли калонсоли Тоҷикистон дар солҳои ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми қарни ХХ, ки дар асл ин фоҷиаи миллӣ ҳам буд дар мағзу устухонҳои худ санҷидаанд. Дар солҳои 90-ум қарни гузашта ифротгароён  ба мақсади нопоки худ расидан тамоми усулу воситаҳои тундрав, радикализм,  зурӣ, аз он ҷумла терроризмро истифода бурда фарзандони беҳтарини миллати тоҷик-прокурори кулли ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, академик М.Осимӣ, депутатҳои Шӯрои Олй Муродали Шерализода, Моёншоҳ Назаршоев, олимони машҳури соҳаи тиб Юсуфҷон Исоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, хабарнигори барҷаста Муҳиддин Олимпур ва дигаронро ба қатл расонданд.

     Ифратгароӣ дар зери ниқоби дин сабабгори бенизомию бетартибии ҷомеа, бадандешӣ, кинаю адовати байни одамон гардида барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, устувории вазъи сиёсати ҷомеа монеаҳои зиёда эҷод мекунад. Сади роҳи ташаккули ҳисси ватандустӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳи ва худшиносии миллӣ мегардад.  Дар шуури мардум нисбати давлат ва низоми сиёсии ҷомеа ҳисси бегонагӣ, бетарафӣ  ва бадбинӣ ҷойгирӣ мекунад.

Имрӯз бо гузашти 20- сол мардум фаҳмиданд, ки саркардаҳои чунин бедодагариҳо маҳз аъзо ва пайравони ҲНИТ будаанд. Онҳо тавассути хоҷагони зархариди хеш мехостанд зиёиёни миллати моро несту нобуд намуда, фарҳанг ва оини бегонаро бар сари мо таҳмил намоянд.

Аммо ин миллати тамаддунофар дар тӯли асрҳои зиёд тавонист аз ғиреви душманон раҳо шавад, ин бор низ бо руҳияи шикастнопазир ғалаба ба даст овард.

Мо, ҷомеаи устодон эътимод бар он дорем, ки ягон қувва садди роҳи пешрафти мамлакат нахоҳад шуд.

 

 

 

Алҳол роҳбарон ва пайравони ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои ифротгароӣ бар зидди Тоҷикистони соҳибистиқлол таблиғу ташвиқи иғвогаронаву муболиғаомезро аз хориҷи кишвар идома дода, афкори мардуми тоҷикро бо маълумоти бардурӯғ заҳролуд менамоянд. Ҳадафи асосӣ ҳаёти осоишта ва амнияти осудаи кишварамонро ноором ва муташанниҷ намудан аст. Азбаски афкори аҳолии калонсолро тағйир додан ва ба ҳаракати худ ҷалб намудан душвор аст, мухолифин ташвиқотро байни ҷавонон пурзӯр менамоянд.

Ба ақидаи ифротгарон, тафаккури ҷавононро вайрон кардан ва ба тарафи худ кашидан осонтар менамояд. Аз ин лиҳоз, пайравони гурӯҳҳои мухталифи ифротгарон асосан таблиғоти худро ба ҷавонон равона менамоянд. Аввалан, бо ваъдаҳои бардурӯғ ва бодабдаба, инчунин нақшаҳои дурнамои беасос ва сохта ба ҷавонон таъсир расониданӣ мешаванд. Аз тарафи дигар, ҳама гурӯҳҳои ифротӣ, ҳатман фаъолияти худро бо дини мубини ислом пайваста, ҳатман худро чун «ҳифзкунандаи ислом»  муаррифӣ менамоянд. Дар асл бошад, амалиёти золимонаи бештари ифротгароён ба суннатҳои дини ислом тамоман зид аст. Инчунин, таблиғотгарони гурӯҳҳои ифротӣ ба ҷавонони гумроҳ ояндаи дурахшон ва маблағҳои калони пулӣ ваъда медиҳанд. Билохира, ба ҷавонон ақидаҳои маҳалгароӣ, миллатчигӣ, саркашӣ, бадбинӣ ва зиддиятро нисбати Роҳбарият ва Ҳукумати кишвар, инчунин миллат ва волидайн талқин мекунанд. Мухолифини кишвари ободамон танҳо камбудӣ ва норасоиҳои ночиз, баъзе масъалаҳои ҳалталаб ва бештар маълумоти бардурӯғро истифода бурда, ҳаёти моро мунтазим танқид ва мазаммат менамоянд.

Аз вазъи душвори бӯҳрони ҷаҳонӣ моҳирона истифода бурда, мушкилоти иқтисодиётро бо бесалоҳиятии роҳбарияти кишвар мепайванданд. Ҳол он ки чунин вазъияти муташанниҷи иқтисодӣ, тамоми давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла мамлакатҳои мутаррақиро низ фаро гирифтааст. Мо борҳо дидаем ва шунидаем, ки ҳатто давлатҳои абарқудрати Россия, ИМА ва пешрафти Аврупо аз бӯҳрон зарар кашида, барои бартараф намудани натиҷаҳои он чораҳои зиёде меандешанд. Ҷолиби қайд аст, ки таҳти роҳбарии оқилонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин бӯҳрони шаддид ба зиндагии мардуми тоҷик чандон таъсири калоне нарасонидааст. Баръакс, саноат ва хоҷагии кишварамон мунтазам рушд меёбад, пеш меравад ва зиндагии мардум беҳтар мешавад. Мардуми меҳнатдӯст ва сарбаланди тоҷик ба ҳамаи душвориҳои муваққатӣ нигоҳ накарда, ба ояндаи нек ва дурахшон боварӣ дорад. Ва барои ба мақсадҳои худ расидан софдилона меҳнату заҳмат мекашад, зеро ки сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукуматро ҳаматарафа дастгирӣ мекунанд. Аммо таблиғгарони мухолифин ҳаёти чанд нафар ранҷдида ё ҷинояткорро, ки аз муносибати роҳбарият норозианд, мисол оварда, аз будаш зиёдтар рангу бор дода, онро бо шарҳу эзоҳи беасосу бардурӯғ оро намуда, онро бо зиндагии тамоми тоҷикистониён мепайванданд. Албатта, чунин даъвоҳои иғвогарона ва муболиғаомез ба мо таъсир намекунанд, зеро ки мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем ва тараққиёти кишварамоноро ҳар рӯз мебинем ва эҳсос менамоем. Мутаассифона, ин маълумоти бардурӯғ ва иғвогаронаро баъзе роҳбарон ва нафарони хориҷи кишвар қабул намуда, ба он бовар мекунанд. Ва фикр менамоянд, ки мухолифин метавонанд, камбудӣ ва норасоиҳоро дар мамлакат бартараф намоянд. Зеро ки мухолифин худро ҷафодида ва ранҷкашида нишон дода, чунин вонамуд мекунанд, ки танҳо онҳо беҳбудии кишварро мехоҳанд ва онро обод карда метавонанд.

Афсӯс, ки баъзе хориҷиёни кундзеҳн ба ин сафсатаҳои мухолифин бовар мекунанд. Вале хурсандӣ, шодӣ, фараҳмандӣ, ризоият аз сиёсат ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, ҳаёти хуш ва ободии кишварамонро нодида мегиранд. Ё намехоҳанд рушд ва пешравии кишвари хурраму ободамонро бинанд ва онро эътироф намоянд, чунки мақсади ин бадхоҳон ва душманони Тоҷикистони обод, танҳо дастгирии фитнаву бӯҳтони мухолифини иғвогар мебошад.

              Раҳмонов З.А., устоди ДПДТТ ба номи М.Осимӣ 

 

Ҳар ҷомеа, ки ба миллати худ содиқ аст, меҳани худро дӯст медорад, ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузорад, ниёгони худро эҳтиром менамояд бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин ҷомеа, ин миллат, ин фард, ин шахс, ин кӯдак ба ҳеҷ гуна корҳои ношоиста, ба ҳеҷ гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ба ҳеҷ гуна гурӯҳбозӣ, ба ҳеҷ гуна амалҳои ношоиста, ба ҳеҷ гуна ифротгароию терроризму экстремизм даст нахоҳад зад. Бо ин амали нек ҷомеаи мутамаддини мо ҳамешагӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи созандагӣ, бунёдкорӣ ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ хоҳад расид. Миллати куҳанбунёди мо на ҷонибдори ифротгароӣ, балки тарафдори инсонгароӣ мебошад.

Ҳамин тавр, мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамешагӣ кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва бидуни амалҳои ношоистаи вожаҳои мавриди назар барои саодати зиндагии оилаи худ ҳиссагузор бошем ва ба василаи ин кору хайру савоб саҳми худро дар пешрафту шукуфоии диёри арҷманди худ, ки номаш Тоҷикистон аст гузорем.

 

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Мусалламаст, ки  терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи  зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, беинтизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст.

Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарураст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто  дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеа башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Имрӯз мебояд нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз тарафи бархе аз кишварҳои абарқудрат созмондодашуда, сармоягузорӣ мегарданд ва боистифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд,оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд.

Бояд қайд намуд, ки одатан ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Муҳимтар аз ин онҳо фикр мекунанд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд ва бо ин гумон ба ҳар коре, ки хоҷагонашон мефармоянд  дар қолаби ҷиҳоди динӣ мефармоянд, қатъиян иҷро карда, ба «биҳишти ваъдагӣ»мерасанд. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофотӣ аз мушаххасоти кори хадамоти махсус маҳсубмеёбад.

Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллиионҳо шарик аст. Яъне, ӯ бевосита дар муқобили давлати худ бар зиддиватани худ ва дар душман бамиллати худ қарормегирад. Ҳамин тавр, ӯ  бо тамоми маънояш хоини Ватан мешавад!

Омилҳои гароиши бо суръати бархе аз ҷавонон ба ин ҷараён зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои гузашта, паст будани сатҳи огоҳии ҷавонони мусулмон аз мазмун ва моҳияти дини мубини Ислом, коҳиши асосҳои ахлоқӣ, бештар шудани тафовут ва сатҳи зиндагии кишварҳои ҷомеа, талош барои ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ аз ҷумлаи омилҳои рушди ин раванд будааст.

Мавриди зикр аст, ки терроризм ва экстремизм ба дини мубини Ислом ягон иртиботе надорад. Элитные индивидуалки Питера , словно неуловимые ангелы ночи, готовы подарить незабываемые встречи и переживания тем, кто жаждет тонкой игры чувств и интимной атмосферы. Аз ин рӯ қобили таъкиди хосаст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Онҳое, ки ҷавононро ба чунин дом мекашанд, худ аз арзишҳои Ислом бархурдор нестанд ва ин дини покро ҳамчун парчами фаъолияти харобкоронаи худ истифода мебаранд. Худи ҳамин аз он шаҳодат медиҳад, ки дини Ислом ба зоти худ сулҳпарвар ва инсондӯст мебошад. Пас мо агар заррае ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошем, байни ину он тафовуте мегузорем.

Фаррух Аминов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Имрӯзҳо хатари терроризм ва ифродгароӣ   дар  авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими  тамоми сайёра,аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бартараф гузошта наметавонад. Боиси таасссуф аст, ки ҷавонон имрӯзҳо аз сабаби дониши мукаммал ва  саводи кофӣ  надоштан худро ба коми терроризм ва ифродгароӣ  андохта истодаанд. Ин амали онҳо сабабҳои зеринро дорост.

Албатта онҳое, ки мегӯянд, ифродгароӣ  ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ  намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад,ки якумин амалиёти террористӣ  кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Дар аҳди қадим,асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд,ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофарини мехестанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд,зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

 Зуҳури ифродгароии сиёсӣ ,қавмӣ , мазҳабӣ  ва щайра падидаҳои бисёр ҷиддӣ  ва дар айни замон нигароникунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошад.

 Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифродгароӣ  ва террористӣ  бештар характерӣ  сиёсӣ  гирифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид

 Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ  ба вуҷуд омаданд,ки аз рӯи иқтидорӣ  харобиовариашон ба амалиёти калони ҷанги шабоҳат доранд.

Имрӯзҳо ин масоили дощи рӯз миёни ҷавонону наврасони шаҳру ноҳияи мо мисли зарпечак байни шаҳрвандон реша давонда истодааст.Рӯз аз рӯз шумораи гумроҳшудагон ва даст ба ҳар гуна корҳои ношоям зада истодани ҷавонону наврасон аҳли ҷомеаро ба ташвиш дода истодааст. Ҷавонон ҳоло меҳнат кардан намехоҳанд,роҳи осони пулёбиро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ онҳоро гумроҳ кардану ба гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ  шомил намудан осон аст.

 Ҷавонон набояд фирефтаи суханҳои пучу бемащз ва пулу сарвати «хӯҷаинҳои аҷнабӣ » гарданд.

 Зарур аст,ки аҳли ҷамоатчигӣ  аҳли маорифу фарҳанг,  волидон, муассисаҳои таълимию касбӣ  бо ҷавонон ҳама вақт дар робита бошанд. Ба онҳо моҳият, сабабҳои авҷгирии терроризм ва ифродгароиро  фаҳмонанд.Онҳоро ба маҳфилҳои касбомӯзӣ  ҷалб намоянд. Ҷавонон вақтҳои холигии худро ба варзиш сарф намоянд. Ҳунарҳои гуногунро омӯзанд ва барои пешрафт ва ободии Ватани хеш саҳмгузор бошанд.

 

 

 

Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Ин ташвиш падидаи номатлуб ва хатари бузург ба ҷомеа – экстремизм ва терроризм мебошад. Дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон расонанд.  Пӯшида нест, ки имрӯзҳо шомилшавии ҷавонон ва насли наврас ба гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бештар ба назар мерасад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бештаре аз ин рафторҳои аз ақли инсон берун дар давлатҳои исломӣ ба амал меоянд.

Махсусан терроризму экстремизмро ба дини мубини ислом вобаста кардани қувваҳо амсоли  ДИИШ, Салафия,  «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра тангназарону таасубгаронро бештар ба худ ҷалб кардааст. Шахсони ба ин гуна ҳаракатҳо шомилгашта амалҳои зишти худро бо ислом рӯйпӯш намуда, ин дини покро ба таври дигар муаррифӣ менамоянд.

 Таассуфовар он аст, ки Ҳизби наҳзати ислом, ки чун ҳизбӣ қонунӣ фаъолият медошт, пас аз мағлубият дар интихоботи соли 2015 шеваи корбарии ҳизбу ҳаракатҳои болозикрро ба худ касб намуданд. Яъне, мардумро гумроҳ намудану бо роҳи табадуллоти давлатӣ сари ҳокимият ва қудрат омаданро бо роҳнамоии хоҷагони берунаи худ пешашон мақсад гузоштан. 

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон” омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар.

 

 Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат, оромию осудагӣ танинандоз аст.    Истиқлолияти комиле, ки ба мо ато шудааст бояд шукрона кунему ба шахсиятҳои ношукр бифаҳмонем, то солҳои даргирии ватани азиз, ки аз чунин нофаҳмиҳову дасисабозиҳо рўи кор омада, тамоми халқи кишварро ба таҳлука оварда буд.

Ҷанги бародаркуши солҳои навадум ба хотири кӣ ва чӣ буд, кӣ бурд? ва чӣ бохт? Охир вақте бародар бо бародар меҷангад оё ғолибу мағлуб буда метавонад, ин ҳама бедодгариҳо бемазмун, беасос, бемантиқ буда, ягон рукни дини мубини ислом он ҷо мавҷуд набуд. Оташи он ҷанг бо мушкилии зиёде хомўш гашт, ҷигарҳо пурхун, қалбҳо харошида ҷовидона монданд, вале чаро боз онро аз сари нав эҳё намоем?

Мо рушанфикрон,    ки   дар  ҳавои  софу  беолоиши  Тоҷикистони   сохибистиқлол  нафас   мекашем,    кулли  ҷавонони  Тоҷикистон   танҳо  ва  танҳо  як  нияти  холис  дорем,   он  ҳам  бошад  талаби  илм,  маърифат ,   дарси  одаму  одамият. 

Ҷавононе, ки гумроҳи чунин роҳҳо гаштаанд, умедворем, ки аз райъи худ баргашта ба ватани азизи худ оянд, то ки бо таҳсил ё меҳнати худ шуғл варзанд. Чунки миллати мо дар ҳама давру замонҳо фазлу хирад, озодандешӣ, донишандўзӣ ва зиндагии беолоишро пеша карда кардааст. Барои миллати мо на ҷангу зўроварӣ, балки фарҳангдўстиву сулҳпарварӣ, одобу ахлоқи ҳамида, шарҳрдорию бунёдкорӣ, меҳмоннавозию инсондустӣ хос аст. Зеро фардо фурсат ба ҳар яки мо имкон намедиҳад, ки пас аз хулосаҳои зиндагӣ аз сари нав ҷавон шавему ҳаёти босамар барем.

Ҷавонони замони истиқлолият, парвардаи истиқлолият хоҳиш ва орзуву ормон доранд, ки давлатамон рушд намояд ва намегузорем, ки нохалафе чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ба амнияти истиқлолияти мо таҳдид ворид созад.

 Бинобар он нохалафони дохилӣ ва берунии кишварро  маҳкум карда, гуфтанием, ки онҳо ҳамчун зархаридони хоҷаҳои хориҷӣ (бегона) намуда, ба муқобили Ватани маҳбуби мо корҳои ношоистаро раво набинанд.

Ин тоифа шахсиятҳо ба дуои модарони тоҷик гирифтор нашаванд.

 Ва ёддрас менамоем, ки то ҳол  оби дидаи модарони азиз аз ҷабри солҳои наваддуми бародаркуши хушк нашудааст.

Имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикитон, аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рўй оварданд. Ҳамаи ин бе дахолати беруна, дар асоси таъмини озодии интихоби эътиқод буд.

 

 

 

Дар солҳои  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаи  чораҳо андешида шуда истодаанд то сатҳи зиндагии мардум баланд гардад. Зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю  маҷаллаҳо, созмон додани ҳизбу ҳаракатҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

Аммо ҳамоно рақибони заифи сиёсии мо аз қабили ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом мехоҳад ин ҳама ободгариву таваҷҷӯҳи ба нерӯи солимро нодида гирад. Онҳо бо сарвари Муҳиддин Кабирӣ дар расонаҳои иттилоотӣ мехоҳанд обрӯи кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ паст зананд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ягон созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мақсадҳои “оли”-и онҳоро дастгирӣ намекунад. Гузашта аз ин онҳо дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд. Он рӯз дур нест, ки онҳо иқрор шаванд, ки дар раҳи хатоянд. Мо аз ҳамдилон даъват ба амал меоварем, ки дар муборизаи иттилоотӣ фаъол бошанд.

 

 

Гаронбаҳотарин неъмате, ки инсон онро дорост, ин дин ва ватан мебошад. Шахсеро намеёбем, ки бо ватани худ ифтихор накунад, онро азиз нашуморад, зеро ватан сарзаминест, ки одамӣ дар он таваллуд ёфта ба воя мерасад. Ватан - гаҳвораи кӯдакии ҳар фард аст. Аллоҳи меҳрубон бо ҳикмати худ, дӯстдории ватанро дар фитрат, офариниши инсон ҷой додааст, ки қалби одамӣ  бо муҳаббати ватан метапад, хуни ӯ бо дӯстдории ватан  чорӣ мегардад, муҳаббати ватанро фарзандон аз падар ва аҷдодон мерос бурда, ба фарзанду наберагонаш боқӣ мегузорад. Инсон ватанашро ҳамеша дӯст медорад, агар ба сарзамине ба сафар  барояд, дере нагузашта онро ёд мекунад. Обрӯи ватанашро ҳимоя мекунад ва агар нисбати ватанаш, сухани ноҷое бишнавад, ба хашму ғазаб омада, аз он дифоъ мекунад ва ин муҳаббати ватан аст, ки парвардигор дар фитрати одамӣ гузоштааст ва бо ин муҳаббат, инсон баҳри ватан, ҷон ва руҳи худро дареғ  намедоранд. Чун ба ҳикматҳои илоҳӣ менигарем, бояд аз он ибрате гирифта бошем, бингарем, ки зодгоҳ-ватан ба ҳар мавҷудот азиз аст, ҳатто ҳайвонот, паррандагон ва ғайра зодгоҳ-ватани худро дӯст медоранд, онро тарк намекунанд, пас ин далели бузургест, ки дӯстдорӣ, муҳаббати ватан, дар офариниши ҳама мавҷудот аз ҷумла одамӣ гузошта шудааст. Пас бояд бидонем, ки дӯстдории ватан аз воҷиботи дин ба шумор меравад, бояд бидонем, ки ватан на фақат замин, об, ҳаво ё кӯҳу саҳро, балки бо баробари ҳамаи ин ватан, ин ҳуввият, арзишҳо, урфу одатҳои ҳамида аст. Ватан ин амну субот аст, маданияту фарҳанг аст, тансиҳативу тозагист. Аммо дар замони мо як идда носипосон бар обу хоки Ватан туф карда, ҳатто мазҳаби худро дигар намуда, мехоҳанд тухми низою нифоқро дар дили мардум кишт намоянд. Ба ин хоинони миллат ТЭТ ҲНИ мисол шуда метавонад. Моро мебояд, ки аз ҳар як ҳарфи онҳо хулосаи даркорӣ барорем, нагузорем, ки оромии кулли ҷомеа бо ҷурми чанде «озодандешон» ба тӯҳфоне бадал гардад.