Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан аз нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт. Бахусус, аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омўзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён биёяд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм вуҷуд дошт ва танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо аз ҷониби кадом созмонҳо ва давлатҳо ба ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ кӯмак расонида мешаванд. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус ҳаминро нишон медиҳад, ки аз ин рафтори созмонҳо ва давлатҳои алоҳида террористон ва экстремистон истифода бурда, барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба куштору таркиш мезананд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри ХХ-ХХ1 аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар охири соли 2016 ироа гардид ва ин имкон фароҳам овард, ки аҳли кишвар, нақшаи фаъолияти худро дар соли 2017 ҳадафмандонаву воқеӣ ва вобаста ба муҳимтарин масоили зиндагӣ мураттаб созанд. Дар ин Паём доир ба масъалаи терроризм Сарвари давлат мулоҳизаронӣ намуда, чунин изҳор доштанд:

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат оид ба ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш чунин ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.

Солҳои охир дар баробари дигар хатарҳои берунӣ аъзоёни ҲНИ, ки қаблан чун ҳизби қонунӣ фаъолият доштанд, даст ба ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин заданд. Андешаҳои муғризона, ҳадафҳои сиёҳкоронаи аъзо ва пайравони ин ҳизб ба он оварда расонд, ки бо қарори Суди олӣ ҲНИ ташкилоти террористӣ –экстремистӣ эълон карда шудааст. Ин ҳизб бо вуҷуди ғайриқонунӣ будан дар хориҷи кишвар бо маводҳои бӯҳтонангези худ мехоҳад афкори мардумро бар зидди ҳукумати кунунӣ равона намояд.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд. Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа чораҳо андешида истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

Рустам ҒУФРОНОВ, донишҷӯи  ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 Сарварон ва аъзоёни ҲНИ, ки дар хориҷи кашвар зидди Ҳукумат ва мардуми тоҷик фаъолият мебаранд, оид ба сафедкунии чанд нафар пайравонаш тавассути сомонаҳои воситаи ахбор гаштаву баргашта ҷор мезананд. Аз як тараф, аввалан  бояд Интерпол шарҳ диҳад, ки дар кадом асос ҷинояткорони ҶТ сафед карда шуданд. Ба ҷойи он ки вайронкунандагони қонуни  давлатиро дошта, ба ҷумҳурӣ равона намоянд, баръакс онҳоро сафед кардаанд. Сабаби асосии чунон рафтори ноадолатона зидди  кишвари мо, пеш аз ҳама муносибати боғаразонаи баъзе ташкилоти хориҷӣ нисбати ИДМ мебошад. Зеро ки бархе аз давлатҳои мутараққии ғарбу ИМА бар зидди Россия ва тарафдоронаш  муборизаи ошкорову пинҳонии сиёсӣ оғоз намудааст. Аз тарафи дигар,  фаъолияти  ҲНИ дар ҳама кишварҳои узви ИДМ ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти эшон манъ шудааст. Аз ин лиҳоз, зиддӣ ҳар як ташаббус, фаъолият ва ҳаракати кишварҳои ИДМ кӯшиш мекунанд мамоният ва душворӣ пеш оварда, бо ҳамин ба онҳо зарар расонанд. Инчунин, мо муносибати яктарафа ва нодурусти чунин ташкилоти байналхалқиро нисбати кишвари худ баръало эҳсос менамоем. Ҳол он ки фаъолияти зиддиқонунии  ҳаракати ҲНИ ва пайравонаш дар ҶТ исбот карда шуда, фаъолияти он на танҳо дар кишвари мо, инчунин дар бисёр давлатҳои ҷаҳон  манъ карда шудааст. Сабаби дастгирии мухолифини давлат аз тарафи баъзе ташкилот ва муассисаҳои хориҷӣ маълум аст, яъне пайдо кардани қувваҳои зиддидавлатӣ дар гӯшаву канори ҷаҳон. Маҳз бо кушишу ғайрати чунин давлатҳо ҷанг байни  ҳукумат қонунӣ  ва мухолифин дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар давлатҳо сол то сол авҷ гирифта истодааст.  Аз ин сабаб, дастгирии баъзе давлатҳо мухолифини тоҷикро низ нақшаҳои дурнамо доранд. Яъне ноором намудани фазои осудаи кишварҳои тараққикардаистода ва бо ҳамин зери таъсири худ нигоҳ доштани онҳо. Худ қазоват намоед, чаро давлатҳои Аврупо ва ИМА қувваҳои зиддидавлатии Сурияро дастгирӣ менамоянд, чаро ошкору пинҳонӣ  ба мухолифин кӯмаки моддӣ ва маънавӣ мерасонанд, чаро намехоҳанд, ки мардуми ҷафокаши араб осуда зиндагонӣ нмоянд?  Мақсади асосӣ зери тасарруфи худ даровардан ва ҷорӣ кардани ҳукми худ дар он давлатҳо аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид намуданд, ки ҶТ сиёсати «дарҳои кушод»-ро пеш гирифтааст ва тайёр аст, бо ҳама давлатҳои ҷаҳон ҳамкорӣ ва робита намояд. Пеш аз ҳама, бо давлатҳое, ки мустақилият, соҳибихтиёрӣ  ва ҳуқуқу қонунҳои моро эътироф мекунанд ва онҳоро дастгирӣ менамоянд. ҶТ бо давлатҳое ҳамкорӣ менамояд, ки агар онҳо ба амният, оромиву осудагӣ ва рушди кишварамон мамоният нашаванд. Мутаассифона, дар ҷаҳон қувваҳое ҳастанд, ки ба муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо ва миллатҳо рахна зада, байни онҳо тухми душманӣ ва бадбинӣ кошта, мақсадҳои разилонаи худро дар амал татбиқ менамоянд. Аз ин рӯ, мо набояд ба таблиғу ташвиқоти  иғвогаронаи  душманони миллати тоҷик  бетараф бошем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва нисбати дурӯғу бӯҳтони мухолифин мавқеъ ва муносибати худро ошкоро баён намоем. Мо бояд ба вазъияти муташанниҷ, ки ҷаҳони имрӯзаро фаро гирифтааст, баҳои дуруст дода тавонем, ба фиребу иғвои мухолифин ҷавоби мушаххас  бидиҳем. Сиёсат ва ташаббусҳои дурандешона ва созандаи Пешвои миллат  ва ҳукуматро ба мардум, алалхусу ҷавонон амиқ, дуруст ва ҳаққонӣ мунтазам фаҳмонидан зарур аст. Ҳар як шаҳрванди  Тоҷикистонро аз хурдиаш оғоз карда,  бояд  дар руҳияи ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ, эҳтироми волидайн  ва меҳан тарбия намоем, то ба қадри меҳнати калонсолон бирасад ва оянда дар ободӣ ва рушди зодгоҳ ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузорад. Барои пешрафти кишвари маҳбуб, пеш аз ҳама ашхоси бомаърифат ва баландихтисос зарур мебошад, аз ин рӯ тарбияву таълими дурусти ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи волидайн ва ҳар як шахси солимфикри тоҷикистонӣ мебошад. 

           Раҳмонов З.А., дотсенти ДПДТТ ба номи М.Осимӣ

Дар Тоҷикистон чун дар бисёр кишварҳои дигар барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба монади ҲНИ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Барои пешгирии зуҳури ҳама гуна падидаҳои терроризму экстремизм, хариду фурӯши одамон ва коррупсия мо аз тамоми имконот истифода мебарем.   Ҳарчанд Истиқлолият майдони фарохеро барои ихтиёдорӣ ба қабули санадҳои ҳуқуқӣ дода бошад ҳам, миллатсозиву ҷомеасозӣ ва бунёди давлати пешрафта кори хеле мушкил аст. 

Ҳамагуна ҳаракатҳои динии ифротгаро, на барои ислоҳи шуури динӣ аз дохил, балки барои вайрон кардани асосҳои дин дар ҷомеа ва ниҳоят барои амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсӣ таъсис ва таҳмил дода шудаанд. Бо сӯиистифода аз эътиқоди мардуми мусулмони ноогоҳ мехоҳанд ҳадафҳои сиёсии худро амалӣ созанд. 

Аз таърих маълум аст, ки дини ислом дар густариши ҳаракатҳои миллӣ-озодхоҳӣ нақши муҳим бозида, вале аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ барои барангехтани муноқишаҳои сиёсӣ- динӣ низ истифода шудааст. Аз ҷумла баъзе ҳаракатҳои динӣ ҳамкориҳоро бо ташкилотҳои пурқудартӣ  террористӣ қавитар намуда, барои барангехтани кинаву адоват аз ҳар воситаю имкониятҳо истифода мебаранд. Мақсадҳои ниҳоии ин ҳаракатҳои тундгаро дар ташкилу баргузории низоҳои миллӣ дар  кишварҳои Яман, Либия, Лубнон, Урдун  самар оварданд. Акнун ин гурӯҳҳо бо воситаи ҲНИ мехоҳад Тоҷикистонро аз дарун вайрон карда, амалиҷинояткоронаи худро идома диҳанд Мо бояд ба наслҳои ҷавон, ки идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давлатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ дур бошанд. Инчунин мо вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони худро тақвият бахшем, то ки онҳо арзишҳои фарҳанги ғаниву рангоранги гузаштаи миллати худро қадр намоянд.

 

 

 

Пас аз тамошои филми мустанади 38-дақиқагие бо номи "Решаҳои ноаён” парда аз рӯи авомфиребӣ ва дасисакориҳои ҲНИ бардошта шуд. Яке аз фаъолони ҳизб, роҳбари ҲНИ дар Федератсияи Русия Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки аз ҷониби мақомоти амниятии кишвар дастгир шудааст, эътироф намуд, ки роҳи интихобкардаи ӯ ва ҳазорҳо нафар аъзо ва пайравони ҳизби ифротиву террористии ҳизби наҳзат хато буд. Зеро тавре аз навор бармеояд, маҳз Саид Қиёмиддин Ғозӣ бо ҳамроҳии Саид Абдуллои Нурӣ дар майдони “Шаҳидон” халқро алайҳи давлат шӯронида, сабабгори асосии ҷангу хунрезиҳо дар кишвар гардидаанд. Ин лидери наҳзатиёнро замоне дастгир шуд, ки бо худ маблағҳои ҳангуфте дошт. Ва ӯ иқрор шуд, ки ин маблағҳоро аз хоҷагони хориҷии худ барои ташвиқу тарғиби шиапарастӣ гирифтааст. Ӯ аз нақшаҳои тарҳрезинамудаи Кабирӣ ва ёронаш ёдовар шуда, баён дошт, ки Кабирӣ пас аз шикаст дар интихоботи соли 2015 барои интиқомҷӯи робитаро бо генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назаров мустаҳкам намуда, барои табадуллоти давлатӣ саъй намуданд. Роҳбари ҲНИ Кабирӣ шахсияти манфиатхоҳ аст ва солҳои сол дар Парлумони кишвар танҳо ғами худу хешовандонашро мехӯрад, агар ҳамин тавр намебуд, ӯ пас аз интихобот хулосаи даркорӣ бароварда, барои пурқувват намудани ҳизби худ мекӯшид, на ин ки барои дубора аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ мекӯшид.

 Ин рӯҳонӣ ва воизи машҳури солҳои 90 моҳи ноябри соли 2017 дастгир шуда, моҳи май аз ҷумла барои ҷосусӣ ба фоидаи Эрон ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Саид Қиёмиддини Ғозӣ эътироф кард,  ки аксарони фаъолони ҳизб парвардагони дасти хоҷагони Эронӣ аст ва ҲНИ як шохаи “Ҳизуллоҳ”-и Эрон аст. Ҳадафи ин ду ҳизб, ки аз як реша об мехӯранд, бунёди ҷомеаи хилофат ва тарғиби шиапарастӣ дар ҷомеа мебошад. Аммо тирашон хок хӯрд. Аз вазъгирии аъзоёни ҲНИТ дар ин чанд соли охир ҳаминро хулоса баровардан мумкин, ки онҳо оддитарин мушкилоти ҷомеаро баҳона карда халқро ба кӯи навмедӣ мебаранд ва хатари аз нав оғоз намудани ҷанги бародаркушро ташкил карданианд. Аммо мафкураи имрӯзаи халқ  мисли мафкураи солҳои навадуми асри гузашта нест. Халқ  сиёҳро аз сафед фарқ  мекардагӣ шудааст. Ин мардуми таҳаммулпазир ваҳдату ягонагӣ, сулҳу ормиро беҳтар аз ҳама неъматҳои мавҷудот медонад.

Медонанд, ки саркардагони нобасомониҳое ки дар Ироқ , Сурия, Афғонистон доир шуда истодааст, маҳз намояндагони «қувваҳои исломӣ» ҳастанд. Ин гуна шахсон аз номи Ислом бар зидди Ислом кор бурда истодаанд. Мусулмони ҳақиқӣ ҷамъи мусулмононро ваҳшиёна ба қатл расонда дар як ҷо гӯр намекунанд. Инсони комил, оне, ки ҳатто як сураи оятҳои каломи раббониро аз худ намудааст ва ҳикмати дини мубини исломро, ки покиву адолатпарастриро талқ ин мекунад, ҳаргиз ба ин кор даст намезанад.

Хушбахтона, мардуми покниҳоди кишвари мо, ки дар дарозои таърих тавре дар боло ишора кардем ҳамеша фарҳангро болотар аз ҳама чиз медонисту бар зидди душманон на ба силоҳ, балки бо китоб мебаромад, ин бор низ исбот кард, ки ҷангу хунрезӣ, дасисаву ноадолатиҳоро қабул надорад. Президенти халқпарвар Эмомалӣ Раҳмонро чун такягоҳ ва роҳнамои миллат  қабул кардааст. Зеро кишвари ҷангзадаи мо дар ҳама марҳилаҳо танҳо мурувату осоишро болотар аз ҳама медонанд.

 

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Мутаассифона, дар тамоми давру замон дар ҳар ҷомеаву кишвар ёфт мешаванд нафароне, ки арзишҳои муқаддасу пок ва беолоиш ба монанди дини мубини исломро ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранду аз ниҳояти ғафлатзадагӣ огаҳонаву ноогоҳона ба эҳсосоти мардум бозӣ мекунанд. Махсусан ҳадафи «тир»-и ин нохалафон ҷавононанд. Зеро онҳо дар марҳилаи гузариш ҳастанд. Ҳар як амал метавона онҳоро ба ҷониби хеш кашад. Хусусан он ҷавононе, ки саводи сиёсиву динӣ надоранд, қурбони дасисаҳои гурӯҳҳо мегарданд.

Барои ба фаъолияти созандагӣ бештар ҷалб намудани онҳо созмонҳои шоистакори ҷавононро зиёдтару воқеитар бояд кард, фаъолияти марҳалавии онҳоро ба доимӣ табдил бояд дод, доираи фаъолияташонро фароху ҳамагир бояд кард, ки дар маҳаллаҳову микроноҳияҳо пас аз дарсу кору машғулият дастҷамъона соати фароғат гузаронанд, майдончаҳои назди биноҳое, ки бо ҳар гуна «автоҳо»-ву дўконҳо банд шудаанд, бояд мақсаднок истифода бурд, чорабиниҳои хурд-хурди маърифативу равшаннамоӣ бо шумораи ками ҷавонон роиҷ бояд кард, собиқадорону нафақагирони обрўмандро бештар бояд ҷалб кард, хуллас барномаҳои мушаххасу воқеии кўтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддати ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрию маҳаллӣ бояд тарҳрезӣ кард, консепсияи кор бо ҷавононро амалӣ бояд кард, ҷавонон бо онҳо машғул шуда, худро ба ҳар тараф назананд. Албатта барои ин ҳам тараддуд лозим асту ҳам маблағ ва ҳам хоҳишу кўшиш. Вале ҷомеаи мо қодир аст, ки бо ҳар як рўйдоди номатлуб мубориза бурда,  онро безарар гардонад, аммо беҳтар аст онро решакан созем. Барои ин бояд ҳар як фарди худогоҳи ҷомеа саҳмгузорӣ кунад.  Танҳо дар он сурат ба чунин «шайху авлиёву пайғамбарон»-и сохтаву бофта ҷой намемонад. 

 

              

 

Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон  дар мадди аввал қарор мегирад. Мо борҳо шоҳид шудаем, ки Сарвари давлат зимни сафарҳои кории худ ба ин ё он минтақаи ҷумҳурӣ ҳатман аз рӯзгори ятимону бепарасторон ошноӣ пайдо намуда, шодишарики тантаҳои онҳо мегарданд. Ин амали инсонпарваронаи Роҳбари давлат дар ҷомеа  мавриди пайравӣ қарор мегирад.

Барои боз ҳам тақвият ёфтани амалҳои хайру эҳсонкорӣ Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа дар арафаи моҳи шарифи Рамазон санаи 12 май аз тамоми сокинони ҷумҳурӣ, хосса, роҳбарони ташкилоту идораҳо, саховатмандону хайрхоҳон даъват ба амал оварданд, ки дар ин моҳи муборак амалҳои хайру савобро бештар намуда, аз ҳолу аҳволи камбизоатон, мӯйсафедону барҷомондагон, ятимону  кӯдакони бесаробон монда бохабар гарданд.  Зеро онҳо низ узви ҷомеа ҳастанд ва ҳаққи зиндагии шоистаро доранд. Ин амал барои баланд бардоштани қадри инсон, эътимоду боварии ин қишри ҷомеа ба давлат мегардад.

Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат бо роҳнамоии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода донишҷӯёни  курси 2-и гурӯҳи 25.01.07-и факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ дар рӯзҳои таҷлили иди саиди Фитр аз рӯзгори бошандагони Хона- интернати беморони руҳии ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов дидан карда, ба онҳо маводи ғизоиву пӯшока тақдим карданд. Ҳамчунин давоми рӯз онҳо аз ҳоли се нафар шахсони камбизоату танҳои сокинони Хуҷандшаҳр дидан карда, ба онҳо низ маводи хӯрокаву пӯшока доданд.

 Бояд гуфт, ки чунин иқдомҳои инсондӯстона дар донишкада мунтазам доир карда шуда, донишҷӯён худ ибрати шахсӣ нишон медиҳанд. Чунончи донишҷӯёни гурӯҳи дар боло зикршуда давоми як моҳ дар факултет сандукҷаи хайриявӣ кушода, маблағҳои ҷамъшударо ба чунин корҳои хайру савоб сарф намуданд.  

Имрӯз дар таҷрибаи ҳуқуқи байналмиллалӣ таърифи воҳиде аз истилоҳи ифротгароӣ ва терроризм ба назар намерасад.  Ифротгароӣ ё худ экстремизм маънои  истифода аз  василаву абзорҳои номуносибу мамнӯъ барои ба даст овардани аҳдофи сиёсӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ғайраро дорад. Терроризм ё худ ваҳшатафканӣ ифротгароест, ки  ба марзи ниҳоии худ расидааст.  Ҳар ду низ боиси аз байн рафтани суботу оромиш  ва ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ мебошад.

Бидуни шак, имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Ин падида, инчунин бо қавм, фарҳанг ва дини мушаххасе  рабте надорад. Аммо бархе аз маркази қудрати ҷаҳонӣ дар талоши пӯшонидани либоси  «исломӣ» ба тани ифротгароӣ ва терроризм мебошанд. Ҷойи таассуф аст, ки иддае аз расонаҳо низ ба таври айнӣ назари расонаҳои  байналмиллалиро, ки тобеи марказҳои мушаххас мебошанд, такрор карда, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» мехонанд. Дар асл ин созмону ҷараёнҳо ҳамин ҳадафро доранд, ки онҳоро «исломӣ» шиносанд, то барои ҷаҳониён тасаввури ба истилоҳ «баробарӣ ва ғайримуосир» будани ин дин собит шавад.  Бинобарин дар ин масъала бояд бо ҳушёрӣ пеш равем, то худро гирифтори бозиҳои қудратҳо накунем.

Пас, бояд меъёри аслии шинохти мо аз ҳар гуна хатару таҳдид манфиатҳои асили миллӣ, динӣ ва фарҳангамон бошад Дар заминаи шинохти манофеи миллиамон бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълии байналмиллалӣ бояд корҳо дар сатҳи сохторҳои  давлатӣ, донишгоҳҳо, расонаҳо ва  ба сурати барномавӣ пайгирӣ шаванд.  Яке аз вазифаҳои муҳими марбут ба расонаҳо  фароҳам кардани муҳити дарку шинохти саҳеҳ аз манфиатҳои миллӣ тавассути худи рузноманигорон мебошад Вақте дар Тоҷикистон иттифоқ афтад, бархе аз мо ба ҷойи муроҷиат кардан ба ниҳодҳо ва коршиносони худӣ  ба таҳлилгарони кишварҳое рӯй меоваранд, ки масъаларо бо таваҷҷӯҳ ба манфиатҳои миллии худашон тафсир мекунанд.

Дар масъалаи ифротгароӣ ва терроризм низ тайи даҳсолаҳои ахир  шоҳиди ба кор гирифта шудани стандартҳои дугона ҳастем. Қудратҳо аз падидаҳои ифротгароӣ ва терроризм  ба манзури фишор ба рақибони геополитикиашон истифода мекунанд. Ҳатто ин масъала баҳонаи ҳузури низомии онҳо дар минтақаҳои ҳасоси геополитикӣ ва дорои захираҳои саршори энержиро фароҳам кардааст. Ҳарҷу марҷи чанд соли ахир дар Ховари Миёна ва Африкои шимолӣ  ба таври мустақим бо ин масъала иртибот дорад. Дар Сурия ва Ироқ шоҳиди онем, ки аз як тараф гурӯҳҳои террористӣ (монанди Давлати исломӣ)  мавриди ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор мегиранд ва аз тарафи дигар ба инҳо силоҳу муҳиммот  вогузор мешавад.

Бархурди дугона ва истифодаи абзори ин падидаи шуму хатарнок аст, ки масъалаи «мубориза бо терроризм» камарзишу беэътимод мондааст. Худи ин шеваи носолим ангезаи ҷалби бархе  ва махсусан ҷавононро ба гурӯҳҳои террористӣ фароҳам намудааст. Бинобарин бояд, бояд дар канори иқдомоти қудратӣ инчунин маҷмӯйи аз чораҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ қарор дода шавад, то натиҷаи матлуб ба даст ояд.

Ҷалби ҷавонони чӣ тоҷик ва чӣ  кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд, равандест, ки аз солҳои пеш оғоз шудааст. Барои ба ин кор сармоя (ҳам аз тариқи хадамоти махсуси кишварҳои марбута ва аз ҳам аз тариқи иқдомогти ҷиноӣ, монанди кочоқи  маводи мухаддир) ва гурӯҳҳои махсусе, ки  дар манотиқи гуногуни ин кишвар фаъолият анҷом медиҳанд. Намояндагони созмонҳои террористи муҳоҷирони кории Осиёи Марказиро ба чандин гурӯҳ тақсим мекунанд

Гуруҳи аввал иборат аз афроде мебошад, ки нисбати мутаддайин буда, таҳти таъсири таблиғоти «ҷиҳодӣ» омодаи саҳм гирифтан дар мубориза алайҳи  «куфор»  дар ҳар нуқтае аз дунё мебошанд, ки барои ин ҳадафи «муқаддас» пулу сармоя ҳам намехоҳанд. Гурӯҳи дуввумро бештар ниёз ба пул ва беҳбуди шароити иқтисодӣ дар ин масир қарор медиҳад.

Иддае аз ҷавонони муҳоҷири корӣ ба сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб ба дунболи ислоҳи вазъи худ мегарданд, ки пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» онҳоро фирефта мекунанд.

Аммо онҳое, ки ба ҷалби ҷавонони Осиёи Марказӣ барои ширкат дар «ҷиҳод» машғуланд, ҳамагӣ хориҷиву бегона нестанд.  Барои ба даст овардани эътимоди қурбониёни билқувва ҳамеша кумаку ҳамкории афроде лозим аст, ки аз худи муҳоҷирони корӣ бошанд. Ин афрод маъмулан аз сатҳи нисбатан лозими донишҳои динӣ ва шеваҳои таъсиргузории равонӣ бархӯрдор буда, қодир ба додани посухҳои  итминонбахш ба пурсишҳо ва шубҳаҳои ҷавонон мебошанд.  Ин кор ҳам ба сурти мустақим (сӯҳбату гуфтугӯ, вогузории адабиёту маводи  марбутаи савтиву дидорӣ ва ғайра)  ва ҳам  аз тариқи фазои маҷозӣ ва ё худ интернет амалӣ мегардад.

Намояндагони гурӯҳҳои ифротиву террористӣ  беш аз ниҳоди расмиву ҷамъиятии кишварҳои минтақа бо муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия сару кор дошта, онҳоро  ба доми макри худ мекашанд, ки  дар оянда барои суботу амнияти  ин кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод хоҳад кард. Ҳамин ҳоло ҳам аломатҳои тадриҷии  ин таҳдид ба мушоҳида мерасад. Бинобарин дар назар гирифтани барномаи ҷомеаи миллӣ (бо ҳузури фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ,  рӯҳонияти бонуфуз, шахсиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва  ғайра) метавон ба коҳиши таъсири манфии ин падида даст ёфт.

Рӯ овардани баъзе аз ҷавонон чӣ тоҷик ва чӣ дигар кишварҳои минтақа ба гурӯҳу ҷараёнҳои ифротӣ далелу сабабҳои худро дорад. Баъзе ин  сабабҳо дохилӣ ва баъзе ҳам хориҷист. Дар робита ба сабабҳои дохилӣ метавон ба бархе мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ишора кард.  Албатта, ин мушкилот ба зоти худ наметавонанд боиси ифротӣ шудани ҷавонон гарданд, аммо бо вуҷуди ин, ба эҷоди ангеза кумак мекунанд, ки аз он гурӯҳхову ҷараёнҳои ифротӣ истифода менамоянд.

Сабабҳои хориҷӣ ба сурати мустақим ба манфиатҳои бозигарони фароминтақавӣ бармегарданд, ки мутаассифона, таи даҳсолаҳои ахир дар рақобатҳои геополитики худ аз гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳатто терррористӣ ҳамчун абзори нуфуз баҳрабардорӣ ба амал меоранд.

Таҷрибаи даргириҳои Қафқози Шимолӣ, Афғонистон, Ховари наздику Миёна  ва ба хусус, Сурия ва Ироқ ин воқеиятро тасдиқ мекунад.

Алабтта, бо вуҷуди он, ки дар беш аз ду даҳаи пеш ба Тоҷикистон ҷангу даргириҳои дохилӣ таҳмил шуд, роҳбарияти кишвари мо таҷрибаи бисёр арзишманди таомулу тасомуҳро андӯхт, ки мусолиҳаи миллӣ ва сулҳу суботро ба бор овард. Дар он марҳала фазои ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталиф ва  меъёр қарор додани арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ имкони нуфузу таъсири идеологии созмонҳову ҷараёнҳои ифротиро ғайриимкон карда буд.  Дар марҳилаи баъди шароити геолполитикии минтақа ба далели шиддат гирифтани рақобати қудратҳо тағйир кард ва хатари ифротгароӣ домани ҳама кишварҳои Осиёи Марказиро гирифт.

Дар чунин шароит ҳифзи фазои таомулу тасомуҳ барои Тоҷикистон бисёр муҳим буду ҳаст. Зеро бо ҳамкории муҳимтарин асотири иҷтимоӣ метавон раванди рушди диниро натанҳо назорат кард, балки дар масири саҳеҳ низ қарор дорад. Дар ин росто ҳамкории фаъолона ва огоҳона  бо руҳоният (бидуни тақисими онҳо ба расмиву ғайрирасмӣ) дар ҳифзи фазои матлуби динии кишвар бисёр муҳим мебошад. Лозим аст, ки меъёри аслӣ шинохти манфиатҳои миллӣ, риояи қонун ва ҳифзи мазҳаби таърихии мардуми Тоҷикистон бошад.

Дунбол шудани масоил дар чунин чорчӯб, ки комилан дохиливу миллист, баҳонаро аз дасти идеологияи таҳмиливу бегона гирифта, имкони мудохилаи онро ба ҳадди ақал хоҳанд расонд.

 

И. Инъомов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

Боиси ташвиш аст, ки риштаҳои терорризму экстремизм дар кишвари мо тавассути аъзо ва пайравони ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон паҳн мешавад. Мисоли барҷастаи он аз ҷониби  кормандони амнияти кишвар дастгирӣ шудани чанде аз размандагони ин ҳизб мебошад, ки дирӯз тавассути телевизон “асрори шӯриш” кушода шуд. 

Имрӯз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ, новобаста аз чунин амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурӯҳҳо рӯ ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд. Имрӯз падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурӯҳ ҷавонон ба мо маълуманд. Аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки ҷавононро  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, барои тайёр кардан ҳамчун террорист ба мамлакатҳои хориҷа сафарбар намудаанд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон ва ғайра, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯтӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳид шуда, бо зиракӣ ва ҳушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд.

 Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳама гуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи маро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурӯҳи ифротгаре иродаи худро зӯран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намоянд.

 

Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста саъю талош меварзад. Баргузории конференсияи сатҳи байналмилалӣ, ки моҳи майи соли равони дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бозгӯи гуфтаҳои болоист.  

Мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои  иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои бай­нидавлатӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро  танзим  менамояд, ба­рои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терро­ризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии  муқовимат анҷом дода шавад.

 Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои бай­налмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш  анҷом дода шаванд. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстре­мизми (ифротгароӣ) байнал­милалиро таъсис дод, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маво­ди тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.

Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар  асри XXI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст  ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш  гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солимӣ ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияви маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Новобаста аз ин ҳастанд гурӯҳҳое, ки мехоҳанд аз берун истода ба амнияти мо халал ворид созанд. Аз ҷумла ҳизби ифротгарову террористии наҳзати исломӣ аз қабили ин гурӯҳҳо мебошад, ки имрӯз ба номи муқаддаси дини мубини ислом иснод меоранд.  Вокунишу изҳоротҳои бардурӯғи онҳо қисме аз аъзои ҷомеро ба худ гумроҳона моил мекунад, аммо воқеияти ҳол он аст, ки онҳо бо ҷорӣ сохтани «идеяҳои созанда»-и худ як кишвари хилофат барпо карданианд, ки ҷомеа онро хуш надорад.

Моро мебояд, ки бар зидди ин гуна ҳаракату мафкураҳо муборизаи беамон барем.

 

Ҳодисаҳои даҳсолаҳои охир шоҳид аст, ки терроризм дар асл таҳдиди воқеӣ ба тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Муаммои реалӣ ва душвори даҳсолаҳои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1, ки дар як қатор мамлакатҳои дунё рўй додааст, амали ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ  мебошад.

Террор яъне ситам ва ҷазои ҷисмонӣ, амали бераҳмона, ҷабру фишор, нобуд ва зўроварӣ барои  мағлуб кардани мухолифони сиёсӣ кор фармуда мешавад. Вале мутаассифона имруз ин амали носавобу ношоиста нисбати мардуми бегуноҳ, кўдакони маъсум, пирони барно нигаронида шудааст, ки боиси ташвиши ҷаҳониён гардидааст.

Террорист Ватан, миллат ва  дин надорад. Террористон ниятҳои разилонаи худро бо рехтани хуни мардуми бегуноҳ чи дар Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, чӣ Либияву Миср бо мақсади тарсондани аҳли башар амалӣ намуда истодаанд,  вале инсоният ҳеҷ гоҳ аз ин гуна амалиётҳои ваҳшиёна  ба ҳарос намеафтад, балки чунин рафторҳои ғайриинсонӣ сабаби боз хам муттаҳид шудани аҳли башар зидди қатлу куштор, муборизаи дастҷамъонаи мардуми инсонпарвар зидди чунин падида мегардад.

Имрўз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ, новобаста аз чунин амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурўҳҳо рў ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд. Имрўз падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурўҳ ҷавонон ба мо маълуманд. Аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки ҷавононро  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, барои тайёр кардан ҳамчун террорист ба мамлакатҳои хориҷа сафарбар намудаанд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурўши инсон ва ғайра, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўтӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳидшуда, бо зиракӣ ва хушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд.

 Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳамагуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи маро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурўҳи ифротгаре иродаи худро зўран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намоянд.

Тайи чанд сол аст, ки вокунишҳое нишонрас перомуни яке аз масъалаҳои глобалӣ – тероризм сурат гирифта истодааст ва маҳкум шудани ин вабои аср аз ҷониби қишрҳои ҷомеа далолат ба он мекунад, ки инсоният дар оғози асри навин, ки онро асри технология унвон намудаанд, ба мушкилии зеҳнӣ ва маънавӣ дучор гардидааст. Вусъати афкори ғайриинсонӣ дар зери ниқоби ислом ва ташкил кардани давлати исломӣ муҷиби пайдо шудани муборизаҳои ақидатӣ дар минтақа ва ҷаҳон гардидааст. Талошҳо ва амалиётҳои ваҳшатбори созмонҳои ифротиву терористии қаламрави Сурия ва Ироқ  боиси зарбаҳои нерўҳои зиддитерористии давлатҳои дигар дар хоки ин ду сарзамини мусалмоннишини курраи Осиё гардидааст ва ин бори дигар боиси сурат гирифтани муқобилиятҳои низомӣ дар ин самт шудааст, ки як андоза ба истиқрору истиқлолияти давлатии кишварҳои ҳамсояи ҳаммарзи мусалмоннишинашон хатар эҷод менамояд.

Ҳодисаҳои ваҳшиёнае, ки гурўҳҳои терористии бо ном давлати исломӣ дар хоки кишвари Сурияву Ироқ, Тунис  Яман Нигерия ташкил намуданд, дар баробари талафот ёфтани ҳазорҳо шаҳрвандони ин давлатҳо аксар осорхонаҳои муҳиму таърихӣ вайрону валангор гардиданд.

Ташкил намудани чунин амалҳои хунину нанговарро аксари саркардаҳои ин гурўҳҳо истиқбол намуда, ҷангиёни ҳалокшудаашонро ба унвони «шаҳид»-у муборизи роҳи ислом меситоянд ва бо ин амал дини мубини исломро дар чашми мардумони олам ҳамчун дини реаксионӣ ҷилва медиҳанд.

Дар замони муосир бояд таъкид намуд, ки сафи низомиёну ҷангиёни гурўҳҳои терористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод афзуда истодааст ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми эшон қурбон намуда истодаанд.

Гурўҳҳои терористӣ аз ҳаракатҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳму тарсро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои амалӣ намудани ҳадафҳояшон муҳайё карда истодаанд ва бояд таъкид намуд, ки ҳадафе, ки дар пайяш ғаризаҳои ғайриинсонӣ истодааст, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Зеро дар ҳастии башарият ва зиндагии воқеии инсонӣ ахлоқ аз ҳама чизи муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин маврид метавон ишораҳоеро аз китоби муқаддси «Қуръон» ба даст овард. Ҳамин хусусиятро ба назар гирифта «Қуръон»-ро конуни ахлоқ унвон намудаанд. Аз ин ҷиҳат, амалҳои чунин гурўҳҳо аз доираи одоби қуръонӣ берун буда, танҳо барои роҳандозии нақшаву барномаҳои теъдоди маҳдуди дастаҳои ҷинояткор нигаронида шудааст.

Бинобар ин мо ҳодисаҳои даҳшатбори терористии чунин гурўҳҳоро маҳкум намуда, аз ҷавонон хоҳиш ба амал меоварем, ки нисбати ҳамин гуна амалҳо бетараф набошанд ва кўшиш намоянд, ки пешқадами ҷомеа дар ҷодаи нигоҳ доштани ахлоқу одоб ва ба даст овардани ҳушёриву зирракии сиёсӣ бошанд.