Солҳои охир дар дунё ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором карда ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Имрӯзҳо  гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигаронии кишварҳои олам гардида истодаанд. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср метавонад дар як лаҳза одамро ба маргу куштору ва корҳои ҷинояти оварда расонад.

Воқеан, дар шароити имрӯзаи Шарқи Миёна ва ҷумҳуриҳои пасошӯравию Осиёи Марказӣ ҷунбишҳои ифротгароёнаи ба ном исломӣ яке аз фитнаҳои хатарнок дар арсаи сиёсии ин минтақаҳо маҳсуб мегардад. Дар шароити муосир имрӯза гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест. Ан ин хотир ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок бахсус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад.

Ҷавонони моро мебояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории дӯстиву тифоқӣ, ваҳдату ҳамдилӣ саъй варзанд.

 

 

 

Асри 21 дар баробари рушди илму техника, ҳамчунин барои амнияти ҷомеа хатарҳои зиёде ба бор овард. Зеро барои гурӯҳҳои алоҳида, ки ҳадафшон ноором кардани ҷомеа мебошад, интернет воситаи зуд паҳн намудани  иттилоот гардидааст. Агар дар соли 2004 дар ҷаҳон ҳамагӣ 12 сомонаҳои террористиву эктремистӣ мавҷуд бошанд, пас соли 2011 ин рақам ба 4200 сомона расида, айни ҳол теъдоди ин гуна сомонаҳои манфиатҷӯ ба 10 ҳазор адад расидааст.

Маврид ба зикр аст, ки   оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амал дар соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин амалиёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар ӯҳда гирифт ва дар амал нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷиҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти «Алқоида» маҳсуб аст. Маҳз террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Аз назарсанҷиҳои маркази татқиқотии Ренд бармеояд, ки аз соли 1982 то кунун дар ҷаҳон наздик 1000 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 10000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Агар мо ба хусусияти амалҳои террористӣ назар андозем, мебинем, ки нафарони бо худкушӣ терроркунанда барои коштани тухми тарс дар ҷомеа ба ин кор даст мезананд ва нияташон на ҳамеша нобуд кардани симои мушаххас аст.  Аз ин xост, ки аксаран мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Дар сари аз кадом табақаи ҷомеа будани террористи худкуш коршиносон ба чунин хулоса омадаанд:

Агар дар солҳои 1980-1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷарҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилотҳои экстремистиро гирифта бошанд, пас дар ҳазораи сеюм сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди ғоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз дар ҳамин замина террористони Ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Дар масъалаи чӣ будани терроризм профессори Донишгоҳи Колумбия Ричард Беттс изҳори назар карда, мӯътақид аст, ки терроризм аз аслиҳаи нафарони заиф ва камирода мебошад. Зеро онҳо бо рақибони худ рӯбарӯ бо яроқи оддӣ мубориза бурда наметавонанд. Барои ин иродаву имонашон намерасад.

Яъне, метавон хулоса кард, ки терроризм стратегия ва тактикаи мубориза мебошад. Аз он истифода намудани ташкилотҳои фоҷеаовар ҷой дорад. Барои ҳамин ҳам пеш аз ҳама барои истифода нашудан аз ин тактика чорае бояд андешид. Ин чора муборизаи дастҷамъона алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва характери террористидошта мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиёти муташаккилона як қатор давлатҳои ҷаҳон имрӯз тавонистанд, ки «майдон»-ро барои гурӯҳҳои ҷангҷӯй танг намоянд. Барои робита ва муттаҳидшавии ин гурӯҳҳо роҳ надиҳанд.

Мутаассифона, солҳои охир бо ҷурми ноогоҳӣ ва гумроҳӣ наздики 300 нафар ҷавонони вилоят ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ворид шуда, ҷони ҷавони худро ба хатар гузоштаанд. Бадбахтиаш он аст, ки аксаран тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд ва бо худ зану шавҳрашонро низ мебаранд. Як амали сабукбор боиси бадбахтии оила, пайвандон ва ниҳоят миллату давлат мегардад. Шумоён зиёд наворҳоеро дидаед, ки ҷавонони мо аз ин роҳи интихобкардаи худ пушаймонанд ва як каф хоки Ватанро беҳтар аз симу зари  ваъдагии хоҷагон донистанд.

Аз донишҷӯён, ки аксаран огоҳии комили сиёсӣ доранд, даъват ба амал меорем, ки такягоҳи асосии давлату миллат гардида, ҳамсафони худро, ки дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаанд, аз оқибатҳои нанговари ин амал огоҳ созанд. Баръакс бо баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ бояд мо ташвиқи тарзи ҳаёти солимро пеш барем. Он гоҳ фардои ин миллат дурахшон хоҳад буд.

Аминем, ки дар ояндаи наздик ин гуна ташкилотҳо аз беху бун нест карда хоҳанд шуд ва дурахши офтоби сулҳу амният саросари ҷаҳонро нурпошӣ хоҳад кард.

Одилхӯҷа Солив, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Солҳои охир аз хориҷи кишвар бар зидди мамлакати мо бадхоҳон, мухолифин ва ифротгарони гурӯҳҳои мухталиф, алалхусус ҲНИ тарғиботро пурқувват менамоянд. Зеро ки мухолифин бо ҳамин фаъолияти зиддидавлатии худ нишон доданианд, ки кор мекунанд ва фаъоланд. Бо чунин муносибат аз ҳомиёни худ барои зиндагӣ ва иғвогариҳои навбатӣ маблағ рӯёнида, маишати худро таъмин намуданианд. Ҳар як маълумоти бардурӯғ ва танқиди зиндагии тоҷикистониён аз тарафи ҳомиёни хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад. Аз ин лиҳоз, мухолифин бар он мекӯшанд, ки бо ҳар роҳу восита мақола ё вокунише таълиф намуда, ҳаёти осоиштаи кишварамонро ноором карда, танқид кунанд ва камбудии ночизе ҳам бошад, онро бо дабдаба ва муболиға ба норасоии гӯшношуниде табдил намоянд. Сабаби пурқувват шудани таблиғоти мухолифин бар зидди Тоҷикистон  дар чист? Сиёсати пешгирифтаи хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар борҳо дурандешӣ ва бохирадии муносибати бурунмарзиро нишон дод. Аз ҳамин лиҳоз, обрӯву мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон торафт афзуда истодааст. Сарварони бисёр далатҳои дунё ташаббус  ва пешниҳодҳои хирадмандонаи Пешвои миллатамонро мудом эътироф ва қадр менамоянд. Зеро онҳо ҳамеша барои манфиат ва пешрафти тамоми мардуми ҷаҳон равона карда шудаанд. Баробари ин зиндагии тоҷикистониён маротибҳо беҳтар ва ободтар шуда истодааст. Чанде пеш ба вилояти Суғд меҳмонон аз водии Фарғонаи Ӯзбекистон ташриф оварда буданд. Онҳо бо ҳаёти вилоят шинос шуда, бо ихлос, ҳайрат ва хурсандӣ оид ба зебогӣ, шукуфоӣ ва рушди вилояти ҳамсоя суханҳои самимӣ ва воқеӣ баён намуданд. Меҳмонон аз он ба ҳайрат омаданд, ки мардуми тоҷик бо Сарвари оқилу дурандеш дар як муддати кӯтоҳ тавонист ба як кишвари ободу пешрафтаи ҷаҳон  мубаддал гардад. Ана ҳамин рушди босуръати кишварамон бадхоҳон, душманон ва мухолифонро ба ташвиш овардааст, аз ҳамин сабаб танҳо камбудӣ ва норасоии ҶТ мекобанд ва «аз пашша фил сохта» ба тамоми ҷаҳон ҷор мезананд, ки зиндагии тоҷикон бад аст.

Бо вуҷуди он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандии харобоварро аз сар гузаронид ва мисли дигар давлатҳо дучори буҳрони шаддиди иқтисодӣ гардид, вале мардуми меҳнатдӯст ва пуртоқати он ҳама душвориҳоро паси сар карда, бо қадамҳои устувор ба сӯйи ояндаи дурахшон пеш меравад. Ана ҳамин рушди босуръат ва бебозгашт бадхоҳон ва мухолифини тоҷиконро ба ташвиш ва изтироб меоварад. Зеро ки мақсади асосӣ аз он иборат аст, ки онҳо  бояд ба ҳомиёни хориҷии худ нишон диҳанд, ки бе иштирок ва дахолати онҳо ба ҳаёти кишвар Тоҷикистон имконияти пешрафтанро надорад. Ва танҳо мухолифин метавонанд давлати демократӣ, обод ва тараққикардаро ташкил намоянд. Мардуми тоҷик  ҳамин гуна сафсата ва суханбозиҳои бардурӯғи мухолифинро пештар борҳо шунида буданд ва оқибати фалокатбори онро чашидаанд. Аз ин рӯ, тоҷикистониён сиёҳро аз сафед ва бадро аз хуб дуруст фарқ карда метавонанд бо вазъи сиёсии ҷаҳонӣ ба хуби балад ҳастанд ва намемонанд, ки ҳам бадхоҳони дохилӣ  ва ҳам душманони хориҷӣ онҳоро гумроҳ намоянд ва ба нооромӣ ва душвориҳои нав дучор намоянд. Дигар даъвои беасоси мухолифин ва душманони кишвар дар он аст, ки гӯё зиндагии мардуми тоҷик қашшоқтарин ва бадтарин дар ҷаҳон мебошад. Аввалан, то ҳол ягон тоҷик аз гуруснагӣ ва қашшоқӣ, вафот накардааст, вале чунин шароити вазнину ногувор мардуми даҳҳо далатҳои Африқо ва Осиёро фаро гирифтааст. Дигар ин ки бо сабаби беҳтар шудани зиндагии мардуми Тоҷикистон Созмоноҳо ва ташкилоти байналхалқӣ кайҳо кӯмаки моддӣ, алалхусус озуқавориро ба кишвар бас кардаанд. Ниҳоят, мо худ шоҳиди бевоситаи рӯз аз рӯз беҳтар шудани некуаҳволи мардуми тоҷик ҳастем, аз ҷумла биноҳои барҳавову зебо, мошинҳои бешумор, бозору мағозаҳои фаровон, маърака, ҷашну чорабиниҳои бошукӯҳ, таълимгоҳҳо ва беморхонаҳои нави муҷаҳҳаз, роҳҳои обод, корхонаҳои нави муосир ва ғайраву ҳоказо ҳама аз беҳбудии мардуми сарбаланду меҳнатдӯсти тоҷик дарак медиҳанд.      

 

    З. Раҳмонов, устоди ДПДТТ ба номи М.Осимӣ

Аз азал тоҷикон бо фарҳангу маданияти баланди худ миёни дигар миллату қавмҳо ба куллӣ фарқ мекарданд. Зеро аксаран аз осори гаронмояи соҳибхирадон бархӯрдор будану онро дар зиндагӣ шиори худ қарор медоданд.

Аммо дар баробари истиқлолият ба даст овардани кишварамон иддае ба ном «равшанфикрон», ки шояд аз кӯчаи дину диёнат умуман нагузашта бошанд, таълимоти кӯр-кӯронаи диниро як рукни шинохти миллат дониста, ба хотири олуда сохтани мафкураи шаҳрвандон, хосса, ҷавонон бо кушодани мактабҳои алоҳидаи динӣ камар бубастанд. Чун нафарони зиёдеро пойбанди таассуб гузоштанд, онҳоро талқин мекарданд, ки ба хотири баровардани саводи динии худ рӯй ба мадрасаҳои динии кишварҳои Урдун, Покистон, Афғонистон, Эрон Сурияву Ироқ оваранд.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, аксари ҷавононе, ки дар давлатҳои Ховари Миёна  таълимоти ғайрирасмии динӣ гирифтанд, баъзеашон гумроҳона ва нафарони дигар ба таври иҷборӣ аз ҷониби эмиссарҳои ташкилотҳои террористӣ ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил мешаванд.  Онҳоро чун «фидоиёни роҳи Ислом» дар марказҳои таълимии ҳарбӣ омӯзонида, баъдан ба амалиётҳои ҷангӣ мефиристоданд. Ҳар якеи онҳо вақте ба сафҳои ташкилотҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-Нусра» ва ғайра дохил мешаванд, қасам мехӯранд, ки дар роҳи расидан ба ҳадафу мақсад ҷонашонро фидо мекунанд. Аз рӯи таълимоти динии ин гурӯҳҳо гӯё нафароне, ки дар роҳи ислом ҷиҳод мекунанд, ҷояшон «ҷаннат» аст. Аммо касе аз ин саркардагон ҷасорат намуда, намегӯянд, ки «магар рехтани хуни бегуноҳ, ки аксаран мусулмонанд» гуноҳи азим дар назди Худованд нест? Охир ҷаннатиён онҳое, ҳастанд, ки мувофиқи оятҳои қуръонӣ дар зиндагӣ касеро озор надода бошанд, хоксориву фурӯтаниро шеваи худ донанд. Пас маълум мешавад, ки онҳо дар роҳи ҳақ нестанд.

Зиёд мисолҳоеро овардан мумкин аст, ки ҷавонони мо ба хотири баланд бардоштани дониши худ ба хориҷи кишвар рафта, ҳурмату падару модар, арзиши Ватану ватандориро пушти по мезананд. Волидон то лаҳзаи охирин умед ба он мебанданд, ки ҷигарбандашон рӯзе аз кардаи худ пушаймон шуда, бармегардад. Аммо мутаассифона он вақт дер хоҳад шуд.  

Дар ин росто тасмимгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар шоистаи зикр аст.  Вазорати корҳои хориҷӣ бо истифода аз имкониятҳои консулигариҳои худ дар хориҷи кишвар ба баргардондани шаҳрвандони мо мунтазам мусоидат намуда, дар як вақт ҷиҳати мушаххас намудани рӯйхати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ғайрирасмӣ дар давлатҳои хориҷӣ ба таълимоти динӣ фаро гирифта шудаанд, корҳои зиёдеро анҷом додааст. Маҳз баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо аз соли 2010 то инҷониб бо кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои таълимии динии ғайрирасмии давлатҳои хориҷӣ зиёда аз се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баргардонда, ба кору таҳсил фаро гирифта шуданд. Муҳимаш он, ки давлат ва ҳукумат барои онҳо имтиёзҳо медиҳанд, то дониш омӯзанду зиндагиашонро пеш баранд.

Вақте ин мавод иншо мешуд, ба хотирам суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар омад.  Он кас қайд карда буданд, ки имрӯз дар ҷомеа эҳтиром нисбати муллоҳо афзудааст, аммо қадру манзалати оне, ки умре пайи таълиму тарбияи фарзандон аст, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Воқеан ҳам, ин гуфтаҳои Сарвари давлат ҷон дорад. Мо ҷойе, ки барои фарзандонамон шароити дурусти таълимӣ фароҳам оварем, бо баргузории ҳар гуна чорабиниҳои серхарҷ, ки воқеан ҳам садрнишини он домуллоҳо ҳастанд, вақти қиммату даромади худро сарф месозем. Бехабар аз онем, ки ҳар гуна ангезаҳои нодурусти сиёсӣ, даъватҳои бемавқеъ метавонад фалокатеро ба сари мо биёрад.

Ба мо воқеаҳои солҳои навадум бояд ибрат бошад. Ангезаҳои ба ном «исломпарастӣ» дар кишвари мо аз давраи бозсозӣ оғоз ёфта, самараи таассубу «исломгароиро» мо дар пӯсту устухони худ санҷидем. Ҳазорон ҳазор ҷавонон хуни ноҳақ рехтанд. Зеро гумроҳӣ, надоштани дониши динӣ ва сиёсӣ моро ба чунин ҳол овард.

Окибати ин амалҳоро мо ба доми фиреб ва найранги хоҷагони гирифтор шудану аз зиндагии ширин, аз диёри зебо, аз миллати нозанини хеш ношукрӣ карда, ба ҳизбҳои характери экстремистӣ-динӣ дошта ворид шуда, ҳатто ба Сурияю Ироқу Афғонистон рафтани ҷавононамонро дида истодаем. Бояд мо бештару беҳтар ба қадри суботи сиёсӣ, истиқлолияти ба ҷон баробари кишвар, ба ваҳдати миллии хеш расему онҳоро ҳамчун гавҳараки чашмонамон эҳтиёт ва муҳофизат намоем.

 Дар ҳоле, ки кишварҳои мутараққии ҷаҳон аз фатҳи койиноту, ихтироъкорӣ ҳарф занад, мо пойбани хурофотпарастӣ ҳастем. Бояд ҳар як шаҳрванд, хосса зиёиён рӯшанфикрон ҷавононро дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ бояд тарбия намоянд. Аз қаҳрамониву бебокии падарону бобоёни мо дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бояд нақл кард. Онҳо барои Ватан, Модар, марзу буми худ ҷангиданд. Ҳоло чи давлати Ироқу Шом, ки аз мо ҳазорҳо километр дур аст, майдони «ҷасорати тоҷикбаччагон» гаштааст. Охир Ватани мо Тоҷикистон аст. Ба ҷои чунин «бебокиҳо» мо аз технологияи пешрафта бояд огаҳ бошем, сатҳи забондонии худро боло бардорем, дастовардҳои варзиширо афзун намоем, насли наврасро дар руҳияи дӯст доштани обу хоки Ватан тарбия намоем. Зеро дӯст доштани Ватан як рукни имон аст. Имон ба Ватан, имон ба ин сарзамини биҳиштосо, ки номаш Тоҷикистон аст.    

 Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

Дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон расонанд.

Ин ҳаракатҳо ҳамагӣ як даъво ҳимоя аз манифатҳои ислом дошта, аммо то ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки чаро мусалмонон аз дасти нафарони тунгарои ин гурӯҳҳо ҳалок мешаванд. Агар ҷомеа бар зидди тунгароӣ дар ҷамъият коре карда натавонад, пас амнияту осоиштагии башарият барқарор гаштанаш мушкил аст.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон”- и азимушшанъ омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш абадуддаҳр дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар. Инсонро гӯсфандвор сар гирифтан магар аз “мусулмони асил” будани мо шаҳодат медиҳад, албатта на.

Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест.

Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Зеро ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад.

Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири садаи ХХ ба даргириҳои ҳалокатбор ва ҷанги бемаънии бародаркушӣ, ки асосу мақсади ин аъмол ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буд, рўбарў гардид. Оқибати ҷанги шаҳрвандӣ боиси марги ҳазорон одами бегуноҳ, муҳоҷирати бешумори сокинони осоиштаи Ватан, харобию хонаю манзилҳо, фалаҷ гардидани саноату истеҳсолот ва маҷмўан сабаби паҳн гардидани  бўҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ шуд. Ба василаи маводи матбуоти даврӣ, мақолаю хотираҳо, китобҳо, ёддоштҳо, сабтҳои радиоию телевизионӣ мардуми тоҷик дарёфт, ки дар саргаҳи оташ афрўхтани низоъу кашмакашҳои дохилӣ кадом нерўҳо қарор доранд. Бо гузашти вақт мо дарёфтему фаҳмидем, ки ҳама гуна ҳодисаҳои нохуши солҳои 90-ум дар Тоҷикистон рухдода бо дастури хоҷагони хориҷӣ ва дастандаркорони ватанӣ сурат гирифтааст.

Бо вуҷуди далелҳои беҳисоб ва шинохти шахсиятҳое, ки воқеан дар харобии сарзамини аҷдодӣ даст доштанд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имзои якчанд қонуни афв муҷримону гунаҳкорони ҳаводиси сиёсиро бахшиданд. Баъди талошу музокироти батакрор сулҳи деринтизор насиби халқу миллати мо ва тамоми сокинони мамлакат гардид. Давлату ҳукумат барои ҳар нафари сиёсии дар ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта сарзада имконоту шароити ягонаро чун дигар шахсон фароҳам овард. Баъди оромию сулҳу субот бозингарони сиёсӣ ба Ватан баргашта, аз ҷомеаи озоди шаҳрвандии кишвар истифода бурда, бо ташкили ҳизб, рўзнома, маҷалла, сомона ва садҳо тақвиму варақаҳои пурнақшу нигор кори таблиғотиро бо усули мухталиф ба роҳ монданд. Ҳарчанд аксари онҳо соҳиби корхонаю муассисаҳои хусусӣ ва машғулиятҳои озоди соҳибкорию тиҷоратӣ буданд, ва ба қавле, дар шурўъу идомаи ҳамаи кори барояшон судманд озод буданд, ё вазифаҳои баландмақоми давлатиро ба уҳда доштанд, аз рўзгору таърихи начандони дур ибрат нагирифтанд. Маълум шуд, ки роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳаммаслакони онҳо пайи шикастани пояҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тасмимҳо гирифта, дар дунболи табаддулоти сиёсӣ мебошанд. Ин буд, ки ин шахсиятҳои дар ҳақиқат барои таъмину пойдории мафҳумҳои муқаддаси Сулҳу Ваҳдат хавфнок аз камингоҳ берун омаданд ва чеҳраи аслии худро дар шакли табаддулоти сиёсӣ зоҳир карданд. Маҳз ҳамин кирдори сарварони ин ҳизби ифротии сиёсӣ боиси марги шахсони бегуноҳ, бахусус марги кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардид. Роҳбарият ва таблиғгарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар хориҷ аз зодгоҳ ин аъмоли ноҷавонмардонаро назорату раҳнамоӣ карданд. Чи хеле ки дар урфият мегўянд «хас каму ҷаҳон пок». Дар фурсати кўтоҳ пайи ин тахрибкорон аз хоки поки Ватан рўфта шуд, вале сад афсўс, ки ин ҷамъи фирефта берун аз кишвар, дар долону толорҳо ва ҷойҳое, ки дар мамлакатҳои Аврупо чорабиниҳои сиёсӣ баргузор мешаванд, сўи ҳамватанону ҳаммилатони худ санги маломат меафкананд.

Бояд ёдовар шуд, ки имрўз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақсадҳои нопоку ғаразноки «муҳоҷирони сиёсӣ» огоҳ аст. Ин тоифа чашми бози дидани пешравиҳои сарзамини хешро надоранд ва дар кишварҳои хориҷӣ ба ҷойи баланд бардоштани парчами Ватан, ифтихормандию сарфарозӣ аз Сулҳу Ваҳдат ба туҳматноманависию дурўғу фиреб машғуланд. Тоҷикон халқи соҳибтамаддун ва дурандешанд. Ҳар яки мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузорем, ки фарзандони раҳгумкарда боз тири кину адоват ҷониби бародару хоҳари худ кашанд. Мо фиребхўрдагони солҳои 90-уми асри ХХ нестем ва барои мо Сулҳу Ваҳдат, якпорчагӣ, ҳамдилӣ, ҳамраъйӣ ва бахту саодати якдигар волотарин гавҳарест, ки сарнавишт насибамон сохтааст.

Ғуфрон Рустамов, донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Тарафдорони гурўҳҳои экстремистӣ, алахусус ДИИШ, андешаҳои бофтаи салафиро шиори худ намуда, ҳатто ба таври ошкоро нақшаи вайрон кардани шаҳри Макка ва мушаххасан Каъбаро тарҳрезӣ мекунанд. Зери ниқоби ҷиҳоди исломӣ ҳамарўза ҳазорҳо одамони бегуноҳро ба қатл мерасонанд. Ҳатто ба куштори кўдакон, занҳо ва пиронсолон даст мезананд. Аз расонаҳои хабарии Интернет ба таври намоишкорона қатл намудани асирон, оташ задану лагадкўб намудани сарҳои буридаи асиронро намоиш медиҳанд. Имрўз ягон давлат, ҳатто уламои олами ислом, ДИИШ-ро эътироф накардаанд. Дар асл ин ташкилот бо дини мубини ислом ягон алоқамандие надорад. Мақсади асосии ҷонибдорони гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро бо кадом роҳе набошад ҳокимиятро ғасб намудан, низоми кўҳнаи ба қаъри таърих фурўрафтаро эҳё намудан аст.

Мутаассифона, ДИИШ тарафдорони худро дар Тоҷикистон низ пайдо намуд. Чанд нафар шаҳрвандони гумроҳшудаи кишварамон ба сафи ҷангиёни ин давлати ба ном исломӣ пайваст шуда, дар амалиёти террористии Шарқи Наздик иштирок мекунанд.

Роҳи муҳими мубориза алайҳи ақидаҳои бегона, ифротгароиву терроризм ин тарбия намудани ҷавонон дар рўҳияи парастиши арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Ба ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, маълумоти бештар доир ба афроди номвар, шахсиятҳои мондагори таъриху фарҳанг, ҳаёт ва фаъолияти олимону адибон, китобҳои эҷоднамудаи онҳо пешниҳод гардад. Бояд дар тафаккури насли наврас фаъолияти уламову удабо, аз ҷумла олимони мутасаввиф, ҳадиснигорону фақеҳон, ки дар рушди фарҳанги исломӣ нақши мунир гузоштаанд, ҷойгир карда шавад, то ки онҳо аз моҳияти аслии дини мубини ислом бархурдор бошанд ва кўр - кўрона аз ҳар гуна мазхабу гурўҳҳои ифротгаро пайгирӣ нанамоянд. Арзишҳои ахлоқӣ, таълимоти ирфониву фалсафӣ, донишҳо оид ба инсон ва камолоти ў, андешаҳо роҷеъ ба поксириштӣ, таҳаммулпазирӣ, меҳанпарастӣ, бунёдкорӣ, ки ҷавҳари таълимоти исломиро ташкил медиҳанд, имрўз дар ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, камолоти ахлоқиву маънавии ҷавонон бояд нақши муҳим бозанд.

 

Дини мубини ислом ҳамеша мардум ва пайравонашро ба некиву накӯкорӣ, ваҳдату ҳамзистӣ, осоиштагиву ҳаммаромӣ даъват намуда, ҳамагуна бадтинативу бадкорӣ, хиёнату разолат ва ноадолатиҳоро шадидан маҳкум мекунад. Маҳз меҳвари ин дини мубинро тарбияи насли ояндасоз ва ҳидояти ҷомеа ба сӯи ободкориву субот, якдиливу бародарзистӣ ташкил медиҳад.

Мутаассифона, баъзе аз гурӯҳҳои тундгаро фаъолияти худро бо дини мубини ислом омезиш дода, мехоҳанд ғаразҳои нопок, андешаҳои ифторгароёна ва ё сиёсати духураи хешро дар доираи арзишҳои ин дини босаодат татбиқ намоянд. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати дарҳои кушодаро пеша намуд ва бо ҳамаи кишварҳои олам дар роҳи дӯсти ва эҳтироми олӣ ҳамкориву робитаро ба роҳ монд. Аз ҷумла, бо Ҷумҳурии исломии Эрон, ки кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон ва ҳамдини кишвари мо ба ҳисоб мерафт дӯстиву робитаи боварибахши мардуми тоҷик дучанду қавитар буд. Аммо чун ошкор гардид, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бо роҳнамоии раҳбарони олии руҳонӣ кишвари ба мо "дӯсту бародар" ва маблағгузории онҳо бо дасти фарзандои нохалафи миллат - хиёнаткорони наҳзатӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар фазои Тоҷикистон барафрӯхта шуд ва даҳҳо нафар шахсиятҳои маъруфу муътабар, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, нобиғаҳои давру айём ва чеҳраҳои сиёсӣ кушта шуданд. Инчунин ин ҷанги хонумонсӯз хонаи ҳазорон нафар мардумро сӯзонида, пирони хирад ва рӯзгордидаро аз кишвар гуреза кард, кӯдакони ба оянда бо чашми умед нигаристаистодаро аз волидон маҳрум намуд, садҳо оилаҳои навҷавонро бехонаву дар кард. Дар маҷмуъ, ба Тоҷикистон ин ҷанги бемаънӣ чи қадар харобиву мушкилиҳо ба бор овард. Замоне, ки алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ бо дасти  хоҷагони хориҷӣ ва амалкарди роҳбарону пайравони ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон шуъла меорост, пешвоёни наҳзат худро аз мардум дур гирифта, аз паи ғами ҷону нафси хеш шуданд. Саволе ба миён меояд, ки чаро худи наҳзатиҳо, бахусус,  Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ мардум ва бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва ё ба истилоҳи наҳзатиён ба "ҷанги муқаддас" даъват менамуд, дар ҷиҳод иштирок накардаву паси сояи хоҷагонашон паноҳ бурд? Бо авф гардидани наҳзатиҳо ва ба мақомҳои давлативу ҷамъиятӣ дубора роҳ ёфтани онҳо, ба ҳаёти осоишта баргаштани мардуми кишвар ва бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  танинандозии сулҳу ваҳдат боз наҳзатиҳои  носипос даст ба ошӯбҳои мусаллаҳона зада, хостори ҷангу хунрезиҳо дар мамлакат гардиданд. Пас аз содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта бо қарори Суди олии кишвар ин ҳизб дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардид.  Ёдовар бояд шуд, ки  дар замони ҷанги  шаҳрвандӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳиддин Кабириву Саид Қиёмиддини Ғозӣ  ва дигарон дар паноҳи хоҷагони хориҷии эрониашон паноҳ бурда истодаанд. Аз ин рафтору кирдори кишвари бо ном ба мо дӯсту бародар баръало мушоҳида мешавад, ки Эрон бар зидди сохти конститутсионии Тоҷикистон ва дубора ба оташи ҷанг кашидани кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон кӯшиш намуда, террористони касбиро дар ин самт омода ва ба воя расонида бар муқобили амнияту суботи кишвари мо равона намуда истодааст. Бо дарки ин нуктаи муҳим шаҳрвандони кишвари маҳбуб ва бахусус ҷавонони созандаро даъват ба амал меорем, ки баҳри ҳифзу ҳимояи хоки муқаддаси Ватан ва марзу буми он пеш аз ҳама аз фарзандони нохалаф, хиёнаткорони наҳзатӣ, гумроҳони гуруҳи террористии 24, ташкилоти ҷамъиятии «Озодадешон» ва дигар созмону равияҳои иртиҷоӣ ҳамеша омода бошем! 

Акрам Мусоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

 

 Ояндаи насли наврас дар дасти омӯзгорону ҷомеа аст. Имрӯз моро зарур аст, ки барои ҳаёти осудаву осоишта фазои солим ва пешрафти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангию мадании ҷомеа ҷонибдори суханрониҳои Президенти кишвар бошем. Ба завқи ҳар як шогирд таъсиррасонем, ки ба расму русум ва анъанаҳои миллӣ муносибати некбинона дошта бошад. Зеро яке аз масъалаҳои муҳиме, ки аз тарафи Пешвои миллат ироа карда шуд ин риояи фарҳангимиллӣ аз ҷониби мардуми тоҷик мебошад. Дар ҳақиқат, солҳои охир бо таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида тарғиби сарулибоси ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру ноҳияҳои кишвар миёни занон вусъат гирифта истодааст, ки бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллиии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира мегардонад. Ин гунна муносибати кӯркӯронаи баъзе афроди ҷомеа боиси изтироби ҳукумати ҷумҳурӣ ва аҳли хирад қарор гирифтааст.

Аз таърихи хеле қадимаи бостониву тамаддунсози мо маълум мешавад, ки халқи тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае дорад, ки қисми зиёдашон дар тӯли таърих ҷойгоҳу арзиши худро гум накарда, то замони мо ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ омода расидаанд.

Занҳои тоҷик дар ҳар давру замон оқилу доно ва дурандеш буданд. Имрӯз низ занону духтарони моро зарур аст, ки бо ақлу хиради воло давомдиҳандаи анъанаҳои неки ниёгонамон бошанд.

Дар интихоби либос ба ҳар гунна анъанаҳои барои зани тоҷик бегона роҳ надиҳанд. Пӯшидани ҳиҷобу либосҳои тира аз наздикӣ вашинохти Худованд дарак намедиҳад. Чӣ тавре ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон зикр намудаанд: «Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сарулибоси сатру ҳиҷобу сала ва риш».

    Аз ин рӯ, ақли солимро зарур аст, ки бо ҳамагуна муносибатҳои номатлуби замона нисбати анъанаҳои миллӣ мубориза барад,.

 

 

Сулҳу ҳамбастагӣ ва истиқлолияти давлатӣ арзишҳои ниҳоят муҳим ва муқаддас буда, баҳри таҳким, густариш ва ҳифзи ин арзишҳо бояд ҳар як фарди ҷомеа бо эҳсоси масъулияти том ҷаҳду талош намояд. Бахусус мо мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ваҳдати миллиро бо талош ва кӯшишҳои пайгиронаву азму иродаи матини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми баору нанги Ватан ва бо баҳои ҷони ҳазорон тан аз фарзандони шуҷою далер, пирони хирад, ходимони сиёсиву давлатӣ ба даст овардем, бояд бештар ба қад-ри он расида, паи ҳифзаш содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем.

Дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ барои мо халқи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Агар пас аз пошхӯрии кишвари пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидан барои бархе аз кишварҳои узви Иттиҳод заминаи мусоид боқӣ монда бошад ва соҳибистиқлолӣ барои сохтмони давлати муосири онҳо мусоидат намуда бошад, мутаассифона бархе аз хоинону зархаридони миллат бо истифода аз вазъи навтаъсисии давлати муосир хостори беназмиву бенизомӣ дар кишвар гардида, кӯшиши бо роҳҳои гуногун ба даст овардани кишварро пеша намуданд. Эҷоди фитнаву буҳтон ва барангехтани кинаву адоват байни сокинони кишвар, тарғибу ташвиқи ақидаҳои зиддидавлативу зиддимиллӣ, ҷорӣ намудани андешаву омоли хоҷагони хориҷӣ аз ҷониби хоинони миллат, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом буд, ки мардумро ба фирқаҳо ҷудо намуда, онҳоро бар муқобили оромиву субот ба по хезониданд. Ҷавонони ноогоҳ, камсаводу бетаҷриба, бехабар аз асли дини мубини ислом ва мардуми зудбоварро бо баёни ақидаву андешаҳои нопок ва омезиши он ба дини мубини ислом ба доми фиреби худ кашонида, дар муборизаҳои хунин ва бесарусомониҳо онҳоро чунон моҳирона истифода намуданд, ки ин шахсони бехабар аз ҳилаву хиёнатҳои наҳзатӣ сабабгори ҳазорон ҷинояту сарсониҳо гардиданд. Чун даст доштани ин ташкилоти тахрибкор ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ ошкор гардид, пешсафон ва аъзои раёсати олии ҳизби наҳзат аз кишвар фирор намуданд. Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб расман террористӣ эълон гардид. Баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз минбари баланди он фарзанди фарзона ва фидоии миллат, меъмори сулҳу ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат қадамҳои устувор гузошта, зимоми давлатдории навини миллии моро ба уҳда гирифтанд, шуълаи умедро дар қалби мардум ба ояндаи дурахшон ҷилвагар намуд. Маҳз бо талош ва кӯшишҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон танинандоз гардида, роҳи рушди ҷомеаи муосири мо равшану мушаххас гардид. Бояд насли имрӯзи кишвар ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон рисолати шаҳрвандии хешро бо масъулияти баланд эҳсос намуда, беш аз пеш барои ҳифз ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқло-лии кишвар ҳиссаи босазо гузорем. Ба ҳар гуна андешаву омоли ғаразноку нопоки гумроҳон дода нашуда, дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ваҳдату осоиштагии Тоҷикистони азизу муқаддасро ҳифз ва гиромӣ дорем. Чун мо мардуми Тоҷикистони офтобрӯя дар остонаи фарорасии 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, таманнои онро дорем, ки ҳамеша дар фазои Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, осудагиву амният, тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад ва бигзор офтоби Ваҳдати мо то абад поянда бод!

Ғуфрон Рустамов, донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри  Хуҷанд

 

 Таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Рӯзҳое нест, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон амалҳои террористӣ ба вуқуъ напайвандад.  Бахусус, даҳсолаи пайдо шудани гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломӣ» хатари терроризмро шадидар месозад.

Қатлу, ваҳшоният ва аз байн бурдани хонаҳои мардуми осоишта танҳо хоси ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ буда, зарбаи мудҳиш ба тахриху фарҳанг ва арзишҳои олии инсониву башарият аст. Мо бояд ин масъаларо ба ҷавонон вобаста ба фарҳанги сиёсӣ ва дарку фаҳмишашон бифаҳмонем, то онҳо худ ваҳшония, даҳшатнокии ҷараёнҳои тундгароёнро эътироф, накарда аз онҳо худро дур нигоҳ доранд. Масъалаи баланд бардоштани огоҳии сиёсии ҷавонон, худшиносиву ватандӯстии онҳо дар Паёми Президент, мҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ишора шуда, ҷавоноро бори дигар ба масъулиятшиносиву ватандӯстӣ даъват мекунад:

    «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Терроризм ва ифродгароӣ беш аз ҳама авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ бо проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.»

    Бо мушоҳидаи воқеаҳои дилхароши кишварҳои хориҷа, куштори кӯдакону занон, пиру ҷавонони бегуноҳ тавассути телевизон, хусусан, ба доми найранги исломиҳои исломшинос гирифтор шудани як идда ҷавонони мо ва бо номи «Далати исломӣ» ба хоку хун кашидани мусулмонони бегуноҳ кас водор мешавад, ки мӯҳри хомӯширо бишканад ва ба ҷавонони азиз роҳро аз чоҳ нишон диҳад.

      Ба ҷавонони азиз насиҳат мекунем қадри тинҷӣ ва оромии кишварро ва ваҳдати милиро, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, ғанимат дониста, тамоми кӯшишу ғайраташонро сарфи ободию шукуфонии ватани маҳбубамон кунанд ва оқилу ояндабин бошанд. Ба ҳарфи ҳар шахсу гурӯҳи ғаразнок гӯш надиҳанд ҳарфи падару модар, ки меҳрубону дӯсти холиси онҳоянд, гӯши ҷон супоранд.