Дар ҷаҳони муосири илму техника муошират бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ хеле тараққӣ карда истодааст. Чи хеле, ки ба ҳама аз ахборҳои умумиҷаҳонӣ маълум гашт, ҳамаи ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстримистӣ шомил мешаванд, аввал тӯли чанд муддат бо воситаи шабакаҳои иҷтимои фикронии онҳоро нисбат ба давлати худ шахсони ба ин гурӯҳҳо шомилшуда дигаргун месозанд.

Аз таърихи гирдиҳамоиҳои оммавӣ ба ҳамаи мо маълум аст, ки борои барҳам додани давлат ё ин ки барои ҷорӣ кардани система идоракунии давлатӣ асосан гирдиҳамоиҳо ва норозигиҳои худро гурӯҳҳои гуногунӣ экстремистӣ бо воситаи ҷавонон иброз менамоянд, яъне ҷавононро бо воситаи суханҳои ноҳақ ва беасос барои хиёнат кардан ва норозигиҳоро баён кардан даъват менамоянд. Дар умум гурӯҳҳои экстремистӣ барои ҷалби ҷавонон усулҳои гуногунӣ таъсири психологӣ ба шуур ва фикрронии онҳо бо воситаи видеороликҳо ва суратҳо таъсир расонида, шуури онҳоро тағйир ва асабашонро хароб мекунанд.

Бо назардашти ин омилҳои хатаровар ба сулҳу суботи давлатӣ азизамон мо бояд, ҷавононро аз шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳои ифротгароӣ ва экстримистӣ ҳимоя намоем. Ба фикри ман барои эмин доштани насли наврас ва ҷавонон барои ба чунин гурӯҳҳо шомил нашудан, назоратӣ шабакаҳои иҷтимоиро аз тарафи шахсони масъул бо таври аниқ, яъне бо таврӣ махкамкунии гурӯҳҳои шубҳаовар дар шабакаи иҷтимои, нест ва муҳосира кардани суроғаҳои интернетиӣ, ки ба тарғибу ташвиқи гурӯҳҳои экстримистӣ машғул ҳастанд, дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намоянд.

Мо, устодон бояд имрӯз зиракии сиёсии худро аз даст надода, барои тарбияи насли худогоҳи кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.

Танҳо дониши баланд сиёсӣ, огоҳ будан аз дониши исломӣ моро аз кӯчаи сарбаста мераҳонад.

 

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки вақтҳои охир хатари глобалии терроризм ва экстремизм ҳама аҳли башарро таҳдид кардааст. Аммо аҷиб аст, ки ҳар қадар алайҳи терроризм ва экстремизм мубориза бештар шавад, ҳамон қадар ин ҷиноят рӯ ба афзоиш мениҳад.  Пешрафту мувафаққияти ҳар оила, ҳар  қавм, ҳар  халқ, ҳар миллат ва ҳар давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он сахт марбут аст. Ин як ҳақиқатесст инкорнопазир. Вале дар марҳилахои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои  таъминкунандаи  ваҳдат  халалдор  шуда, боиси парокандагӣ  ва  ҳатто  нобудии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо мешаванд.

Гурӯҳҳои муайяне ҳастанд, ки мехоҳанд тавассути фазои динӣ дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавқеъ пайдо намоянд. Ин рақобат аз доираи он хоҳишҳои эҳё намудани дину оини гузаштаи худ берун рафта, ба худ шакли дағалтар ва ҷудоиандозиро мегирад, ки солҳои 90-уми асри гузашта пайдо шуда буд.

Яке аз онҳо ҳизби наҳзат мебошад, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама дар эҷоди нифоқу бадбинии байни мусалмонон, барҳам задани ягонагии онҳо медонанд. Имрӯзҳо саркардагони ин ҳизби саркаш хориҷ аз кишвар дунболи хизмати хоҷагони хориҷии худ қарор дошта, бо ҳизбу ҳаракатҳои амсоли «Ихвон-ул-муслимин», «ат-Тақфир в-ал-ҳиҷра», «ал-Ҷиҳод», «Муназзимат-ут-таҳрир ал-исломия». «Ҳизб-ут-таҳрир ал-исломия», «Ал-қоида», «ас-Салафия ал-ҷиҳодия»  ҳамкории зич доранд.  

Агар ҷавонони мо ба ин арзишҳои миллӣ аз назари фаҳмиши наҳзатиён муносибат кунанд, пояҳои ҳуввият, худшиносӣ ва ифтихори миллии мо хароб мегардад. Бинобар ин, вуруди ақидаҳои наҳзатӣ ба ҷомеаи тоҷик дар ибтидо таҳдиди мазҳабӣ-фарҳангиро ба миён оварда, минбаъд аз паи он метавонад таҳдиди сиёсиро низ ба бор орад.

Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон санаи 23 маи соли 2013 дар кишвар пайдо шудани равияҳои динии ғайрисуннатӣ, ҳизби сиёсии хусусияти динидошта ва ба онҳо шомилгардии ҷавононро яке аз мушкилиҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон ҳисобида, пешгирии онро яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли зиё ва ашхоси баору номуси миллат ва ниҳоят вазифаи ҳар шаҳрванд донистаанд

Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

 

 

 

 

 Мо, устодони фаъоли донишкада  дар посух ба мақолаҳои бӯҳтонангези мубаллиғони ҲНИ гуфтанием, ки бо ин навишатҳои ғаразноки хеш иродаи мардуми шарифи кишварро ба даст оварда наметавонед. Зеро онҳо аз ҳеҷ чи як чиз сохта, бо факту далелҳои дурӯғини худ, мехоҳанд тарафдорони нав пайдо кунанд. Аммо ҳар он «иқдоме», ки  онҳо мекунанд, бар зарари худашон аст. Ҷавононе, ки ба ин ҳизб бовар мекунанд, бояд донанд, ки онҳо танҳо барои манфиати худ, хифзи амнияти худ мубориза мебаранд. Тақдири пайравони ҳизб ба онҳо бефарқ аст. Имрӯз Кабирӣ ва дигар ёронаш дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо бо маблағҳоихоҷагонашон ба қавле бо давлат ва Ҳукумати кишвар «ҷанги иттилоотӣ» бурда истодаанд.   

Ин амали ноҷавонмардонаро онҳо баҳри он анҷом дода истодаанд, ки Тоҷикистонро минбаъд майдони корузори террористону экстремистон гардонанд.

Мо қатъиян аз саркардаҳои ҳизб ва ҳаммаслаконашон талаб дорем, ки таҳрибкориро бас кунанд, обрӯи миллати тоҷдори моро дар арсаи ҷаҳонӣ нарезонанд. Ба навиштаҳои муғризонаи худ хотима бахшанд. Баръакс, нафарони ҳамсафу кӯрдили худро ҳушдор диҳанд, ки халқи шарифи кишвар дигар гумроҳиро ба гӯшаи фаромӯшӣ баранд. Мо якдил ва яктанем ва барои ободиву тинҷии мамлакатамон тифоқона кор мебарем. Ягон душман ҳақ надорад, ки бо қиммати ҷони ҳазорон-ҳазор ҷавонон, оҳу зори модарони дилфигор ва заҳматҳои шабонарӯзи Сарвари давлат  сулҳи ба дастовардаро ба норомӣ бадал кунад. 

 

 

 

 

Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Ин ташвиш падидаи номатлуб ва хатари бузург ба ҷомеа – экстремизм ва терроризм мебошад. Дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон расонанд.  Пӯшида нест, ки имрӯзҳо шомилшавии ҷавонон ва насли наврас ба гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бештар ба назар мерасад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бештаре аз ин рафторҳои аз ақли инсон берун дар давлатҳои исломӣ ба амал меоянд.

Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки санаи 4 –уми май баргузор гардид, тамоми кишварҳои ҷаҳонро бо ҳам овард. Аз ҷумла дар нутқи пурмӯҳтавои Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар зикр шуд, ки Тоҷикистон мувафаққона тавонист бар зидди ин зуҳуроти номтлуби ҷомеа мубориза барад. Ӯ Дар қиёс ба кишвари Афғон сиёсати роҳбари давлати моро дар ин ҷода нек арзёбӣ намуда, дар баробари ин амалҳои наҳзатиёнро маҳкум намудааст.

Таассуфовар он аст, ки Ҳизби наҳзати ислом чун ҳизбӣ қонунӣ фаъолият медошт, пас аз мағлубият дар интихоботи соли 2015 шеваи корбарии ҳизбу ҳаракатҳои болозикрро ба худ касб намуданд. Яъне, мардумро гумроҳ намудану бо роҳи табадуллоти давлатӣ сари ҳокимият ва қудрат омаданро бо роҳнамоии хоҷагони берунаи худ пешашон мақсад гузоштан. 

 Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала чунин гуфта буданд:

«Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанўз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем.  Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд».

Ҳар яки мо – сокинони кишвар бояд новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ ва дин алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил гардида, гумроҳ шаванд. Зеро якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.

 

 

 

Тарбияи фарзанд, мафкураҳои диниву ахлоқии вай аз оила сарчашма гирифта, минбаъд дар мактабу ҷомеа рушду нумӯъ меёбад. Дар ниҳоди фарзанд ҷой додани ғояҳои ахлоқӣ – маънавӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву инсонгароӣ ба оила вобаста аст ва ҳар як оила, ҳар як иштирокчии раванди тарбия метавонад дар ин ҷода роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад.

Оилаи имрӯзаи ҷомеаи демократии мо табиатан аз нигоҳи диду фаросат, тафаккуру маънавиёт фарқ мекунад. Тавассути болоравии босуръати илму техника тибқи матбуоти даврӣ, садо ва симо сатҳи тарбияи оилавӣ хеле боло рафта истодааст. Волидайн имрӯз на танҳо масъулияти таълиму тарбияи фарзандро ба зима доранд, балки ҳидоят намудани фарзанд ба роҳи нек, интихоби касби мувофиқ, пешгирӣ ва ҳифз намудани фарзанд   аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун яке аз вазифаҳои муҳиму  аввалиндараҷаи волидон ба шумор меравад.

Падару модарон, умуман, аҳли ҷамъият бояд хуб донанд, ки пешгирии терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо давлат набуда, он вазифаи аввалиндараҷаи ҷамъияти инсонист.     

Сиёсати кунунии давлатро имрӯз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ташкил медиҳад. Дар ин радиф мо ҷавонон набояд, ки нисбати ҳамагуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф бошем, балки барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри ободиву шукуфоии миллати абарқудрати  тоҷик  ҷонбозию талош варзем.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азизамон дар айни шукуфоист, нагузорем, ки зиндагии тинҷу осудаи мардумро амалҳои ношоистаи террористону экстремистон ба монанди ҲНИ  вайрон созаду, ояндаи фарзандонамон зери хатар бимонад. Зеро то ҷое иттилоъ дорем, дастандаркорони ин ҳизби моҷароҷӯй дар хориҷи кишвар бо маблағгузории давлатҳои исломӣ мехоҳанд, ки кишвари моро низ ба гирдоби ҷангу ҷидол кашола кунанд. Зеро ноамнии кишвари мо барои давлатҳои абарқудрат манфиатовар аст. Сониян дар қиёс ба дигар кишварҳои Осиёи марказӣ дар Тоҷикистон заминаҳои динӣ устувортар аст ва маҳз ҳамин муҳитро онҳо мехоҳанд бар фоидаи худ анҷом диҳад.

Аз аҳли ҷомеа зиракии сиёсӣ, дониши баланди мафкуравӣ дар ин самт тақозо карда мешавад.   

 

 

 

 

Ҳодисаҳои даҳсолаҳои охир шоҳид аст, ки терроризм дар асл таҳдиди воқеӣ ба тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Муаммои реалӣ ва душвори даҳсолаҳои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1, ки дар як қатор мамлакатҳои дунё рӯй додааст, амали ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ  мебошад.

Террор яъне ситам ва ҷазои ҷисмонӣ, амали бераҳмона, ҷабру фишор, нобуд ва зӯроварӣ барои  мағлуб кардани мухолифони сиёсӣ кор фармуда мешавад. Вале, мутаассифона, имрӯз ин амали носавобу ношоиста нисбати мардуми бегуноҳ, кӯдакони маъсум, пирони барно нигаронида шудааст, ки боиси ташвиши ҷаҳониён гардидааст.

Террорист Ватан, миллат ва  дин надорад. Террористон ниятҳои разилонаи худро бо рехтани хуни мардуми бегуноҳ чи дар Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, чӣ Либияву Миср бо мақсади тарсондани аҳли башар амалӣ намуда истодаанд,  вале инсоният ҳеҷ гоҳ аз ин гуна амалиётҳои ваҳшиёна  ба ҳарос намеафтад, балки чунин рафторҳои ғайриинсонӣ сабаби боз хам муттаҳид шудани аҳли башар зидди қатлу куштор, муборизаи дастҷамъонаи мардуми инсонпарвар зидди чунин падида мегардад.

Имрӯз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ, новобаста аз чунин амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурӯҳҳо рӯ ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Гуфтаҳои болоиро баргузории конференсияи байналмиллии дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”  бо иштироки васеи коршиносон тасдиқ мекунад. Дар конференсия таъкид шуд, ки падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурӯҳ ҷавонон бо айби гурӯҳҳои ифротгароӣ вусъати тоза касб менамояд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон ва ғайра, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад.

Махсусан, барои ҷомеаи мо ҳизби ифротгарою террористии наҳзати ислом хатари зиёде ба бор меорад. Саркардаҳои ҳизб хориҷ аз кишвар бо мақолаҳои иғвоангез ва даъватҳои беасоси худ мардумро ба гумроҳӣ бурда истодаанд. Ба андешаи онҳо василаи пурқувватшавии ҳизб ин зиёд кардани тарафдорон ва нишон додани камбудиҳои ҷомеа аст. Яъне онҳо мехоҳанд, ки эътимоди мардумро нисбати давлат коста гардонда, ҷонибдорони худро зиёд нмоянд. Моро мебояд, ки  дар тарбияи ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ҷавонон аз ҳар вақта дида ҷиддитар бошем.  Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳидшуда, бо зиракӣ ва хушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд.

Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳамагуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи маро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурӯҳи ифротгаре иродаи худро зӯран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намоянд.

Муҳаррама Темурова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Талқини фарҳанги бегона, даъват ба дигар мазҳаб аз шевахои асосии корбарии ҳизби экстремистиву терорристии наҳзати ислом маҳсуб ёфта, рӯз то рӯз  бо воситаи шабакҳои иҷтимоӣ «хизматгузорон»-и ин ҳизби мамнӯъ дар ин самт фаъолияти густурда бурда истодаанд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Пӯшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Дар натиҷаи дастгирии ҲНИТ зиёда аз 500 нафар ҷавонони тоҷик дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ ба муқобили Сурия меҷангиданд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИТ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Баста шудани фаъолияти ҲНИТ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд.

Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ватандӯсту худогоҳ бошанд, дар ягон ҳолат бетарафӣ набояд кард. Нагузорем, ки нафарони нохалаф майнаи ҷавонони моро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ пур намоянд. Ба ҳар як ҳуҷуми ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ аслиҳа дошта бошем ва  зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар гирди давлат ва Пешвои миллат муттаҳид гардем . 

 

 

Сухангӯи ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом Маҳмудҷони Файзраҳмон дар яке аз мусоҳибаҳояш қайд намудааст, ки хизби наҳзатро чун ҳизби террористиву экстремистӣ ягон кишвари ҷаҳон эътироф  накардааст. Аммо бар рағми ин гуфтаҳо  Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муоқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки «Тоҷикистон ҳизби наҳзатро бидуни шарту шароит ҳамчун ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба вокуниши диалектикӣ миқёсӣ намоям. Идеологияҳои ин ҳизб зери мафҳуми «наҳзат» чӣ маъно доранд? Чун мусулмон ман ба таваллуди Ислом бовар дорам, зеро ки таваллуд аз Худованд омадааст. Ин наҳзати қалбакӣ — кори одамони гумроҳ  аст. Худованд Исломро қосиди сулҳ офаридааст. Ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд. Худованд Исломро ба эътимоди плюрализм табдил дод: Қуръони Карим мефармояд: «Лакум диникум вал ядим» (Имони Шумо барои Шумо ва имони ман барои ман). Роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулми одамони дигар дину эътиқод табдил додаанд. Гузашта аз ин ҷавҳари таблиғоти ин ҳиз аз решаҳои ифродгароӣ об мехӯрад. Аксари размандагоне, ки дар Сурия намедонанд ба хотири чӣ ва кӣ ҷангидаанд иқрор мешаванд, ки онҳоро маҳз мубаллиғони наҳзатӣ ба он ҷо фиристоданд. Пас маълум, ки мйдони набарди Сурия ба ин размандагони гумроҳ майдони имтиҳон аст, агар зинда монанд барои табадуллоти Тоҷикистон нерӯи онҳо сафарбар карда мешуд. Ана ин аст, чеҳраи наҳзатиён, чеҳраи Кабирӣ ва ёрони ӯ.  

Ҳадафи конфронси байналмилалӣ, ки ахиран дар ягон давлати пурқудрат не, балки дар кишвари мо доир гардиданд, маҳз ҳушдор додани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатари  терроризм ва ифротгароӣ ва шинохтани дӯсту душман аст. Ин ангезаи вабо натанҳо кишвари мо, балки ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст. Терроризм  беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурда аст. Ин мафҳуми хатарзо дар дили мардуми олам таҳдидҳои нав ба навро дар либосу тобишҳои гуногунзоҳир месозад.

Сурати якмарому доимӣ гирифтани амалҳои ғайриинсонии террористон ба муқобили мардуми оддӣ дар қаламрави бархе аз кишварҳои дунё, аз шумори Покистон, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Нигерия, Фаронса, Амрико, Туркия, Русия  ва давлатҳои дигар далолат аз он менамояд,  ин нерӯи харобкори сиёсӣ торафт дар курраи арз доман паҳн менамояд.

Дар асоси маълумоти коршиносони мӯътамад дар ҷаҳон беш аз  500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунад, ки  бештари онҳо барои қурбон шудан дар роҳи ислом (дар асл барои бадном кардани дини ислом) фаъолият мекунанд. Дар кишварҳои мусалмонии Сурия ва Ироқ  ташкилотҳои террористии пинҳонкор ба қатли берамонаи оммавӣ даст зада истодааанд, ки чунин рафтори ваҳшиёнаи ғайриинсониро дар ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин дидану таҳаммул кардан номумкин аст.

Имрӯзҳо аз тариқи расонаҳо сабту наворҳое паҳн мешаванд, ки террористони беаслу насаб кӯдакону наврасонро низ ба гуруҳҳои худ шомил месозанд, истифодаи силоҳ, куштану сӯзонидани одамон ва тарконидани биноҳо ба онҳо меомӯзанд. Ин навъ хатарҳо ба вайрон кардани тафаккури насли наврас, тағйир додани роҳи камолоти фикриву маънавӣва ҷисмонии чунин табақаи бонуфузи ҷамъият оварда мерасонад.

Аз ин рӯ, қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон буда, ноогоҳӣ, кам мутолиа доштан, номукаммал будани шуури сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, инчунин бетаҷрибагии насли рӯ ба камол боис мешавад, ки террористон нерӯи онҳоро барои амалӣ сохтани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.

Бо назардошти вазъи кунунии сайёра ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву таълимоти бегона нашаванд ва ба қадри сулҳу ваҳдат, оромиву субот ва осоишагиву хотирҷамъии кишвар бирасанд.

Амиртемур Ваҳҳобов,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Зеро раванди тундгароӣ сол то сол авҷи тоза мегирад. Кишварҳои манфиатхоҳ бо истифода аз яроқу ҷанги иттилоотии худ сафи тарафдоронашонро зиёд мекунанду кам не. Дар ин гунна бархӯрдҳои сиёсӣ он кишваре майдони ҷангу хунрезиҳо мегардад, ки мавқеи муайян надорад. Ҳоло дар Сурия айнан чунин вазъият аст. Вале хатари даргириҳои дохилӣ ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба мамлакатҳои Осиёи Миёна низ таъсири манфӣ мегузорад. Зеро ячейкаи ҳаракатҳои ба ном исломӣ низ дар минтақа фаъолияти пинҳонкорӣ доранд. Ҷамоати Ансуроллоҳ , Салафия, ҷунбиши исломии Туркистон ва даҳҳои дигар солҳои сол барои ҷалби ҷавонон кӯшишҳои зиёд мекунанд ва муваффақ ҳам ҳастанд. Дар кишвари мо низ мубалиғони ин равияву ҳаракатҳо кам нестанд. Ҳарчанд давлат ва Хукумати кишвар бо воситаи мақомотҳои қудратӣ пеш рохи гаравидани ҷавононро дар ин самт гиранд ҳам, ёфт мешавад, ҷавононе, ки ба хотири молу манол, таасубу худҳоҳӣ гумроҳона шомили ин гурӯҳҳо мешаванд.Мо борҳо дар наворҳои видеоӣ аз рӯзгори ҷавонони ба ин ҳаракатҳо шомил шуда дидаем, аммо фазои холӣ, кам будани маърифати динӣ ва дониши сиёсӣ моро ба кӯи навмедӣ мебарад.  Ҷавонони мо то ҳол намедонанд, ки ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон чун ҳизби ифротӣ эътироф шудааст ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳар сухану даъватҳои беасоси мубаллиғони он ҷавонро бар зидди ҳукумати кунунӣ мешӯронад. Ба он маводҳои ғаразноке, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати давлат навишта мешавад, бояд мо мӯшикофона посух гуем.   Ҷавонон нисбат ба ғамхориҳои Ҳукумату давлат бетарафиро ихтиёр накарда, дар пайи омӯзиши илму дониш ва корҳои нек бошанд. Ҷавонони бомаърифат метавонанд дар оянда барои халқу миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Аз бар намудани илмҳои муосиру замонавӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ талқин намуда, давраи донишандӯзиро самаранок истифода намоянд, зеро волидайн фарзандонро танҳо бо мақсади омӯзиш ба донишгоҳҳо мефиристанд.

     Огоҳӣ надоштан дар мавриди ҳодисаҳои рӯз ва фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ноошно гардидан ҷавоноро дар шинохти воқеият раҳгум мезананд.  Маҳз омили таъсирпазир будани афкори ҷавонон метавонад, гаравиши онҳоро ба идеологияи «бегонапарастӣ» бештар намояд. Арзишҳое чун ватандӯстиву ватандорӣ ва худшиносӣ огоҳона дар зеҳни онҳо бегона гашта, ҷойи онро идеология ё афкори зиддимилливу мардумбадбинӣ фаро мегирад. Гузашта аз ин, мисолҳои ҳаётӣ бозгӯи он аст, ки таҷриба надоштан ва таҳлилҳои сатҳӣ гурӯҳе аз ҷавононро барои ҳамроҳшавӣ ба ҷараёнҳои ғайримардиву миллӣ ташвиқ мекунад.

      Ба ҷавонони азиз насиҳат мекунем қадри тинҷӣ ва оромии кишварро ва ваҳдати милиро, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, ғанимат дониста, тамоми кӯшишу ғайраташонро сарфи ободию шукуфонии ватани маҳбубамон кунанд ва оқилу ояндабин бошанд. Ба ҳарфи ҳар шахсу гурӯҳи ғаразнок гӯш надиҳанд ҳарфи падару модар, ки меҳрубону дӯсти холиси онҳоянд, гӯши ҷон супоранд. Бояд фаромӯш накунанд, ки иҷозати падару модар кор кардан нобахшиданист.

Суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муоқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, ки санаи 4 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар аз хирадмандӣ ва иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Баҳогузории нафаре, ки шояд дар кишвари Ҳиндустон ба он сатҳе, ки имрӯз дар кишвари мо ба дини мубини ислом таваҷҷӯҳ ҳаст, набошад моро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри оромиву осудагии ҷомеа расем. Бояд донем, ки имрӯз наздик дар 40 нуқтаҳои олам ҷангу хунрезӣ идома дошта, хатари терроризму ифротгароӣ то рафт доман паҳн мекунад. Бояд гуфт, ки дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад. Имрӯзҳо хатари терроризм ва ифродгароӣ дар  авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра, аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бертараф гузошта наметавонад. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар Тоҷикистон ташаббускори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» гардида, ба он роҳбарони Созмони миллали муттаҳид ва дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, коршиносони масоили сиёсиву динӣ даъват шуданд.

Ин иқдоми башардӯстонаи роҳбари давлат идомаи мантиқи дигар таклифи башардӯстонаи он кас Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» аст. Бинед як мамлакати хурдтарак, ки ҷанги шаҳрвандии азимеро паси сар намуд имрӯз ташаббускори чунин иқдомоти бузург аст. Чаро? Барои он, ки роҳбари давлат аз тақдири насли имрӯз ва фардоён андеша мекунанд.  Боиси таасссуф аст, ки ҷавонон имрӯзҳо аз сабаби дониши мукаммал ва  саводи кофӣ надоштан худро ба коми терроризм ва ифродгароӣ андохта истодаанд. Маҳз гумроҳӣ, ҳисси молу сарват, надоштани ҳисси ватандустӣ ва инсондӯстӣ, эҳсоси  эҳтиром ва дустдорӣ нисбати оила ва наздикони худ ҷавонони моро ба коми марг мебарад.

   Зуҳури ифродгароии сиёсӣ, қавмӣ, мазҳабӣ ва ғайра падидаҳои бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон нигароникунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошад. Мутаассифона, дар реша рондани терорризиму экстремизм ташкилотҳои ба ном «ислом»-ӣ саҳми ногузир доранд. Ва Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дуруст таъкид намуд, ки наҳзатиён бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бо номи муқаддаси ислом ҳизбе таъсис дода, мусулмонро аз мусулмон ҷудо намуданд. Хуб бубинед, Ҳиндустон кишвари саросар мусулмонӣ нест, аксаран дини бутбарастиро ихтиёр кардаанд, аммо тоату ибодат ба онҳо маҳдуд нашудааст. Дар мо низ ҳамин шароитҳо ҳаст, аммо ҷараёни равияҳои гуногун мафкураи ибодаткунандаҳоро олуда кардаанд. Яке дар мазҳаби Абӯ Ҳанифа адои намоз мекунаду дигаре аз рӯи мазҳби мазҳаби Шофеъӣ. Пас решаи ҳама гуна терроризму ифротгроӣ маҳз камсаводии сокинон маҳсуб мешавад. Аз хотираи таърих бармеояд, ки дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифродгароӣ ва террористӣ бештар характерӣ сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид.

     Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд,ки аз рӯи иқтидорӣ харобиовариашон ба амалиёти калони ҷанги шабоҳат доранд.

    Имрӯзҳо ин масоили доғи рӯз миёни ҷавонону наврасони шаҳру ноҳияи мо мисли зарпечак байни шаҳрвандон реша давонда истодааст. Рӯз аз рӯз шумораи гумроҳшудагон ва даст ба ҳар гуна корҳои ношоям зада истодани ҷавонону наврасон аҳли ҷомеаро ба ташвиш дода истодааст. Ҷавонон ҳоло меҳнат кардан намехоҳанд, роҳи осони пулёбиро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ онҳоро гумроҳ кардану ба гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ шомил намудан осон аст.

    Ҷавонон набояд фирефтаи суханҳои пучу бемағз ва пулу сарвати «хӯҷаинҳои аҷнабӣ» амсоли ҳизби ифродгарову террористии наҳзат  гарданд.

  Зарур аст,ки аҳли ҷамоатчигӣ аҳли маорифу фарҳанг,  волидон, муассисаҳои таълимию касбӣ бо ҷавонон ҳама вақт дар робита бошанд. Ба онҳо моҳият, сабабҳои авҷгирии терроризм ва ифродгароиро  фаҳмонанд.Онҳоро ба маҳфилҳои касбомӯзӣ ҷалб намоянд. Ҷавонон вақтҳои холигии худро ба варзиш сарф намоянд. Ҳунарҳои гуногунро омӯзанд ва барои пешрафт ва ободии Ватани хеш саҳмгузор бошанд.

 

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 Таассуб ва ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Мусаллам аст, ки мақсади ҳар гуна гурӯҳ ё ташкилоти ифротгаро бо роҳи зӯриву истибдод ва ғайриқонунӣ бесуботу ноором намудани ҷомеа ва сарнагунсозии ҳокимияту давлат мебошад. Заминаҳои зуҳури тассубу ифротгароӣ мухталиф буда, бар  ҷаҳолату авомфиребӣ,  баҳрамандиҳои молиявӣ, дастрасӣ ба сармоягузориҳои ғайриқонунии манфиатҷӯёни хориҷӣ асос меёбад. Чунин падидаи номатлуб ҳамчун василаи фишор ва амалисозии манофеъ ва хоҳиши давлатҳои абарқудрат дар ҷомеаҳои ҳассосияти баланди дини дошта, ки аксари бошандагон мусалмонон мебошанд, бештар ба назар расида истодааст. Мисоли равшани онро метавон дар ҳодисаҳои ҳузнангези Ироқ, Либия, Сурия, Афғонистон ва Покистон ба осонӣ мушоҳида намуд. 

Аммо, мутаассифона назар ба иттилои расонаҳои хабарӣ то ҳанӯз будаанд он нафароне, ки дучори таассуботу нодонӣ гашта, ба файзу нусрати гулафшони Ватани маҳбубамон Тоҷикистон назари бад зоҳир менамоянд. Дар ин раванд яке аз масъалаҳои доғи рӯз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ буда, боиси ташфиш ва таассуфи аҳли ҷомеа гардидааст.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷа таҳсили илм доштанд, ба Ватан баргардонида шуда, барояшон имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагиро фароҳам оварда шудаанд.  Аммо боз ҳамчунин ҳодисаҳои номатлуб миёни ҷавонон ба назар мерасад.

Онҳо нафаҳмида истодаанд, ки дар воқеъ илм аз махсусиятҳои муҳими ҳаёти башарӣ буда, омили рушду тараққиёт ва камолот ба ҳисоб меравад ва миёни олами дину адаби ҷаҳон мавриди таваҷҷӯҳ ва таблиғу руҷуи хос қарор гирифтааст. Бо ин дар назардошт, дар яке аз ҳадисҳои Паёмбари ислом Муҳаммад (с)  омадааст, ки «талабу лил мифа ризатун – ъалокулли муслиминва-л муслиматин», -яъне талаби илм бар тамоми мусалмонон, аз ҷумла, ҳам барои мардон ва ҳам барои занон фарз мебошад.

Мавлоно Камолиддини Биноӣ пояи камолоту сиришти нек ва ҳилму меҳрубонии башариятро дар илму фарҳанг дониста фармудааст:

Камоли одамӣ дар илм бошад,

Ҷамоли одамӣ дар ҳилм бошад.

Аз ин лиҳоз, аксари мардумон иштиёқу рағбати хешро ба маърифати илми диниву дунявӣ мухталиф баён дошта, ба гумони бархе аз афроди ҷомеаи кишварамон  бархурдорӣ аз илми исломӣ беҳтар аз илмҳои муосир, аммо хатои маҳз мекунанд.   Аз ҷумла, ба таълими хонагии муллоҳои маҳаллӣ ва бибиотунҳо фарогир намудани кудакону наврасон аз ҳамин дидгоҳ сарчашма гирифта, мутаассифона дар бештар ин мавридҳо боиси ба хурофоту тассуби динӣ гироиш ёфтани фарзандон анҷом меёбанд. Далели мӯътақидони ин равия чунин аст, ки ислом раҳнамун созандаи некиву покӣ ва ростиву ҳақиқат мебошад.

Иддае дигар бар сари онанд, ки фарзандон бояд аз муҳимоти илму техника ва тараққиёти ҷаҳони муосир бархурдору огоҳманд гардида, аз идеологияи динӣ барканор бошанд. Тавре воқеияти ҳаёти имрӯза собит менамояд, чунин ақидарониву тасаввуроти афроди ҷомеа яктарафа ва ихтилофомез ба ҳисоб меравад. Зеро, ин ҷудоинадозиҳои фикрӣ ба тафриқаи дину мазоҳиб, бегонапарастии наслҳо, ихтилофоти идеализму марксизим ва исломситезӣ оварда мерасонад.

Дар ин маврид гуфтаҳои барҷастаи адиб ва мутафаккири рус Л.Н.Толстой ифодагари воқеияту ҳақиқати раднопазири ҳаёт буда метавонад, ки дар он омадааст:

«Ҳар ки мехоҳад ба инсоният ва пешрафти он хизмат намояд, бояд он динеро, ки дар он тавлид ёфтааст, яклухт ин кор накарда, балки баръакс асосҳои ҳақиқати куллиро, ки дар исломаст, дарк намояд ва кӯшиш кунад, ки онро пӯшидадошта, покнамояд».

Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо ҷавонони ба дину мазохиби бегона гироишёфтае, ки  аз аслу насаби аҷдодиашон рӯгардонидаанд буда метавонад.

Амиртемур Ваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд