Дар ҳамаи давру замонҳо ислом ба гурӯҳ, қисм ё худ ҳизбе, ки тафриқандозиро миёни мардум эҷод менамояд, ниёзманд набуд ва нахоҳад монд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар кадом давлату миллате, ки ҳизби сиёсии динӣ мавҷуд бошад дар он ҷоно оромию тарсу ваҳшоният ва куштору ҳодисаҳои хатарнок хуруҷ дорад. Аз ин рӯ ин ташаббус шоистаи дастгирӣ мебошад.

Зеро ба андешаи мо аз фаъолият мондани ҲНИ бисёре аз ҳамдигарнофаҳмӣ, тафриқа андозӣ  ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористиро  боз дошт.

Шукрона барои мардуми тоҷик ҳамаи шароитҳо барои таҳсил, истироҳат, зисту зиндагонӣ ва кору фаъолият фаровон аст. Вале, ташкил кардани ҳизб бо номи «Наҳзати ислом» магар дуруст аст? Зеро ки исломин маданият, ибодат, гузаронидани расму оин, рукнҳои динӣ ва ҳаёти инсониро тарғибу ташвиқ менамояд. Барои намозгузорони мамлакат масчидҳои ҷомеъ ва марказӣ дари худро боз намудааст, то ки мардум ибодат кунанд. Ё тарҷимаю тафсири китоби муқаддаси Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, эълон гардидани бузургдошти Имоми Аъзам, бозгардидани муассисаҳои таълимии қонунии исломӣ ва даҳҳои дигар чорабиниҳо аз таваҷҷӯҳи асосӣ ба шумор рафта, дониши динию дунявии шаҳрвандонро сол аз сол қавитар ва огоҳтар менамояд.

Шояд савияи дониши мо то имрӯз намерасид вале имрӯз ҷаҳонбинӣ, сатҳи маърифат ва муносибат бо дин дигар шудааст. Манзур аз гуфтаҳои боло дар он аст, ки қонунгузорӣ оиди фаъолияти бисёрҳизбӣ иҷоза медиҳад ва иҷозат ҳам дод. Вале ҷавонону шаҳрвандони мо медонанд ва ниёз ба иттилоъ ҳам надоранд, ки ҷомеаи мо ба ҳизби исломӣ ниёзманд нест.

Ба мисолидигар, баромад кардани баъзе аъзоён ва гӯё пешвоёни ҲНИ дар маърака ва расму оинҳои динӣ – мардумӣ оид ба ҳидояти мардум ва ошноӣ аз ақидаҳои динӣ ин хизматионҳо нест. Ин ҳама анъанаҳои динӣ ва маросимҳое, ки солҳои сол идома ёфтаистодааст, бидуни фаъолияти ин ҳизб ҳам мардуми Тоҷикистон ҳама мусулмонанд ва аз дину диндорӣ бархӯрдоранд. Аксари мардумони Тоҷикистон тарафдори исломи анъанавие мебошанд, ки дар тӯли 70-соли ҳокимияти Шӯравӣ ва то имрӯза рӯзи вуҷуд дорад.

Боварии комил дорем, ки кулли шаҳрвандони Тоҷикистон бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда минбаъд низ барои рушду нумӯъ ва пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бештар хоҳанд гузошт.   

 

 

Баромади видеоии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ бахшида ба моҳи мубораки Рамазон тамошо кардему бори дигар иқрор шудем, ки инсон ба хотири манфиати худу пайравонаш ба чӣ кор қодир аст. Нафаре бо воситаи минбари баланд садо мекунад, ки боиси бадбахтии чандин нафарони раҳгумзада шудааст. Шахсияте ки мехост кинаву кудурати чандинсолаи худу аъзоёнашро бо воситаи барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ берун созад. Ӯ дар паёмаш  аз вазъи ба гуфти худаш «пасти» иқтисодӣ  кишвар сухан мекунад ва чун вақта бо сухани «таскинбахши» худ аҳолии кишварро аз фурсати муносиби мубораки моҳи рамазон «умедвор» мекунад. Умедвор ба он, ки онҳо меҳоҳанд ҷомеаи соф фундаменталии исломӣ созад.  

    Худ дар мизони андеша баркашед. Ин ҳизб чӣ мехост? Қудрат ва тавоноӣ, дар фарҳанги маънавии мардум маҷбуран таҳмил кардани таассубу хурофотпарстӣ ва ахиран террору экстримизм. Магар ҳодисаҳои давлатҳои арабӣ, Афғону Покистон барои мо дарси ибрат нест. Пас ин мардуми ваҳдатшиор ҳадафмандона будани ин ҳизбро инкор намуд. Хубиаш он аст, ки мардум кӣ дӯсту ки душманро дар симои ҳамин ҳизб фаҳмида гирифт.

Воизону муаббирони наҳзатӣ дар оғози изҳороти худ гӯиё мардумро тарсониданӣ мешаванд, ки агар «ҳуқуқи наҳзатиён поймол шавад, хатари ҷанги бародаркуш сар мезанад», аммо ин «воломақом»-ҳо боре ҳам намеандешанд, ки дигар мардум сабукбор нестанд, дар мағз-мағзи устухонашон ҷароҳатҳои ҷанги бародаркушро эҳсос кардаанд. Ва идома ёфтани ин қувва баръакс хатари ҷанги шаҳрвандиро шиддатнок менамоянд.

Мо ба ҳамагуна таҳримҳои душманони аҳримансифат омодаем ва бо дониши баланду рафтори намунавӣ ба онҳо посух мегӯем. Зеро мо метавонем.

 

 

 

Айни замон равия салафия аз гурӯҳҳои паҳншудатарини ифротӣ дониста мешавад, ки аъзоёни он кӯшиш доранд,  тавассути фазои динӣ дар Ҷумҳурии Точикистон низ мавқеъ пайдо намоян. Рӯшанфикрон равияи салафияро  ҳамчун як бидъати зараровар мешуморанд. Зарари асосии он пеш аз ҳама дар эчоди инфоку бадбинӣ миёни мусулмонон ва барҳам задани ягонагии онҳо маънидод менамоянд.

Салафия аз маъмултарин равияи ифротӣ ба ҳисоб рафта, шохахои нокоми он торафт густариш меёбанд. Афзоиши пайравони салафия  ва ташкил кардани гурӯҳҳои ҷангӣ аз мақсадҳо ва ҳадафҳои нопоки аъзоёни ин равия мебошад. тавассути паҳн намудани  ихтилофоти мазҳабӣ, ноором намудани вазъи сиёсии минтақа аз рисолати мугризонаи ин гурӯҳ аст.  Пайравони ин ҷараёни ифротӣ дунболи онҳое ҳастанд, ки дар асл хилофи арзишҳои дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанфия мебошанд.

Имрӯзҳо дар манотиқи гуногуни дунё бо ҳар роҳу васила рехтани хуни ноҳақ маҳз тарғиби акидаи носолими салафия дониста мешавад. Бинобар иллилои расмӣ танҳо аз вилояти Суғд 88 нафар ҷавонон бо ҷурми ҷонибдорӣ ба равияи иртиҷоии салафия  боздошт карда шуда, 48 нафар аз озодӣ маҳрум гардидаанд. Муттассифона ҳадди аксари аъзоёни ин ҷараёни ифротиро  насли наврас ва ҷавонони ташкил медиҳанд.

Таҷрибаҳо собитгари онанд, ки махз ҷахонбинии тарги сиёсӣ ва ба таври кофӣ надоштани дониши илмӣ сабаби ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ пайвастани махсусан ҷавоно гардида истодааст.

Дар такя ба ломори коршиносон теъдоди ташкилотҳои терроритииро 150 адад арзёбй мекунанд, ки аз ин миқдор 40-тои онҳо хамчун ташкилоти байналхалқии тундгаро эътироф шудаанд. Имрӯз мо дар холе зиндагӣ менамоем, ки қариб хар рӯз амалҳои террористӣ дар ин ё он минтақа ба вуқӯъ меояд.

Мубориза алайҳи терроризм дар ҳама кунҷу канорир сайёра баррасӣ карда, чораву тадбирҳои мушаххас тарҳрезӣ мешаванд. Кишвари азизи мо аз шумули пешсафони мубориз алайҳи  ин падидаи нангин мебошад.

Дар  марҳилаҳои гуногуни таърихи ҷаҳон террористон дар тамоми кишварҳо фаъолият доштанд ва ҳар гоҳ бо содир намудани  амалиётҳои пурдаҳшат ва кирдорҳои ношоиста  чеҳраи манфури худро нишон додаанд. Онҳо ба куштори аҳолии бегуноҳ махсусан кӯдакону занон даст зада, бо ин шева сиёсати манфури худро миёни ҷомеа тавсеа доданӣ ҳастанд.  Дар барорари рушди илму технология ва тараққиёти ҷомеа шеваи мубарозаи онҳо чун бӯқаламун рангу ҷилои дигарро ба худ касб менамочд.

Рисолати ҷоҳилонаи онҳо бо роҳи зӯроварӣ ғасби ҳокимият, ба итоати худ даровардани аҳолӣ,истисмори онҳо, монеа ба рушди илму фанноварӣ ва ин қабил зуҳуроти манфию хатарзо ба ҳисоб меравад.  Кишвари азизи мо дар рақобат ба ин зуҳуроти нангини аср муқовимати шадид нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои он мавқеъ гирифтани қисме  аз марзи давлатиамон бо Афғонистони ҷангзада мебошад. аз рӯи тахълилҳои оморӣ танхо дар моҳи январи соли 2017 зиёда аз 150 амалиётҳои террористӣ дар ин кишвар ба вуқӯъ пайвастааст.

 Дар мубориза зидди ин зуҳуроти номатлуб ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар, махсусан чавонони худогоҳро мебояд фаъол буда, суботи бо мушкилиҳо ба даст омадаи миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

 

Зокиров Р-устоди  ДПДТТ

 

 

 

Мо, ҷавонони фаъоли Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон паёми мардумфиребонаи роҳбари ҳизби терроистиву экстремистии наҳзати исломииро сахт маҳкум намуда, ба ин олими «донишманд» муроҷиатан гуфтанем, ки мо ҷавонони иродатманди даврони соҳибистиқлол бо ҳамсафону пайравони худ намегузорем, ки ангезаҳои ифротии Шумо  ва «лаббайгӯякҳоятон» аз қабили гурӯҳи «Озодандешон» ва гурӯҳи дигар, ки худро  «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ба зеҳну тафаккури ҷавонон иғвову дасисаҳоро ҷо кунед. Муҳиддин Кабирии «муҳтарам»  Шумо воқеан ҳам дил медоштед, ба ҷои «изҳори тасаллият» ва даъват ба сабурӣ аз ҳамтоёни дар зиндон буда, беҳтараш худро таслим мекардед. Ва ҷавонмардона пеши мардум гуноҳҳои худро иқрор мекардед. Лоақл чеҳраи худро ғамолуда нишон медодед, ёрону пайравонатон мегуфтанд «роҳбари маънавии мо» ғами моро мехӯрад.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Касе ки қонунҳои кишварро риоя мекунад, ӯ зиндагии осудаҳолона дорад. Ба рӯяш мактабу масҷидҳо кушодааст. Хонад, маърифатнок шавад. Онҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат интиқод карда, чунин болоназар будани Сарвари муаззами кишварро чашми дидан надоранд. Чашми ҳасуд кӯр аст. Магар роҳбари давлат сазовори чунин баҳо нест, дар ҳоле ки миллат ба ҳадди нестӣ мерасид, маҳз ӯ ҷон ба каф гирифт ва масулияти дирӯзу имрӯзи кишварро бар дӯш гирифт. Мулкро тинҷ кард, кинву кудуратро аз дили размандагон берун сохт ба гузашта салавот гуфт. Бо гузашти беш аз 27 сол танҳо барои ободӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум кӯшиш варзид. Халқи тоҷикро ба оламиён чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофар муаррифӣ кард. Халқ худ ӯро ҳомӣ ва пешвои худ интихоб кард. Ботини Сарвари давлат, ки пок аст ҳамвора кишварамон пеш меравад.

Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар  ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ва ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Мо фарзандони содиқи Ватанем ва ҳаргиз намегузорем, ки идеяи бегона мафкураи моро пойбанди ифротгароӣ гардонад. Зеро фардои ин миллат бо Сарвари оқилу донояш дурахшон аст.

 

 

Дар остонаи моҳи шарифи рамазон доир шудани  мулоқоти озоду шаффофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бори дигар аз мардумсолорӣ ва накубинии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ шаҳодат медиҳад. Зеро моҳи шарифи рамазон моҳи хайру эҳсон, моҳи дастгирии ятимону барҷомондагон аст. Сарвари давлат зимни суханронии хеш аз вазъи геополиткии ҷаҳон ёдовар шуда, ҷомеаи фаъоли кишварро ҳушдор доданд, ки бояд дар ҳама ҷода ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Чун аксари дар ҷаласа иштироккунандагон тӯдакошони ҷомеа маҳсуб мешуданд, Роҳбари давлат бо як дилсӯзӣ таъкид доштанд, ки беҳтарин коре, ки бояд узви ҳар як ҷомеа анҷом диҳад, ин некӣ кардан ба якдигар аст. Бояд мо ба мардум ба дурустӣ фаҳмонем, ки дар 40 нуқтаҳои олам ҷангу хунрезӣ идома ёфта, ҳазорон ҳазор ҷони худро аз даст додаанд. Пешвои миллат аз вазъи нобасомони давлати Сурия ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки имрӯз дар ин кишвари ҷангзада 12 ҳазор кӯдаки маъсум бинобар ҷангу хунрезӣ ҷони худро аз даст доданд. Беш аз 70 миллион сокинони ин давлат дар ғурбат ба як бурида нон зоранд.

 Воқеъияти зиндагӣ ва ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати зарурӣ, сатҳи баланди худшиносӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилӣ таъмин намегардад.

Дар шароити кунунии авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии аҳли ҷомеа аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Зеро имрӯз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари  ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки терроризм дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор ва бадбахтиовари муборизаи разилона ва ноҷавонмардонаи афроди ҷоҳилу нодон, авбош ва дузду қаллобу одамкуш алайҳи инсоният буду ҳаст. Аз ин рӯ, терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли муаммою мушкилоти зиндагии инсон шуда наметавонад, балки он як навъ вабо ва маризиест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад.

Яке аз заминаҳои  асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмест, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд. Барои террористон забону миллат, арзишҳои миллию умумиинсонӣ, ватан, сарзамин, модар, муқаддасоти миллӣ, расму ойин, урфу одат – умуман унсурҳои зотию аслии ҳаёти инсонӣ ягон арзиш ё эътиборе надоранд. Барои онҳо молу сарват аз ҳама гуна муқаддасоту арзишҳои волои илмию фарҳангию маънавӣ болотар меистад. Онҳо пеш аз ҳама барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопоки худ аз нуқсону норасоиҳои ҳаёт, ҳолатҳои ногувори рӯзгори одамон айёрона истифода мебаранд.

Аз ин рӯ, заминаи дигари сарзании ин зуҳуроти манфур нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии иддае аз аъзои ҷамъият аст, ки дар натиҷаи афсункории сангдилону бадхоҳон ба доми макру фиреби онҳо меафтанд.

Террористон махсусан ҷавонони камтаҷриба, нодону ҷоҳил, ноогоҳу зудбоварро ба доми найрангҳои хеш ҷалб карда метавонанд. Бинобар ин, имрӯз зарур аст, ки сатҳу савияи донишу маърифати ҷавонон боз ҳам ба дараҷаи баландтар бардошта шавад, то ки қурбони фиреби бадхоҳон нагарданд.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки  дар мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ фаъолона ширкат варзанд, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хеш кӯшиш намоянд, моҳияти муқаррароти Конститутсия, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро хуб омӯзанд ва сармашқи кору пайкори худ қарор диҳанд.

         Мутаассифона ба ном «донандагони Ислом» имрӯз зери номи муқаддаси ислом ба таълимоте даст мезананд, ки ягон ҳарфи он дар «Қуръони азимушшанъ» наомадааст. Имрӯз ба ном  ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ аз қабили «Давлати исломӣ», «Ал-қоида», «Толибон», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҷунбиши исломии Туркистон», «Чунбиши исломии Ӯзбекистон», «Ихвон-ул- муслим» ва даҳҳои дигар зери ниқоби ислом ба амалҳое даст мезананд, ки ба он инсони комил қодир нест. Пас ин тоифа пеш аз ҳама инсон нест. Аксари роҳбарони онҳо имрӯз дар мамлакатҳои осоишта зиндагӣ дошта, рулро ба ҳамон саркардаҳои фанатии худ додаанд.

         Ислом солиму солеҳ аст ва танҳо инсондӯстию рафоқатро миёни мардум талқин мекунад. Аммо ҷавонони соддаву гумроҳ ва ноогоҳ ба ваъдаҳои хоҷагон бовар карда, ба хотири маблағи зиёд гирифтану дар сурати фавтидан ба биҳишти адн рафтан ҷони ҷавони худро барвақт қурбон мекунанд.

Инсоне ки Ватанашро дӯст медорад пас вай Худовандро азизу мукаррам медорад. Дар оятҳои Қуръон омадааст, ки шахсе барои ҳимояи марзу буми хеш ҷасорат нишон медиҳад, пас ӯ дӯстдори Худованд аст. Ватани мо Тоҷикистон аст. Пас моро мебояд ин меҳанро ҳимоя кунем, на балки ба Сурияву Ироқ барои «корнамо»-и равем.

Воқеан ҳам тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд, беш аз 500 нафар ҷавонони мо имрӯз бинобар гумроҳӣ ҷони худро аз даст доданд. 675 нафар бошанд, имрӯз дар зиндонҳои давлатҳои Скрияву Ироқ қарор доранд. 

Имрўз мо ворисони чунин илму фарҳанги волои инсонӣ бояд нагузорем, ки бадхоҳони миллати мо зери ҳар гуна идеологияҳои ба ном  «исломи асил» аз нав моро ба гирдоби ҷудоиҳо кашида, ваҳдату ягонагӣ, асолати миллӣ ва ҳуввияти  воқеии дини мубини исломро халалдор бисозанд.

Президент аз ҷомеаи фаъоли кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба эктремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тадбирҳои зарурӣ андешида, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, пешгирии ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, бахусус, муқовимат дар самти фошсозии моҳияти иртиҷоии гурӯҳҳои ҷудоихоҳ мунтазам чорабиниҳо доир намоянд.

         Боварии комил дорем, ки мардуми шарифи кишвар барои боз ҳам ободу шукуфоии давлатамон саъй меварзанд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

 

 

Терроризм – чӣ калимаи даҳшатнок. Ин мафҳум дар шуури мо аз охирҳои асри ХХ мустаҳкам ҷой гирифтааст. Инсоният ду ҷанги шадиди ҷаҳониро аз сар гузаронд,  ки ҷамъоҷамъ дар муҳорибаҳои он зиёда аз 60 миллион одамон ҳалок гардиданд.   Лекин он терроризме, ки ҳоло дар ҷаҳон паҳн шуда истодааст, аз ин ҷангҳо беш ба инсоният зарар оварда истодааст, зеро ки он сарҳад надорад, душман аён нест ва мо намедонем, ки аз кадом тараф  ба мо зарба расонида мешавад.  Маҳз терроризм буд, ки солҳои оҳир тамоми инсоният  дар тарс мебошад, зеро ки он глобализатсияе, ки инсоният солҳои оҳир ба он ноил гардид, ба  зери хатар гузошт. Ҳоло кам одамон мехоҳанд ба ҳориҷи кишвар саёҳат кунанд.

Хусусан, терроризми исломӣ дар мамлакатҳои Араб, Аврупо ва Амрико ҳоло аз ҳама беш фаъол мебошад.  Онҳо ба худ ниқоби пайравони дини мубини исломро гирифта, аз номи он ба тамоми оламиён идеяҳое, ки ба дини мубини ислом ҳеҷ умумияте надорад, паҳн карда истодаанд. Ҳусусан он бедодгариҳое, ки аз тарафи роҳбарони давлати ба ном исломии Ироқ,  ки орзуи бунёд кардани ҳалифатро доранд, одамони бомаърифатро ба ташвиш овардааст. Ба ин давлат бисёр одамони гумроҳ аз Аврупову Русияву Осиё шомил гашта истодаанд, ки ин боиси таассуф мебошад. Хусусан, он ҷавононе, ки аз Тоҷикистон иҳтиёрона ба ин давлат рафта истодаанд, мо сокинони кишвари азизамонро бетараф гузошта наметавонад.

Ин одамон аз ҷанги шаҳрвандии ҳонумонсузи солҳои 1992-1995 шояд беҳабар бошанд, ки дар натиҷаи он бисёр шаҳрвандони кишвар нобуд гардиданд. Наҳод калонсолони ин оилаҳо аз ин хел фикру акидаҳои фарзандони ҳуд бехабар бошанд? Ба фикри ман, онҳо бохабар, лекин беаҳамиятӣ нисбати такдири фарзандонашон боиси  он мегардад, ки онҳо дар ҷангҳои беадолатона ҳалок мегарданд. Ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо кадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Аз тарафи давлат ягон озодии инсон новобаста аз он ки ба кадом дин шомил мебошад, маҳдуд карда нашудааст. Ҳамаи имкониятҳо барои инкишофи ҳар як фарди ҷомеа аз тарафи давлат муҳайё карда шудааст. Бояд ҳар як кас дарк кунад, ки беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ин кори на танҳо шахсони алоҳида буда, балки ҳар як аъзои ҷомеа кушишу ғайрат кунад, то ки ватани азизи мо  рӯз ба рӯз шукуфон гардад.  Ман аз тамоми ҷавонон ҳоҳиш мекардам, ки пеш аз амали бемаънӣ кардан, як фикр кунанд, ки бо ин амали ҳуд обрӯи оила, хешу табор ва наздиконро паст мекунанд. Мақсади асосии ҳар як ҷавон дар замони ҳозира ин соҳиби касбу ҳунари муайян шудан бояд бошад. Барои ин ҳамаи шароитҳо аз тарафи давлат муҳайё гардида истодааст. Он гамҳорие, ки давлат ваҲукумати кишвар нисбати ҷавонон мекунанд, на дар ҳамаи давлатҳои дунё ба назар мерасад. Отдыхайте и выигрывайте в Казино Vostok , где история и традиции встречаются с современностью! Наслаждайтесь широким выбором игр, включая популярные слоты Book of Dead, Gonzo's Quest, и игры с живыми дилерами вроде Монополии или Wheel of Fortune. Для игроков из Казахстана доступны удобные методы платежей: Актив, Пиастрикс, Билайн, а также криптовалюты. Зарегистрируйтесь сегодня и получите приветственный бонус до 600,000 тенге на 3 депозита! Мо бояд аз ҳар як рузи ҳаётамон дар шароити сулҳу осоиштагӣ ва тинҷӣ миннатдор ва шукргузор бошем.

 

Фаррух Аминов,

устоди ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ

 

 

Дар шароити кунунии авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Зеро имрӯз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари  ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки терроризм дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор ва бадбахтиовари муборизаи разилона ва ноҷавонмардонаи афроди ҷоҳилу нодон, авбош ва дузду қаллобу одамкуш алайҳи инсоният буду ҳаст. Аз ин рӯ, терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли муаммою мушкилоти зиндагии инсон шуда наметавонад, балки он як навъ вабо ва маризиест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад.

Яке аз заминаҳои  асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмест, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд. Барои террористон забону миллат, арзишҳои миллию умумиинсонӣ, ватан, сарзамин, модар, муқаддасоти миллӣ, расму ойин, урфу одат – умуман унсурҳои зотию аслии ҳаёти инсонӣ ягон арзиш ё эътиборе надоранд. Барои онҳо молу сарват аз ҳама гуна муқаддасоту арзишҳои волои илмию фарҳангию маънавӣ болотар меистад. Онҳо пеш аз ҳама барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопоки худ аз нуқсону норасоиҳои ҳаёт, ҳолатҳои ногувори рӯзгори одамон айёрона истифода мебаранд.

Яке аз чунин ташкилоти террористиву ифротгароӣ ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки дар такя ба хоҷагони шиапарасти худ мехоҳанд ба фазои сулҳу суботи кишвари мо нооромиҳоро оранд. Онҳо дақиқан фикр доранд, ки мардум ба сухану ваъдаҳои онҳо эътимод доранд. Зеро гумон доранд, ки аҳли ҷомеа нодон, ноогоҳ, сатҳи пасти маърифатнокӣ доранд. Ва афсункории онҳо дар ояндаи наздик нафъ хоҳад дод.  Наҳзатиён махсусан ҷавонони камтаҷриба, нодону ҷоҳил, ноогоҳу зудбоварро ба доми найрангҳои хеш ҷалб карданианд. Бинобар ин, имрӯз зарур аст, ки сатҳу савияи донишу маърифати ҷавонон боз ҳам ба дараҷаи баландтар бардошта шавад, то ки қурбони фиреби бадхоҳон нагарданд.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки  дар мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ фаъолона ширкат варзанд, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хеш кӯшиш намоянд, моҳияти муқаррароти Конститутсия, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро хуб омӯзанд ва сармашқи кору пайкори худ қарор диҳанд.

Дар назди мо, устодон вазифаи бузург ва муқаддасе меистад, ки бояд дар тарғибу ташвиқи ғояҳои олии инсонӣ, маърифатпарварӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъриху фарҳанги миллӣ саъй намуда, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ҳаматарафа мубориза барем. Нагузорем, ки ҷавонон дар чорсӯи зиндагӣ гумроҳ монда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротӣ шомил шаванд. Зеро ҷавонони огоҳ ва соҳиби маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи наметавонад фирефта созад.

 

 

 

Имрӯз, мутаассифона, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, бахусус дар давлатҳои исломӣ, равияҳои худкушӣ, мардумкушӣ ва амалҳои террористӣ анъана шудааст ва ин ҳамаро ба мардуми мусалмон алоқаманд мекунанд, ки ин дину мазҳаби моро гунаҳкор месозад. Ташкил ва равонасозии чунин амалҳои террористӣ дар давлатҳои исломӣ ва дигар давлатҳо ин пешаи мусалмонони асил нест, балки ба зоҳир мусалмонон аст, чи хеле ки Муҳаммад Иқбол фармудааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Дини мусалмонӣ дини тозатарин ва ростин аст, вале мутаассифона, имрӯз мусалмононе пайдо шудаанд, ки ин дини мубинро ба шохаҳо тақсим мекунанд ва аз он ҳизбҳо ташкил медиҳанд.

Дин ҳизб нест! Дин эътиқод аст ва боварӣ ба Худои таоло. Имрӯз дар давлатҳои исломӣ мусалмонон намояндагони динҳои дигарро бо чашми бад нигоҳ мекунанд, ки ин соф муқобили дини мубини ислом аст, барои он ки дар ислом умуман хислати бадбинӣ нисбати якдигар ва бандагони Худо гуноҳи гарон аст.

Агар бадбиниро гуноҳи гарон ё азим гӯем, худкушӣ, қатли мардуми бегуноҳ, дигар амалҳои террористӣ гуноҳе ҳаст ногуфтанӣ.

Яъне ифротгароён ё шахсоне, ки амалиёти ваҳшиёнаро на танҳо дар давлатҳои худ, балки дар дигар кишварҳои минтақа низ амалӣ мегардонанд, аз номи мусалмонон баромад карда, якчанд амалиёти террористӣ гузаронидаанд, ки боиси фоҷиаи гӯшношунид гардидааст. Яке аз он ваҳшоният чанде пеш дар кишвари Афғонистон сурат гирифт, ки дар натиҷа чандин нафари бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд.  Боз якчанд амалҳои ғайриинсонӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ, ки худро гурӯҳҳои давлатҳои исломӣ эълон кардаанд, сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи ин амалиёт мардуми бегуноҳ зарар бардошта, қисми дигари мардум ба қатл расонида шудаанд. Гурӯҳҳои мазкур бо чунин амалҳои зишт  ва ваҳшиёнаи худ, ки дар натиҷаи он нафарони зиёди бегуноҳ кушта мешаванд, соф ғарқи гуноҳанд, ки ин дар ислом нобахшиданӣ аст.

Барои аз байн бурдани чунин нофаҳмиҳо, бадбиниҳо ва амалҳои гайриинсонӣ, ҳар як фарди солимақл вазифадор аст, ки мардумро ба миллат ва дин ҷудо накунад, чунки онҳо ҳама офаридаи як Худоанд, чи тавре ки Саъдии Шерозӣ фармуда:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Яъне ҳар яки мо пеш аз даст задан ба ягон амали зишт ва ё амале, ки ваҳшиёна аст, бояд фикр кунем: «Оё чунин амали ман дуруст аст?», «Оё ин мусалмонии маро исбот мекунад?

Албатта, на, дуруст нест ва мусалмониро исбот намекунад ва ин роҳи ислом нест, балки ин роҳи мусалмонони ғаразнок ва соҳиби мафкураи паст мебошад. Пас, биёед, ҳаракат кунем, ки бо амалҳои хуби инсонии худ номи исломро пок нигоҳ дорем ва дар роҳи рости ислом вафодор монем. Ҳамчун шахси бомаърифат дар ҷомеаи имрӯзаи соҳибистиқлол барои зиндагии осоиштаву босуботи имрӯз ва фардои худ талош варзем.

 

Саидшоева Солеҳа,

устоди кафедраи иқтисодиёти соҳавии

ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ

 

 

 

 Муҳиддин Кабирӣ, сарвари ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом дар Паёми рамазонии худ аз ҳамтоёни содиқаш, ки барои ӯву ҳизбаш гумроҳона ба ҳизб шомил шуда буду имрӯз дар маҳкамаанд, ёдовар шуда, онҳоро ба таҳаммулпазирӣ даъват намуд. Гуфтаҳои ӯ таъбири халқии «Туро газад маро чи ғам»-ро ба ёд меовард. Зеро ӯ дар як муҳити зебо андаруни боғ, зери фаввораҳо бо либоси фохира ифтихормандона гап мезанаду ёрони собиқаш кунҷи девор узлатнишин. Ончунон пулҳои хоҷагон ӯро маст кардаанд, ки фарбеҳ шудааст. Аз чеҳрааш осори ғам пайдо нест. Ӯ ба муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ оварда онҳоро низ ба сабру таҳаммул даъват мекунад. Аз оҳанги «табрикот»-и ӯ гӯиё танҳо тоҷикон дар олам муҳоҷироти иҷборӣ хастанду халос. Мавсуф сиёсати Ҳукумати Ҷумҳуриро сиёсати ғалатзада номид. Аммо аз амалкарди худ бехабар. Ӯ чун рӯбоҳ думро хода карда аз Ватан гурехт. Дӯстону ёрони қадрдонашро дар лаҳзаҳои мушкилтарин партофта рафт. Худ дар беҳтарин шаҳрҳои Аврупо пулҳои ҳоҷагонро ҳамонтавре, ки мехоҳад сарф мекунад. Гӯиё «дилсӯзи миллат» бошад, аз вазъи иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Мардона бояд иқрор шуд, ки Сарвари давлат аз ҳеҷ чи як кишвари ободу озод бунёд кард. Зиндагӣ ба маҷрои тоза даромад. Барои намозгузорон шароити беҳтарин муҳайё шуд. Бале, Ҳукумат ба либосу риш дахл кард, чунки таассуби кӯр-кӯрона ба мо лозим нест. Сатри аврат, фаранҷипӯшӣ моли миллати мо нест. Мо либоси атласу адрас поҷомаи худро дорем. Бояд ҳамин либоси худро талқин намоем. Дар масъалаи риш ҳаминро гуфтанием, ки чеҳраи зоҳирӣ дар ягон давр имондории шахсро муайян намекунад. Аз ришҳои дарози безеб мондан беришӣ беҳ.

Дар масъалаи «лайк» ҳаминро гуфтанием.  Маҳз ҳамин лайкмонданҳо ба канда шудани риштаи умри 500 нафар ҷавонон сабаб шуд. Маҳз ҳамин лайкмондаҳо буд, ки беш аз 600 ҷавонони тоҷик дар маҳкамаҳои ДИИШ қарор доранд. Маҳз ҳамин лайкмондаҳо буд, ки падарону модарон то ҳол роҳи фарзандонро мепоянд.

Ошкоро бояд гуфт паёми рамазонии Муҳиддин Кабирӣ дархури  розу ниёзи ҳатто тарафдоронаш нагардид. Зеро суханронии беасосу беҷояш обрӯи бе ин ҳам набудаашро ба дурустӣ резонд.

Боварӣ дорем, ки моҳи мубораки Рамазон дар дили ин бадсиголҳо раҳму шафқатро зиёд мегардонад ва онҳо аз ҳангомаҷӯиву зиёдравӣ худро канор мегиранд.

 

Дадохон Ҷӯраев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

    Зуҳури дини ислом, ки пасон сабаби ташкили давлати муттаҳидаи арабҳо, - Хилофати Араб (622-1258) гардид, дар такдиру сарнавишти бисёр халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон накши муҳим бозид. Ислом, ки ба маънӣ-итоат, тавозӯъ, фармонбардорӣ аст, яке аз динҳои яктопарастии ҷаҳонӣ буда, дар асри VII дар нимҷазираи Арабистон дар муҳити қабилаҳои араб паӣдо шудааст. Асосгузори он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (570-632), яъне Муҳаммад пайгамбар шуморида мешавад. Азбаски дар исломи ибтидоӣ ғояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарӣ, накӯкорӣ, адолатпарварӣ, шафқату эҳтиром ба якдигар тарғибу талқин шуда, зулму тааддӣ, риёкорӣ, дурӯғгӯӣ, ришвахӯрӣ зери тозиёнаи танқид афтида буд, мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронӣ хам онро писандида қабул карданд. Манбаъҳои ғоявии ислом, қабл аз ҳама дини яҳудӣ, масеҳӣ, динҳои қадимаи қабилаҳои араб, зардуштия ва монавия мебошад. Асоси таълимоти дини исломро китоби «Қуръон» ташкил медиҳад. «Қуръон» аз 114 сура (боб) иборат буда, барои мусулмонон китоби муқаддас маҳсуб шуда, пояи асосии дини ислом аст.

Мутаассифона, дар охири асри 20 ва оғози асри 21 дар зери ниқоби дини ислом ҳар гуна ҳаракат ва равияҳои ифротгаро  арзи ҳастӣ намуданд, ки бузургтаринаш ба ном «давлати исломӣ» мебошад. Ин ташкилоти террористӣ бо манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ наздикӣ надоранд. Гузашта аз ин, ин ташкилот дар аксари кишварҳои олам пайравони худро пайо намудааст. Аз ҷумла ҳизби наҳзати ислом низ яке аз шохаҳои ин ташкилот маҳсуб меёбад.  

     Чунончи пайдоиши «Давлати исломии Ирок ва Лубнон» дар ибтидои асри ХХI ва аз моҳҳои июн ва июли соли 2013 аз чониби аксарият давлатҳои ҷаҳон маҳкум карда шуд. Забткориҳои босуръати ҳудудҳои Ироқ ва Сурия аз ҷониби давлати бо ном исломӣ, дар нимаи аввали соли 2014, ки он бо ваҳшоният ва вайрон кардани ҳама гуна ҳуқуқҳои башарии инсон гузаронида шуд, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ маҳкум карда шуд.

Ҳизби наҳзати ислом низ имрӯз аз ҷониби чандин ташкилотҳои бонуфузи олам чун ҳизби экстремистиву террористӣ шинохта шудааст.

     Мо низ, халқи тоҷик, ки таърихи қадим ва ибратомӯз дорем, бояд нагузорем, ки ин гуна ҳаракатҳои террористӣ дар олам паҳн шуда, сабаби сар задани ҷанги нави ҷаҳонӣ шавад.

                                                                                                  Темирхоҷаев А.

                                                                                           устоди ДПДТТ

 

 

 

 

Раванди глобалии чахони муосир имрӯзҳо  пуртуғён дар рушду нумӯъ мебошад. Асри навин тақозои ихтироот ва навовариҳои тоза буда,  талаботи рӯзафзӯни ҷомеаи мутамаддин  ба ноил гардидан  барои дастовардҳои навро талалб менамояд. Ҳамаи ин тозакориҳо барои шароити беҳтар фароҳам овардан бо мақсадҳои наҷиби инсоният: меҳнат, истиқомат  ва фароғат беҳтарин  махлуқ-инсоният мебошад.

Аммо фазои ин  тозакориҳоро  як зумра ашхоси тангназар  ва манфуру худхоҳ  бо иҷборан таҳмил намудани сиёсати  зиддиинсонии худ , дар кишварҳои мусулмонӣ, аммо бо мусоидату  иғвои  давлатҳои абарқудрати ғайримусулмон  мехоҳанд таҳмил намоянд.

Дар марҳилаҳои гуногуни тамаддуни олам террористон дар тамоми кишварҳо фаъолият доштанд ва ҳар гоҳ  бо содир намудани амалиёти пурдаҳшат ва кирдори ношоиста чеҳраи разилонаи худро нишон додаанд. Дар баробари рушди тамаддунҳо, кашфиёти илмию техникӣ ва тағйирпазирии авзои ҷаҳон террористон низ такмили амалиёт намудаю бештар мусаллаҳ шудаанд ва кирдорҳои авбошонаи худро густариш бахшидаанд. Ҷои таассуф аст, ки террористон  дар ҳар давру замон миёни масъулини баландпоя, сарватмандони бехирад ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа ҷонибдорон ва гурӯҳҳои алоҳидаи худро доранд ва аз онҳо кӯмаки молию дастгирӣ мебинанд. Баъзе кишварҳою аҳзобу гурӯҳҳои тундгаро  ва манфиатҷӯ таваҷҷӯҳи террористонро ба ҳар васила ба худ ҷалб намуда, нерӯи тахрибкори онҳоро  баҳри пиёдасозии кирдори ношоиста ва барои  ҷомеаи зиёновари хеш истифода мебаранд.

Дар тамаддуни муосир ҳаракатҳои террористон дар минтақаҳои  гуногуни олам авҷ гирифтааст ва хатари  амалиёти онҳо барои ҷомеаи дучанд афзӯдааст. Ин хеле пурхатар аст, ки имрӯз террористон кӯшиши худро  барои тасарруф кардану ба итоати худ даровардани  тафаккури инсонӣ равона кардаанд ва барои ин аз воситаҳои гуногун, мисли дастгоҳҳои иттилоотӣ,  технология муосир ва таблиғоти бавусъат истифода мебаранд. Ҳамлаи иттилоотию идеологӣ ва тарғиботии гурӯҳҳои терористӣ ҳоло бештар  ба ҷалби ҷавонон равона шудааст. Зеро ҷавонон  ҳам нерӯи тавоноянду ҳам ҳанӯз ҷаҳонбинии васеъ ва таҷрибаи кофӣ надоранд ва табиатан ба калавишҳои мафкуравӣ роҳ медиҳанд, аксаран зудбоварию соддалавҳӣ содир менамоянд.  Мо аз воситаҳои ахбори умум мунтазам ба доми фиреби террористон гирифтор шудани ҷавоне ё гурӯҳи ҷавонон  огаҳӣ дармеёбем ва таассуф мехӯрем. Террористон бо ҳамин васила ҷавонони булҳавас ва зудбоварро  аз Ватан  берун, аз хешу ақрабо ҷудо месозанд, бо ваъдаҳои пучу маблағҳои фиребо, бо ҳидоятҳои хоинона онҳоро бо содир намудани  кирдорҳои номатлубу барои аҳли ҷомеа зиёновар ва ҳатто  ба куштору сӯхтору маҳв  водор менамоянд. Мутаассифона, чанде аз ҷавонони тоҷик  низ фирефтаи доми макру тазвири  гурӯҳҳои террористӣ мисли ДОИШ, Салафия, Ваҳҳобия ва монанди инҳо гардида ба нокомию фалокатхои зиёде дучор омада, аз карда пушаймон шудаанд.

Дар робита ба ин дар кишварамон чораҳои таъҷилию  фарогир андешида шудаанд. Муҳимтар аз ҳама, корҳои таблиготию ташреҳӣ миёни ҷавонон  тақвият ёфта, тарбияи ватандӯстию  инсонпарварӣ миёни онҳо пурӯр карда шудааст. Муассиссаҳои таълимӣ, расонаҳо  ва нерӯҳои дигари солим  баҳри бо донишҳои сиёсӣ, тафаккури солиму созанда, ҷаҳонбинии  бунёдӣ мусаллаҳ шудани ҷавонон  ҷидду ҷаҳди ҳамешагӣ доранд. Ин ҳама  ва тадбирҳои дигар ба воқеъбину мулоҳизакор  ва дурандеш гардидани ҷавонон мусоидат намудааст.

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Прззиденти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  махсусан баҳри дастгирию роҳнамоии ҷавонон нигаронида шудааст.

Пешвои миллат  бобаста ба тавзеҳи  амалиёти террористон қайд кардаанд: «Терроризм ва экстремизм,  аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ дошта, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки  тахдиде ба тамаддуни ҷаҳон ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Пас моро мебояд дар ин ҷода хомӯш набошем.

Зокиров Р.Ш. устоди ДПДТТ ба номи  ак. М.С. Осимӣ