ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК

Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел дар кишварамон Рӯзи илми тоҷик бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Ба хотири таҷлили сазовори ин рӯзи касбӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- амалии омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони Phd магистрантон ва донишҷӯён бахшида ба эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Конференсия ду рӯз давом намуда, аввалан мақолаҳои устодон дар бахшҳои алоҳида шунида шуд.

Дар рӯзи дуюми конференсия барои аҳли иштирокдорон намунаи эҷоди устодону донишҷӯён пешкаш гардонда шуд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Турсун Холматов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, салому паёми директории донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро бар самъи ҳозирин расонид. Дар баромади сарвари донишкада фаъолияти илмии донишкада пурра мавриди таҳлил қарор гирифта, аз устодон ва шогирдони донишкада даъват ба амал оварда шуд, ки қобилияти зеҳнӣ ва нерӯи ақлонии худро барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим равона кунанд. Номбурда ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таҳким бахшидани рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нек арзёбӣ намуд.    

Сипас, роҳбарони 8 бахшҳо - Саидова Шоира, мудири кафедраи дизайн ва меъморӣ, Юсупова Гулнора, декани факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ, Акрамов Абдуқодир, декани факултети сохтмон ва нақлиёт, Худойбердиев Хуршед, мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Бобоева Таиба, мудири кафедраи  умумитаълимӣ, Раҳимов Охунбобо, устоди кафедраи таъмини барқ ва автоматика, Комилова Дилрабо, мудири кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, Ғуломнабиев Сардор, мудири кафедраи умумитаълимии донишкада дар бораи натиҷаи кори бахшҳо гузориш доданд.

Дар идомаи кори конференсия барои дастовардҳои илмии донишкада ғолибони озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ, ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, устодоне, ки онҳоро ба олимпиада омода намуданд аз ҷониби  Раёсати донишкада бо ифтихорнома сарфароз гардонда шуданд. Ҳамчунин фаъолони бахшҳо бо сипосномаи Раёсати донишкада сарфароз гардиданд.

Дар фуроварди кори конференсия ба якчанд нафар фаъолони шаҳодатномаи аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.

Бо ҳамин конференсия ба кори худ анҷом бахшид.  

 

 

Бо иштироки беш аз 250 нафар духтарони донишкада ҷаласаи навбатии Шӯрои духтарони донишкада доир гардид.

Чорабиниро мудири шуъбаи тарбия Муҳаррама Темирова ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки дар рӯзномаи кори ҷаласа танҳо як масъала интихоби нави раиси шӯрои духтарони донишкада  мавриди баррасӣ қарор мегирад. Зикр шуд, ки Маърифат Мавлонова, раиси шӯрои духтарони донишкада дар давоми беш аз се соли фаъолияташ тавонист дар самти кор бо духтарон корҳои хуберо роҳандозӣ намояд. Азбаски номбурда хатмкунанда аст, зарурати интихоби нави раиси шӯрои духтарон ба миён омад.

Сипас аз чор факултети донишкада як нафари фаъолаҳо – Саидабону Ҳасанова, донишҷӯи курси 3, намояндаи факултети сохтмон ва нақлиёт, Фарангис Баротова, донишҷӯи курси 1 аз факултети информатика ва энергетика,  Султонова Парвина, донишҷӯи курси 3 аз факултети муҳандисӣ - технологӣ ва  Абдуманонова Адиба, донишҷӯи курси 2 аз факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ ҳамчун довталаб  ба номзадии раиси Шӯрои духтарони донишкада  барномаҳои худро муаррифӣ намуданд.

Устодони донишкада Алия Раҳимова, Хайринисо Темирова ба номзадон доир ба фаъолияти минбаъдаи корӣ, нақшаҳои тарҳрезинамудаашон саволҳо доданд.

Бо назардошти дониши баланди сиёсӣ, маҳорати ташкилотчигӣ бо аксарияти овозҳо раиси шӯрои духтарони донишкада Султонова Парвина интихоб гардид.

 

 

 

 

 

Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва эътирофи гуногунандешии сиёсӣ, ҳамзамон тараққии технологияи иттилоотии замонавӣ воситаҳои таъсиррасонӣ ба шуури ҷавонон мухталифанд. Пайдост, ки аксари ҷавонони мо бо иттилооти сомонаҳо сарукор доранд ва ин раванди табиист. Вале суоле ба миён меояд: онҳо ин иттилооти пешниҳодгардидаро чӣ тавр қабул менамоянд?! Тарафи дигари масъала дар он аст, ки онҳо чаро ба иттилооти беасоси ҳангомаҷӯёна ва ё ғаразнок таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд?

     Ё худ ба ҳамагон равшанаст, ки дар ҷомеаи кунунӣ теъдоди зиёди ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳар яке аз ин ҳаракатҳо нақшаю барномаҳои хоси худро ҷиҳати рушди сиёсию иқтисодии ҷомеа доранд. Аммо дар байни ҷавонон афроде ҳам ёфт мешаванд, ки бо ҳадаф ва мақсадҳои ниҳоии ин ҳаракатҳои ҷамъиятӣ пурра шинос нагашта, фирефтаи ақидаҳои роҳгумзананда мегарданд. Яъне, чунин ақидаҳои роҳгумзананда ва пайгирии имрӯза садҳо ҷавонони сода ва камсаводи тоҷикро низ ба майдони мусулмонкушии Сурия, Ироқ, Покистону Афғонистон роҳнамун сохтаанд. Барои чӣ ҷавонони мо ба ин роҳ мераванд?

Таърих фаромӯш намешавад: ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро дар кишвар ҳамингуна ҳизбу ҳаракатҳо роҳбарӣ карда, сабабгори фоҷеаи мудҳишгардиданд. Бемуҳобот, чунин рухдодҳо, албатта, аз ҳодисаҳои нанговар барои миллати тоҷик мебошанд. Вале ба хотири наҷоти миллат гуноҳи аксари кулли ҷинояткорон бахшида шуданд ва ин ҳам барои ояндаи кишвари азизамон буд.

     Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкидан зикр кардаанд: «Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидаем ва сулҳу субот, ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт кунем».

Бале, ҷаҳду талоши бемонанди Пешвои муаззами миллат, роҳбарони дигар буд, ки зӯроварӣ, гурӯҳҳои силоҳдори ғайриқонунӣ, ки даст ба ғорати мардуми осоишта мезаданд, аз байн бурда шуданд. Вақти он аст, ки мо–ҷавонон фирефтаи идеологияи ғайр нагашта, ҳушёрӣ ва зиракиро пешаи худ намоем. Барои ободии диёр ва эмин нигоҳ доштани он аз чашми бадбинон аз дилу ҷон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Фаррух Аминов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Кишвари соҳибтамаддуну бофарҳанг, сулҳпарвару бунёдкори тоҷик зиёда аз 27-сол аст, ки аз обу ҳавои Истиқлолият нафаси тоза мегирад. Мо худ бо чашми дил дида истодаем, ки кишварамон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Ва ҳама бо шукргузорӣ паи меҳнати ҳалоли худ  ҳастанд. Кушода шудани сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон худ як дастоварди бузурге ҳаст, ки ҳар ду ҷониб аз ин иқдом хушҳолӣ мекунанд Мусаллам аст, ки ин ҳама пешравиҳоро душмнони лаин чашми дидан надоранд. Онҳо аз ин ободию пешравӣ дарун дарун сӯхта, аламашонро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебароранд. Яъне, бо ҷузитарин камбудиҳо мехоҳанд халқро ба гирдоби бало ва ҷангу хунрезӣ кашанд. Махсусан саркардаҳои онҳо Кабирии худхоҳу манфиатҷӯ ҳамарӯза аз хоҷаҳои худ супориш гирифта, онро ба «ёрон»- содиқаш мерасонад. Маҳз ҳамин нафарон ба вусъатёбии терроризм, экстремизм бегонапарастӣ,  ифротгароӣ, гурӯҳҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷудоиандозӣ, гумроҳшавӣ вусъати тоза мебахшанд.  Онҳо бо истифода аз нооромиву низоъҳои олам истифода бурда,  мехоҳанд ангезаи ҷангҳои Сурияву Ироқро ба Тоҷикистон кӯчонанд.

Мақсади ниҳоии онҳо бунёди давлати исломӣ дар кишварамон аст.  гуногун мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр карданд: «Терроризм ва эстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда,  аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Гурӯҳҳои эстремистию террористӣ бештар ҷавонони камтаҷрибаю гумроҳро бо ваъдаҳои дурӯщин, пулу мол ва зиндагии серу пур ба дом андохта,  ба мақсадҳои нопок истифода мебаранд.

Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  нисбати ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Мо, устодон амалҳои зишту номатлубро маҳкум менамоем. Ҷавонро дар руҳияи бифтихори баланди миллӣ тарбия менамоем.

Устодони кафедраи дизайн ва меъморӣ

 

 

  Вақтҳои охир шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамояд, аз қабили ҳодисаҳои гаравидани баъзе аз ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ ва ҳатто террористӣ мешавем. Ин тамоюл, бешак, мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, батараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон ба зуҳур омадааст. Ҳол он ки мутобиқ ба нишондоди оморӣ аксарияти аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон бошанд, яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва қувваи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа буда, дар бунёдкорӣ ва муайян намудани ояндаи давлатдорӣ саҳми бузурге доранд. Пас, маълум мешавад ки «мушкилоти ҷавонон» - мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Ин ҷо суоле ба миён меояд - кӣ ҷавононро ба ин вартаи гумроҳӣ меафканад? Имрӯз тавасссути расонаҳои хабарӣ мешунавему мебинем, ки баъзе руҳониён зери номи муқаддаси дини мубини ислом баромад карда, баҳри амалӣ сохтани ниятҳои нопокашон, ки сохтори хилофат ва ҳукмфармоии он аст, мафкураи ҷавононро заҳролуд карда, щояҳои исломро аз нигоҳи щаразноки худ тавсиф ва ҷавононро ба роҳи ифроту хурофот ҳидоят мекунанд. Ҷавонон, ки ҳанӯз мафкураашон ташаккул наёфтаасту фирефтаи маблащҳои калон шуда, гуфтаҳои чунин ашхосро қабул мекунанд. Онҳо бо ҳидоят ва роҳбаладии руҳониёни алоҳида бо баҳонаи гирифтани таълимоти динӣ ба давлатҳои исломии ҳамҷавор рафта, баъди муддате ба ташкилотҳои террористию экстремистии байналмиллалӣ ҳамроҳ мешаванд ва дар задухӯрдҳои ин ташкилотҳо бар зидди ҳукуматҳои қонунӣ иштирок мекунанд. Дар заминаи таълимоти барщалату бегона ва ифротгаро қисме аз онҳо ба мазҳабу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, аз қабили Салафия, Ваҳҳобия, Ҳизби таҳрир, Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дохил мешаванд.

Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва табиист, ки ҳар кадом давлатҳои абарқудрат саъй доранд, ки манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро зери ниқоби дин дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намоянд.

Дар кишвари мо намояндаи динҳои гуногун, аз ҷумла ислом, насронӣ, яҳудӣ ва щайра умр ба сар мебаранд, ки 80% сокинони он мусалмон буда, дини мубини исломро мепарастанд. Ҳамаи онҳо дар амалӣ намудани фаъолияти динии худ озод мебошанд ва ҳатто масҷиду калисоҳои худро доранд. Давлат фаъолияти тамоми равияҳои диниро, ки расман сабти ном шудаанд, эътироф мекунад ва барои пайравии онҳо тамоми шароитҳоро муҳайё месозад. Аммо ин амал дар ҳолате ба роҳ монда мешавад, ки фаъолияти онҳо зидди сиёсати давлат ва давлатдорӣ ё характери ищвогарию хусуматпарастиро миёни шаҳрвандон надошта бошад. Зеро дар моддаи 1-уми Сарқонун қабул гардидааст, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Маҳз ин мафҳум шаҳодати он мегардад, ки дин ва муассисаҳои динӣ ба фаъолияти давлатдорӣ набояд дахолат кунад.

Дини мубини ислом дар сират дини поку адолатнок буда, инсонҳоро ба покизагию инсондӯстӣ ва эҳтироми дигарон даъват мекунад. Аммо имрӯзҳо ислом бозичаи дасти як гурӯҳ манфиатҷӯён, ки аксар одамони «зиёӣ» ва олимақом мебошанд, гардидааст ки бо ин кирдорашон бегонапарастӣ ва фарҳанги бегонаро талқин менамоянд, номи мубораки исломро сиёҳ мекунанд. Чӣ тавре ки гуфтаанд:

                       Ислом ба зоти худ надорад айбе,

                  Ҳар айбе, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Дар натиҷа, таъсири зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба гуруҳу мазҳабҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи таассуби динӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.

Агар ба сарнавишти таърихи миллат назар кунем, ин падида, яъне бегонашавӣ, бегонапарастӣ ва тақлидкунӣ дар руҳу ҷисми тоҷик ҷой надошт. Баръакс фарҳангу тамаддуни мо замони қадим ва замони асҳои миёна ба халқҳои кишварҳои ҳамсоя, бахусус, Аврупо таъсири мусбат расонид ва ин халқу миллатҳо ба он таҳсин мекунанд, яъне оинаи дигарон будем.

Бо ин андеша, мо ҳаргиз нисбати дигар халқҳо худро баланд намегузорем. Мо фақат мехоҳем ҷавононро ҳушдор намоем, ки ин падида бегона аст ва метавонад мушкилоти ҷиддӣ ва ҳатто хатарро ба амал орад. Аз ҷумла, бегонашавӣ ва буҳрон дар оила, дар байни дӯстон, дар равоният, ҷисмоният, дар хулқу хӯй ва ниҳоят хатаре эҷод менамояд дар нобудшавии миллати тоҷик чун халқият дар арсаи ҷаҳони мутамаддин.

Пас, баҳри пешгирии ин тамоюли номатлуб чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама мо бояд ҷавононро ба худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва фарҳангшиносӣ даъват кунем ва ин ҷо ду чизро мавриди назар бояд қарор дод.

Якум, фаҳми он ахборе, ки ҷавонон пайдо мекунанд, ки он иборат аст, аз қобилияти дарк кардани ахбор. Ҳар хабару маълумот қобили таҳлил буда, ба ҳукми ақлу хирад баҳогузорӣ карда шавад. Мутаассифона, бархе аз ҷавонон ин ё он хабарро на аз назари хирад, балки аз назари ҳис, эҳсосот баҳогузорӣ менамоянд. Албатта, хабаре ки аз дохил ва берун падид меояд, онро бояд бидонем ва аз он ҷои гурезе нест. Дар баробари ин, бояд ҳар кас назари худро нисбат ба он ба маънии мақсад, зиндагӣ, фаъолият дарк намояд, вагарна ба гирдоби бегонашавӣ ва бегонапарастӣ дучор мегардад. Ин амрест, ки қобили инкор нест ва барои интихоби ахбори ҳақиқӣ хирадро ҳамчун силоҳи асосӣ бояд истифода намуд.

Дуюм, донише, ки ҷавонон, алалхусус донишҷӯён меҷӯянд. Дар роҳи ҷустуҷӯи дониш метавон одоб, афкор, санъат, адабиёт, фарҳанг ва касбро ёфт, вагарна нишони тири бегонашавӣ ва бегонапарастӣ гардид, ки ба ҳеҷ кас раҳм намекунад. Талош барои дониш ин фақат ибтидои кор буда, интиҳои он парастиши ҳақиқат аст.

Фарҳангу ҳуввият ва худшиносии миллӣ на бо майлу ҳавас, балки ба маърифат, тай намудани зинаҳои маърифат, ҷустуҷӯи дониши ҳақиқӣ пойдор мебошад. Аз ин рӯ, дар ҷавонон бояд касб кардани дониш ва маърифатро тарщиб намуда, дар баробари ин онро бояд ҳифз намуд.

Ва қобили қайд аст, ки бе ақидаи илмӣ ва фалсафию танқидӣ инсон ба муқаллиди фарҳанги щайр табдил меёбад. Тақлид ба фарҳанги бегона бошад, сабаби набудани фарҳанги худӣ мегардад. Дар ин сурат инсон ҳамон зощеро мемонад, ки хиромидани кабк тақлид намуда, рафтору хироми онро ёд намегирад, вале шеваи парвози худро ҳам аз даст медиҳад. Мутаассифона, имрӯз ҳам баъзе мардуми мо ҳамон зощеро мемонанд ва афкори диниро ба тақлид мепазиранд, на ба сират ва на ба ақлу на ба фалсафа. Аз ин рӯ, имрӯз низ чун дар замони Шамси Табрезӣ бар сари ин бефаҳмиҳо бояд фигон кард:

                    Халқро тақлидашон барбод дод,

                    Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.

Дар хулосаи сухан таъкид бояд дошт, ки ҳуввият, фарҳанг, худшиносии миллӣ ва тафаккури баланди фалсафию ҳуқуқӣ аслиҳаи бузургест алайҳи ҳуҷуми душманон ба генофонди миллати мо. Агар аз ин арзишҳои миллӣ ба таври бояду шояд истифода ва корбурд нанамоем, дар ниҳоят ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ мегардем, ки Иқболи Лоҳурӣ дар як байти худ фармудааст:

                 Ҳар кӣ бар худ нест фармонаш равон,

                 Мешавад фармонпазири дигарон

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

       

 

 

Ҳизби террористиву ва экстремистии ҲНИТ имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ дар саҳифаҳои махсус худро орӣ аз гуноҳҳо гирифта, бо навиштаҳои муғризонаи хеш мехоҳанд, ки тарафдорони худро зиёд намоянд. Аммо ин кӯрдилони миллаткуш намедонанд, ки мардум дигар ба ваъдаҳои «болохонадор»-и онҳо бовар надоранд. Ва ҳар он амале, ки онҳо гӯиё барои фардои миллат мекунанд, баръакс ангезаи душманиро нисбаташон қавитар месозад. Ин нафарон дар шароите ҷанги иттилотӣ бурда истодаанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатари терроризму экстремизм ба ташвиш овардааст. Имрӯз дар кишварҳои гуногуни дунё даҳҳо гурӯҳи террористию экстремистӣ амал мекунанд, ки бо таҳрибкорӣ боиси бадбахтии миллионҳо нафар гаштаанд. Зеро ин зотҳои касиф барои ноил гардидан ба мақсаду ниятҳои нопок аз ҳеҷ гуна ҷаҳолату қабоҳат рӯ наметобанд ва ҳатто ба кӯдакон ва занону барҷомондагон раҳм намекунанд. Як шохаи фаъолияти ин нерӯҳои оламкуш маҳз ҲНИТ мебошад. Худ қазоват кунед, онҳо дар пешрафтарин мамлакатҳои Аврупо бо пулҳои ҳангуфти хоҷагони бегона зиндагии шоҳона доранд ва рисолаташон як аст. Сари компютер нишастану иғвову дасиса бофтан аст.

Мо, духтарони хушбахти диёр шукронаи ободиву озодии миллатамонро мекунем.

Шукр мекунем, ки  барои мо, духтарон давлат  беҳтарин шароитро муҳайё кардааст. Дар бонуфузтарин муассисаи олии кишвар таҳсил дорем. Устодонамон низ мисли мо ифтихори баланди миллӣ доранд ва дар ҳар машғулиятҳо талқин мекунанд, ки роҳи дурусти зиндагиро пеша намоем. Зеро ин миллат ва  ин кишвар аз имтиҳони сахту сангин давраи ҷанги шаҳрвандӣ гузаштааст. Ва мо насли даврони соҳибистиқлол он ҳама рӯзгори сияҳи падарону бобоёни худро шунида, дар назди худ мақсад гузоштем, ки ба чунин нафарони сияҳдилу  кинаангез муборизаи беамон барем. Мо бояд ба ин давлат хизмати содиқона намоем. Хизмати мо аз чӣ сар мезанад? Аз дӯстдорӣ ва муҳаббати беолоиш ба обу хоки диёр.

Боқӣ ҳар амали носипосонро маҳкум мекунем.

Аъзоёни Созмони духтарони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Фаъолияти ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз як амали хоинона моҳи сентябри соли 2015 пурра баста шуд. Аммо то ҳол роҳбарони гурезаи онҳо хориҷ аз кишвар бо истифода аз  расонаҳои иғвоангези дар хориҷа сабтиномшуда мехоҳанд, фазои солими кишварамонро ғуборолуд намуда, дар зеҳну тафаккури шаҳрвандон андешаи ботилро ҷо созанд. Гузашта аз ин як гурӯҳ ба ном рӯзноманигорони «ҳирфаи»-и ин «нерӯи осебпазир» аз созмону ташкилотҳои байналмилалии ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунанд. Ин гурӯҳ, ки аз ҷониби хоҷагони беруна маблағгузорӣ мешаванд, бо истифода аз далелу аснодҳои бардурӯғ мехоҳанд фаъолияти кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳкум намоянд. Онҳо камтарин мушкилоти имрӯзаи кишварро баҳона пеш оварда, ҷомеаро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳанд. Ба андешаи онҳо мавҷи муҳоҷирони меҳнатие, ки имрӯз дар кишварҳои Русия кору зиндагӣ мекунанд, маҳз аз сатҳи пасти зиндагии онҳо дарак додааст ва онҳо иҷборан ба Русия рафтаанд. Ин далел ва мушоҳида комилан хатост. Зеро муҳоҷирати меҳнатии қувваҳои корӣ дар арсаи байналмилалӣ як ҳодисаи маъмул аст. Дар кишварҳои гуногуни олам он ба мушоҳида мерасад ва дар ҳар ҷо қувваи корӣ баҳри пайдо намудани ҷои кори хубтаре, ки музди меҳнати бештаре дода тавонад, кӯшиш мекунанд. Тибқи иттилои коршиносони олам мамлакатҳои Чину Туркия аз ҳисоби муҳоҷирини меҳнатии худ буҷаи кишварашонро ғанӣ мегардонанд. Ҳоло ҳудуди ду миллион сокинони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қариб 800 ҳазор мардуми қирғиз, беш аз як миллион қазоқиҳо дар кишвари Русия кору зиндагӣ мекунанд. Пас маълум мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатии кишвари мо низ ба хотири боз ҳам хубтар таъмин намудани маишати зиндагии худ озими Русия мешаванд. Агар зиндагии сокинони кишвар воқеан ҳам вазнин мебуд, падару модарон имрӯз аз ҳар вақта дида бештар майл ба маълумоти олӣ гирифтани фарзандони худ саъй намеврзиданд. Имрӯз онҳо ҳатто дар хориҷа истода аз Вазорати маориф ва илми кишвар дархост намуданд, ки маҷлиси падару модарони фарзандонашонро ба таври онлайнӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намоянд, то онҳо аз ҷараёни таълиму тарбияи фарзандонашон огаҳӣ ёбанд. Сол аз сол зиёд шудани теъдоди донишҷӯён, арзи ҳастӣ намудани 39 муассисаҳои олӣ, шароити хуби таълиму тадрис имкон фароҳам овардааст, ки имрӯз маънавиёти ҷомеа боло равад.

Шахсан мо- ҷавонон аз он шукрона мекунем, ки дар кишвари озоду обод зиндагӣ дорем. Сатҳи зиндагӣ сол то сол беҳтар мешавад. Дар муассисаи мо барои ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён шароити мусоиди корӣ ва таълимӣ мавҷуд аст. Маҳз таваҷҷӯҳи давлат ва Хукумати кишвар аст, ки пояи моддиву техникии донишкада торафт мустаҳкам гардида, баръакс шумораи зиёди волидон фарзндҳояшонро бинобар хуб будани вазъи таълим аз донишгоҳҳои хориҷа ин ҷо меоранд.

Ҳар як сокини кишвар ба хубӣ дарк мекунад, ки беҳтарин неъмат ин сулҳу осоиш аст. Дур намеравем, мамлакати ҳамсояи Афғонистонро бинед, то ба ҳол бинобар нофаҳмиҳои қувваҳо сокинони оддӣ зарар мебинанд. Дар ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг наздики 35 сол аст, ки ҷанг рафта истодааст. Иқтисодиёти футуррафта, нигоҳҳои хастаи сокинонро мебинему ҳазор маротиба шукрона мекунем, ки ин ҳодисаҳои мудҳишро таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба нерӯи хиради сокинон паси сар намудем. Ҳоло кишвари мо марҳилаи давлатсозиро паси сар намуда, ба давлатдории воқеӣ акнун қадамҳои қатъӣ мегузорад. Дар оростани қасри муҳташами ин давлати бузурги таърихӣ, ки номаш дар фарҳанги ҷаҳонӣ чун миллати қадима муаррифӣ шудааст, мову Шумо бо меҳнати созанда, бо дили соф кӯшиш варзем.  Боварӣ дорем, ки душманони миллати мо дар муқобили мардуми ваҳдатшиор якдилу якмаром маҳв хоҳанд шуд.

Саидалишерхон Бойматов, донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

 

 

Мо,  ҷавонони хушбахти даврони соҳибистиқлол бояд донем, ки имрӯз дар баробари саҳми калони мо дар раванди ташаккули ҷомеа, ҳамзамон дигар нафароне ҳастанд, ки ба номи ин миллат иснод меоранд. Динро аз таассуб ҷудо карда натавониста, шомили ин ё он гурӯҳе мегарданд, ки мақсадҳои нопок дорад. Вазифаи ҷонии донишҷӯён, ки аз қишрҳои фаъоли ҷомеа маҳсуб мешаванд, гирифтани пеши роҳи чунин ҷавонон мебошад. Ҳамзамон таъкид мешавад, ки танҳо огоҳ будан аз илмҳои замонавӣ, хониши аъло, рафтори намунавӣ онҳоро аз ҷаҳолат берун  намесозад ва соҳибобрӯ намегардонад. Бояд мо пеш аз ҳама Ватани худро дӯст дорем. Побанди ҳар банду макру ҳиял нагардем.

Мақсад ва ҳадафҳо, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба мисоли ҳизби террористиву экстремистии ҲНИТ дар ниҳоди худ мепарваранд, онҳоро бо мисолҳои возеҳ метавон баён намуд, ки ягона мақсади онҳо дар вайрон намудани сохтори конститутсионии давлат мебошад. Бояд мо рӯирост гӯем, ки иштироки ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ягон маънои ҷиҳодро надорад. Танҳо дар зеҳну мафкураи онҳо бадбинӣ ва нотавонбиниро талқин месозанд. Исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд, ин ки куллан хатост!

Дар асл аъзоёни он мусулмонҳоро даъват менамоянд, ки Худоро ҳамеша ёд кунанд ва аҳкоми шариатро василаи асосии кору зиндагии худ донанд. Аммо асли мақсади онҳо барпо намудани хилофат аст. Сухану амали аъзоёни ин ҳизбҳо ба ҳамдигар рост намеояд, зеро дар фармудаҳои Худованд инсон ҳаргиз сабабгори канда шудани риштаи умри дигарон набояд бошад. Вале чун мебинем, «сарбозони роҳи ислом», ки худро ҳамчунин унвон мекунанд, ба таври ҷаҳолат сари инсонҳоро мегиранд ва онро тариқи навор ба оламиён нишон медиҳанд. Магар ин амалро ислом дастгирӣ мекунад?, ҳаргиз на!

Маҳз ҳамин  мафкураю шуури сиёсӣ дар солҳои ҷанги бародаркуш ғояи ташкил кардани давлати исломӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҲНИТ тарғиб карда мешуд ва он аз тарафи аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони онҳо дастгирӣ  меёфт.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ҲНИТ барои сиёсинамоии мафкураи динӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, онро пурзӯр мекард.

Дар натиҷа дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти аъзоёни ҳизб ва домуллоҳои чаласавод пурзӯр гардида, ба таври ғайриқонунӣ мактабҳои динию масҷидҳо ташкил медоданд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Пӯшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Дар натиҷаи дастгирии ҲНИТ зиёда аз 500 нафар ҷавонони тоҷик дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ ба муқобили Сурия меҷангиданд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИТ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Бояд ҳар як шахси баорият ба қадри тинҷиву ормии ҷомеа расад ва шукрона кунад, ки имрӯз мо хоби орому осуда дорем. Барои фардои фарзандонамон фикр мекунем.  Фардои хуррами фарзандонамонро давлат кафолат додааст, пас моро мебояд, ки барои тин миллати саодатовар бо ҷону дил хизмат намоем.   

 

Гурӯҳе аз ҷавонони фаъоли донишкада

 

Дар шароити имрӯзина, ки ҷаҳонишавиву муттаҳидшавиаш меноманд, амнияти халқу миллатҳо ва бақои давлати миллӣ ба масъалаи асосии кураи замин табдил ёфтааст. Якҷояшавии ғояҳои аҳолии сайёра аз як тараф ба манфиат ва рушди кишварҳо мусоидат намояд, аз ҷониби дигар бошад, ин гуна омезишҳо мушкилиҳои зиёдеро эҷод намудааст. Мутаассифона, зери шиорҳои таҳқиқкунандагони барои ба пеш бурдани давлатҳо ва ба ном созандаи демокративу исломӣ, ҳадафҳои ғаразноки абарқудратон пайдо мешаванд.

Вақтҳои охир майли рӯ овардани ҷавонон ба риояи аҳкоми дину шариат ба назар мерасад. Онҳо бо риояи фарзу суннатҳои ислом аз амалҳои ношоиста парҳез менамоянд. Аз як ҷониб ин раванди хуби донишандӯзӣ аз соҳаи дини мубини Ислом бошад, аз ҷониби дигар, ин майлро гурӯҳи аҳзоби сиёҳкорон ба манфиати хеш истифода мебаранд. Аз номи дину мазҳабҳо ҳарф зада, ҷовононро ба ҳар гуна корҳои сиёсии хусусияти экстремистӣ ва террористидошта шомил месозанд.

Манбаи асосии дигари ҳамроҳшавӣ ба чунин равандҳо, ин шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди: :“ВКонтакте”, “Одноклассники”, “Facebook”, “Twitter” , “Viber”, “Telegram”мебошад, ки солҳои охир густариш ва зиёдшавии истифодабарандагонаш торафт зиёд ба чашм мерасад. Ба ҳисоби миёна, дар ҳар се хонавода истифодабарандагони чунин сомонаҳо ба назар мерасад. Аз як ҷониб ин бо тараққиёти солу замон, бо пешравии технологияҳои иттилоотӣ, огоҳ будан аз хабару рӯйдодҳои кураи Замин  вобаста бошад, аз ҷониби дигар паҳншавии кору теъдодҳои зиддӣ қонунӣ, ба мисоли экстремизм ва терроризм мебошад. Аҳамияти чунин шабакаҳо аз ҷиҳати мубориза бо терроризм ва экстремизм борҳо ба мавзӯъҳои тадқиқотӣ ҳам дар давлатҳои хориҷӣ ва ватанӣ табдил ёфтааст.

Бо гузашта аз ин иброз намудан шарт ва зарур аст, ки чунин гурӯҳҳои ифротгароӣ аз кам будан ва норасогии саводнокии ҷавонону наврасон истифода бурда, бо ваъдаҳои озодиву боигаригардонидани оилаи онҳо ба доми худ мекашанд, ки ин зидди қонунӣ буда, аз тарафи давлат ва қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Бо баробари чунин гуфтаҳо бармеояд, ки аз ҷониби ҳар нафари истифодабарандагони шабакаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ зиракиву ҳушёрӣ аз даст набояд диҳанд. Истифода бо тарзи дурусту манфиатоварро ба роҳ монда, барои давлату миллати хеш намунаи ибрат бошанд ва пеши роҳи ҳама гуна роҳнамоиҳои сӯзандаро бигиранд. 

 

Хуршед Худойбердиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат аз ибтидоӣ солҳои 2000 – ум имконият пайдо намуд, ки ба масъалаҳои душвори иҷтимоиву иқтисодӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда барои ҳалли онҳо чораҳои мушаххас андешад. Зеро то он замон ҳанӯз дар баъзе аз гӯшаҳои кишварамон садои тиру туфанг баромада ормиро халалдор менамуд.  Дар ин давра самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муқаррар карда шуд. Иҷтимоиёт, ки ба ҳаёти рӯзмаъраи мардум, таълиму тарбия ва тандурустии мардум вобаста аст, соҳаи афзалиятноки рушди ҷомеа арзёбӣ гашт.  Маҳз чунин муносибат имконият дод, ки дар давоми 10-15 соли охир  дар соҳаи рушди мактабу   маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ гардиши сифати ба миён омад. Садҳо мактабҳо, бемористонҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва ғайра бунёд гаштанд.

Ин ҳама ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба даст омад.  Аз ин рӯ, мо ҷонибдори андешаем, ки мафҳумҳои Истиқлолият ва Ваҳдат тавъами якдигаранд, онҳо яке дигареро таҳким мебахшанд.

Бо баробари амали гаштани лоиҳаҳои иҷтимоӣ барои таълиму тарбия, илму касбомӯзии насли наврас ва ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

         Тавре ҳамаи мо бохабар ҳастем Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ соли соли 2017- ро “Соли ҷавонон”  эълон намуданд. Ин ташаббуси Президенти кишварро натанҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар аксари қишварҳои ҷаҳон ба хушнудӣ пазируфтанд. Ин ҳол табиист, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони синни то 30 - сола ташкил медиҳанд. Дигар ин ки шиори “Ҷавонони бомаърифату соҳибкасб ояндаи миллатанд”, ки доимо сармашқи кори Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аҳамияти худро гум  накардааст ва ба фикрам гум ҳам намекунад

Дар бораи ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда истода, ман мехостам чанд нуқтаро бароятон иброз дошта бошам.

Якум, аз ахбори ВАО, мушоҳидаҳои ҳаёти рӯзмаъра чунин ба назар мерасад, ки ин ташаббуси Пешвои миллатро бисёр ашхос ҳамчунин як чорабинии “навбатӣ” қабул намуда, бо гузаронидани чорабиниҳои алоҳида, омода намудани чанд шиору овезаҳо  маҳдуд шуда истодаанд. Ман фикр мекунам ин муносибати бисёр сатҳӣ, рӯяки мебошад. Чунки ташаббуси Президенти кишвар ин андешаи яклакҳзаинаи он кас нест, ки, балки ин андеша дар давоми дарозии таърихи навини тоҷикон таҳаввул ёфт  ва имрӯз шаклу мазмуни нав пайдо намуд.

Дуюм, мо дар асри ХХI асри вусъати бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои телекоммуникатсионӣ, зуҳурёбии равандҳои гуногуни падидаҳои иҷтимоӣ қарор дорем. Барои фардо дар фазоӣ ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифи намудан  моро зарур аст, ки дар бораи насле, ки ҷомеаамонро ба ворисият мегирад, ғамхори зоҳир намоем. Дар ин кор мо бояд аз Пешвои миллат ибрат гирем.

Биёед, ба ёд меорем. Соли 2000 ум, ҷомеаи тоҷик акнун аз оғӯши ҷанги даҳшатбор халос шуда буд. Муаммоҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ садди роҳо рушди босубботи ҷомеа мегашт. Вале дар ҳамин лаҳзаҳои хеле барои давлату ҷомеаи Тоҷикистон ҳассосу вазнин Президенти мамлакат яке аз аввалин вохӯриҳои худро бо ҷавон гузаронид ва аллакай ҳамон давра иброз дошт, ки “Ҷавонон ояндаи миллатанд”.  Ба таври дигар гӯем  аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият давлат татбиқи сиёсатро доир ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа самти афзалиятнок   муқаррар намуда буд.

 Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Ташкили Донишгоҳҳо, донишкадаҳо, ба хориҷа равон кардани ҷавонон барои таҳсил ва ғайраҳо  ин натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат мебошанд.

 Доир ба баланд бардоштани нақши ҷавонон  дар ҷомеа даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо роҳи васеъ кушоданд.

Дар ин давра, инчунин, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат қабул гардид, ки татбиқи он иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин мекунад. Имрӯз шумораи ҷавонони то синни 35 – сола дар байни хизматчиёни давлатӣ қариб 50 фоиз ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 23 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳазорҳо иншооти наву замонавии варзишӣ, аз қабили варзишгоҳу толорҳои варзиш, ҳавзҳои шиноварӣ ва майдонҳои варзишӣ бунёд гардиданд.

Дар натиҷа варзишгарони мо, ки аксари онҳо зодаи даврони истиқлол мебошанд, дар мусобиқоти сатҳи минтақавию байналмилалӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил шуда, шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ҷаҳон баланд бардоштанд.

Давлат  дар роҳи ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати муосиру пешрафта нақши ҷавононро хеле муҳим медонад ва минбаъд низ кӯшиш мекунад, ки вазъи иҷтимову иқтисодии наслҳои наврасу ҷавонро беҳтар гардад ва барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароити заруриро муҳайё созад.

Дар баробари ин, зарур аст, ки  ҷавонон сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хешро дуруст аз худ намоянд, Ватан, миллат, истиқлолият ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, забон ва фарҳанги худро эҳтиром намоянд ва самимона дӯст доранд.

 Дар бораи ба ҳамвобастагии Ваҳдати миллӣ ва сиёсати ҷавонон андешаронӣ намуда, боз як нуктаро таъкид намудан зарур аст. Мо тавонистем дар давоми ин солҳо ваҳдати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар радифи амалигардонии се самти стратегии рушди ҷомеамон пиёда намоем. Аммо баробари ин, бояд эътироф намуд, ки то ҳол то ба охир ваҳдати тафаккурро ба даст надаровардаем. Ҳалли ин масъала хеле вазнин аст, зеро тағйир додани мафкураи инсонҳо хеле давраи тӯлониро талаб менамояд. Баҳри амали гардонии ин масъала   зарур аст, ки  оила, мактаб ва ҷамъият дар ҳамбастагӣ фаъолият намоянд.

Ғайрат Раҷабов, устоди ДПДТТ дар шаҳри  Хуҷанд

 

Ба ифтихори 140- солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ  дар маҷлисгоҳи хурди донишкада маҳфили навбатии адабӣ таҳти унвони «Ахтари тобноки адаб» доир гардид. Дар маҳфил устодон ва шогирдони донишкада ширкат доштанд.

Мудири кафедраи умумитаълимии донишкада, номзади илмҳои филологӣ Таиба Бобоева чорабиниро оғоз намуда, зикр дошт, ки   таърихи қарни ХХ-и тоҷикро бидуни зикри номи устод Садридин  Айнӣ ва асарҳои ӯ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ӯ дар тӯли умри босамару ибратбахши худ тавонист миллати бошарафу наҷиби хешро ба оламиён ба таври барҷаста муаррифӣ намояд. Мавсуф на фақат бо далелҳои раднопазир мавҷудияти  миллати муаззамеро бо номи тоҷик дар минтақи Осиёи Марказӣ собит намуд, балки нишон дод, ки халқи тоҷик ва адабиёти он аз даврони бостон ибтидо гирифта, дар тӯли асрҳо шебу фарози зиёдеро аз сар гузаронидааст.

Хайринисо Темирова, номзади илмҳои педагогӣ  аз зиндагинома, кор ва эҷоди Садриддин Айнӣ нақлҳои ҷолиб намуда, зикр дошт, ки руҳи шикастнопазир, масъулияти баланд, азхудгузаштанҳо, меҳнатдӯстии Садриддин Айнӣ бояд ба ҷавонон дарси ибрат шавад. Зеро овони кӯдакӣ ва ҷавонии ин нависандаи забардасти тоҷик ба давраҳои ниҳоят мушкили давлатсозии тоҷикон рост омадааст. Бо вуҷуди рӯзгори сахт ва вазъи ноороми ҷомеа  ӯ ҳамчун тӯдакаш барои миллати тоҷик хизмати бузурге кардааст.

Устоди донишкада Шафоат Файзиева бо мисолҳои возеҳ Айниро ҳамчун адабиётшинос, муаррих, шоир, публитсист, рӯзноманигор, ходими давлатӣ ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Зикр шуд, ки таълифи китобҳои «Намунаи адабиёти тоҷик», «Исёни Муқаннаъ», «Темурмалик» ва даҳҳои дигар собит намуд, ки мо барандагони тамаддун ҳастем.

Чанде аз шогирдон зимни маърӯза аз сатҳи баланд доир шудани маҳфил ибрози ақида намуда, ваъда доданд, ки осори гаронмояи устод Айниро минбаъд низ мутоила мекунанд.