Мо, устодони  донишкада аз «дастгириву баҳамои»-и душманони миллат, ки зери «Паймони миллӣ» имзо гузоштанд, шадидан маҳкум мекунем. Ин нафарон, ки чанде қабл идеяи яке аз олимони саршиноси тоҷики муқими Аврупо Ҳафиз Бобоёровро моли худ карда, мехоҳанд эътилофи қавие созанд. Аммо ҳамонтавре, ки ба таркиби ин «иттиҳоду ҳамбастагӣ» назар меандозем, аён мегардад, ки роҳбарони онҳо ҳамон шахсиятҳоеанд, ки аз косаи оби наҳзатиён об хӯрдаанд. Яъне, ҳамон Алим Шерзамонов «лидери наҳзатиён» дар Бадахшон, Шарофиддин Гадоев, косалеси ширкати «Умед- 88» ва Илҳом Ёқубов, чапдасти хуҷандӣ аст, ки солҳои сол мардумро дар рӯз фиреб намуда, шабҳо назди дӯстони наҳзатиаш корномаҳои рӯзгорашро ситоиш менамуд. Ин «иттиҳоду ҳамбастагӣ» ҳамон рӯзи таъсисёбиаш обрӯи худро аз даст дод. Зеро дигар ҳамақидаҳои онҳо ин «сарҷамъшави»-ро мазҳакае хонданд. Аз ҷумла Дадоҷони Атовулло, ки худро оппозитсияи қавӣ ном мебарад, дар шабакаҳои иҷтимои хандахариш унвон кардааст.

Мо, устодон пайваста дар баробари таълими илми дунявӣ шогирдонамонро ҳушдор медиҳем, ки дониши сиёсии ҳудро қавӣ созанд. Дар муқобили ин ҳама носипосон бо дониши қавии худ истодагарӣ намоянд.  

(ё посух ба мақолаи дар Бадахшон чӣ мегузарад ва чаро мардум аз амалиёти низомӣ ҳарф мезанад?)

Сафари кори панҷрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят миёни аҳолӣ, хосса аз ҷониби «душманони миллат» вокунишҳои гуногуне ба бор овард.  Мо медонем, ки «рақибони сиёси»-и давлат ба ҳар оин ба фаъолияти Пешвои муаззами миллат нуктагирӣ мекунанд. Президент агар зимни сафар аз дастовардҳои ин ё он минтақа зикр намоянд, ҳатман душманон бо чашми ҳасуду нодидагирӣ мегӯянд, ки президент аз камбудиҳо чашм пӯшид. Аммо чун камбудиҳоро фошофош гуфтанд, гӯиё Сарвари давлат ба он минтақа ба таъбири халқи «ганда» шуданд. Аммо ин бор Сарвари давлат дилсӯзона аз камбудиҳои мақомотҳои қудратӣ сухан гуфтанд. Баръакс, ҳар ҳарфу ҳиҷои Сарвари давлатро бо хушнудӣ пазируфтанд. Бале, минтақаи Бадахшон аз дурдасттарин гӯшаи диёр аст. Сатҳи иҷтимоиёти мардум дар қиёс ба дигар мавзеҳои кишвар шояд беҳтар набошад. Аммо таъсиси корхонаи ордбарорӣ, бунёди даҳҳо мактабу марказҳои саломатӣ бозгӯи онанд, ки давлат ва Ҳукумат, шахсан Президент ба ин гӯшаи зебои диёр диду назари хайрхоҳона доранд. Ва эроди Сарвари давлат дар мавриди фармонфаромоии иддае аз ба ном «рекетҳои» шаҳри Хоруғ дуруст аст. Модоме, ки  ин вилоят потенсиали калони рушди сайёҳӣ дорад, чаро мақомоти иҷроияи вилоятӣ, шаҳру навоҳии он андешаи чи тавр рушд додани ин соҳаи кадидиро намеандешанд. Чаро худро аз мардуми оддӣ дур мегиранд. Лоақл камбудиҳояшонро ҳал намекунанд, арзи дили онҳоро намешунаванд.Ин ҳама ба қавле «дастак» мешавад ба душманони миллат. Нодидагирон ва кӯрдилон дар нишоштаашон хостанд, ки шоҳзода Карим Оғохони IV- роб о кишвари мо ҷанг андозанд. Наомадани Шоҳзодаро ба гардани давлат ва Ҳукумат андохтанӣ шуданд. Аммо сабаби наомадани шоҳзода куллан дигар аст.  Дар мақола ҳамчунин зикр шудааст, ки Президент эътироф кардаанд, ки давоми 8 сол бори нахуст ба ноҳияи Мурғоб омадаанд ва зиндагии мардум дар ҳоли қашшоқист. Магар гӯши суханшунав кар буд, ки Сарвари давлат зикр сохтанд, ки мо барои беҳдошти зиндагии сокинони баландкӯҳи Бадахшон корхонаи ордбарориро сохта, мавриди истифода қарор додем, то дар фасли сармо онҳо аз гуруснагӣ азият накашанд. Дар мавриди таъминот бо барқ ҳамин нукта кофист, ки замоне дар кишвар интиқоли нерӯи барқ маҳдуд буд, сокинони вилоят бо барқи доимӣ таъмин буданд.  

Шикваи Президент аз уламои вилоят низ дуруст буд. Зеро дар қатори мақомотҳои қудративу иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд диндорон, онҳое, ки миёни омма обрӯ ва манзалат доранд, дар бораи оқибатҳои нашъаву нашъамандӣ сухан мекарданд. Бале омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар ин минтақаи кӯҳсори кишвар дар қиёс ба дигар минтақаҳо шумораи нашъамандон зиёд буда, мутаассифона, шумораи фавтидагон аз ҳисоби  ҷавонон зиёд аст.

Ва ахиран эҳсос мешавад, ки ба ин минтақа бештар ба рушди соҳаи мудофиа ва пурқувват кардани сарҳадот кӯшишҳои давлат равона мегардад. Зеро то андозае минтақа минтақаи ҳасос аст. Зеро Бадахшон бо Ҷумҳурии Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дошта, коҷоқи маводи мухаддиру аслиҳаҳо аз он ҷо ба кишвар ворид мешавад. Бинобар ин Сарвари давлат аз буду боши қисмҳои ҳарбии дар вилоят буда  дидан намуда, барои беҳдошти қисмҳои ҳарбӣ аз тамоми воситаву имконот истифода мебаранд.

Бо як ҷумла имрӯз Бадахшон қисми ҷудонашаванди кишварамон буда, ободии он ободи Тоҷикистони азиз аст. Мо боварӣ дорем, ки мардуми шарифу бонангу орӣ Бадахшони кӯҳӣ дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлатро сармашқи кори худ медонанд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш»

(дар ҳошияи мақолаи «Босмачӣ шояд то Аврупо равад, аммо аврупоӣ намешавад»)

Чанд рӯз аст, ки дар шаҳри Варшаваи мамлакати Лаҳистон нишасти солонаи Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо доир шуда истодааст. Мусаллам аст, ки ин рӯзҳои «саодатофар»-ро душманони миллати мо интизор буданд. Зеро САҲА бо вуҷуди он, ки ҲНИ дар беш аз 16 кишвари олам ҳамчун ҳизби террористиву экстремистӣ шинохта шудаасту ҳудуди 5 миллард сокинони сайёра ин қарордоди роҳбарони кишварҳояшонро дуруст мешуморанд, ба  ин нишасти «ҳангомаангез»-и худ  даъват намуда, барои онҳо минбаре омода кардаанд, ки «дарди дилашон»-ро гӯянд. Мо медонем, ки наҳзатиён ва дигар думравони ҲНИ ин минбарро чӣ гуна истифод мебаранд ва ҷониби Тоҷикистон медонистанд, ки онҳо ба  ин нишасти САҲА бо чӣ гуна «тайёрӣ» омадаанд. Аввалин интиригае ва ё мазҳакае, ки онҳо сохтанд ин «дастҷамъона» ташкили эътилофи «Паймони миллӣ» буд. Ин хоинони Ватан ба қавли худ хеле «устокорона» тавонистнд ҳукумти кунуниро ба «тарс» оваранд. Ҳол он ки ин анҷуманбозиҳои воҳиманоки онҳо ба ҳеҷ кас даркор нест. Сониян ин худмансабдиҳии онҳо мавриди мазоқу масхараи ахли олам гардид. Ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он дар ханда шуданд, ки чи тавр як тӯда масхарабозон метавонанд, алайҳи як давлати қавӣ, воҳид ва мрдумонаш содиқ ба Пешвои миллат истодагарӣ карда метавонанд. Ин ҳама аз рӯи сенарияи Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ рӯи кор омада, ӯ соҳиби чӯбдаста ва думравонаш Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов худи чӯбдаста мебошанд.       

Имрӯз коршиносони олам решаи бунёдии ҳизби наҳзати исломиро медонанд. Он як нав филлилали ҳизби ифротию иғвоангези «Ҳизубуллоҳ»-и давлати исломии Эрон аст. Имрӯз пардаи асрори фаъолияти муғризонаи ҲНИ бардошта шуд. Зеро шоҳидони ҳол худ аз роҳи интихобкардаашон шармандавор баромаданд. Бо гузашти ду даҳсола аз хатми ҷанги шаҳрванди воқеияти он рузҳо аз забони шоҳидони зинда фош шуда истодаанд. Масалан, эътирофе, ки Айёмиддин Сатторов дар филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» кард, ҳеҷ далеле барои рад кардан надорад, зеро у аз ҷумлаи бунёдгузорони асосии ТЭТ ҲНИ-и мамнуъшуда аст ва аз тамоми гардишҳои фаъолияти он огаҳи дорад. Қабл аз ин Қиёмиддини Ғозӣ низ ҳамингуна фошгуиҳоро тариқи филми «Решаҳои ноайён» карда буд. Ин фошгуиҳои аъзоёни собиқи ТТЭ ҲНИ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин ҳизби ба ном исломи ҳеҷ гоҳ дар фикри ободию рушди Ватани азизамон набуд ва дар зери ниқоби ислом ба корҳои экстримистию терористӣ даст дошт ва то ҳанӯз дорад.

Аъзоёни ин ҳизбӣ терористӣ ва гуруҳҳои ба онҳо наздик, яке аз чунин роҳҳои аз байн бурдани давлатдории тоҷиконро бо фирефта намудани мардум дар зери ниқоби дини мубини Ислом медиданд ва ҳамвора аз оятҳои Каломи раббонӣ мисол оварда, онро бар нафъи худ тафсир менамуданд. Ба андешаи ин «фидоиёни роҳи ислом» касе, ки ба аъзогии ҲНИ дохил мешуд, инсони асили исломпараст буду боқимондагон кофар.  Ҳамин тариқ, гуруҳҳои дар боло зикргардида бо супориши хоҷагони хориҷиашон ақидаҳои бегонаи дини-мазҳабиро бо арзишҳои милли махлут намуда, мехостанд, ки ҳадафҳои пушти пардаи дини ислом пинҳонкардаашонро ҳамчун ҳуввияти миллӣ муаррифи карда, Тоҷикистонро ба ҷониби торикию ҷаҳолат раҳсипор созанд. Шиамазҳабиро дар кишвар ҷорӣ созанд ва кишварамонро ба давлати фундаменталӣ табдил созанд.  Аксарияти уламои огоҳ бар онанд, ки дар ислом ҳизб нест, балки ҳар касе эътиқод ба ягонагии Худованд ва рисолати Паёмбар дошта бошад, у худ узви ҳизби Худо аст.

     Аслан ин фошгуиҳо чизи нав нестанд, зеро барои мардуми шарифи кишвар ҳамааш ошкор аст, ки ҲНИ-и мамнуъшуда чаро ташкил карда шуд, ҷангро чаро роҳандози карданд, ҳадафи наҳзатиёну сарпарастонашон чист?

 

Хеле хандаовар аст, вақте, ки ду ё се нафар лаънатхондаи Ватану миллат, ки то дируз як ҷо зери парчами ҲНИ фаъолият доштанд, аз ҳам ҷудо шуда,  боз ба ҳам омада, бе шармона аз номи ин миллат суханпардози намуда бо ном «Паймони миллӣ» ташкил менамоянд.

 

Мардуми шарифи Тоҷикистон он ҳама фиребу найранг ва бозиҳои сиёсии Шумо «ғамхорони миллатро» хуб дар ёд дорад ва фаромуш нахоҳад кард.? Ман ҳамчун як устод ин амалҳои хоинони  миллатро маҳкум намуда, боварии комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳеҷ гоҳ фирефтаи чунин дасисаҳо нахоҳанд шуд. Дар тӯли қариб се даҳсолаи охир ташкилотҳои  террористию ифротгароӣ, дар кишвари азизамон сар халонида, бо ба дом афтонидани иддае аз ҷавонони роҳгумкардаи тоҷик вазъи кишварро то андозае ноором сохтанд. Ҷанги хунини бародаркуши солҳои 90-умро ҳама дар ёд дорад, ки чи гуна бо майдонсозиву аз номи ислом истифода бурдани бунёдгузорони ҳизби мамнуъ ва террористии наҳзати исломӣ садҳо ҳазор сокини осоиштаи кишвар қурбонии ин дасиса шуда, садҳо ҳазори дигар гурезаи давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гаштанд. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҷон ба каф гирифта, бо заҳмату талошҳои зиёд мардуми парешони тоҷикро зери як парчам, як давлат ва як мамлакат гирди ҳам оварданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳониданду давлати миллии тоҷиконро асос гузоштанд, ки тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол ва мустақил будани онро эътироф карданд ва айни ҳол дар дунё Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати сарсабзу обод ва сулҳпарвару соҳибтамаддун шинохта мешавад.

Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз бо дасти хоҷагони зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд аз ҷумла, ҳодисаи иғвоангезе, ки  дар шаҳри Варшаваи давлати Лаҳистон аз тарафи як гуруҳ ҷавонони гумроҳ  бо намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ намудаанд, исботи бозичаи дасти хоҷагони хориҷи буданашонро  нишон додаанд.

Ҳарчанд созмону гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистие, ки ҳадафҳою ғаразҳои палидашонро зери ниқоби ислом пӯшиш медиҳанд, то андозае фаъолияти хешро дар миқёси ҷумҳурӣ ба роҳ монданӣ шуда бошанд ҳам, хушбахтона, талошу заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти қудратии кишвар буд, ки созмону гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуда, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо манъ карда шуданд.

Акбаров Акбар,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 (ё посух ба нигоштаи хабаргузори «ВОСТОКНЮС» Сиддиқи Акбар)

Мо медонем, ки сомонаи «Востокнюс», «Ахбор.ком», Паём нет, Ислоҳ.ком ҳамагӣ дар хизмати наҳзатиёну, «озодандешон» ва гурӯҳи 24 қарор дораду 24 соат дар хизмати онҳост ва ҳеҷ чои шакку шубҳа нест, ки дастандарокорони ин сомонаҳо барои манфиатҳои ин гурӯҳу ҳизб кор мебаранд.

Мақолагуна ё тӯҳматномаи хабарнигори «Востокнюс»  Сиддиқи Акбарро мутоила намуда, ба зарфияти инсон қоил шудам. Дар урфият мегӯянд, ки ҳар касеро, ки дилаш сияҳ аст, дигаронро аз дидгоҳи худ баҳо медиҳад. Агар ӯ шахсан ба Сарвари давлат кина дошта бошад, чаро онро ба мазҳари омма намоиш медиҳад. Навиштаҳои ӯ саро по аз кинаву бухл ва нодидагирии сиёсати мувафаққонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аст. Ҳар он тасвире, ки ин хабарнигори фурӯхташуд дар мақолааш овардааст, ба худш рабт дорад. Зеро хурду бузурги кишвари ободу озоди мо дар симои Президенти кишвар такябон ва роҳнамои худро мебинад. Зеро ба ҷузъ ӯ имрӯз тӯдакаше дар ҷомеа нест, ки мардумро аз қафои худ бубарад.

Ба ёд оред носипосон, ки ин марди хирад дар кадомин шароит зимоми роҳбариро бар дӯш гирифт. Ҳатто тарфдорон, вакилон ба ояндаи Тоҷикистону ин марди 40 сола бовар доштанд. Ин Шумоён шайтон др сирати одамӣ ҳастед, ки пешравии миллат ва саодати халқро чашми дидан надоред. Ин шумоён ҳастед, ки мазҳабро фурӯхта, пас чодари фаранҷӣ аз ришу имон ва либоспӯшии мардону занон ҳарф мезанед. Ин Шумоён ҳастед, ки  мавқеъгирии Пешвои миллатро вобаста ба арзишҳои исломӣ чашми дидан надоред. Бунёди масҷиди бузург дар Осиёи Миёна, бо хатти криллӣ баргардонидани Қуръони маҷид, рӯ ба афзоиш ниҳодани шумораи ҳоҷиён, аз муассисаҳои таҳсилоти миёна зиёд будани масҷидҳои панҷвақта магар далолати мусулмонии роҳбари давлат нест?

Он миллате саодатманд ва пирӯз аст, ки сарвараш оқилу хирадманд ва тӯдакашу соҳибфазилат  бошад. Хушбахтона,  миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин хислати олиҳиматӣ ва накӯпешагиро мебинанд.

Пешвои миллат дар сиёсати давлатии худ ободкориву созандагиро дар мадди аввал гузоштаанд. Маҳз ҳамин таваҷҷӯҳ ва диду назари хосса аст, ки имрӯз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯ ба ободиву созандагӣ нигаронида шудаанд. Таҳти роҳнамоӣ ва сиёсати маънавибунёди Роҳбари давлат дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1000 муассисаҳои соҳаи маориф, наздики 500 иншоотҳои соҳаи тандуристиву фарҳангӣ бунёд гардида, сатҳи илму маърифат боло рафта, сокинони тарғиби ҳаёти солимро пешаи худ намуданд. Дар як муддати кӯтоҳ дар марказҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Паҷакент Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Айнӣ ва Ашт бунёд шудани Қасри боҳашамати фарҳанг далолат бар он медиҳад, ки роҳбари  фарҳангпарастамон моро ба дӯст доштани тамаддуни худ талқин мекунанд.

Бесабаб нест, ки баргузории ин ё он ҷашни милливу таърихӣ дар ин ё он минтақа баргузор мегардад. Бо ин васила ҳамон гӯшаи диёр ободу мардумонаш дилшод мегарданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Данғара, Истаравшан, Ҳуҷанд, Панҷакент, Ҳисор, Турсунзода, Кӯлоб, Хоруғ макони баргузории тантанаву ҳамоишҳои гуногун гардидаанд.

Арзи ҳастӣ кардани садҳо корхонаҳо, аз кишвари агросаноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ гузаштани кишвар, расидан ба се ҳадафи стратегӣ худ далолати онро дорад, ки мо дар азми худ қатъием.

Яке аз хислатҳои олии роҳбари хирадманди тоҷикон ин зебоипарастӣ ва талқини ин накӯхислат дар тинати шаҳрвандон аст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар наздики 35 ҳазор боғу токзори нав бунёд гардида, дашту даман куҳу пуштаҳо сабзкориву ба боғоти сабзу хуррам табдил гардиданд. Имрӯз дар кишвар бинобари ислоҳоти хуби соҳаи кишоварзӣ содироти меваи хушк ба 100 хазор тонна расида, парвариши меваҳои ситрусӣ вусъати тоза касб менамояд. Гузашта аз ин бо пешниҳоди Сарвари давлат кучаву хиёбонҳои марказҳои шаҳру навоҳӣ ба гулгаштҳо табдил ёфтаанд. Боғҳои ба номи Садриддин Айнӣ, Камоли Хучандӣ, Сайфи Исфарангӣ азнавсозӣ шуда, макони ободу истироҳати шаҳрвандон табдил ёфтааст. 

Махсусан шаҳри тозаҷавони Душанб ғарқи гулу сабзкорист. Ин ҷо дар фасли баҳору тобистон ҳазорон намуди гулу гулбутаҳҳои сабзоғӯшро дидан мумкин аст. Ҳар он кас, ки имрӯз аз пойтахти кишвари мо дидан мекунанд, ба худ ҳаловати хосро эҳсос мекунанд.

Ибтикори Сарвари давлат дар мавриди эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои боз ҳам ободу зебо гардидани диёри офтобию зебои кишварамон таккои ҷиддие ҳоҳад бахшид. Имрӯз осоишгоҳҳо, мавзеҳои таърихӣ бо тарҳи  ҷадид азнавсозӣ мешаванд. Дастуру созандаи Сарвари давлат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар бобати эҳтиром гузоштан ба фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷикон дубора барои эҳёни мавзеҳои таърихӣ асос шуданд.

Мо бо чунин абармарди покизаназар ва шахсияти баркамол ифтихор дорем   

Ба Сидиққи Акбар гуфтанием, чшми ҳасудхӯр кӯр бод. Нони журналистика ба ту ва ба тубаринҳо ҳаром аст.

Хайринисо Темирова,

номзади илмҳои педагогӣ,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Устоди кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Зарифҷон Довудов дар шӯрои дистертатсионии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Таҳлили морфологии компютерии калимаҳои тоҷикӣ” дифоъ намуда, барои дарёфти номзади илмҳои техникӣ ноил гашт. Ба ин муносибат директори донишкада номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар маросими таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсуфро бо ин дастоварди илмӣ табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш дар ҷодаи таҳқиқу пажӯҳиш барору комёбӣ таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки Зариф Довудов аз ҷумлаи устодони пуркори донишкада маҳсуб ёфта, саҳми ӯ дар самти таҳқиқоти соҳаи имло ва морфологияи компютерӣ калон аст. Ӯ муддате дар кишвари Чехия такмили дониш намуда, зери роҳбарии академик Усмонов Зафар  Ҷӯраевич ба пажӯҳиш машғул аст.

 

Ҳақиқат нишон  дод,  ки   роҳбарони    ТЭТ  Ҳизби  наҳзати  исломӣ   дар  ивази  молу  манфиат   мазҳаби   дигарро  кабул  карда,  аз  доираи  мазҳаби  аҳли  суннат  ва  ҷамоат  берун  шудаанд.  Номҳои   оилавӣ,   гапу  шиорҳо,   рафтору  амал,  ҷойи  хондан,  паногоҳ,   макони  зиндагии  наҳзатиҳо   нишон  медиҳад,  ки   онҳо  аз  мазҳаби   аҷдодии  худ  даст  кашида,  мазҳаби   бегонаро  қабул  карданд.

Пас  суханони  асосноки  Пешвои  миллат,    мақомот  ва  уламои  исломии   Тоҷикистон  дар  бораи  мазҳаби   бегонаро  қабул  кардани   пайравони  ҳизби наҳзат  ҳақиқатест,   ки   инкори  он  ҳаргиз  имкон  надорад. 

Ин аст, ки ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон ва дар миёни халқи тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафи мебошанд, дигар эътибор ва эҳтиром надорад. Зеро халқи тоҷик ҳаргиз мазҳабфурушонро намебахшад. Ҳар тоҷике, ки имоми мазҳаби худаш- Имоми Аъзам Абу Ҳанифа  ва мазҳаби ҳанафии худашро дуст медорад, наҳзатиҳои мазҳабфурушонро маҳкум мекунад.

 

Ҳамаи мо огоҳем, ки дар шаҳри Варшава  бо иқдоми САҲА ҷаласаи солона бргузор гардид. Дар ин ҷаласа дар баробари намояндагони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  чнд гурӯҳи думравони ҲНИ бо мақсади иғвогарӣ  ширкат варзиданд. Онҳо пеш аз кори ҷаласа иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис доданд.  Ин иттиҳод аз тарафи 4 созмони ба қавле “оппозитсионӣ” – ҳизби террористии наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки худи наҳзатиёни хоин бо номҳои назарфиреб ба таври сунъӣ сохтаанд таъсис дода шудааст.  Ин намоиши сохтакории онҳоро ҷомеаи  ҷаҳонӣ назируфт. Наҳзатиёни хоин бо ин амалҳои нангинашон дигарбора собит кардаанд, ки заррае аз ҳуввияту асолати милливу эмонӣ дар вуҷудашон нест, агарчанде дар Тоҷикистон таваллуд шуда ба воя расиданду модари тоҷикро модар гуфтану сухан намуданро аз ў ёд гирифтаанд.  Куҷост он мусулмонӣ ва мусулмонгарӣ, ки шумо худро  аз он мешуморед?

Дигар ҷавонон ба дассисаву дуруғу фиреби ин хоинон дода намешаванд. Ҷавонони худогоҳи Ватан бо ақлу заковат ва идроки инсонӣ роҳи дурустро интихоб намуда, зери роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат, Савари мардумпарвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўи қуллаҳои мурод  барои  сулҳу суботи ягона Ватани азизамон Тоҷикистон диловарона қадам монда, дар ҳифзи марзу бум ва истиқлолияти кишвари азизамон  омода мешаванд.

Ҳусей Қаландаров, номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедра

Охунбобо Раҳимов, номзали илмҳои техникӣ, устоди кафедра

Дадохон Ҷӯрев, номзали илмҳои техникӣ, устоди кафедра

 

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар айни замон марҳилаи рушду тараққиёт ва пойдорнамоии сулҳу суботро аз сар мегузаронад, талош варзида истодааст, то дар роҳи тайкардааш муваффақу комгор бошад. Аммо ин пешравӣ ва ободиву озодии миллати моро бархе чашми дидан нокарда, мехоҳанд, ки фазои истиқлоли моро вайрон намоянд. Мо мардуми бофарҳангу соҳибтаммадун ва қавиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем.

Мо насли имрӯз, фарзандони даврони соҳибистиқлоли кишвар  вазифадорем, ки ҳамсолони худро дар руҳияи ифтихори баланди миллӣ тарбия намоем. Ва барои ояндагон худро чун меросбарони тоҷвар нишон дода, ояндагонро низ аз ин истиқлолияти босаодат бебаҳра нагузорем. Онҳоро ҳушдор диҳем, ки дӯстро аз душман фарқ намоянд. Ба суханони инсонфиребонаи душманони миллат ба мисли Кабирӣ бовар накунанд. Ин таъкид на танҳо барои ояндагон балки имрӯзиён низ худро аз ин вабои аср эмин нигоҳ доранд. Зеро аз “худситоии” ин гуна бадтинатон ягон асаре аз меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан нест. Чунки чашмони чунин нотавонбинон дар пешрафту тараққиёти миллати мост. Ин  озодиву ободиро ҳеҷ чашми дидан надоранд. Аз ин лиҳоз мехоҳанд, ки теша ба решаи ин миллати куҳанбунёд зананд.

Дар асл ба ҳамин Кабириву кабириён менигараму барояшон ҳар нафаси гирифтаашонро ҳайф медонам, зеро ба он нафароне, ки зиён коранд умуман дар ин дунё барояшон ҳаққи зиндагӣ нест, ҳол он ки оно то имрӯз марзи хоки поки мукаддаси моро меҳан мехонанд. Чаро ин истиқлолро чашми дидан надоред? Маълум аст, ки хубӣ бароятон хуушоянд несту пардаи чашми шуморо хуни дар замин яксон шудаи одамони  бегуноҳ пӯшонидааст. Медонам ин одат аст, барои шумо акнун, ки ҳар дақиқа ба қатлу куштор даст занед. Ва маҳз барои ҳамин ҳам ин сарзаимн ҷои ифротиён нест. Ин ҷо сулҳу салоҳ букмфармоӣ дорад ва ба мо мардуми саодатманди диёр ҳама чизро дод, ки муҳмтарини он ба он дасисаҳои бемаънии хиёнаткорон нуқтаи ҳамешагӣ гузошт, то мардум дар фазои озоди истиқлоол нафаси озод кашад. Зиндагии шоиста ба сар бурда аз миллату аз авлоди худ ифтихор намояд.

Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфтааст, дорои потесиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ҳамватанони азиз ҳар кадоми Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии милли бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед, зеро ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии Ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузоранд.

Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократи комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеи шарафёб гардадааст.

Муаттар Раҳматова,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷамъиятшиносӣ  

 

 

 

 

 

 

 

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом чун ҳар ташкилоти дигари террористӣ экстремистӣ ҳадафи дар Тоҷикистон ба сари қудрат расиданашро дошт ва дорад. Маҳз бо иқдоми онҳо дар САҲА чандин гурӯҳҳои ба қавле «шӯришгар» амсоли «Озодандешон», «Анҷумани муҳоҷирони Осиёи марказӣ» гирд омада, хостанд якҷоя «Пймони миллӣ» бубанданд.  Аҷиб ин аст, ки ҳамин наҳзатиён мехоҳанд ҳамеша ваҳму тарсро ба сари миллати мо  таҳмил кунанд.

Аммо сулҳу ваҳдат ин орзуву омоли кули ҷавонони кишвар  аст, мо ҷавонон намегузорем, ки чунин нохалафон боз дубора ба сари халқи мо мақсадҳои ғаразноки худро амали созанд.

Мо ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу салоҳ мебинем ва Тоҷикистони биҳиштосои худро инчунин сулҳу ваҳдати онро ҳамчун гавҳарарки чашм аз нохалафони беватан ҳифз менамоем

(дар ҳошияи мақолаи «Босмачӣ шояд то Аврупо равад, аммо аврупоӣ намешавад»)

Чун ҳамасола дар Варшава конфронси САҲА дар доираи васеъ доир гардид, ки дар он наздики 150-200 нафар вакилон ширкат варзиданд. Дар қатори ин вакилон роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва чанде аз шогиродони дар мактаби худ тарбиятгирифтааш низ бо муттаҳами вориди толори ин маҷлисгоҳ гашта, хостанд маърӯзаи «пур аз мӯҳтаво»-и худро ба мардум иброз доранд. Вале ин амалӣ онҳо баракси ҳол гардид, ки онҳоро ба шармандагии беш аз пештара дучор кард, зеро дар баробари баромади эшон дар ин конфронс, ки маърӯзаи онҳо аз мавзӯъ комилан берун буда, маънои ихтилофангез дошт. Бинобар ин масъулини конфронс маҷбур гашт, ки Кабирӣ ва намояндагони аз ватан бадарғагаштаро аз ин конфронс низ бадарға намуданд. Ин дар ҳолест, ки кори конфронс ба охир нарасида буд. Ва таъкид ҳам сохтанд, ки агар дуюмбора чунин кори  худро такрор созанд, ширкати онҳоро минбаъд қатъ хоҳад кард. Ин муқаррароти нав, тамоми нақшаҳои иғвогаронаи ТЭТ ҲНИ-ро барбод дод, зеро онҳо барои эҷоди чунин намоишу эътирозҳо дар доираи ин ҷаласа моҳҳо тайёрӣ дида буданд. Яъне «чоҳканро зери чоҳ намуданд». Зеро баромади Кабирии бадтинатро аз риштаи муҳокимаи гузаронида будам, ки саросар аз ташфиқоти ифротгароӣ дарак медод.

Гузашта аз ин аз ҳамин минбар истода, бо изҳори табрикоти «самимона нисбати ҳамватанонаш» мардумро ба ворид шудан ба ин ташкилотҳи иртиҷоӣ таҳрик намуда истодааст.

Ҳоло маълум гашт, ки иштирокдорони ин маҷлис дар чи бора будани баромади ин назҳатиёни босмачиро дарк намудаанд ва ба қарори аз маҷлисгоҳ дур намудани эшонро ҳукм додаанд. Ҳиссу ифтихори миллиро доро будаанд, ки бо чунин терористони бадкирдор дар як саф нишастанро ба худ лоиқ надидаанд. Ба ақидаи ман бори дигар олам донист, ки то чи андоза Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ барои ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон таҳти фармони хоҷагони худ чи бесарусомониҳоро ба роҳ андохтанд. Дуруст ба мисли ҳамин конфронс, ки дар ин маҷлис низ бо зӯриҳои фармондеҳони худ ширкат варзида, кори  конфронсро вайрон сохт. Худ қазоват намоед, ки дар чанд лаҳзаи дар ин маҷлисгоҳ буданаш кори онро вайрон намуда, сад дусад нафар иштирокдоронро ба малол оварда бошад. Таи солҳои зиёд дар Тоҷикистон чи корҳои нохалаф амалӣ намуда, ҳазорҳо нафарро шояд фирефтаи доми макру фиреб кардааст ва бо ин амалӣ хеш миёни мардум ғаму андӯҳро бор кардааст.

Суханрониҳои намояндагони ҲНИ ва муздуронашон дар доираи худи ҷаласаи солонаи САҲА низ саросар пуч ва бемазмуну мӯҳтаво буданд. Он Кабириву шогирдони парвариш кардааш, чун Илҳом Ёқубов низ дар он минбар бо хоҳиши роҳбари фармондеҳаш баромад намуда, бо хоҳиши худ хост аз минбари ин ҷаласа истифода намуда, ҳамон шиорҳои умумии худ дар бораи гӯё нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро такрор кунад, аммо ягон чизи мушаххасе гуфта натавонист. Бинобар ин, раисикунанда сухани ӯро қатъ намуда, таъкид кард, ки дар доираи мавзӯи ҷаласа сӯҳбат кунад. Зеро баромади онҳо комилан аз мавзӯъ дур буд. Ва мақсаднок низ набуд, зеро назҳатиҳо хостанд, ки бо хоҳиши худ дар Тоҷикистон таҳримҳои зиддидавлатиро ба роҳ монанд.

Ҳамин тариқ ҳини баромади намояндагони ТЭТ ҲНИ модератори конфронс маҷбур шуд, ки баромади онҳо тамом нашуда, ба он нуқта гузоранд ва аз дохили толор онҳоро берун намоянд.

Хоса иштирокеро, ки барояш шояд ин давомдиҳандагони босмачиёни асри гузашта, моҳҳо омодагӣ дида буданд, бар зарарри онҳо хотима ёфт. Ва дубора шармандигиву расвоии беш онҳоро рӯ ба рӯ гардид. Зеро дар ин ҷо ҳатто иштирокдорон ба хулосае омаданд, ки баромади эшон ягон мақсади мушаххас надошта, онҳо тавассути минбари САҲА фурсатро муносиб дониста, ҳадафи нопокашонро амалӣ месозанд.

Ин баромаду суханҳои пучу бемӯҳтаво танҳо барои он, ки нооромӣ дар олам ҳукмфармоӣ кунад. Дар тӯли ин ҳамоиш, ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар шоҳиди он шуд, ки ТЭТ ҲНИ идомаи мантиқӣ ва қисми таркибии ҳаракати байналмилаии террористӣ буда, ягон чизи нав барои гуфтан надорад. Дигар касе дар ин доираҳо ба ҳиллаю найранг, шиору суханрониҳои пуч ва изҳороту баромадҳои онҳо, ки мақсади ягонаи он ба даст овардани маблағу грантҳои нави кишварҳои иштироккунанда мебошад, аҳаммияте намедиҳад. Яъне, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз моҳияти воқеии ин гурӯҳаки террористӣ рӯз аз рӯз ба таври амиқтар огоҳ шуда, рӯз аз рӯз аз он фосила мегирад.

 

Сухани Кабириро мароқ зоҳир намудам, зеро иброз доштааст, ки намояндагони ташкилотеро, ки айни замон роҳбари мекунад, яъне ТЭТ ҲНИ давомдиҳандаи кори ӯст. Ӯ бошад давомдиҳандаи босмачиёни садаи гузашта буда, қадри он босмачиён беш аз равшанзамирону равшанфикроне, ки барои истиқлолияти воқеии миллати мо саҳм доштаанд.  Ӯ чи тавр инсони нопоку бадсиришт аст, ки мехоҳад бо шогирдони терористи худ тамоми оламро ба хун оғӯшта намуда, инсонҳои бечораро қатл менамояд.

Ин Кабирии нохалаф ҳатто дар тақдими «табрикоташ бахшида ба Истиқлолияти Тоҷикистон» иброз доштааст, ки агар равшан баён созам, ҳамкориро бо назҳатиҳову босмачиён рад накунад, Истиқлоляти мо воқеи хоҳад гардид. Дар куҷо ин мафҳум вуҷуд дорад, ки ҳамкорӣ бо терористону босмачиён Истиқлолият ба даст меояд. Ин афкори ҳамон нафароне, ки мағзи сарашон ҳатто кор намекунад, зеро ақидаҳои терористиву экстремистӣ аллакай майнаи сари онҳоро лоғар намудааст. Ва ба ин Кабирии давомдиҳандаи босмачиҳо гуфтаниам, ки якрӯз дар дарёи хуни мардумони бечора худ ғарқ гардида, илоҷи наҷот нахоҳӣ ёфт.

Дар ҷавоби ҳамон сухани гуфтаи Кабирӣ, ки худу ҳаммаслаконашро давомдиҳандаи босмачиён номидааст иброз мекунам. Дар ҳақиқат «Гург қишлоқашро дигар мекунаду феълашро не». Вале бояд донист, ки на ҳама ин феъл ӯро дар шикор муваффақ месозад. Дар натиҷаи феъли бадаш рӯзе тӯъмаи онҳое мегардад, ки ҳатто худ бехабар мемонад.

Насим Тошхӯҷаев,

номзади илмҳои химия,

устоди кафедраи химия ва технологияи маҳсулоти хӯрока

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки вақтҳои охир хатари глобалии терроризм ва экстремизм ҳама аҳли башарро таҳдид кардааст. Аммо аҷиб аст, ки ҳар қадар алайҳи терроризм ва экстремизм мубориза бештар шавад, ҳамон қадар ин ҷиноят рӯ ба афзоиш мениҳад.  Пешрафту мувафаққияти ҳар оила, ҳар  қавм, ҳар  халқ, ҳар миллат ва ҳар давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он сахт марбут аст. Ин як ҳақиқатест инкорнопазир. Вале дар марҳилахои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои  таъминкунандаи  ваҳдат  халалдор  шуда, боиси парокандагӣ  ва  ҳатто  нобудии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо мешаванд.

Тоҷикистон имрўз дар арсаи байналмилалӣ бо маром пеш рафта, мақому манзалати хешро миёни кишварҳои оалм касб намудааст. Бо он, ки имрўз он соҳиби Истиқлолияти воқеӣ ва ваҳдату ягонагист. Тоҷикистон сулҳ дорад, сулҳу суботи пойдор ва мардумони башардўсту меҳанпарасташ, барои ҷовидонии он тамоми кўшишу заҳматҳояшро дареғ намедорад. Ин нафарон ба ҷуз ононанд, ки имрўз ба ин сарзамини муқаддас хиёнат намудаву ба мустақилияташ чашм ало кардаад.

Ташкилоти терористиву экстремистии ҲНИ таҳти роҳбарияти Кабирӣ ва намояндагони „исломдўсташ“, ки аслашон тоҷик асту макону зодгоҳашон Тоҷикистон, маҳбубияту шўҳрати кишварро мехоҳанд нобуд созанд. Чаро? Чун онҳо кўрнамаку хиёнаткорони ватан ҳастанд, агар не пас чаро мардумони кишварро ба иғвову дасисаҳо андохтаанд. Дар дохили кишвар ҳадафи ду бора аланга гиронидани оташи хомўшшударо роҳандозӣ намуданд.

       Терроризм содир намудан амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зўроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон хусусан гурўҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат муҳим аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифратгароӣ сабзида расад.

      Ифратгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд.   Мо бори дигар иброз медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар ҷаҳон буда, терроризм ва экстремизмро қатъиян маҳкум менамоем. Ва ба Кабириву даспарваронаш таъкид менамоем, ки дигар кўшиши дар чаманистони мо даромаданро накунед. Чун ҳар хор метавонад, ин гулҳои чаманро озурда созад.

       Имрўз вазифаи ҳар яки мо ҷавонон аз он иборат аст, ки ҷавонон ва насли наврасро дар рўҳияи ҳушёрии сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносию миллатдўстӣ тарбия намуда, ба онҳо фаҳмонем, ки ҳеҷ неъмату сарват болотар аз ваҳдату сулҳу озодӣ нест.

      Суханони ҳикматрези ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ бояд сармашқи фаъолияти ҳамарўзаи мо қарор ёбад. Чун давлати мо, давлати озоду обод ва соҳибистиқлол аст, ба он Илҳом Ёқубови „сухандону озодбаён“ гуфтаниам, ки „қудрте азимтар дар ин олам аз қудрати озодӣ нест ва саодате баландтар дар ин ҷаҳон аз саодати халқи озод нест“.

Маърифат Мавлонова,

котиби масъули нашрияи „Меҳвари дониш“-и

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд