Шурӯъ аз санаи 29.08 2018 то 1.09.2018 дар вилояти Суғд дар доираи нақша чорабиниҳои  Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар  Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои СҲШ ва ИДМ таҳти унвони “Тоҷикистон ва роҳи абрешим: таърих ва замони муосир” доир гардид. Дар фестивале, ки дар лагери “Шоҳин” –и шаҳри Гулистон таҳти унвони  “Инноватсия ва иҷтимоиёт” баргузор гардид,  ҷавонон аз ҳафт давлатҳои узви ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) ширкат варзиданд.

Донишкадаи  политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  дар ин фестивал, хаймаи пурмазмуне аз дастовардҳои амалии инноватсионии олимони ҷавони донишкада  оростанд, ки диққати тамошобинонро бештар ҷалб намуд ва иштирокчиёни фестивал ба корҳои инноватсионии олимони ҷавони донишкада баҳои баландро сазовор донистанд. Барои иштирокчиён хоссатан корҳои инноватсионии кафедраҳои дизайн ва меъморӣ, маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, сохтмон, низомҳои иттилоотӣ ва барномарезӣ писанд гардид.

Дар конференсияе, ки дар толори истироҳатгоҳи Бонки миллӣ бо иштироки чавонони эҷодкори вилоят ва меҳмонон доир гашт, қайд карда шуд, ки минбаъд ҳамкори байни ҷавонони эҷодкор вусъат ёфта шавад. Шоми 31.08.2018 дар боғи фароғати истироҳатии  К.Хуҷандӣ барномаи фарҳангии рангоранги Шоми ҷавонӣ баргузор гардид.

Бо ҳамин фестивал ба кори худ хотима бахшид.

Аминов Амирхон,

донишҷӯйи курси 4,

 ихтисоси 700201тв

 

 

 Бисту ҳафт сол аст, ки аз обу ҳавои Истиқлолият нафас мегирему ифтихорманд аз он ҳастем, ки  кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад. Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо шукргузорӣ аз ин мулки озоду обод паи меҳнати созанда ҳастанд. Аммо миёни гул хор ҳам гуфтагӣ барин солҳои охир ба ин ободиву озодӣ, нашъунамои кишвари афсонавии мо хатари ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Терроризм, экстремизм бегонапарастӣ,  ифротгароӣ, гурӯҳҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷудоиандозӣ, гумроҳшавӣ амалҳое ҳастанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро ба таҳлука овардааст. Аз нав зуҳур кардани «Ҷанги сард» миёни абрқудратон  боиси нигаронӣ аст. Ин ноамниҳоро истифода бурда, қувваҳои иртиҷои мекӯшанд, фазоро истифода баранд.

Аҳли башар бояд сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо танҳо як Замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем. Яке аз омилҳои асосие ки кафолати бехатарии шахсии одамон ҳуқуқу озодиҳоии онҳо,  тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор месозад афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷумла ҷиноятҳои терроризми байналхалқӣ ва эстремизм мебошад. Аслан сарчашмаи терроризм ифротгароӣ аст. Эстремистон, яъне моҷароҷӯён бо ягон кас муросо кардан намехоҳанд, ақидаи дигарро таҳаммул намекунанд ва барои ба мақсад расидан терроро кор мебаранд.

Мо, устодон аз ҳарвақта дида масъулу ҳушёр ва зирак бояд бошем, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирем, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоем. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем. Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгори имрӯза доимо зери назорат нигоҳ доштани шогирдони хеш мебошад. Бояд бо ҳаёти ҳар шогирди худ муносибати ҷиддӣ дошта бошад.

    Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд нисбати ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Ҳамаи моро дозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ин «вабои аср» мубориза барем ва нагузорем, то даст нопоки бадхоҳон ба кишвари биҳиштосои мо низ дароз шавад, зеро бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.

Алиев Шамшод Сангинович, номзади илмҳои техникӣ, Фатҳиддинов Бойпочо Раҳимович Номзади илмҳои техникӣ, Башиков Ином Турсунович,сармуаллим

 

 

 

 

 

Дар замони пешрафти техникаву технология, ки кишвари мо сол то сол ба он ноил мегарданд, нафароне ҳам ҳастанд, ки тинҷию оромии мулк, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, саодати ҳамватанон ва садоқати онҳоро ба давлату Ҳукумат дидан намехоҳанд. Ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни  ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ), пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд.  Аз ҷумла,  собиқ раиси ТЭИ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш  бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо изҳоротҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд,  намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи  инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини дар хориҷа фирорибудаи Ҳукумати кунунӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад. Масалан онҳо дар ояндаи наздик мехоҳанд Иттиҳодияи опозитсионии наверо таъсис додани ҳастанд.

    Тавре ҳамагон медонем, дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, низоъандозиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷонашонро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расонд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

     Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнус Бурҳонов (мулаққаб ба «Истаравшанӣ»), Шамсиддин Саидов, Абдуманнон Шералиев, Муҳаммадҷон Ғайратов (мулаққаб ба «Муҳаммад –таке», «Кабуд» ва «Абдураҳмон»), ки зодагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонанд ва даҳҳо нафар миллату ватанфурӯшон, ки замоне аъзои фаъоли ин ташкилоти террористию экстремистӣ буданду баъзеашон ҳатто мазҳаби худро иваз намудаанд,  мехоҳанд, ки боз ҳамон рӯзҳои сиёҳ такрор шаванд.

Аҳли ҷомеа чанде пеш аз асрори чор миллион доллар маблағи барои ташкили ҷиҳод ҷудонамудаи «бародарони эронӣ» ба ТТЭ ҲНИ бохабар шуданд, ки он мисоли ягона нест. Зикри ҳама амалҳои нопоку зиддиинсонии ин ташкилоти террористию экстремистӣ, хоинию ватанфурӯшии раиси ҳизб ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни он дар маҷмӯъ як китоб мешавад.

    Хулоса имрӯз дар симои Кабирию пайравонаш боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд.

    Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеоти сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

    Муҳаррама Темирова,

мудири шубаи тарбия, унвонҷӯи ДПДТТ

     

 

ҲНИ ҳизбест, ки хусуматҳои зиёди сиёсӣ, динӣ буда, мухолифи оромию суботи ҷомеа мебошад. Ин ҳолатро воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нишон дод. Новобаста аз он, ки бо Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиноятҳои вазнини аъзоёни он бахшида шуданд, аммо онҳо хулосаи зарурӣ набароварда, то ҳол мухолиф ба ҳукумату давлат ва сулҳи байни тоҷикион боқӣ мондаанд. Далели ин гуфтаҳо баёнияи навбатии Шӯрои сиёсии ҲНИ мебошад, ки чун ҳарвақта пур аз фитнаву бадбиниҳо нисбати ҳукумат ва давлат рӯи  қоғаз оварда шудааст. Дар баёния қайд карда шудааст «гӯё мақомоти давлатӣ ҳадафи ғайриқонунӣ заиф ва аз саҳнаберун кардани ҳамаи неруҳо, аз ҷумла ҲНИ мебошад», ки ин туҳмати соф нисбат ба давлат мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз ҲНИ  боз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва якчанд иттиҳодияҳои ҷамъияти озодона амал менамоянд ва ягонтои онҳо мисли раёсат ва баъзе аз аъзоёни  ҲНИ кӯрнамакӣ ва бе шармуҳаёӣ накардаанд. Бояд таъкид намуд, ки раёсат ва шӯрои ин ҳизб аз дасткашии оммавии аъзоёнаш ба қаҳр омада, алами худро намедонанд аз ки бигиранд ва бо ин амалҳои номатлуби худ ҳамаи ҳадду ҳудуди меъёрҳои қонунгузориро гузаштанд.

Ба мазмуни баёния назар афканед, баралло ҳис мекунед, ки аз он бӯи ифрот ва ифротгароӣ меояд. Онҳо таҳдиди рӯирост ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, суботу оромии давлату ҷамъият ва даъвати оммавӣ барои бетартибиҳо карда истодаанд, ки бояд дар назди қонун ҷавоби зарурӣ диҳанд.

Муаллифони баёния фикр мекунанд, ки оромию суботи ҷомеа дар дасти гурӯҳи кӯчаки аъзои ҲНИ мебошад ва хабар надоранд, ки бархе аъзони пешинаи он дигар пайравӣ ба онҳо надоранд.

Интихоботи соли 2015 ғалберро аз об бардошт ва баъд ба раёсати олии он аён гардид, ки тарафдоронашон кам мондааст ва бад ба навиштани баёния ва эътирозҳои ғайриқонунӣ пардоха истодааст.

Боварӣ дорем, ин дасисабозиҳои раёсати ҲНИ –ро дигар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон минбаъд дастгирӣ намекунад

 

Хуршед Худойбердиев,

Одилхӯҷа Солиев,

Парвиз Мақсудов,

устодони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ

 

Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва субботу амнияти ҷомеаро доранд.

Мутаассифона, доираҳои муайяне дар ҷаҳони муосир мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳо даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо маҳз аз заифии дониши дунявию динии мардум истифода намуда, зери шиори «ҷиҳод» сохтори мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ карда истодаанд, ки аз ин вабои идеологӣ ягон давлат эмин буда наметавонад. Зеро технологияи муосир пайвандгари ин равандҳо мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиётҳои ифротгароӣ бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд меорад.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсису бақайдгирӣ ва амалкардани ташкилотҳои экстремистӣ  ё  созмонҳое,  ки  ба  экстремизм мусоидатмекунанд,  тарғиби  экстремизм  ва паҳн кардани маводи экстремистӣ манъ аст.

Мутобиқи моддаи  8-и  Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ ва идеологӣ инкишоф меёбад. Ягон идеология, аз  ҷумла динӣ,  наметавонад идеологияи давлатӣ бошад. Ташкилотҳои динӣ,  ки  аз давлат ҷудоанд,  ба корҳои давлатӣ дахолат  карда  наметавонанд.  Ин  чунин маъно дорад,  ки  дар давлати дуняви ё чун Тоҷикистон муассисаҳои динӣ аз  давлат ҷудо  карда  шудаанд ва онҳо имконият надоранд,  ки  ба фаъолияти мақомоти давлатӣ таъсир расонанд. Ва мувофиқи моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд…»

Яке аз чунин ҳизбҳо, ки солҳои сол мардум, хосса мутақидони дини мубини ислом ба он таваҷҷӯҳ доштан ҳизби наҳзати ислом ба чунин гурӯҳҳои тахрибкор ворид шуд. Аслан ҷавҳари пайдоиши онро тавре Аёмиддин Сатторов, яке аз муассисони ҲНИ мегӯяд ба ҳизби террористии «Ҳизбуллоҳ» рабт медонанд.

Ин ташкилот бо истифода аз пуштибонии худ ҳар рӯз барои ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор додан ба қавле аз таги нохун чирк мекобад, ки таъсиси  Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ далолати гуфтаҳои болоист. Ин кумита, ки ба он гурезагони наҳзатӣ шомиланд, мехоҳанд, ки аз қисматҳои маҳкумшудагон истифода баранд. Аввал ин ки онҳо номардона ҳамсафони худро партофта гурехтанд ва акнун дар шароити хуби зиндагӣ онҳоро боз истифода бурда истодаанд. Тазйиқу истинтоқ нисбати маҳкумшудагон аз  ҷониби давлат нест ва нахоҳад буд.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту хештаншинос, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборатаст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризму экстремизм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гунна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимконаст.

Хайринисо Темирова,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд,

номзади илмҳои педагогӣ

 

 

Солҳои охир дар дунё ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором карда ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Мо кунун қатлу куштор, амалҳои ваҳшиёнарон тавассути телевизон аз гӯшаву канори олам медидем ва бовар намекардем, ки насли одамӣ ба чунин кирдорҳои ваҳшиёна қодир аст. Ангезаи ин ҳаводис имрӯз дар Тоҷикистон низ падидор шуда, бо даъвати ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ ва ДИИШ чанде аз ҷавонони гумроҳ ва манқурти мо даст ба амале заданд, ки миллат дар таърихи худ ёд надорад. Ин ҳодиса давоми мантиқии ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 буда, наҳзатиён дидаву дониста, ба хотири халал ворид намудан ба сулҳу суботи кишвар ба чунин кирдори ваҳшиёна даст заданд. Ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини кишварро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ бетараф набошад.

Ҷавонони моро мебояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории дӯстиву тифоқӣ, ваҳдату ҳамдилӣ саъй варзанд.

 

Бойпоччо Фатҳиддинов, номзади илмҳои техникӣ,

Акрамов Абдуқодир, номзади илмҳои техникӣ,

Алиев Шамшод, номзади илмҳои техникӣ,

Холиқов Мазбут, унвонҷӯй

 

Тайи моҳҳои охир дар расонаҳо аз ҷумла «Ахбор.сом» ва «Паём.нет» зиёд матолиб оиди  фаъолияти норавшани ҲНИ ба мушоҳида мерасад. Маълум, ки муаллифони ноайён, аз хоҷагони шиапарасти худ манфиатдор буда, мекӯшанд ҳарфи дурӯғро рӯи қоғаз оварда, кишвари моро бо ҳар гуна восита бадном созанд. Ин амали ба ном «Худотарсон» чандон аз рӯи мардигарӣ нест. Чунончи онҳо рӯзи гузашта дар шаҳри Варшава таҳти унвони кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ изҳорот қабул намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки ба мушкилоти махбусони сиёсии дар маҳбасхонаи кишвар буда, расидагӣ намоянд. Ба гуфти онҳо дар махкамаҳои кишвар ба хотир додани нишондоди бардурӯғ онҳоро маҷбур мекунанд. Ин тӯҳмати маҳз аст. Зеро ҷониби Тоҷикистон барои исботи ташкилоти террористию экстремистӣ будани ҲНИ  маводхои зиёде дорад. Худи вожаи исломро дар шеваи фаъолияти худ корбурд кардан ва манфиат ба даст овардан гуноҳест азим ва нобахшиданӣ, ки онҳо боз ба иғвову дасиса даст задаанд. Чун аксари мо ба Худову расул эътимоди кулл дорему Худоро бо дил мешиносем ҳатман дар гӯшаи диламон пас аз чунин таблиғот ангезаи нобоварӣ нисбати давлат эҳсос карда мешавад. Маҳз бозӣ кардан бо эҳсоси мардум буд, ки мо сабақи талхеро дар гушту нохуни худ эҳсос намудем..

Бояд иқрор шуд, ки ислом ба гурӯҳ, қисм ё худ ҳизбе, ки тафриқандозиро миёни мардум эҷод менамояд, ниёзманд набуд ва нахоҳад монд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар кадом давлату миллате, ки ҳизби сиёсии динӣ мавҷуд бошад дар он ҷоно оромию тарсу ваҳшоният ва куштору ҳодисаҳои хатарнок хуруҷ дорад. Аз ин рӯ ин ташаббус шоистаи дастгирӣ мебошад.

Зеро ба андешаи мо сабаби аз фаъолият мондани ҲНИ маҳз сиёсати нодуруст, нигоҳи нобаробар ба мардум  мебошад. Ин ҳизб фаъолияташ чӣ кори манфиатбореро ба халқ анҷомдод? Бидуни ин ҳизб ҳам ҳама мардуми тоҷик мусулмонанд ва ниёз ба ҳизби исломӣ надоранд.

Шукрона барои мардуми тоҷик ҳамаи шароитҳо барои таҳсил, истироҳат, зисту зиндагонӣ ва кору фаъолият фаровон аст.Вале, ташкилкардани ҳизб бо номи «Наҳзати ислом» магар дуруст аст? Зеро ки исломин маданият, ибодат, гузаронидани расму оин, рукнҳои динӣ ва ҳаёти инсониро тарғибу ташвиқ менамояд. Барои намозгузорони мамлакат масчидҳои ҷомеъ ва марказӣ дари худро боз намудааст то ки мардум ибодат кунанд. Ё тарҷимаю тафсири китоби муқаддаси Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, эълон гардидани бузургдошти Имоми Аъзам, бозгардидани муассисаҳои таълимии қонунии исломӣ ва даҳҳои дигар чорабиниҳо аз таваҷҷӯҳи асосӣ ба шумор рафта, дониши динию дунявии шаҳрвандонро сол аз сол қавитар ва огоҳтар менамояд.

Шояд савияи дониши мо то имрӯз намерасид вале имрӯз ҷаҳонбинӣ, сатҳи маърифат ва муносибат бо дин дигар шудааст. Манзур аз гуфтаҳои боло дар он аст, ки қонунгузорӣ оиди фаъолияти бисёр ҳизбӣ иҷозат медиҳад ва иҷозат ҳам дод. Вале ҷавонону шаҳрвандони мо медонанд ва ниёз ба иттилоъ ҳам надоранд, ки ҷомеаи мо ба ҳизби исломӣ ниёзманд нест.

Ба мисолидигар, баромад кардани баъзе аъзоён ва гӯё пешвоёни ҲНИ дар маърака ва расму оинҳои динӣ – мардумӣ оид ба ҳидояти мардум ва ошноӣ аз ақидаҳои динӣ ин хизматионҳо нест. Ин ҳама анъанаҳои динӣ ва маросимҳое, ки солҳои сол идома ёфтаистодааст, бидуни фаъолияти ин ҳизб ҳам мардуми Тоҷикистон ҳама мусулмонанд ва аз дину диндорӣ бархӯрдоранд. Аксари мардумони Тоҷикистон тарафдори исломи анъанавие мебошанд, ки дар тӯли 70-соли ҳокимияти Шӯравӣ ва то имрӯза рӯзи вуҷуд дорад.

Боварии комил дорем, ки кулли шаҳрвандони Тоҷикистон бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда минбаъд низ барои рушду нумӯъ ва пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Таиба Бобоева,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ  

 

Зуҳури дини ислом, ки пасон сабаби ташкили давлати муттаҳидаи арабҳо, - Хилофати Араб (622-1258) гардид, дар такдиру сарнавишти бисёр халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон накши муҳим бозид. Ислом, ки ба маънӣ-итоат, тавозӯъ, фармонбардорӣ аст, яке аз динҳои яктопарастии ҷаҳонӣ буда, дар асри VII дар нимҷазираи Арабистон дар муҳити қабилаҳои араб пайдо шудааст. Асосгузори он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (570-632), яъне Муҳаммад пайгамбар шуморида мешавад. Азбаски дар исломи ибтидой гояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарӣ, накӯкорӣ, адолатпарварӣ, шафқату эҳтиром ба якдигар таргибу талқин шуда, зулму тааддӣ, риёкорӣ, дурӯғгӯӣ, ришвахӯрӣ зери тозиёнаи танкид афтида буд, мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронй хам онро писандида қабул карданд. Манбаъҳои гоявии ислом, қабл аз ҳама дини яҳудй, масеҳй, динҳои қадимаи қабилаҳои араб, зардуштия ва монавия мебошад. Асоси таълимоти дини исломро китоби «Қуръон» ташкил медиҳад. «Қуръон» аз 114 сура (боб) иборат буда, барои мусулмонон китоби муқаддас маҳсуб шуда, пояи асосии дини ислом аст.

     Имрузхо дар зери ниқоби дини ислом хар гуна харакат ва равияхои ифротгаро ва хатто бо ном «давлати исломӣ» пайдо гардида истодааст, ки агар хубтар назар намоем, бо манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ наздикӣ надоранд.

     Чунончи пайдоиши «Давлати исломии Ирок ва Лубнон» дар ибтидои асри ХХI ва аз моҳҳои июн ва июли соли 2013 аз чониби аксарият давлатҳои ҷаҳон маҳкум карда шуд. Забткориҳои босуръати ҳудудҳои Ироқ ва Сурия аз ҷониби давлати бо ном исломӣ, дар нимаи аввали соли 2014, ки он бо ваҳшоният ва вайрон кардани ҳама гуна ҳуқуқҳои башарии инсон гузаронида шуд, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ маҳкум карда шуд.

     Мо низ, халқи тоҷик, ки таърихи қадим ва ибратомӯз дорем, бояд нагузорем, ки ин гуна ҳаракатҳои террористӣ дар олам паҳн шуда, сабаби сар задани ҷанги нави ҷаҳонӣ шавад.

Дилрабо Комилова, мудири кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология,  номзади илмҳои техникӣ,

Анвариддин Муҳиддинов, доктори илмҳои биологӣ, профессор

Раҳимова Алия Раҳимовна, номзади илмҳои химия, дотсент

                                                                                                               

 

 

 

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Мусаллам аст, ки терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта боиси ба миён омадани  оқибатҳои  нохуш гардидааст. Бадбахтӣ он аст, ки сафи чунин ҳаракатҳо сол то сол зиёд гардида, онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои махсус маблағгузорӣ мешаванд. Масалан ҲНИ барои ҷомеаи кишвари мо чун ҳизби террористиву экстремистӣ хатари бештар дорад. Зеро тавре мо медонем, ин ҳизб бо ҷомаи қонунӣ пӯшонидан солҳои сол ба тавр пинҳонкорӣ фармудаҳои ҳоҷагони худро иҷро мекарданд. Натиҷа ҳамин шуд, ки аксаран барои хиёнат ба Ватан, кӯшиши табадуллоти давлатӣ имрӯз паси панҷара нишастаанд.

 Мубаллиғони ҳизб барои ноором кардани вазъи ҷомеа ҳар гуна изҳоротҳои бесару нӯгро миёни омма паҳн мекунанд, ки навтарин он ин таъсиси  Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ роҷеъ ба мавҷи нави шиканҷа мебошад. Дар изҳорот онҳо рӯирост ҷониби давлат ва Ҳукумати кишварро айбдор мекунанд, ки барои маҳкумшудагон фишори равонӣ намуда, онҳоро мавриди шиканҷа қарор медиҳанд. Ин ҳама дуруғи маҳз аст. Зеро ягон амали ғайриқонунӣ нисбати маҳкумшудагон карда намешавад. Ин ҳама сохтаю бофтаи наҳзатиён аст. Дар ин марҳилаи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир дар посух ба чунин изҳоротҳои бардурӯғ мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ худро тақвият бахшем.  Дар хатми сухан бо итминони комил гуфтанием, ки роҳи пешгирифтаи ин ватанфурӯшон, мазҳабфурӯшон хато ва оқибати он саргумӣ мебошад.

Бакаев Мирзохамид, мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ,

Авезова М.М., доктори илмҳои иқтисодӣ,

 Раупов К.С., номзади илмҳои иқтисодӣ,  

 

 Пас аз тамошои филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” парда аз рӯи авомфиребӣ ва дасисакориҳои ҲНИ бардошта шуд. Яке аз фаъолони ҳизб, роҳбари ҲНИ Аёмиддин Сатторов эътироф намуд, ки роҳи интихобкардаи ӯ ва ҳазорҳо нафар аъзо ва пайравони ҳизби ифротиву террористии ҳизби наҳзат хато буд. Зеро тавре аз навор бармеояд, маҳз Аёмиддин Сатторов бо ҳамроҳии “роҳбарияти олии ҳизб” аз ҷумла Саид Абдуллои Нурӣ ва Муҳиддин Кабирӣ халқро алайҳи давлат шӯронида, сабабгори асосии ҷангу хунрезиҳо дар кишвар гардидаанд. Ӯ аз нақшаҳои тарҳрезинамудаи Кабирӣ ва ёронаш ёдовар шуда, баён дошт, ки Кабирӣ пас аз шикаст дар интихоботи соли 2015 барои интиқомҷӯи робитаро бо генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назаров мустаҳкам намуда, барои табадуллоти давлатӣ саъй намуданд. Роҳбари ҲНИ Кабирӣ шахсияти манфиатхоҳ аст ва солҳои сол дар Парлумони кишвар танҳо ғами худу хешовандонашро мехӯрад, агар ҳамин тавр намебуд, ӯ пас аз интихобот хулосаи даркорӣ бароварда, барои пурқувват намудани ҳизби худ мекӯшид, на ин ки барои дубора аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ мекӯшид.

 Аёмиддин Саттров эътироф кард,  ки аксарони фаъолони ҳизб парвардагони дасти хоҷагони Эронӣ аст ва ҲНИ як шохаи “Ҳизубллоҳ”-и Эрон аст. Ҳадафи ин ду ҳизб, ки аз як реша об мехӯранд, бунёди ҷомеаи хилофат ва тарғиби шиапарастӣ дар ҷомеа мебошад. Аммо тирашон хок хӯрд. Аз вазъгирии аъзоёни ҲНИ дар ин чанд соли охир ҳаминро хулоса баровардан мумкин, ки онҳо оддитарин мушкилоти ҷомеаро баҳона карда халқро ба кӯи навмедӣ мебаранд ва хатари аз нав оғоз намудани ҷанги бародаркушро ташкил карданианд. Аммо мафкураи имрӯзаи халқ  мисли мафкураи солҳои навадуми асри гузашта нест. Халқ  сиёҳро аз сафед фарқ  мекардагӣ шудааст. Ин мардуми таҳаммулпазир ваҳдату ягонагӣ, сулҳу ормиро беҳтар аз ҳама неъматҳои мавҷудот медонад.

Медонанд, ки саркардагони нобасомониҳое ки дар Ироқ , Сурия, Афғонистон доир шуда истодааст, маҳз намояндагони «қувваҳои исломӣ» ҳастанд. Ин гуна шахсон аз номи Ислом бар зидди Ислом кор бурда истодаанд. Мусулмони ҳақиқӣ ҷамъи мусулмононро ваҳшиёна ба қатл расонда дар як ҷо гӯр намекунанд. Инсони комил, оне, ки ҳатто як сураи оятҳои каломи раббониро аз худ намудааст ва ҳикмати дини мубини исломро, ки покиву адолатпарастриро талқ ин мекунад, ҳаргиз ба ин кор даст намезанад.

Хушбахтона, мардуми покниҳоди кишвари мо, ки дар дарозои таърих тавре дар боло ишора кардем ҳамеша фарҳангро болотар аз ҳама чиз медонисту бар зидди душманон на ба силоҳ, балки бо китоб мебаромад, ин бор низ исбот кард, ки ҷангу хунрезӣ, дасисаву ноадолатиҳоро қабул надорад. Президенти халқпарвар Эмомалӣ Раҳмонро чун такягоҳ ва роҳнамои миллат  қабул кардааст. Зеро кишвари ҷангзадаи мо дар ҳама марҳилаҳо танҳо мурувату осоишро болотар аз ҳама медонанд.

Зафар Раҳмонов,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Бешак рафтору кирдор ва амалкарди хоинони миллати тоҷик террористони наҳзатӣ, анҷумани бо ном озодандешон, гуруҳи 24, ҷунбиши ислоҳотгарон ва амсоли инҳоро мушоҳида намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин хиёнаткорони лаъин бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, вазъи ороми ҷомеаи имрӯзаро халалдор намоянд.  Аслан агар ба фаъолияти роҳбарони ин ташкилотҳои ифротӣ, хиёнаткорони миллат назар афканем маълум мегардад, ки инҳоро пайравӣ кардан на ба тарозуи ақл рост мегираду на ба тарозуи одамигарӣ. Зеро кореро, ки  хиёнаткорони миллат анҷом медиҳанд, боиси нафрат аст. Масалан, тӯҳмат задан нисбати амалкарди мақомотҳои қудратӣ дар мавриди буду боши маҳбусони сиёсӣ на аз рӯи одамгарист. Муҳиддин Кабирӣ яке аз гумроҳон ва хиёнаткоронест, ки чунин идеяҳои иғвоагензро паҳн мекунад.   Бояд қайд кард, ки ҷонибдорони ин теғдорони хиёнаткор душманони ашадии халқу милллат мебошанд. Онҳо бар зидди ҳама гуна ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад намуда, озодии виҷдон, озодии дин ва мавҷудияти давлати қонуниро инкор мекунанд.

Дар баробари ин ба ҷавонони саодатманди Ватани маҳбуб муроҷиат менамоем, ки бояд аз пайравӣ ба ин гумроҳон, теғдорони хиёнаткор канораҷӯӣ намоянд, зеро инҳо на ба модар, на ба падар, на ба Ватан, на ба миллат, на ба мазҳаб, на ба зан, на ба фарзанд раҳму шафқат надоранд, ба ҷуз хоҷагони эронии худ. Аз ин рӯ, дар сурати ба домашон афтодан, онҳо моро ҳамчун моли муфт соҳибӣ намуда, ҳаёти ояндаи босаодаттамонро хоҳанд сӯзонид.

Усмонов Шӯҳрат Заурович, номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи сохтмон,

Маъмуров Маҳмуд, номзади илмҳои техникӣ, собиқадори меҳнат,

Мухаммедов Ӯктам, номзади илмҳои техникӣ