Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ хастем, ки имрӯзҳо созмони ба ном «Давлати исломӣ» (аз соли 2013- Давлати исломии Ироқу Лубнон)ба яке аз бузургтарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон, хосатан олами ислом табдил ёфтааст. Чи тавре, ки маълум, аст «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия ва дигар давлатхои араб  зӯроварӣ, қатлу ғорат, кушторҳои бераҳмонаро ба роҳ мондаанд.  Роҳбарон ва пешвоёни ғоявии  «Давлати исломӣ»   ин ташкилотро ба сифати бузургтарин созмонии исломӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо аз рӯи амалаш ин ташкилот имрӯз ба созмони ҷиноятпешаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Созмони мазкур дар давраи аввал бо номи «Ҷамоат ал-Таухид вал - Ҷиҳод» маълум гашт, сониян як чанд бор номи худро иваз намуда аз январи соли 2006 дар натиҷаи муттаҳидшавии гуруҳҳои террористи ба як ташкилоти воҳид бо номи «Ал – Қоидаи Ироқ» машҳур гашт. Сониян бо номи «Шӯрои муҷоҳид» ном гирифтааст. Аз октябри соли 2006 бо номи «Давлати исломии Ироқ»  Ба ҳайати ибтидоии  он шохаи Байнаннаҳрайнии «Ал- қоида» таҳти роҳбарии Абу Мусаб –ал Зарқавӣ,  муҷоҳидони Шӯрои (палатаи болоии Миср) ва аъзоёни гурӯхии ҳарбии ироқи чанубии Ҷунд ас- Самоӣ, ки дар расонаҳои хабарии Ғарб бо номи  «Аскарони осмонӣ» маълум буд, шомил гашта буданд. 

Баъди кушта шудани  Зарқавӣ ҷойи ӯро   Абу Абдуллоҳ ал-Рашид ал-Бағдодӣ (ё ки Абу Умар ал-Бағдодӣ) соҳиб шуд ва то соли 2010 «ДИИ»-ро  сарварӣ намуд. Маҳз Абу Умар ал-Бағдодӣ ҳуҷуми ДИИ –ро ба Сурия оғоз намуд.  Аз соли 210 инҷониб «Давлати исломи»-роИброҳим Аввад ал-Бадри ас-Самарроӣ (ё ки Абубакр Бағдодӣ) роҳбарӣ менамояд.

Мутаасифона, вақтҳои охир гурӯҳи ифротгарои исломӣ дар Сурияву Ироқ дини мубини исломро, ки  аслан ва моҳиятан дини сулҳпарвар аст, ба воситаи тарсу ваҳм, таҳдиду зӯроварӣ табдил додаанд. Мубаллиғони давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҷавононро аз кишварҳои мухталифи олам тавассути расонаҳои хабарӣ, ба хусус шабакаи Интернет гумроҳ намуда, ба ин гурӯҳи ифротгаро пайваст менамоянд.  Ислом ҳамчун яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ ба ягон ҳизбу қонун, низомномаю ойиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад. Ин ҳақиқатро мубаллиғони гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷавонони гумроҳшуда дарк намекунанд, кӯшиш доранд, ки исломро баҳри ҳама гуна нифоқу хусумат, куштору ваҳшоният ва ҷабру зулми инсонӣ  истифода баранд.

Афроде, ки давлати исломии ДИИШ-ро ҷонибдоранд исломро ҳамчун парчам ё пардаи фиреби назар истифода бурда, манфиатҳои ғаразноки хешро пеш мебаранд. Фаъолияту ақидаи онҳо, кирдору рафторашон ба таълимоти дини мубини ислом ҳеҷ робитае надорад. Таърих гувоҳ аст, ки сохти давлатдории ба зӯриву таассуб асосёфта бақо надорад, шахсоне ки ба дину диёнати хеш хиёнат мекунанд, шармандаи ин дунёву он дунё мегарданд. Таассуби динӣ, ифротгароӣ дар назди Худованд ва бандагонаш  ба қатори бадтарин аъмол дохил мешавад ва сад афсӯс, ки ҷавонони гумроҳгардида ва пайравони ДИИШ инро боре дарк намесозанд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли  мо имрӯз ҳамчун давлати дунявӣ ва демократӣ эътироф гаштааст ва дар ин давлат ҳамзистии осоиштаи дину мазҳабҳо ва дар маҷмӯъ риояи меъёрҳои озодии виҷдон ҳамаҷониба таъмин гаштааст. Дар ҷумҳуриамон таҳти сарварии Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастаҷамъӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ, дарку омӯзиши арзишҳои муқаддаси дини мубини ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳо эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Мисоли боризӣ он дар сатҳи байналхалқӣ доир гаштани чорабиниҳои фарҳангиву динӣ бахшида ба бузургдошти Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, нашри Қуръон ва дигар китобҳои динӣ (тафсир, ҳадисҳо ва ғ.) ба забони тоҷикӣ, дар қаламрави ҷумҳурӣ амал намудани зиёда аз 5 ҳазор масоҷид, ҳамасола аркони ҳаҷро адо намудани наздик 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва ғайра маҳсуб меёбад.

Мутаасифона имрӯзҳо дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд,  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа  низоъ меандозанд, бо фундаментализми исломиву ифротгароӣ, экстремизм таҳдид мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки боварии мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии мардум рахна ворид кунанд, низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Зери ниқоби ислом амал намуда бо ёрии гурӯҳу шахсиятҳои ғаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиётҳои хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн мекунанд.

Имрӯзҳо ҷомеаи навини Тоҷикистонро воқеаҳои дар Сирияву Ироқ рухдиҳанда хеле ба ташвиш андохтааст. Зеро қувваҳои  сиёсию низомӣ ва маънавӣ, ки ҷонибдори гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ ҳастанд, дар он ҷо ҷамъ омада, мехоҳанд тартибу низоми асримиёнагиро ҷорӣ намоянд. Пайравонӣ ДИИШ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва васоити ахбори омма ҷавононро гумроҳ намуда, ба сафи хеш ҷалб менамоянд. Мутаасифона, бархе аз ҷавонони Тоҷикистон низ дини мубини исломро аз ҳамаи зуҳуроти ифротгароӣ фарқ карда натавониста ба ин гӯруҳҳои ифротгаро шомил мегарданд.  Онҳо ба кадри осоиштагӣ, амну субот ва бунёдкорию созандагии Ватани хеш намерасанд.

Дар таълимоти дини мубини ислом барангехтани кинаву адовати динӣ ва ё мазҳабӣ амри номашруъ аст. Аммо имрӯз гурӯҳҳои ифротии Сурия  ба маркази барангехтани кинаву адовати динӣ ва мазҳабӣ дар миёни мусулмонони олам гардидааст. Нақл мекунанд, ки ба назди Абуҳанифа ду касро оварданд, яке аз махлуқ будани Қуръон қоил аст ва дигаре аз азалӣ будани он. Абуҳанифа гуфт: «Аз паси ҳар дуи онҳо намоз нагузоред. Зеро онҳо дар дин низоъ ба вуҷуд оварданд ва низоъ дар дин бидъат аст». Ин ҳукми Абуҳанифа аз Қуръон сарчашма мегирад, ки ҳадафи он ваҳдат ва амну суботи мусулмонон ва ҷомеаи башарӣ мебошад. 

Дар ҷомеаи навини Тоҷикистон байни ҷавонон  бояд ақидаи солими диниро тарғиб кард, маърифати динии онҳоро боло бардошт, то ки таблиғоти ифротгароёнро бидуни таҳқиқ қабул накунанд, онҳо тавонанд   ҳамсолони «гумроҳ»-и хешро аз роҳи пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷаҳолати динӣ боз доранд. 

 Аз тарафи дигар, ҷомеаро зарур аст, ки ноогоҳии сиёсӣ ва дараҷаи пасти ҷаҳонбинии ҷавононро бартараф созад. Пайваста корҳои фаҳмонидадиҳӣ  дар бораи сабабҳои зуҳури фундаментализм ва экстремизми динӣ, мақсадҳо ва ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротгаро, дарки моҳияти таҳдидҳои мафкуравии замони муосир, таҳдидҳо ба амнияти миллат ва давлат ба роҳ монда шавад. Дар ниҳоди ҷавонон масъалаҳои  бақадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ расидан тарбия карда шавад.

Исмоилов Исмоил, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд