Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 47,05 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд. Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд. Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид. Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
- Дида шуд: 558 маротиба
Иловаи эзоҳ