Дар ҳар як баромади худ Президенти кишвар бо қатъият изҳор менамоянд, ки “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам”. Дар Паёми  имсола нисбати пешравии ин соҳа  аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохташуда қайд карда шуд. Дар 31 соли Истиқлолият 3430 муассисаи таълимӣ барои қариб як миллион хонанда сохта шудан ин гувоҳи он аст, ки имрӯз мардум ба қадри мактабу маориф расида истодааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ кушода шудани мактабҳои Президентӣ барои кӯдакони болаёқат, квота барои духтарони ноҳияҳои дурдаст, ташкили идрорпулиҳои Президентӣ барои хонандагон ва донишҷӯёни аълохон, муҳақиқони ҷавон, барои олимони ҷавон ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ муқарар карда шуд ва таъсис ёфт.

Агар дар ҷумҳурӣ то соли 2009 як муассисаи таълимии Президентӣ фаъолият менамуд, дар соли 2022 ин шумора ба 9 адад расид, хонандагони ин навъи муассисаҳо дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ 62,1 % ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд.

Вобаста ба маблағгузории сарикасӣ мустақилияти молиявии мактабҳо бештар гардида, иштироки ҷомеа дар идоракунии мактаб таъмин гардид. Акнун мактаб мустақилона самти афзалиятноки истифодабарии маблағҳоро муайян намуда, имконият пайдо мекунад, ки онҳоро самаранок истифода барад.

Дар зинаи таҳсилоти умумӣ, дар ин давра ҷиҳати мустаҳкам гардонидани базаи моддиву техникӣ ва таъмин намудан бо технологияи муосир “Барномаи давлатии татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки тибқи барномаи мазкур омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ аз синфи 5 пешбинӣ шудааст. 

  Агар соли 2014 муассисаҳои таълимӣ бо 48125 компютер ва 8008 принтер таъмин буданд, имрӯз бошад, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  66780 адад компютер ва 10778 принтер, инчунин, 3046 тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд.  

Қабули “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” дар ин маврид такони ҷиддие дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил карда шуд. Бо таъсис ёфтани марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ташкил гардида, марказҳои мазкур барои дарёфти хонандагони лаёқатманд ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, алалхусус, дар мактабҳои Президентӣ, гимназия ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат корҳои назаррасро ба сомон расониданд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 72 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо 650 маҳфили фаннӣ ташкил шуда, дар онҳо 9610 нафар хонанда фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар ин муддат таваҷҷуҳ ба рушди ҳаракати олимпӣ низ зиёд гардид. 

Соли 2003 барои соҳаи маориф ҳам соли мушкил ва ҳам соли дастовардҳо ва пешравиҳои амиқ буд.

Дар ин давра лоиҳаи 11 ҳуҷҷати меъёрӣ ҳуқуқӣ, аз ҷумла “Дар бораи тасдиқи барномаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти ҳамагонии асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007”, “Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии Маркази таълимӣ ва касбинтихобкунии байнимактабии хонандагон”, “Дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Қумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи баъзе масъалаҳои мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ”, “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои алоҳидаи кормандони соҳаи маориф”, “Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014”, “Дар бораи тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ”, “Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ” қабул карда шуд, ки ба пешрафти кори соҳа такони ҷиддие гардид.

Дастоварди наҷибе, ки дар самти таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ин давра рӯйи даст омад, ин ба тасвиб расидани сохтор ва мақоми муассисаҳои таълимӣ «Дар бораи иваз намудани номи техникум ва омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳо» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.11.2012, №630) мебошад. 

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 19 ноябри соли 2013, №12 ) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Тибқи тағйироти мазкур вазифаҳои пешбурди сиёсати илм ба зиммаи Вазорати маориф ва илм вогузор шудааст.

Дар ин самт низ таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2020” аз 30 майи соли 2015, №354, “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», ”Барномаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020” аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Дар солҳои 2013-2020, ҳамчунин, амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” вусъат ёфта, дар 13 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ паркҳои технологӣ таъсис дода шуданд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли хониши 2019-2021 шумораи умумии магистрантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 6737 ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) 1176 нафарро ташкил медиҳанд, ки 40% онҳо дар бахши илмҳои дақиқ, техникию технологӣ ва инноватсионӣ ба таҳсил ва илмомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 4121 нафар кадри илмӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 728 нафар доктори илм ва 3393 нафар номзади илм мебошанд. 

Яке аз ислоҳоти самарабахш дар ин самт ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ (меъёрӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Вобаста ба маблағгузории сарикасӣ мустақилияти молиявии мактабҳо бештар гардида, иштироки ҷомеа дар идоракунии мактаб таъмин гардид. Акнун мактаб мустақилона самти афзалиятноки истифодабарии маблағҳоро муайян намуда, имконият пайдо мекунад, ки онҳоро самаранок истифода барад.

Агар солҳои пеш дар ҷумҳурӣ 3836 муассиса бо фарогирии 1 713 742 хонанда фаъолият мекард, пас, имрӯз дар кишвар 3893 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 035 158 хонанда фаъолият мекунад, ки дар он 124 593 омӯзгор, аз ҷумла, 74046 нафар зан ба таълиму тарбия машғуланд.  

  “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” низ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки  фарқ аз барномаи пешина дар баробари кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, инчунин, таъмини кабинетҳои суруд ва мусиқии муассисаҳои таълимӣ бо асбобҳои мусиқиро низ дар бар мегирад.

Дар Паём омадааст:

– аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.

     Ин гуна ғамхорӣ боис гардид, ки мо омӯзгорон барои рушду нумуи кишвар даҳчанд меҳнат карда сазовори боварии далату ҳукумат бошем.

Омӯзгорони азиз, ҳамкасбон, биёед, дастҷамъона барои босавод шудани фарзандон аз таҳти дил кор кунем, бо дили пок, нияти нек, фарзандонро дар партави ҳуввияти миллӣ, меҳанпарастӣ тарбия намоем.

 

Темирова Хайринисо Исломовна, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд