Бесабаб одобро ҳусни инсон нагуфтаанд. Одобу ахлоқ  ҳамчун падидаи иҷтимоӣ баробари пайдоиши ҷамъияти инсонӣ ташаккул ёфтааст. Он бунёди маънавии ҷомеаро ташкил дода, дар ҳамаи қишрҳои  муносибатҳои иҷтимоӣ ҷой дошта, дар танзими муносибатҳои шаҳрвандон нақши бузург меомӯзад. Муносибатҳои  иҷтимоӣ, муоширати одамон, комёбиву пешравӣ, саодату бақои ҷамъият аз ахлоқу одоб бевосита алоқаманд аст. Дар ҷомеае, ки ҷавонон ахлоқи ҳамида дар ҳама самти зиндагиро доранд, он ҷомеаи солим маҳсуб меёбад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади худ оид ба ахлоқи ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, башардӯстӣ, эҳтироми ҷамъият истода гузашта, нисбати ин масъала таваҷҷӯҳи зиёд менамоянд.

 Албатта руҳияи ахлоқии наврасон аз кӯдакӣ аз оила, кӯдакистон ва мактаб сарчашма мегирад. Дар баробари ин ҷамъият ва муҳити атроф ба равони онҳо таъсири худро мерасонад. Баъзан рафтори берун аз этикаи ахлоқии наврасону ҷавонон ба назар мерасад, ки ин аз бемасъулиятии падару модар ва устодон шаҳодат медиҳад. Зеро ҳисси масъулиятнокии худро баъзе волидайн дар назди фарзандону шогирдон дарк намекунанд.

Бузургони гузаштаи мо адабро ҷавҳари ақлу хирад номидаанд. Зеро инсон аз мавҷудоти дигар бо ақлу хиради худ фарқ мекунад. Қадру қимат ва одамияти инсон қабл аз ҳама дар гуфтор, кирдор ва пиндори ӯ ифода меёбад. Ба инсонҳо қабл аз ҳама аз рӯи тарзи сухан гуфтану ибрози назар намудан, яъне сатҳи муоширати ӯ баҳо додан мумкин аст. Муошират бошад, одобу вижагии худро дорад, ки ҳамагон бояд аз он бархурдор бошем. Воқеан, одоб, рафтору гуфтори нек маҳсули ақлу хирад аст. Шахсе ки аз ақлу хирад орӣ аст кобилияти фикру андешаи оқилонаву шоистаро надорад.

      Одоби муошират ва этика дар ҷомеаи муосир вижагиҳои худро касб намудааст. Зеро раванди босуръати ҷаҳонишавӣ фарҳанҳоро ба ҳам омезиш дода, интихоби тамоюлҳои ахлоқӣ озод боқӣ мондааст. Мутаасифона фарҳанги ғарб бо номутобиқатии омилҳои бегона нисбати фарҳанги бостонии Шарқ  дар муносибат бо калонсолон, дар пӯшидани сарулибос, дар этикаи истеъмоли ғизо, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан нақлиёт миёни ҷавонони муосир ба назар мерасад.

Шахси боодоб ҳамеша аз фазлу ҳунар, заковат, дониш, фарҳанг ва илму маърифат бархӯрдор аст. Шахси бад ва ё хубро аз рӯйи одобу ахлоқаш шинохтан мумкин аст. Аҷдодонамон аз замонҳои хеле қадим одамонро ба боодобу  хушахлоқ шудан даъват кардаанд. Онҳо мудом шахсро ба роҳи рост ҳидоят намудаанд. Шахси беодоб дар  ҳар як кори худ, роҳи худ ба душвориҳо, пасту баландиҳо дучор меояд. Инсон ҳарчанд дониши баланд дошта бошаду бадахлоқ бошад, ӯ дар  ҷомеа ҷойи худро намеёбад. Барои ҳамин ҳам бузургонамон гуфтаанд: «Аввал тарбия, баъд таълим».

Тарбияи ахлоқӣ ва этикаи муошират аз лаҳзаҳои кӯдакӣ оғоз меёбад ва он ба волидон вобаста аст. Дар оила модару падар бо фарзанд чӣ гунае ки муносибату рафтор дошта бошанд, аъзои дигари оила низ айнан чунин муносибату рафторро бо дигарон раво мебинанд. Дар ин маврид як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад ва амсоли оне, ки равшании офтоб пардаи торикии шаброОмедарад.

       Ҷаҳони муосир моро водор месозад андеша ва нигоҳи худро нисбати мароми зиндагӣ таҷдиди назар кунем. Вақтҳои охир теъдоди ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти одоби ҳамида ҳастанд ба маротиб афзуда истодааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо беадабиро дида, беэътиноӣ намамоем.  Ин амали бемавқеъ ба манфиати ҷомеаи муосиру демократӣ нест. Аз ин хотир, ҳамагони мо вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азиз такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт дар он эҳсос  мегардад.

Атаева Т.Х. устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд