Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта дар вазъияти бисёр ногувору сахте қарор дошт. Вале мардуми шарафманди ватани азизамон нагузоштанд, ки сабабгорони ин вазъият ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Фарзанди фарзонаи миллат каҳрамони халқи тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси сулҳпарварониашон Тоҷикистони азиятдидаро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд. Гурӯҳи мухолифинро даъват намуда, ба хотири якпорчагии миллат гуноҳҳои онҳоро бахшида, ба онҳо бовар карда баъзе аз корҳои баланди давлатиро ба онҳо супориданд. Аммо боиси таассуф аст, ки ин хоинони миллат шукргузории бахшиши Пешвои миллатро ба ҷо наоварда даст ба табаддулоти давлатӣ заданд, вале хушбахтона ба мақсади нопоки худ нарасида шармандавор шикаст хурданд ва ба хориҷа фирор намуданд. Онҳо дар хориҷа машғули таъсис додани гуруҳҳои мухолифини кишвар шуданд, ки ин боиси нигаронии кулли мардуми шарифи Тоҷикистон шудааст. Яке аз ин Таъсисдиҳандаи ин гурӯҳҳо «Гурӯҳи 24» мебошад, ки мақсади асосии он тафриқаву ҷудоиандозиҳо ва бадгӯиҳо нисбати Ватан мебошад.

Ин ҷо чанд нуқта хеле ҷолиб аст, ки аслу насаби аксарияти муассисони ин созмони ҳамчун тоҷик зери суол буда, дар зиёӣ набудани онҳо аслан шубҳае нест. Ин созмонхои навтаъсис худ тавқи ғуломӣ дар гардан доранд, аслан ба мафҳуми озодӣ ва озодандешӣ сарфаҳм намераванд.

Ҳамчунон, ки мо аз шабакаҳои интернети маълумот пайдо намудем дар Олмон онҳо гирдиҳамоӣ намуда, нисбати Пешвои миллат бадгӯиҳо намудаанд. Мехоҳед боз мардумро фиреб диҳед, боз мехоҳед дар байни мардум фитна эчод кунед хайф бар шумо садқаи ин Ватан шавед нону намаки ин сарзамин кӯратон кунад. Шумо иштибоҳ мекунед, мардуми шарифи Тоҷикистон хуб ҳақиқатро дарк намудаанд. Мардум аз сирату кофияи шумоён безор аст. Мардум аз сухану харфи шумоён безор шудааст.

.           Ҳама шоҳиди он ҳастем, ки Тоҷикистон соат ба соату рӯз ба рӯз тараққӣ карда истодааст, ҳатто давлатҳои хориҷа ҳавасманди бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро доранд. Ин ҳам бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо бояд қадрдонӣ кунем ва ба Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз софдилона хизмат кунем.

Ҳазорҳо пардаю девори Чин ҳатто наметавонанд, мақсадҳои нопоки Шуморо пўшида бидорад. Мо аминем, ки халқи мо дигарбора фирефтаи суханҳои ахмақонаи шумо барин дасисабозон ҳаргиз намешаванд.

Ассистенти кафедраи

математекаи олӣ ва

технологияи инноватсионӣ  П. Назаров