Баргузории ҳамоиши тоҷикони берунмарзӣ, ки ба тоҷик гуфтани онҳо даҳон намеравад, бори дигар то кадом андоза бахилу нодидагирии ба қавле опозинсиони тоҷик дарак медиҳад. Воизону муаббирони наҳзатӣ шурӯъ аз Кабирӣ, баъдан Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов ва даҳҳои дигар  аз олимтарошиву овардани мисолҳои бардурӯғ шарм накарда, рӯирост бар зидди давлат ва Ҳукумат тӯҳмати ноҳақ мезананд.  Онҳо даъво пеш меоранд, ки ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта кори дасти наҳзатиён нест, аммо воқеияти ҳол нишон дод, ки Кабирӣ бо ҷамъи ёронаш бо фармоиши хоҷагони беруниаш ва маблағҳои ҳангуфт мехостанд дар кишвар табадуллоти давлатӣ барпо кунанд, магар ин исботи гуфтаҳои болоӣ нест. Ягон қувва ва ирода наметавонад  ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандони кишварро нақз намояд. Намедонам аз кадом сарчашма гирифтаанд, ки мақомоти низомии кишвар ба оилаҳои роҳбарони ин ҳизб ҷабру ситам мекунанд. Ҷоҳилият дар зиндонҳои кишвар ҳукмфармо аст.  Ин ҳама дурӯғи маҳз буда, баръакс  аз ин нафарон хоҳиш карда шуд, ки ба ҳаёти солим баргарданд ва зиндагиро бо чашми ҳақбин нигоҳ кунанд. Замоне аъзои ин ҳизб будан ҳеҷ маънои душмани халқу давлат буданро надорад. Чунки тавре аз мушоҳидаҳо ва назарпурсиҳо бармеояд, аксари аъзои ҲНИ он нафароне ки худ намедонанд, ки шомили ин ҳизб ҳастанд.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Касе ки қонунҳои кишварро риоя мекунад, ӯ зиндагии осудаҳолона дорад. Ба рӯяш мактабу масҷидҳо кушодааст. Хонад, маърифатнок шавад. Онҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат интиқод карда, чунин болоназар будани Сарвари муаззами кишварро чашми дидан надоранд. Чашми ҳасуд кӯр аст. Магар роҳбари давлат сазовори чунин баҳо нест, дар ҳоле ки миллат ба ҳадди нестӣ мерасид, маҳз ӯ ҷон ба каф гирифт ва масулияти дирӯзу имрӯзи кишварро бар дӯш гирифт. Мулкро тинҷ кард, кинву кудуратро аз дили размандагон берун сохт ба гузашта салавот гуфт. Бо гузашти беш аз 27 сол танҳо барои ободӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум кӯшиш варзид. Халқи тоҷикро ба оламиён чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофар муаррифӣ кард. Халқ худ ӯро ҳомӣ ва пешвои худ интихоб кард. Ботини Сарвари давлат, ки пок аст ҳамвора кишварамон пеш меравад.

Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар  ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ва ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Мо фарзандони содиқи Ватанем ва ҳаргиз намегузорем, ки идеяи бегона мафкураи моро пойбанди ифротгароӣ гардонад. Зеро фардои ин миллат бо Сарвари оқилу донояш дурахшон аст.

Ҷамшед Мирсаидов, сардори бахши кор бо ҷавонони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд