Баландбардории имкониятҳои иқтисодии  мардум яке аз масъалаҳои  асосии рӯз ба ҳисоб меравад. Иҷрои он аз ҳукумату давлат меҳнати пурсамарӣ босабронаи ба асосҳои илмӣ такъя намударо талаб мекунад. Пешравӣ дар ҳама соҳа аз нақшаи пухтаву ба асосҳои илм такъя намуда сар мезанад.

Дар зарфи панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.  Дар як радиф бо  ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан равон карда шуданаш лозим, ки дар соли равон  пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Борҳо дар баромадҳои худ роҳбари мамлакатамон, Пешвои миллат зикр намуда буданд, ки  ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.

Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд.  Албатта ин рушдро ноил гаштан меҳнати пурсамарро аз мардуми мамлакат талаб мекунад. Ҳамаи инро ва нишондиҳандаҳои солҳои пешинро ба инобат гирифта и нақшаи азимро ба има гирифта шудааст. Боварӣ дорем, ки ин нақшаҳо ҳам мисли нақшаҳои солҳои пешин ҳалли худро меёбад.

Дар соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ бояд баробар гардад.  Барои иҷрои ин мақсад давлат ва Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки таваҷҷуҳи асосиро  ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад. Албатта барои иҷрои ин мақсадҳо самаранокии меҳнати фардии кормандонро баланд бардоштан лозим.  Аз дигар тараф сифати маҳсулотро барои беҳтар намудан маълумотӣ техники кормандон ва коркунони ёрирасонро ба зинаи нав бардошта шуданаш лозим.  Ин масъалаҳо дастдиҳанда аст ва иҷрои он барои хубтару беҳтар гардидани маҳсулот ва арзиши он мусоидат мекунад. Ин бошад имкониятҳои иқтисодии мамлакатро барои баланд бардоштан, бе афзоиёбии ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшаванда, имконият пайдо мекунонад. Ба ин тарафи кор низ бояд диқати махсус диҳем.  Сифат, харидор, даромадӣ иловагӣ аз ҳисоби вобаста ба сифат баландбардории нарх баамал меояд. Мо бояд аз ҳар як мол максимум фоидаи бадаст дарояндаро гирем.

Замоне, ки дар он зиндагӣ дорем замони технологияҳои нав мебошад. Истифода ва тадбиқи онҳо дар ҷараёни истеҳсолӣ мушкулкушои ҳаммаи муаммоҳои ҳам сифативу ҳам миқдорӣ  мебошад. Бо мақсади баландгардонии  рушди истеҳсолӣ бояд раванди банақшагирии стратегиро дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ пурра ҷорӣ карда, барои иҷрои нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ пешбинишуда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда пешравии истеҳсолот, истеҳсолӣ нематҳои моддиро  афзун гардонем.  Зеро бою ғанигардии буҷаи мамлакат ҳама ҷиҳата аз истеҳсоли маҳсулотҳои саноативу индустриалӣ сахт вобаст мебошад.  Аз ин лиҳоз раванди саноатикунонии босуръати малакатро, ки ҳадафи чорӯм қабул кардем тезонем. 

Барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории лаёқати молияи мамлакат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет асосҳои илмии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз сифатан беҳтар карда шавад  ва барои ба зинаи нав бардоштани дараҷҷаи некӯаҳволии сокинони мамлакат чораҳо андешида шавад.  Зеро шахс, истеҳсолкунанда ва таъмини иқтисодӣ, молиявии онҳо  дар қонунгузории мамлакатҳои дуньё дар мадди аввал меистад.    

Дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда ҳаҷми буҷети давлатӣ ҳамасола афзоиш ёфта, дар соли 2022 қисми даромади он ба 33 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018-ум 38 фоиз зиёд мебошад.  Ин бошад албатта таъсири худро барои баландбардории шароит ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар беътаъсир намемонад. Бигзор ин тадбигҳо зиёд шаванду мардуми мо хубтару беҳтар зиндагӣ кунанд. Диққати Пешвоямон низ ба ин равона карда шудааст.

 

Файзулло Ҷалилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд