Варзиш аз беҳтарин омилҳои саломатии инсон буда, мунтазам машғул шудан бо он ба шахс руҳияи наву тоза мебахшад. Яке аз намудҳои дӯстдоштатарини ҳамагон ин бозии футбол мебошад.

Бо ташаббуси донишҷӯписарони курси 4, ихтисоси 40.01.02тБ-и факултети информатика ва энергетика тайи моҳҳои март ва апрел мусобиқаи футбол байни гурӯҳҳои факултет ташкил карда шуд. Ҳадаф аз ташкил намудани мусобиқа мустаҳкам намудани дӯстии донишҷӯён дар факултет, санҷидани маҳорати ҷисмонӣ ва малакаи футболбозии донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Шуруъ аз 18 март то 22 апрели соли ҷорӣ дар майдончаи варзишии донишкада гурӯҳи донишҷӯёни курсҳои 1-4 бо дастаҳои худ қувваозмоӣ намуданд. Ҳамарӯза баъди итмоми машғулиятҳо гурӯҳҳо бо дастаҳои худ дар майдончаи варзишии донишкада ҷамъ омада, маҳорати футболбозии худро санҷиданд. Устодони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ ба рафти бозӣ холгузорӣ намуда, ғолибонро муайян намуданд. Ҳамин тавр, ба даври финалӣ дастаи гурӯҳҳои 1_40.01.02тв, 1_26.03.01рА, 1_40.01.01рА, 2_40.01.02тБ роҳ ёфта, барои ғолибият қувваозмоӣ намуданд. Бо ҳисоби 5:4 дастаи донишҷӯёни гурӯҳи 1_26.03.01рА ғолиби мусобиқаи футболи факултети информатика ва энергетика дониста шуд.

Ба дастаи ғолиб ва фаъолон аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои тарбия Довудов Гулшан, декани факултети информатика ва энергетика Солиев Одилхӯҷа, устодони кафедра Худойбердиев Х., Назаров А., Низоматдинов А. диплом ва медалҳо супорида шуд. Ба дастаи 1_26.03.01рА Ҷоми футболи факултет тақдим карда шуд. Мусобиқаи мазкур аз ҷониби донишҷӯписарони 4_40.01.02тБ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, дар хотири ҳамагон то дер нақш хоҳад монд. Иштирокчиёни мусобиқа баҳри дастгирӣ ва шароити фароҳам барои ба варзиш машғул шудан ба Раёсати донишкада арзи сипос менамояд.

Маълумоти бештарро оид ба рафти мусобиқа метавонед аз суроғаи ijtimoisugd.tj/football.php  дастрас намоед.