Сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ин калимаҳое ҳастанд, ки ҳамеша инсонҳоро шоддил менамояд. Махсусан барои онҳое, ки ҷангу ҷидол ва нофаҳмиро аз сар гузаронидаанд.  

Имрӯз мо бе шак гуфта метавонем, ки дар шароити ноорому зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳои амниятӣ аз ҷумла терроризму ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон сар бардоштани гурӯҳҳои муташаккили террористӣ, ки ҷомеаи байналмилалиро ба ташвиш овардааст раванди ба даст овардани ваҳдату ягонагӣ дар Тоҷикистон, ки дар охири қарни гузашта бо ҷонисориҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадааст намунаи барҷастаи дарси ибрат ва ваҳдату дӯстӣ ба таҳкими давлатдории миллии халқу миллатҳои ҷаҳон маҳсуб ёфта, обрӯю эътибори сиёсии Тоҷикистон ва миллати сулҳофари онро дар миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон баланд мебардорад. Имрӯз якдиливу ягонагии тоҷикон мавриди омӯзиши ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ки мояи ифтихор ва сарфарозии кулли тоҷикони ҷаҳон мебошад. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест, ки аз гузаштаи дурру наздик ва пешрафти ҳаёти маънавӣ ва моддӣ ва аз саҳифаҳои торику фаромӯшгашта ва бурдубохти миллати тоҷик моро ошно менамояд ва роҳи ваҳдат, якдигарфаҳми истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дошта метавонад.

Танҳо дар сурати ягонагӣ тамоми душвориҳо ва камбудиҳои ҷойдошта роҳи ҳалли худро меёбанд, рӯзгори мардум рӯз аз рӯз беҳтару хубтар ва сатҳи камбизоати коҳиш ёфта, савияи саводнокии аҳолӣ кишвари азизамон ба шоҳроҳи пайку нусратҳои нав рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”.

Он дарахте, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суҳлу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, халқи шарафманду заҳматқарини Тоҷикистон ифтихор мекунем. Соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ва дар охири солҳои 90-уми асри гузашта ба даст овардани ваҳдату ягонагӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” саҳифаҳои наву тозаеро дар таърихи муосири халқи шарафманди тоҷик боз намуда, кишвари моро аз вартаи нобудшавӣ ва ҷанг раҳонид. Дар тӯли таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши имзои ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз басо бузург аст зеро, баъди имзои ин ҳуҷҷат пояҳои сиёсию давлатдории тоҷикон, ки дар ибтидо комилан фалаҷ гашта буданд ба марҳилаи нави азнавсозӣ ва рушди худ соҳиб гардида, фазои амниятӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо то андозае беҳбуд бахшида шуд, ки дар ҷараёни ин раванди таърихию сиёсӣ хизматҳои барҷастаи таърихии Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст, ки дар саҳифаҳои таърихи муосири миллати мо бо ҳарфҳои тиллои абадан сабт хоҳад шуд.

Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ ҷавҳари ҳастии ҳар як миллат ва гулгулшукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу аманӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан пеш меравад, ҳам аз ҷиҳати сиёсию иҷтимоӣ ва маънавӣ рушду инкишоф меёбад.

Маҳз бо кӯшишҳои сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад ва имрӯз барои расидан ба ҳадафу ормонҳои миллӣ ҳар як шаҳрванди бедордили Тоҷикистон кӯшиш карда истодааст. Имрӯз дар ҳар як оилаи тоҷику Тоҷикистони файзу нусрати Истиқлолу озодӣ ва ваҳдату дӯстӣ падидор аст.

Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор дорам.

Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд