Таърихи чандҳазорсолаи миллати мо шаҳодат аз он медиҳад, ки мардуми мо оини бо дӯстон муруват бо душманон мадороро сармашқи худ намуда, кӯшиш намудаанд, ки ҳар он мушкилоти ба пеш омадаро дар заминаи ҳусни тафоҳум ҳаллу фасл менамуданд.  Гузаштаи таърихи миллати мо барои ҷаҳониён дарси худшиносиву мактаби ибрат барои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Гузаштагони мо дар фарҳанги тамаддуни башарӣ адолат ва роҳи ростин, некусириштию ободкорӣ ва амсоли ин хислатҳои наҷиби инсониро дар саҳифаҳои мероси ғании худ тараннум намудаанд.

Мо соҳиби шоҳасарҳои безаволи «Шоҳнома», «Маснавии Маънавӣ» ва  «Тоҷикон» ҳастем. Осори мазкур оинаи беҷилое мебошанд, ҳақиқати ростини қисмати таърихии моро, ки пур аз сӯхтану сохтанҳост воқеӣ инъикос менамояд.  Аҷдодони мо ар баробари доштани мактаби ташаккули сиришти инсонӣ Сино дар тиб, Абумаҳмуд дар Нуҷум, Хайём дар ҳандаса ва Розӣ дар илми риёзиёт боз даҳҳо пайравони онҳо ба ихтирооти нодири худ дар пешрафти илми дунявӣ саҳми беандоза бузург гузоштаанд.

Мутаасифона имрӯз баъзе ҷараёнҳои худбин ва тангназар аз пешрафти нуфузи мо Тоҷикон дар ҳарос монда бо истифода аз фишангҳои иттилоотӣ бо нисбат додан ба ҳаргуна амалҳои зиддибашарие, ки дар нуқоти олам ба вуқӯъ мепайвандад, беасос рабт медонанд. Ҳатто он аъмоле, ки муҳоҷири оҷизи мо тавони онро надорад дастандаркории онҳоро ба ҷавонони мо  нисбат медиҳанд. Итминони комил дорем, ки ҳақиқат рӯз тантана менамояд ва гумонҳои зиште, ки нисбати муҳочирони мо эҷод менамоянд, аз миён хоҳад рафт. Заминаҳои рушди интеллектуалии ҷавонони мо дар ҷодаи илму ҳунар ва созандагӣ хело фаровонанд.

Фаъолияти беш аз чил макотиби олии касбӣ, даҳҳо ҳунаристонҳои касбию техникии амалкунанда, роҳандозӣ намудани бурсияҳои таҳсилотии «Дурахшандагон» дар хориҷи кишвар, амалисозии чандин озмуну сабқатҳои  илмию ихтироот далели заминаи боэътимод дар ҷодаи созандагии ҷавонону наврасони кишвари азизамон ба ҳисоб меравад. Таъсис ва фаъолияти марказҳои фарҳангӣ, китобхонаҳо дар минтақаҳо барои инкишофи маърифатпарастии насли навраси мо дар солҳои охир хело хуб ба назар мерасад.

Имрӯз садҳо ҷавонони синни даъват бо амри қалби хеш ба сафҳои Артиши Миллӣ баҳри ҳифзи хоки муқаддаси Тоҷикистони азиз мепайванданд. Аз курсии донишҷӯӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастани донишҷӯён таи солҳои охир анъанаи хело хуб гардидааст. Аз ҷумла 20 нафар хатмкунандагони ихтисоси меъморӣ низ соли равон чунин иқдоми наҷибро пеш гирифтаанд. Дарвоқеъ имрӯз Ватан-Модар ба нерӯю заковати фитрии ҷавонон эҳтиёҷ дорад. Ин нуқтаро донишҷӯёни хатмкунандаи ихтисоси меъморӣ хуб эҳсос намуда, аллакай аз соҳиби даъватнома гардидани худ ифтихор дорад.

Аз ҷониби дигар самараи ҳам таълим ва ҳам тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ маҳсуб ёфта, дар таҳкими сулҳу субот хоки аҷдодӣ саҳми хешро мегузоранд. Яке аз заминаҳои муҳимми сиёсии ҳифзи Истиқлолият доштани артиши боэътимод махсусан дар ин замини зуд таъғирёбандаи ноором мебошад.

Заминаи ҳама пешрафтҳои инсоният пойдор будани сулҳу субот мебошад. Рушди иқтисодиёт, илму фарҳанг эҷодиёту ихтироъкорӣ бе мавҷудияти фазои орому осуда ба вуҷуд омода наметавонад.

Ҷавонони имрӯзаи мо, дар фазои тинҷию суботи пойдор, ҳамкорию муросо бо ҳамсоягони неки худ  ибтикор намуда,  дар рушди тамаддуни ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳм гирифта, ба қавли Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Мирзо Турсунзода «кишвари ваҳдатсаро»-и худро чун гавҳараки чашм минбаъд низ ҳифз хоҳанд намуд.

Зокиров Р. Ш., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд