Ҳамоиши тоҷикони бурунмарзӣ бахшида ба 21- солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” чунин унвон дошт саҳнаи мазҳакавие, ки Муҳиддин Кабирӣ бо “дӯстону наздиконаш” доир намуд.  Муҳиддин Кабирӣ худ дар оғози сухан иқрор мешавад, ки ҳама аз суханонони ночаспони ӯ монда шудаанд ва кӯшиш мекунад, ки камтар сухан намояд, аммо ҳамоно булбулакаш хону беш аз 47 дақиқа суханҳои по дар ҳаво гуфт. Ҷолибтарин гуфтораш он буд, ки ҳамаи ин ҷо нишастагон танҳо бо пули худ то ба ҳамоиш расида омаданд. Суоле ба миён меояд, ки аксари ба қавле “гурезагони иҷбории сиёсӣ” дар ҷое шуғл надоранд, пас чи гуна онҳо метавонанд дар дили Афрупо бисёр фохираву шинам ва зебо сайру сайёҳат намоянд. Худи Кабирӣ дар посух ба нашри видеоии Эшони Сайидқиёмиддин Ғозӣ ҳарфе нагуфт. Пас он ҳама далелку фактҳое, ки дар навори видеоӣ омадааст ҳақиқат аст.

Эътироф бояд кард, ки ҳизби наҳзати ислом яке аз намуди ҳизбҳое аст, ки ҷомеаро аз давлат дур намуда, шахсони бегуноҳро гумроҳ менамояд ва тӯъмаи доми худ мекунад. Ин ҳизб мисли дигар ҳизбҳо солҳои пеш дар таҳти назорати давлат буд ва кору фаъолияти хешро ба пеш мебурд. Аммо шахсони нохалафе пайдо гаштанд, ки ба номи пуршарафи ҳизб хатҳои сиёҳро ворид карда, аз давлат онро ҷудо намуданд. Маҳз иштирокчиёни ҳамоиш аз ҷумалаи он ғафлатзадагонанд.

Ин носипосон дар посух ба таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва Ҳукумати кишвар, ки тамоми шароитҳоро барои халқи кишвар муҳайё намудаанд, ҳатто тамоми масҷиду мадрасаҳоро барои халқ фаровон намудаанд, бо амалҳои хиёнаткоронаи хеш посух гуфтанд.

Маҳз ҳамин ҳизб буд, ки тамоми мардумони гумроҳу нодони кишвар ва дигар миллату давлатҳоро тӯъмаи худ намуда, луқмаи ҳаромро баҳри онҳо арзонӣ донист, ки аз дасти нохалафи онҳо ҷомеаи тинҷу ором ва ватандӯстро аз падару модар, ёру бародар ва фарзандони хеш ҷудо намуд.

Маҳз ҳамин ҳизб аст, ки нооромии давлат аз он сар зада, баъзе аз ҷомеаи тинҷу ороми он дунболи он равон гаштааст. Тамоми мамлакатҳо кушиш карда истодаанд, ки аз чунин нохалафон даст кашида, баҳри тинҷиву оромии кишвари хеш то ҳастанд мубориза бурда, чораҳои гуногун андешида истодаанд. Мардуми ба ору номуси кишвар мехоҳанд, чунин ашхосҳоро аз бари худ дур карда, барои гул – гул шукуфтани кишвар ва миллати хеш кӯшишу фаъолият намоянд. Мо ҷавонон аз чунин ободкориву тинҷгардониҳо миннатдор буда, то ҷон дар тан дорем бояд хизмати хешро барои давлату миллати хеш ба ҷо оварда бошем.

Акнун, барои рушду равнақи минбаъдаи Ватани маҳбубамон ва саҳмгузории ҷавонон дар ин кори пурифтихор тамоми шарту шароитҳо мавҷуданд. Аз мо танҳо тақозо мешавад, ки бо азхудсозии илмҳои замона, касбу ҳунарҳои зарурӣ ва решакан намудани зуҳуроти номатлубу нангини ифротгароии динӣ, ба амалигардонии азму ниятҳои неки созандагиву бунёдкорӣ камари ҳиммат бандем.

Мо ҷавонони даврони истиқлол ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоем,  ки ба боварии сарвари давлат сазовор боқӣ монда, ҳамеша пайи ободии ватан қувваю нерӯи хешро сарфа намуда, меросбардори насли ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем.

 

Ҳусейҷон Қаландоров, мудири кафедраи таъмини барқ ва автоматика