Имрузҳо бо баробари тезу тундшавии муносибатҳои байни давлатҳо, бо зиёдшавии ҳолатҳои экстремистиву террористӣ масъалаи хизмат ба Ватан, ҳимояи он ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ боз ҳам муҳимтар гаштааст. Ватан модареро мемонад, ки фарзандашро калон мекунаду ба воя мерасонаду навозиш мекунад ва ҷавобан ҳар як фарзанд бояд ба ҳимояи Модар-Ватан низ доим тайёр бошад. Боиси ифтихори ҳар як модари писардор аст, ки ҳимояи Ватани аҷдодӣ бар уҳдаи ҷавонписарони паҳлавонаш вогузор аст, ки сабаби пойдории сулҳу субот, оромӣ, озодӣ, хандаи беғашонаи кудакон ва парафшонии парчами миллӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони азизамон хизмат намуда, бо баробари базаи моддиву техникии ҳарбиро пурқувват намудан, мактаби бузурги мардонагиву ҷасоратро аз худ намуда, бо сари баланд зинадагии осударо давом медиҳанд. Падари хизматнамуда барои писараш намунаи ибрат гардида, қадру қимати зиндагӣ, оромию субот ва манзалати Модар-Ватанро нишон хоҳад дод. Ду сол хизмат намудан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар як ҷавонписарро боз мустақилтару зирактар гардонда, бозгаштан ба хона дар даст бо билети ҳарбӣ ифтихори ватандустии онҳоро баландтар мекунад. Падару модар, хоҳару бародар онҳоро бо ифтихори баланд пешвоз гирифта, ҳамчун қаҳрамон сипос мегуянд. Сипос ба он мегуянд, ки фарзанди онҳо дар қатори бисёр фарзандони меҳанпараст шабзиндадорӣ карда, марзу буми Ватанро ҳифз намудааст, то ки мардум осудаҳол хоб раванд. Ин намунаи назаррас барои садҳо ҷавонону наврасон, ки аз хизмат метарсанду ҳаросида ба дигар давлатҳо гурехта рафтаанд.

Маҳз ин ҷавонписароне, ки аз хизмати ҳарбии ҳатмӣ гузаштаанд, базаи ҳарбии ҳар давлатро дар ҳолати “Омода бош” нигоҳ медоранд. Бинобар ин, ҳар як давлату миллат ба сафи ҷавонони худ боварии комил дорад ва онҳоро аз мактаби ҷасорат, аз мактаби зиндагӣ мегузаронад, то ки кишвар ободу осуда бошад. Онҳоро марди ҳақиқӣ, инсони пухта ва пуртоқат тарбия мекунад. Амалҳои шоистаи ҷавонони хизматкарда  чандин ҷавонони гурезаро бояд шарм доронад. Ҳар як ҷавони боақлу бонанг бояд фаҳмад, ки ба ғайр аз зодагони Ватан замини онҳо, модари онҳо ва хонаи онҳоро ҳеҷ кас ҳимоя намекунад. Аминем, ки ҳар чавон ба сухани дили худ гуш диҳад, зеро он ҳамеша мегуяд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳатмии ман аст.

 

 Саидхоҷаева Д.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд