Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстримистӣ, террористӣ ва дигар намудҳои гурӯҳҳое ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ман аст бояд пешгирӣ намуд. Чора ва тадбирҳое ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешаванд чунин самтҳоро дарбар мегирад.

Пеш аз ҳама дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ, экстремистӣ, радикалӣ аз ҷониби мутахассисон, коршиносон маълумотнома, мақолаву брошюраҳо омода карда шаванд, то ҷавонон дар бораи ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумоти мушаххас ва кофӣ дошта бошанд. Дар ин маводҳои тарғиботӣ оид ба омилҳо, заминаҳо ва мақсади таъсис намудани ин ҳизбу ҳаракатҳо, замон ва макони пайдоиши онҳо, ҳадафу мақсадҳои нопоки ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумот пешниҳод карда мешавад. Хусусан ин малумотҳоро дар сомонаҳои интернет ҷой намудан ва дастрас намудан ба ҷавонон имконпазир аст. Чизи аз ҳама муҳим -таҳлили барнома, оиннома, марому мақсади ин ҳизбу ҳаракатҳо, онҳо чи мехоҳанд, ҷомеаро ба куҷо мебаранд, заминаи иҷтимоии ин ҳизбу ҳаракатҳо кист, дар байни кадом қишри ҷомеа ҷонибдорони худро доранд, ба кӣ такя мекунанд, маӣлумотҳои пурра дода шудааст ки омӯзгорон метавонанд дар дарсҳои тарбиявӣ сиёсӣ истифода кунанд. Дар ҳамин маълумотҳо  мақсади ҳар як ҳаракатҳо ошкор сохта мақсади аслии онҳо, роҳу услуби корбариашон ва чи тавр ҷавононро ба ҷониби худ ҷалб сохтанашон ҷанбаи хеле муҳим аст пурра мегардонад. Хатари кору фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ барои ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистон, фаъолияти ифротӣ, тақрибкорӣ, моҷароҷӯӣ ва ҷудоиандозии онҳо бо далелу рақамҳои мушаххас собит карда шудааст.

А.талили мавқеи абарқудратҳо ва манфиати онҳо дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ошкор сохтани муборизаи онҳо барои манфиатҳои худ яке аз ҷанбаҳои муҳим аст.

Б.таҳлили мавқеъ, мақсад ва мароми баъзе кишварҳои исломӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар зери шиори дӯстӣ ва ҳамкорӣ ғояҳои бегона ва зарроварро низ роҳандозӣ менамоянд.

В.кори таблиғотӣ-ташвиқотӣ бояд мунтазам, ҳадафнок, нишонрас, собитқадамона, самаранок ва таъсирбахш бошад, набарои маъракаороӣ, мавсимӣ ва барои ҳисобот ба боло.

Г. Ғоя, идеологияро ба мағзи сари инсонҳо, мардум бо ҳар роҳу усули таъсировар, собитқадамона ҷойгир кардан зарур аст, вагарна ҷойи холиро ҳатман ғояи бегона ва ба назар «ҷолиб» ишғол менамояд.

Д.Ҳангоми гузаронидани корҳои таблиғотӣ синну сол, маълумот, шуғл, сатҳи зиндагӣ, гурӯҳи иҷтимоӣ, ба кадом ҳизбу ҳаракатҳои расмӣ, қонунӣ шомил будани онҳо бояд ба инобат гирифта шавад. Зеро тибқи таҳлилҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар синну соли шахсони ба гурӯҳҳои ифротӣ шомилгардида асосан аз 18 то 30 ва аз 30 то 40 сола мебошад, ки инро бояд ҳангоми гузаронидани корҳои тарғиботӣ ба инобат гирифта шудааст.

Ҳамин тариқ, новобаста аз он, ки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коҳиш намеёбад. Аз ин рӯ бояд ҷазоҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта бояд пурзӯр карда шавад ва шахсони бо ҷурми ин ҷиноятҳо маҳкумгардида, зери назорати махсуси мақомоти иҷрои ҷазо қарор гиранд.

Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

Дадобоев Абдуназар Иномович омӯзгори калони кафедраи сохтмон