Даврони ҷавонӣ даврони умеду орзуст. Даврони нишоту тароват аст. Дар ҳалқа аз ҳаёт, дурнамои ояндаи зиндагӣ барои ҳар ҷавоне монанди рӯёҳои ширин дар баробари дидагони пурфурӯғаш маҳсум мегардад, фикрҳо мекунад, нақшаҳо мерезад ва орзуҳои баланд дар мағзи худ тарҳрезӣ намуда, дар ҷарайёни зиндагӣ ба сӯи он ҳаракат мекунад.

Ҷавонон чархаҳои мутаҳаррики ҳар миллатанд. Маҳз ҷавонон иқтисодро тайир медиҳанд, сатҳи иҷтимоиётро баланд мебардоранд, сиёсатро мунаввар месозанд ва тозакориҳое дар ҷомеа ба вуҷуд меоранд.

Боиси хушнудист, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ба масъалаи ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ аҳамияти бештар зоҳир шуда, саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат фузунтар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пашбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Агар имконият ва сатҳи рушди ҷавонони имрӯзаро бо ҷавонони 30 соли пеш муқоиса намоем, бешак қазоват хоҳем кард, ки ҷавонони имрӯз хеле ташккул ёфтаанд.

Феълан на танҳо дар Тоҷикистон, балки тамоми олам дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.

Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, фароҳам сохтани шароити рушд дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Дар вохӯрии ахири Пешвои миллат бо ҷавонон масъалаҳои асосии самти ҳаёти ҷавонон, аз ҷумла таҳсилу илмомӯзӣ, ихтирокорӣ, иштирок дар чорабинӣ ва озмуну олимпиадаҳои сатҳи дохил ва хориҷ, масъалаи таъмини ҷавонон бо ҷои кор ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чанд ҷавонони фаъоли шаҳру навоҳии гуногун ширкат намуда, ба Пешвои миллат барои фароҳам сохтани шароиту имконияти фаровони рушд изҳори сипос намуданд.

Бо такя ба дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ҷавонон бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.

Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 - ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон дошта буданд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

 

Норов Исматулло, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд