Имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо умеди ояндаи дурахшони миллатамон дар такя ба нерӯи созандаи ҷавонон ҳадафу стратегиҳои махсусеро барои пешрафти кишварвамон роҳандози менамояд. Дар ҳақиқат роҳу равишеро, ки барои тақвият бахшидани сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ миёни имарудми тоҷик давлату Ҳукумат пеша намудааст, барои ба мақсад ноил шудан аз манфиат холӣ нест. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми талошу заҳматҳои худро ба хотири суботи ҷомеаи мутамаддини тоҷик равона карда, кӯшиш карда истодаанд, ки некӯаҳолии мардумро таъмин намоянд.

Мо ҳама хуб медонем ва дар хотир дорем, ки ҳар лаҳза дар кишвар аз дасти хоинону ҷоҳилони миллатамон ҳодисаҳову амалҳои ғайриинсофона ва ғайриинсонӣ сар мезанад. Аммо вазифаи ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар дар ин самт аз он иборат аст, ки пеши роҳи чунин ифтрогарон гирифта шавад ва барои ояндаи дурахшони миллатамон бояд ҷавонон қадамҳои устувор гузошта бошанд.

 Ҷавонони  мо нерӯи  пешвар ва  созандаанд, ки насли ҷавони  мамлакат  дар кори  хифзи  дастовардҳои  истиқлолият  ва сулҳу  осоиши мамлакат  таъкид  доштааст,  ки  каҳрамониҳои  абармандон  ҳамеша   мавриди  ифтихори  халқ буда,  мактаби  намунавӣ  барои  хизматчиёни  ҳарбии кишвар аст. Он  корнамоиҳо ва ҷонбозиҳое, ки шаҳрвандони  фахрии  кишвар зидди хоинони  Ватан кардаанд, худ  намунаи ибрат  мебошанд.  Мо дар руҳияи  ватандустӣ  тарбия ёфта  вазифадор  ҳастем,  ки дар  атрофи  Президенти мамлакат - ин  марди  ватандӯсту  ватанпарасти хақиқӣ  ғамхори халқу  миллат  муттаҳид  шуда,  як пораи Тоҷикистони  азизро  чун  гавҳараки  чашм ҳифз намоем. Зеро ин аст нангу номус,  шарафи бузурги  ватандорӣ.    

             Бояд зикр кард ки  дар партави нишондодхои ҳукумати  ҷумхурӣ ҳамкориҳои  ҳарбию  техникии Точикистон  бо як қатор  мамлакатҳо  густариш ёфта,  сол ба сол  дар ҳоли   тавсия карор доранд  ва ҳамкориҳои  мутақобилаи судманд бо мамлакатҳои   дигар  сатҳи нав  касб кардааст.

         Ҳамаи халқи равшанфикри дунё ба мардуми ваҳдатшиору ваҳдатофари миллати тоҷик ҳазорҳо аҳсан хонда, давлатдории сарвари оқилу донои моро дар тамоми олам васфу ситоиш мекунанд. Ҷавонони худогоҳу масъулиятшинос ва фазилатпеша бояд ҳамаи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати кишварамонро сармашқи кори хеш ва меҳвари асосии фаъолияти худ дониста, дар пайравии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат барои ободии диёрамон камари ҳиммат бубанданд.

Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон танҳо ҳамон вақт барои худ ва ояндагонамон фардои дурахшонро эҳдо намуда метавонем, ки пеш аз ҳама ба қадру қиммати Ватан ва ҳастии худ расида, онро аз дасти хоинону бадхоҳон наҷот дода тавонем. Ҳифзу ҳимояи Ватан қарзи фарзандии ман аст. Ва албатта водор ба  ту ва ҳар як нафаре, ки нону намаки онро мехӯрад.

         Ободии диёр, устувории Истиқлолу озодии мардумон ояндаи дурахшони Тоҷикистон минбаъд дар дасти ҷавонон аст. Мо зиёиёни миллат мекӯшем, ки ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳии милли ва зиракии сиёсӣ тарбия намуда, барои бедор намудани шавқу рағбати беандоза ва меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан дар дилу дидаҳои онҳо саҳмгузор бошем.

 

Мунзифа Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд