Дар ин рӯзҳои фараҳбахш, ки аҳли ҷомеа бо руҳияи баланд ва ифтихори бузурги миллӣ –  ба таҷлили ҷашни 27 солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ омодагии ҷиддӣ мебинанд, дар сатҳи баланд доир шуда истодани моҳвораи ҷавонон далел аз соҳибватанӣ ва соҳибмаърифатии насли ояндасози миллат маҳсуб меёбад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақш ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа баҳои воқеъбинона дода, таъкид доштаанд:  «Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад”.  Воқеан ҳам тибқи таҳлилҳо дар кишварамон тақрибан 55 дарсади аҳолии қобили меҳнат ва 80 дарсади шаҳрвандони ба иқтисодиёт машғулро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутаносибан ҷавонон ҳамчун захира ва қувваи асосии меҳнатӣ, инчунин сармояи афзалиятноки инсонӣ дар иқтисодиёти кишвар арзёбӣ мегарданд.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба мақомотҳои роҳбарӣ як зумра ҷавонон пешбарӣ гардиданд, ки маҳз аз мактаби бузурги инсоншиносӣ ва роҳбари Пешвои муаззами миллат гузашта, садоқат ба Ватану обу хоки замин, садоқат ба касбро аз кору пайкори ин марди шариф омӯхтаанд. Таҷрибаи давлатдории Пешвои муаззами миллат натанҳо дар тарбияи наслҳои ояндасози миллат, балки дар пешрафт ва шукуфоии дигар қавму миллатҳо дар садсолаҳои оянда хизмат хоҳад кард.

Дар ин раванд ду барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон татбиқ гардида, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис ёфт. Соли 2017 Соли ҷавонон эълом гардид ва дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои ҷавонон бунёд карда шуданд.

Ҷойи ифтихор ҳам ҳаст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил нахустин мамлакате ба шумор меравад, ки Қонун “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”- ро қабул намудааст. 

Қабули қонуни мазкур бозгӯи он аст, ки Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлолият дар симои насли ҷавон такягоҳи боэътимод ва ояндаи давлату миллатро медид ва ба нерӯву иқтидори ин қишри ояндасоз боварӣ зоҳир менамуданд.

Туфайли ин ғамхориҳои рӯзафзун имрӯз иштироки фаъолонаи ҷавонони бонангу номус ва боирода ҳамчун нерўи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ беш аз пештара эҳсос мегардад. Ин нишонаи он аст, ки насли нави даврони истиқлолият соҳиби нерўи фавқулода ва истеъдоду қобилияти баланди ташкилотчигӣ ҳастанд. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад» ва ҷои дигар зикр намудаанд, ки “Ҳоло мо дилпурона изҳор менамоем, ки ҷавонони кишвар вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд”.

Таъсиси ҷоизаҳои давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ,  “Дурахшандагон”, барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, роҳандозии квотаи президентӣ, таҳсили беш аз 45 ҳазор ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар, аз 13 муассисаҳои таҳстилотӣ олӣ ба 41 адад расидани онҳо, бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”,  “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон оинаи таърихи миллат”,бунёди беш аз 10 ҳазор майдонча ва толорҳои варзишӣ, ҳамасола баргузории мусобиқаҳои мухталиф худ далолати гуфтаҳои болоиянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва сиёсати пайгиронаи хеш, шумо - ҷавонони тоҷикро ҳамчун нерӯи ташаббускору созанда, бунёдгару ободкор, ватандӯсту миллатпарвар, илмомӯзу ҳунарманд, солимтану қавиирода, бофарҳангу бомаърифат, ҳомии Ватан ва пайрави асили Пешвои муаззами миллат муаррифӣ намуда, аз шумо ҳимоят мекунанд.       

Дар иртибот ба эътимоду боварии Пешвои миллат мо, ҷавон аз таърихи гузаштаи халқи тоҷик ибрат гирифта, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ,  дӯст доштани арзишҳои фарҳангӣ, шуғлнокӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим, таҳсили хубу аъло, эҳтиром ва риояи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои халқи азизамон ва такмил додани заминаҳои илмию амалии хеш пайваста кӯшишу талош менамоем .

Азамҷон Усмонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд