Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки  дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҷавонон бояд зираку  ҳушёр бошанд.  Зеро гурӯҳои манифатбор барои амалишавии нақшаҳои ғаразноки хеш маҳз ҳамин қишри ҷомеаро фаровон истифода мебаранд.   Роҳи аз ҳама хубтари баланд бардоштани ифтихори миллӣ ин хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар маҳсуб меёбад.  

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, ҳимояи марзу буми кишвари соҳибистиқлоламон аз сарбозону афсарон масъулияти баландро талаб менамояд. Хушбахтона, имрӯз сарбозони шуҷову далери Артиши миллӣ аз уҳдаи вазифаи ҷонии худ ба хубӣ баромада, амнияти ҷомеа ва сулҳу суботи кишварро таъмин намуда истодаанд.

      Ҳамаи мо хуб медонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои ҷаҳон дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад ва дар ин ҷода ҷавонони бонангу бономус ва родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд, ки ҳифзи Ватан – Модарро бо ифтихор ба дӯш гирифтаанд.

         Боиси хушнудист, ки рӯз аз рӯз сафи ҷавонони бонангу ори кишвар зиёд гашта, дар натиҷаи тарбияи дурусти волидайну устодони заҳматкаш ҳамчун инсони ватанпарвару меҳандӯст ба воя расидаанд. Аксарият ҷавононе, ки имрӯз ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд, бо хоҳишу ихтиёри худ мераванд.

         Соли чанд аст, ки як гурӯҳ аз донишҷӯён пас аз хатми донишкада бо амри дил ва виҷдон ба сафи Артиши миллии кишвар сафарбар мешаванд. Дар маросими гусели наваскарон директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Саъдуллозода иброз дошт, ки Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби тарбия ва обутоби бадан ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад. Дигар ҷавонони муассисаро мебояд аз ин далерию шуҷоат дарси ибрат гиранд, чунки суботу оромии кишвар ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ аз ҷавонони чолоку ҳушёр вобастагии зиёд дорад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиклоли мо бо ҷавонони боору номусаш ва бо далерони шуҷоаш беш аз пеш ободтару шукуфонтар мегардад.

  Маврид ба зикри хос аст, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд мегардад ва ин нишони баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии насли ҷавон мебошад. Ҷавонони мо дар сафҳои Артиши миллӣ сарбаландона хизмати Модар – Ватанро иҷро карда, бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзи марзу буми аҷдодӣ қарзи фарзандии онҳост.

  Имрӯз мардуми мо нафаси осуда мекашанд ва бо эътимоди комил, дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймоянд. Сад шукр, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ин ҳама пастиву баландиҳои рӯзгорро паси сар намуд ва имрӯз бо роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи ободкориву созандагист. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин ҳама тинҷиву оромӣ биресем ва шукргузор аз ин неъмат бошем. Мо, устодон ифтихор дорем, ки Шумоён дар баробари илмомӯзӣ, азхуд намудани касб ҳамчунин барои пешрафти Ватан имрӯз бо амри дил ба сафи Артиши миллӣ пайваст мешавед. Барои тарбияи хуб пеш аз ҳама ба волидон, баъдан ба устодон миннатдорӣ менамоем. Мо бо Шумо барин ҷавонони далер, донишманд ва ватанпарвар ифтихор менамоем.

         Мо бо ин гуна ҷавонони сарбаланду бонангу ори Ватан ифтихор менамоем ва итминони комил дорем, ки вуҷуди ҳастии онон дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар боиси сарфарозии устодон, волидон ва пайвандон хоҳад буд. Ҳамин ҷавонони далеру шуҷои Ватан аст, ки мо орому осуда зиндагӣ ба сар мебарем, осмони софу беғубор дорем, аз ҳар хонавода садои хандаи кӯдакону замзамаи аллаи модарон ба гӯш мерасад. Аҳсант, ба он падару модаре, ки чунин родмардони Ватанро тарбият намуд ва ба хидмати халқ равона сохт!

                   Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд