Ҷавонон бояд ақидаи солиму созандаи исломи дошта бошанд, то побанди васвасаи душманонумухолифони миллат ва  хоҷагони хориҷӣ нашаванд. Бинобар он мо, мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хурдтарин кӯшиши хиёнату ихтилоф ва бадном кардани дини мубини ислом, ноором ва халалдор сохтани амнияту сулҳу ваҳдати халқи тоҷик ва мардуми Тоҷикистонро сахт маҳкум менамоем. Чунки танҳо Ваҳдати милли наҷоти мост. Аз ин ҷиҳат ҳамаи Шуморо ба ҷиҳоди ҳифзи ваҳдат, ҷиҳоди маънавӣ ва тарбияи шоистаи ҷавонон даъват менамоям. Зеро ягона роҳи мақсуд таъмини ваҳдати дилҳост. Ҳаминро бояд ба хотир дошт, ки ислом тоату ибодат аст, одобу ахлоқ аст, фарҳанги хосса аст. Дар ислом мафҳуми террор вуҷуд надорад. Ислом динест, ки маърифат ва маънавиётро ташаккул ва рушд медиҳад.

Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ буда, наметавонад аз ҳаводису воқеаҳои ҷаҳон дар канор бошад. Солҳои навадуми асри гузашта дар натиҷаи фароҳам омадани шароит, омили динӣ дар ҷомеа якбора рў ба инкишоф ниҳод.. Таърихи начандон дури Ватанамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори «исломиёни бунёдгаро» ва «хоҷагон» - и онҳо андеша намоем. Барои расидан ба мақсадҳои худ гуруҳҳои экстремистӣ аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода мебурданд, то ки амалҳои нопоки худро пиёда намоянд.Лекин дар натиҷаи фаъолияти густурдаи мақомотҳои давлатӣ ба ин гурўҳҳо зарбаҳои нишонрас зада мешавад, ки ин барои суботи ҷомеа дар ҳар кишвар зарур аст.

Дар шароити кунунӣ ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа зарур аст, то ки амнияти миллии кишварро тањти фаъолияти созандаи худ устувор гардонем ва бар зидди  гурўҳҳои ифротгаро муборизаи беамон баранд.

Ин тадбирҳо метавонанд пеши роҳи воридшавии ақидаҳои бегонаву ифротгароро гиранд ва ба фаҳмишу ҷаҳонбинии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон таъсири мусбат расонанд.

Тавре, ки аз баромаду паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат ба ин қишри ҷомеа беш аз пеш буда, ояндаи миллатро пурра ба ҷавонон нисбат медиҳанд. Маҳз дар ҷавоби ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат ҳар як фарди баору номусро мебояд, ки ҳамеша ватандӯсту меҳанпарвар ва худшиносу худогоҳ бошанд. Мо бояд ба нафъи халќу Ватан ва ояндаи нек пурмањсул мењнат намуда, њамагонро ба тањкими сулњу вањдат, истиќлолият ва давлатдории миллї даъват намоем. Моро зарур аст, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар сањмгузор бошем ва бањри њифзи якпорчагии Ватани азиз сина сипар созем.

Амон Акбарович Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд