Вазъияти имрӯза нақш ва таъсири мусбат ва ё манфии худро дар бунёди давлатсозӣ гузошта метавонад. Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, экстремиз, фундаментализм, тероризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо густариш меёбанд. Дар ҷараёни ин ҳодисаҳо бе ширкат ва саҳми қувваи фаъоли ҷомеа, яъне ҷавонон, ки имрӯз зиёда аз 35%- и ахолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ҳамчун нерӯи бузург рушти иқтисодиву ичтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишварро тасаввур кардан душвор аст.

Ба ақидаи донишмандон дар замони ҷаҳонишавӣ ва асри иттилоот рафтори ҷавонон тағйир меёбад. Бояд тамоми чораҳоро андешем, ки зарари ҷаҳонишавӣ камтар бошад. Аз сабаби кам будани таҷриба ва тафаккури таҳлилӣ на ҳамаи ҷавонон сели ахбори воридшударо дуруст дарк ва таҳлил карда метавонанд. Махсусан тақлидкории  ба рафтору тарзи зиндагии ҷавонони Ғарб ба фарҳонги миллии мо зарбаи калон мерасонад. Дар ҳаёти ҷавонон ва арзишҳои онҳо тағйироти ҷиддӣ мушоҳида мешавад. Махсусан, алоқаи ҷавонон то рафт коста гардида, ба намудҳои гуногуни каҷрафторӣ даст мезананд, арзишҳои бегонаро қабул мекунанд. Шумора ҷавонони коргурез, танбал, бесавод ва беихтисос меафзояд. Ҷавонон имрӯз ба интернет ва бозиҳои интернетӣ дода шуда, вақти худро беҳуда мегузаронанд. Муоширати дурустро гум мекунанд, одамгурез шудаанд ва ба олами виртуалӣ (хаёлот) ғарқ шудаанд. Ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии аксарияти ҷавонон дар сатҳи паст қарор доранд. Бо сабаби паст будани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва носолим будани муҳити иҷтимоӣ ба қадри милат ва сулҳу ваҳдат намерасанд

Як омили афзудани сатҳи қаҷрафтории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон сатҳи пасти динишҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон мебошад. Бо сабаби паст будани сатҳи донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ худро дар муносибатҳои иҷтимоӣ ноҳинҷор ва заиф эҳсос мекунанд. Барои фаъолияти мустақил омода нестанд, тарзи мубориза бурданро намедонанд. Аз ин вазъият шахсон ва гурӯҳҳои алоҳида моҳирона истифода мебаранд. Ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро низ бо сабаби паст будани сатҳи шуур ва маданияти сиёсию ҳуқуқӣ сурат мегирад.

Мувофиқи натиҷаи таҳлилҳо барои аксарияти ҷавонони имрӯза таҳсил ва омӯхтани касбу ҳунар арзиш надорад, онҳо зуд ба мақсадҳои худ расидан мехоҳанд. Ташвиши аҳолӣ аз он аст, ки тақдири минбаъдаи фарзандони онҳо чӣ мешавад. Онҳо махсусан аз ҳамроҳшавии ҷавонон ба гӯрӯҳҳои ифротӣ, рӯй овардан ба фарҳанги бегона, бемасъулиятию камҳавсалагӣ ва костагии ахлоқи онҳо сахт нигаронанд. Баъзе аз ҷавонон бо мусоидати давлат дар хориҷа таҳсил карда, ба ҷайи манфиат овардан ба Ватан, фарҳанги бегонаро ба кивар ворид мекунанд ва бо танқиду тарғиботи беасосашон тафаккури насли ҷавонро хароб мегардонанд.

Албатта, имрӯз ҷавонони боистеъдод ва бо нангу номусе, ки парчами моро дар арсаи байналмиллалӣ боло мебардоранду фахри миллӣ мебошанд, кам нестанд.

Яке аз арзишҳои миллӣ либоси миллӣ-суннатии занону духтарон мебошад, ки симои миллатро нишон медиҳадва муҳимтарин унсури маданияти миллӣ мебошад. 

Дар пешгирии рӯ овардани ҷавонон ба арзишҳои бегона нақши падару модар, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мансабдорони сатҳои гуногуни давлатӣ, муаллимон, лидерҳои маҳал ва дар ин самт рӯҳониёни бонуфузро самаранок истифода бурдан баманфиат аст.

Дар шароити имрӯза барои пос доштани фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани ватандӯстию худшиносии миллӣ бояд худи шахсоне, ки ба корҳои тарғиботи ташвиқотӣ машғуланд, ҳувияти баланди миллӣ дошта бошанд, фарҳанги миллиро қадр кунанд. Умуман, барои балан бардоштани эҳтироми ҷавонон нисбат ба фарҳанги миллӣ андешидани чунин тадбирҳо саривақтист:

  • Баланд бардоштани ватандӯстии ҷавонон. Ҳисси ватандӯсти ва худсиносии аксарияти ҷавонон дар сатҳи паст қарор дорад.бо сабаби паст будани сатҳи дониш, ҷаҳонбини ва носолим будани муҳити иҷтимоӣ ба қадри миллат ва сулҳу ваҳдат намерасанд. Ҷавонон бояд барои дар оянда бар дӯш гирифтани маъсулияти идоракунии давлат ва миллат омода бошанд.
  • Ҷалб намудани диққати ҷавонон ба омӯзиши фарҳанг, эътирофи арзишҳои маънавии ниёгон ва маърифати динӣ. Ноогоҳии динӣ ва эътиқоди кӯр-кӯронаи ҷавонон мушкилати дигареро ба мононди гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба вуҷуд овардааст. Дар ин ҷода хеле зарур мебошад, ки таваҷҷуҳи ҷавононро ба омузиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии худ афзун гардонем. Мутаасифона, имрӯз бархе аз ҷавонони кишвар аз гумроҳиву нодонӣ пойбанди ақидаҳои ҳуруфотӣ гардида, ба ҳар гуна хизбу ҳаракатҳои тундрав шомил мегарданд.
  • Баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон. Маҳз аз ин ҷиҳат ҷавонон худро дар муносибатҳои иҷтимоӣ ноҳинҷор ва заиф эҳсос мекнанд, руҳия ва тавони барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ мубориза бурданро надоранд. Ҷавонон барои фаъолияти мустақил омода нестанд, манфиатҳои худро пурра намефаҳманд ва барои қонеи онҳо тарзи мубориза бурданро намедонанд.
  • Ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои манфиатбахш, таъмини онҳо бо ҷойҳои кори мувофиқ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули фарҳанги сиёсию маърифатӣ, ҳуқуқӣ, дастгирии соҳибистеъдоҳо иқдомест баҳри таҳкиму тантанаи Ваҳдати миллӣ ва ризоияти чомеа.
  • Ба воситаи ВАО ба саҳми ҷомеа, хусусан ҷавонон расонидани иттилооти дуруст ва вокеӣ. Бояд зикр кард, ки дар такмили шуури мардум ВАО нақши муҳим дорад. Чуноне ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, аксари мардум ба иттилоот ниёз доранд ва ин ниёзи онҳоро ВАО-и расмӣ бояд ба ӯҳдаи худ гирад ва ба иттилооти пурраю дақиқ таъмин кунад. Аз ин ҷост, ки ин ҷо ин ниҳод ҳамчунсилоҳи пурқуввати тарғиботии ҷомеа барои ташаккулдиҳи худшиносии миллии ҷавонон бояд хидмат намояд.
  • Рушди ҳаёти иҷтимоӣ. Боло бурдани нақши ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа, ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ, ҷалб намудани онҳо фарогирии ҷавонон ба саҳибкории хурду миёна ва роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои имтиёзнок, интихоби оқилонаи касб ва аз худ кардани донишҳои тихникиву технологияҳои муосир. Ин омилҳо заминаҳоеанд, ки ҷавононро аз корҳои ғайр барканор намуда, ба хизмати содиқона баҳри баҳри ватани маҳбубамон равона месозад.

Танҳо худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ҳифзи  хотираи таърихӣ майли ҷавононро аз моилшавӣ ба ҳар гуна ҳаракати иртиҷои боз медоранд. Аз ин рӯ, мебояд, ки дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд. Танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад.

 

Қоидов Шералӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд