Давоми ду рӯзи охир шабакаҳои иҷтимоӣ, хосса сомонаҳое, ки манфиатдори нооромиҳои Тоҷикистонанд, беист ҳодисаи, ки дар шаҳри Хоруғ рух додаро ҷомаи сиёсӣ пӯшонида, мехоҳанд бо ин васила халқро алайҳи давлат шӯронанд. Сухан дар бораи он меравад, ки санаи 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.

Худ маълум ки асли воқеа чун аст. Аммо инро мухолифини давлат ба таври дигар инъикос намуда, аксаран ҷавононро тавассути шабакаи иҷтимоӣ барои гирдиҳамоӣ даъват намуданд. Ҷавонони ноогоҳи Вилояти Бадахшон зери таасубу эҳсоси нафарони худхоҳ монда, кӯшиши ташкили гирдиҳамоӣ намуданд.

Ин амал аз рӯи оини ҷавонмардӣ нест, зеро ҳамаи мо хуб медонем, ки кишвари ҳамсояи мо зери таъсири чунин гуруӯҳҳои манфиатхоҳ монда, имрӯз чӣ ҳол доранд?

Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки ба чунин гурӯҳои манфиатпеша ҳамроҳ нашаванд, зиндагии худу дигаронро зери хатар нагузоранд. Мулки озоди мо беҳтарин василаи ҳаёт ба сар бурдан аст. Ҷои он моро мебояд, барои пешрафти хоҷагии халқи кишвар заҳмат кашем.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд