Нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла намудҳои муташаккили он, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рисолати ҳар як шаҳрванди худогоҳ,  аст.

Маврид ба зикр аст, ки   оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амал дар соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин амалиёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар ӯҳда гирифт ва дар амал нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷиҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти «Алқоида» маҳсуб аст. Маҳз террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Бояд гуфт, ки истифодаи террористони худкуш марбут ба дину оини алоҳида набуда, чунин шакли террорро ҷараёни марксистиву ленинии Ҳизби коргарии Курдистон, Ҳизби коммунистии Ливан, Ҳизби миллии Сурия ва ғайра низ фаровон истифода мекунанд. Барои мисол ташкилоти сепаратистии «Палангони озодибахши Тамил Илама» дар истифодаи чунин навъи террор рекорд гузоштаанд ва аксаран сарони давлатҳоро нест кардаанд. Чунончӣ дар соли 1991 террористзани худкуш худро бо ҳамроҳии сарвазири Ҳиндустон Раxив Ганди тарконду дар соли 1993 бошад, президенти Шри Ланка Прендеса дар таркиши террористи худкуш ба ҳалокат расид. Бори аввал зерсохтори аз террористони худкуш иборатбуда бо номи «Палангони сиёҳ» дар ҳайати ташкилоти сепаратистии «Палангони озодибахши Тамил Илама»  ба вучуд омадааст.

Аз назарсанҷиҳои маркази татқиқотии Ренд бармеояд, ки аз соли 1982 то кунун дар ҷаҳон наздик 1000 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 10000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Террористони худкуш моли асри бист набуда, балки реша дар давраҳои қадим дорад. Ба ҳадде, ки дар даврони паҳншавии дини насронӣ онро ташкилоти яҳудии «сикариҳо» алайҳи амалиёти ғосибонаи Рим истифода намудааст. Ё худ дар асрҳои миёна ҳаракати «Исмоилия» тавассути террористони худкуш ду маротиба сарварони Хилофати Бағдодро аз байн бурдааст. Дар асри 18 бошад, террористони худкуш дар ташкилотҳое пайдо шуданд, ки дар Ҳиндустон, Филиппин ва Индонезия фаъолият доштанду бар зидди истилогарон мубориза мебурданд. Амали террор бо роҳи худкуширо онҳо дар байни истилогарони аврупоӣ ба кор меандохтанд.

Агар мо ба хусусияти амалҳои террористӣ назар андозем, мебинем, ки нафарони бо худкушӣ терроркунанда барои коштани тухми тарс дар ҷомеа ба ин кор даст мезананд ва нияташон на ҳамеша нобуд кардани симои мушаххас аст.  Аз ин xост, ки аксаран мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Дар сари аз кадом табақаи ҷомеа будани террористи худкуш коршиносон ба чунин хулоса омадаанд:

Агар дар солҳои 1980-1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷарҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилотҳои экстремистиро гирифта бошанд, пас дар ҳазораи сеюм сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди ғоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз дар ҳамин замина террористони Ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Дар масъалаи чӣ будани терроризм профессори Донишгоҳи Колумбия Ричард Беттс изҳори назар карда, мӯътақид аст, ки терроризм аз аслиҳаи нафарони заиф ва камирода мебошад. Зеро онҳо бо рақибони худ рӯбарӯ бо яроқи оддӣ мубориза бурда наметавонанд. Барои ин иродаву имонашон намерасад.

 

Муътабар Ғозиева, устоди кафедраи ҷомеашиносии ДПДТТ