Ба истиқлолияти миллӣ расидан ва гузаштан ба марҳилаи сифатан нави тараққиёт барои миллати тоҷик яке аз рӯйдодҳои таърихӣ  маҳсуб меёбад. Тоҷикистон дар марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳарчанд ба ҷанги таҳмилӣ ва мувакқатӣ рӯ ба рӯ гардида бошад ҳам, аммо бо зарурати таърихӣ ва нерӯи фикрии миллӣ, ҳамчунин фитрати азалии мардуми кишвар  ба зудтарин фурсат ҷанги таҳмилиро ба сулҳи устувор иваз намуд. Ин рӯйдод далели он аст, ки  сохтори сиёсии ҳукумат  ва сиёсатмадории сарвари кишвар  дар сатҳи олӣ буда ба тамоми меъёрҳои сиёсату сиёсатмадории байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва ҳатто истиқболи сулҳи тоҷикон аз ҷониби мамолики хориҷӣ боиси ифтихору қаноатмандӣ  нисбат ба сиёсати миллӣ мебошад.

Ҳадафи ин навишта,баррасии ҳамаҷонибаи сиёсати кишвар набуда, балки назар афкандан  танҳо ба як самти хеле муҳим - сиёсати давлатии  ҷавонон мебошад.  Ҳарчанд дар атрофи  ин мавзӯъ мақолаву рисолаҳои зиёде нашр гардида бошанд ҳам,  аммо дар ин мавзӯъ бахусус дар замони истиқлолияти  миллӣ яке аз муҳимтарин ҳадафҳо ба ҳисоб меравад.

Дар ҳар давру замон ва дар ҳар давлату миллат хамон вақт сиёсате таҳаввул меёбад, кисарвари он давлат нисбат ба он сиёсат таваҷҷӯҳи хос дошта бошад. Боиси хушнудист, ки бо баробари ба сари Ҳукумат омадани Сарвари кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сиёсати ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд. Мавсуф  дар суханронӣ ва Паёмҳои худ роҷеъ ба  мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногун изҳори назар карда,  борҳо ба насли ҷавон боварӣ ва эътимод зоҳир намудаанд. Чунончӣ дар яке аз мулоқоти   худ  таъкид доштанд, ки «Имрӯз зарурати таърихие пеш омадааст, ки аз миёни наврасону ҷавонон лаёқатмандонро ҷустуҷӯ намоем, барои ташаккули ҳаматарафаи шахсияти онҳо шароит муҳайё гардонем, нерӯи созандаашонро ба фатҳи қуллаҳои нави илму техника ва фарҳанг ҳидоят созем... истеъдодҳои ҷавононро сари вақт дастгирӣ кардан зарур аст» (1,361).

Ин гуфтаҳо аз ҷониби Сарвари давлат ифодагари онанд, ки мавсуф дар ҳар маврид барои дастгирӣ ва интихобу муаррифии ҷавонон ва бахусус ҷавонони болаёқат кӯшиш намуда, такрор ба такрор ин нуқтаро ёдрас намудаанд.  Президенти кишвар хуб дарк карда, ки асоси пешрафту густариши соҳаҳои гуногуни кишвар маҳз ба нерӯи ҷавонон вобастагӣ доранд.  Дар иқтибоси боло таъкид гардидааст, ки ҷавононро дар ҳар  ҳолат ва дар ҳар вазъият чунон дастгирӣ ва кӯмак намоем, ки ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ бошанд. Шароити комилан мусоид барои ҷавонон ва фароҳам овардани муҳити фаъолият маҳз дар гуфтаҳои Сарвари  кишвар батакрор зикр шудааст, ки ин баёнгари сиёсати устувор ва оянданигар дар рушди давлат ва давлатдорӣ аст. Дар суханрониҳоиСарвари кишвар натанҳо ба нерӯи созандаи ҷавонон умед баста шудааст, балки бамаврид таъкид шудааст, ки ҷавонони мо аз ҳар гуна пешрафтҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошанд ва сари вақт муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоиро, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рух медиҳанд огоҳона дарк намоянд.

Дар вохӯрии дигаре, ки бо ҷавонон сурат гирифта буд сарвари давлат чанд нуктаи муҳимротаъкид намуданд. Чунончи  «Шумо-ҷавонони бонангуномуси миллати тоҷик офаранда ва созандаи ин фарҳангмебошед"(2).

Ин нукта воқеан таъкиди он аст, ки Сарвари давлат маҳз ба ҷавононе муроҷиат мекунанд ва он ҷавононеро соҳиби давлату миллат ва офарандаву созандаи фарҳанги миллӣ медонанд, ки онҳо пеш аз ҳама бонангу номус ва боиродаву устуворанд. Илова бар ин, дарвохӯриҳоиСарвари кишвар аз назари дигар ишорае ҳаст,ки ҷавононро маҳз ба ҳамин хислатҳои мардонагию ҷавонмардию ватандорӣ ҳидоят менамояд. Дар мавриди дигар ишора менамоянд, ки«Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосиикадрҳо ҳастанд"(2).

Дар мулоқоти навбатӣ сарвари кишвар ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили ҷавонон, аз ҷумла ҳавасмандгардонии онҳо дар ҷоддаи такмили дониш, лаёқат,эҷодкорӣ ва фаъолнокӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳ намуда дастгирии мунтазами ҷавонони лаёқатмандро таъкид кард.

Бо ин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005 №283 "Оид ба Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо,омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо" ба тасвиб расид ва теъдоди стипендияҳои Президентӣ ба 300 адад расонида шуд (3,30).

 Маълум мешавад, ки андешаҳои Президенти кишвар дар мавриди нақши муассир доштани нерӯи ҷавонон дар муҳити сиёсӣ ва дигаргуншавиҳои иҷтимоиву  фарҳангӣ,  ҳамчунин густариши соҳаҳои гуногуни ҷомеа такя ба меъёрҳои устувори сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад.Метавон мисолҳои зиёдеро инҷо овард, ки бевосита таваҷҷӯҳ ва эътимоди шахсии Сарвари  давлатро нисбат ба насли ҷавон ифода менамояд. Бояд гуфт, ки маҳз ҳамин эътибори Пешвои миллат сабаб гардида,ки аҳли  Ҳукумати Тоҷикистон низ дар самт пайрави сиёсати пешгирифтаи Президент мебошанд.

         Мулоқот ва вохӯриҳои  пайвастаиПрезидент бо ҷавонондар  ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон  ва  бештар гардидани таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба насли ҷавон  нақши муҳим гузошт.  Қабул  гардидани як қатор қонун ва як қатор барномаҳои давлатӣ   аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020, Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» (аз соли 1999), Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон (аз соли 2002) ва Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2006) далели ин гуфтаҳоянд, ки  масъалаҳои мубрами ҳаётии  ҷавононро дар бар гирифта, эътимоди онҳоро ба фардои ҷомеа боз ҳам мустаҳкам намуданд.

Сиёсати давлатии ҷавононро дар ҷомеаи имрӯза метавон дар чанд самтба назар гирифт, ки бевосита ифодакунандаи иртиботи солим ва робитаи муштарак миёни ҷавонон ва давлат мебошад. Дар ҷомеаи имрӯза барои ҷавонон аз ҷониби ҳукумат ва бахусус сарвари давлат тадбирҳои муҳим ва тасмимҳои муфид ба анҷом расидаанд, ки бори дигар таваҷҷӯҳи махсуси сохторҳои давлатиро ба ҷавонон бозгӯ месозанд.

 Вохӯрии  сарвари давлат (23 маи соли 1997) бо намояндагони ҷавони кишвар боис гардид, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №727 "Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон" ба имзо расид. Дар асоси ин фармон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997, №240 Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди таърихӣ дар самти сиёсати давлатӣ бо ҷавонон буд. Ин ниҳод, ки маҳз ба  фаъолияти ҷавонон иртибот дорад, дар сохтори давлатдории  кишварҳои дигар ба назар намерасид. Илова батаъсиси идораҳои ин Кумита дар назди ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе қариб 60 шуъбаҳои шаҳрию ноҳиявии идораи кор бо ҷавонон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ  таъсис ёфтанд, ки дар раванди таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон ва таҳияи механизмҳои татбиқи қонуни асосии ҷавонони кишварнақши муҳим гузоштанд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника бозгӯи таҳким бахшидан ба сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, ки баъдтар ингуна тасмимҳои барои ҷавонон ҳаётан муҳим аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳову сохторҳои дигари давлатӣ пайгирӣ гардиданд. Ин буд, ки бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва боз ҳам баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти умумии ҷомеа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" таѓйирот ворид гардида, 23 май «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон гардид. Афзун бар ин, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод, бахусус олимон ва муҳақиқони ҷавондар ҷумҳурӣ, таъсиси ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ,санъат ва меъморӣ сурат гирифт, ки идомаи ташаббусҳои давлат дар сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Стипендияи Президентӣ, Стипендияи байналмилалии Президентӣ «Дурахшандагон»,Квотаи Президентӣ ва дигар дастгириву қадрдонии  олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоёнанҷом додаанд, низ далели ин гуфтаҳост.Ташаббуси навбатииПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин таъсиси Фонди махсусиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои дастгирии ҷавононилаёқатманд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахориҷи кишвар фиристода мешаванд(15 июли соли 2006 №1574).

Боиси ифтихор аст, киАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат зимни ироаи Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ ва халқи шарафманди кишвар Соли 2017-ро соли ҷавонон эълон намуданд.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон қайд намуданд, ки «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад» (4).

Боварӣ ва ифтихори сарвари кишвар аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонӣ ва одобу ахлоқи насли замони истиқлол бори дигар онҳоро водор месозад, ки далерона ба сӯйи фардои дурахшони ватан ҳамчун нерӯи пешбарандаи сиёсати Пешвои миллат устуворона  гом бардоранд.

Воқеан ҳам дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо аз омилҳои муҳими ноил шудан ба рушди устувори давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф гардида, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон шудааст.

Дар маҷмӯъ метавон изҳор дошт, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар замони истиқлолияти давлатӣ рӯз то рӯз вусъат ёфта дар таҳкими пояҳои устувори давлату давлатдорӣ ва сиёсати имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон саҳми намоён дорад. Яке аз ҳадафҳои муҳимтарин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Э. Раҳмон низ фароҳам овардани шароити зарурӣҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, дар қалбу шуури онҳо бедор кардани шавқу раѓбати илмомӯзӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ, ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳамчун шахсони сазовори оянда ба камол расидани онҳо ва  паст кардани сатҳи ҷинояткориву шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад.

         Дар атрофи самтҳои дигари сиёсати давлатии ҷавонон метавон бисёр гуфт ва навишт. Азбаски зикри ин матолиб дар қолаби як мақола намеѓунҷад,  мо ба таври мухтасар перомуни баъзе аз руйдодҳои муҳиме, ки дар ҳаёти ҷавонон рух додаанд, ва сиёсати давлатии ҷавононро дар ҷомеаи демократӣ хуқуқбунёд ва дунявииТоҷикистон бозгӯ менамоянд, изҳори назар кардем.

Абдуев Абдуҳамид Латипович- омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ  ва ҷомеашиносии ДПДТТХ