Барои сокинони кишвар аввали солҳои навадуми қарни гузашта роҳи васеъ барои азхудкунии илми исломшиносӣ муҳайё гардид. Кор то ҷое расид, ки шумораи масҷидҳои панҷвақта аз муассисаҳои таълимӣ зиёд гардид. Ҳар оилае ду ё се фарзанди худро дар назди мулло ё бибиотуни маҳалла медод, то хату савод барорад, одаму одамгариро бишносад. Ба қавле рейтинги муассисаҳои таълимӣ аз таълимоти хонаводагии динӣ поён фаромад. Дар чунин муҳит баъзе аз ҳаракату қувваҳое дар кишвар арзи ҳастӣ карданд, ки мехостанд аз эҳсоси мардум нисбат ба дини мубини ислом хуб истифода баранд. Махсусан ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон огоҳона ба сафҳои худ аъзо ва пайравонашро ҷалб мекард. Ташкилотҳои ибтидоии худро дар шаҳру навоҳии кишвар пурқувват менамуд. Он замон касе гумон намедошт, ки ҲНИ низ мисли дигар ташкилотҳои террористӣ ба монанди “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломи Туркистони шарқӣ”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”-и Афғонистон, “Бародарони мусалмон”-и Миср, “Лашкари Тайиба”-и Покистон, “Ҷомеаи исломии Покистон”, “Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти динӣ-миссионерии “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҷамоати ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Гурӯҳи 24”, “ДОИШ” ва “Ҷабҳат-ан-нусра” нияти ноором кардани авзои сиёсии ҷомеа, сӯистифода аз бовариҳои динӣ, ба вуҷуд овардани тафриқаи иҷтимоӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон ва ба муқобили насли калонсол шӯронидани онҳо, бераҳмӣ, қатлу куштор, даҳшатафканӣ, фиребу фирефта кардани ҷомеа ва ғайра дорад.
ҲНИ пардапӯшона ҳанӯз замони қонуни фаъолият бурданаш бо истифода аз эътимоду боварии халқ ва дастгирии давлат пайи нақшаҳои ғайриинсонаи худ буд. Саркардаҳои ин ҳизб баъди ба сари қудрат омадани Муҳиддин Кабирӣ бо диду назари хосса, барои бунёди як ҷомеаи шиапарастӣ ва фундаменталӣ кӯшиш меварзид. Маҳз ҲНИ сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки онро таърихнигорон исбот намуданд. Аммо ҳодисаҳои қатлу куштори наваскарон дар Тавилдара, шӯришу тазоҳурот дар шаҳри Хоруғ, амали ноҷавонмардонаи генерали худозада Ҳоҷиҳалим ва ниҳоятан амали теракте, ки охири моҳи июл нисбати сайёҳони хориҷӣ рухдода маҳз бо супориши махсуси Муҳиддин Кабирӣ сурат гирифтанд. Тавре аз расонаҳо огоҳем ба наздики яке аз саркардагони наҳзатиён бо номи Аёмиддин Сатторов бо лақаби Мавлона Аёмиддин боздошт гардида, ба як қатор гуноҳҳои худу ҳамммаслакони хоинаш иқрор шуд. Дар филми ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” номбурда як қатор асрори ифлоси наҳзатиён ва хоҷагони хориҷиашонро фош сохта, қайд намудааст, ки дар пушти ин ҳама дасисаҳо дастгоҳи ҷосусии Ҷумҳурии исломии меистодааст. Аён гардид, ки ҲНИ ягон вақт ҳизби мустақил набудааст, балки он як шохаи созмони мусаллаҳи террористиву экстремистии “Ҳизбуллоҳ” будааст, ки аз тарафи ҶИ Эрон барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва таблиғи шиапарастӣ дар хориҷи кишварашон ташкил карда шудааст. Дар филм аз рӯи нақли Аёмиддин Сатторов бармеояд, ки ҲНИ солҳои сол маблағҳои зиёди ҷосусони Эронро гирифта, барои ҷалби ҷавонон ба сафи худ кӯшишҳо мекарданд. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки нашрияи «Наҷот», ки муассисаш Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон буд, бо теъдоди беш аз 30 ҳазор ҳар ҳафта рӯи нашрро дида, он ройгон дар кишвар паҳн мешуд. Дар шароити бозаргонӣ имрӯз на ҳама нашрияҳо товони мунтасил чоп кардани нашрияи худро надоранд. Пас худ маълум, ки пулҳои бедарду миён аз куҷо ба куҷо мерафтааст? Дигар аз супоришҳои махсуси хоҷагони эронӣ ин тарғиби ақидаҳои шиагароӣ ва ба ин васила шӯронидани тақводорон бар зидди ҳамдигар ва барпо кардани фитна миёни ҷомеа буд. Наҳзатиён касеро, ки аъзои ҳизб набуданд, кофару бедин унвон карда, мунтазам ақидаҳои хурофотпарастонро дар мавриди риш мондану бо ҳиҷоб гаштан дар кӯчаҳоро талқин менамуданд.
Мутаассифона, бештари ҷавонони гумроҳ, бедонишу дар чорраҳаи зиндагӣ саргумшуда фирефтаи чунин ақидаҳо мегарданд.Ҳодисаи санаи 29 июл рухдода ҳосили бепарвоии аҳли ҷомеа, хосса волидон аст. Аз нақли яке аз волидони ҷавонони кушташуда аён гардид, ки фарзандаш чанд моҳи охир дар Русия будааст ва ҳатто ба Тоҷикистон омаданашро хабардор накардааст. Фарҷоми ин сабукиҳо ва мағзшӯиҳо қурбони ҷаҳолат шудан аст. Ҳол он ки беҳтарин ҷавонони мо имрӯз дар пешрафтатарин муассисаҳои олии хориҷӣ таҳсили илм карда, муаррифгари кишвари офтобии мостанд. Зимнан, ҷавонон бояд донанд, ки таъсису дастгирии чунин гурӯҳҳо дар хориҷӣ кишвар бо мақсади заиф сохтани пояҳои Истиқлолияти Тоҷикистон равона шудааст ва ҳамчун фарзандони баномуси Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ надиҳанд. Ҷавонони саодатманди тоҷик, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаанд, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватансозӣ бошанд ва ба иғвову дасисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатбохтагон дода нашаванд.
Ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон бо шукрона аз тинҷиву амонии кишвар барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, эҳсоси худшиносии ҷавонон аз ҳар вақта дида саъй меварзад. Махсусан донишҷӯён дарк карда истодаанд, ки неъмате беҳтар аз сулҳу оромӣ нест. Ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам хубтару беҳтар шудани шароити иҷтимоиву моддии ҷавонон равона гардидааст. Пас ҷавонро мебояд то шоиста таҳсил кунанду ба миллати хеш хизмат намоянд.