Миллати тоҷик  чун қавми фарҳангӣ ва сулҳхоҳу сулҳпарвар аз умқи таърих то имрӯз омада расидааст. Ҳарчанд дар ин фосила борҳо шоҳиди аҳдишиканӣ гардидааст, ҳаргиз бо шамшеру камон ба сари адӯ сар набардоштааст. Балки бо хиради воло, душманро дӯст гардонид. Ин имтиҳони таърих ба сари миллат охири солҳои навадум боз омад. Бо айби чандин аҳримансифатон кишвар ба гирдоби ноамнӣ кашида шуд. Дар натиҷа гурӯҳҳои манфиатхоҳ зуҳур карданд ва ҳар лаҳза омода буданд, ки малакатро пора пора сохта, онро ба дигар миллатҳо диҳанд.  Яке аз чунин “озодфикрону” озодманион ҲНИ буд, ки сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳои миллат гардид. Имрӯз аз равзани 32 соли соҳибистиқлолӣ бо эътимоду боварӣ гуфта метавонам, ки мо ҳеҷ, гоҳ ба дурӯғу бофтаҳои фитнаангезии хоинони давлату миллат дода намешавем. Боиси таассуф аст, ки хоинони Тоҷикистон ҳама дастоварду муваффақиятҳо, сулҳу оромӣ, хизматҳои шоёни Сарвари давлатро дида наметавонанд ва аз ғаразу кинаҳои хеш достонҳои дурӯғ эҷод намуда, мардумро ба худ ҷалб мекунанд.

Таърих гувоҳ аст, ки як маротиба аъзои ТЭТ ҲНИ ба мардуми тоҷик хисороти бузурге расониданд, ки он аз ёдҳо нарафтааст. Маҳз фитнаи ТЭТ ҲНИ ҷавонони тануманд, донишманду ҳунарманд ва ҳазорон фарзандони номбардори моро аз байн бурданд, ки он ба рушди пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон даҳсолаҳо таъсиргузор хоҳад монд. Нафаре, ки аз сиёсат бохабаранд, ба гуфтаҳои ин ифротгароён бовар намекунад саҳму талоши ҳар сокини кишварамонро дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи он мушоҳида мекунем. Итминон дорам,ки мардуми Тоҷикистон ва наслҳои ояндаи он ҷанги шаҳрвандиро,ки аз кӯтоҳандешӣ ва хиёнату иғвоангезии чунин ашхос сар зада буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон дигар он шаҳрвандони солҳои 90-ум нестанд, ки зери таъсири ғояҳои дурӯғин қарор гирифта, қурбонии ҷангҷӯёну фурсатталабони ватанфурӯш гарданд.

 Ҳомидова Наргис, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд